Баъд аз нузули вахй дар зиндагии Паёмбар (с) мархалахои чадиде огоз гардид, ба ин хотир дар аввалин мархалаи огози вахй шуруъ ба даъвати мардум намуданд. Мархалахои даъвати Паёмбар (с)-ро метавон ба ду давра таксим намуд:
Даъвати пинхони (махфи)
Паёмбар (с) дар ин даврон факат афродеро, ки мешинохт, ба Ислом даъват намуд. Шуруъи даъват дар миёни кавму кабилаи Паёмбар (с) ба ин хотир буд, ки кавму кабилаи он Хазрат (с) мардуми бефарханг буданд ва чуз бутпарасти ва шарик овардан ба Худо ойине надоштанд. Бар бутпарастию хурофапарастии худ исрор варзиданашон ба ин хотир буд, ки падарону ниёгонашонро бар ин ойин ёфта буданд.
Онон чизе аз ахлоки писандидаи инсони намедонистанд ва бо вучуди ин раёсату рахбарии чомеъаи Арабистонро ухдадор буданд. Бинобар ин, Паёмбар (с) мебоист ибтидои даъваташро ба сурати пинхони огоз намояд, то кавми у, ки ба таври ногахони ва ба сурати гайри интизори бо даъвати осмонии Ислом ру ба ру мегарданд, ошуб барпо накунанд.
Даврони даъвати пинхони се сол тул кашид. Паёмбар (с) дар ин се сол тарафдороне пайдо карда буд, ки бо чону дил аз у посдори ва химоят менамуданд. Паёмбар (с) ибтидои даъвати хешро аз хонаводаи хеш огоз намуд. Хадича – хамсар ва дилсузи Паёмбар (с) аввалин касе буд, ки ба у имон овард. Баъд аз он Зайд ибни Хориса – гуломи озодшудаи Паёмбар (с) ва сипас Али ибни Абутолиб ба вай имон оварданд.
Касоне, ки аз хамон нахуст ба Паёмбар (с) имон оварданд, аз инхо ибортанд: Хадича, Зайд ибни Хориса, Али ибни Абутолиб, Абубакри Сиддик, Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Аввом, Абдуррахмон ибни Авф, Саъд ибни Абуваккос, Талха ибни Зубайр, Абдуллох ибни Масъуд, Абузарри Гифори, Саид ибни Зайди Адави, Фотима хохари Умари Форук, Уммулфазл – хамсари Аббос ибни Абдулмутталиб, Абусалама Абдуллох ибни Асади Махзуми, Холид ибни Саъид, Аркам ибни Абуларкам, Аммор ибни Ёсир, Ёсир, Хаббоб ибни Арат ва гайра.
Ин чамоат, ки дар имон бар дигарон сабкат ва пеши гирифтанд, дар таърихи Ислом ба “собикини аввалин” машхуранд ва Худо аз ин гурух дар хама чо эъломи ризояту хушнуди намудаст. Дар чилди поёни ин китоб ба хусусиёт ва сифоти ёрону асхоби Паёмбар (с) бештар хохем пардохт.
Дар се соле, ки даъвати Паёмбар (с) пинхони сурат мегирифт, у ва ёронаш сахтихо ва душворихои зиёдеро тахаммул намуданд, хатто наметавонистанд ба таври ошкор дар пеши чашмони Курайш намоз бихонанд ё Куръон биомузанд ва тиловат кунанд. Онхо барои омузиши Куръону намоз ба куххо панох мебурданд ва намозашонро аз кавму кабилаи хеш пинхон мекарданд.
Дар ин даврон хонаи Аркам ибни Абуларкам низ хамчун яке аз мархалахои даъвату таблиги Ислом интихоб гардид.
Даъвати ошкоро
Баъд аз ин ки дар шахри Макка чомеъаи кучаке аз мусалмонон бар асоси бародари ва хамёри ташкил шуд ва ёрону асхоби Паёмбар (с) порае аз масъулияти эшонро бар душ гирифтанд, Худованд он Хазрат (с)-ро ба ошкор намудани даъваташ амр кард. Ин даъват бо оёти зер шуруъ шуд:
“Ва ин ки хешавандони наздики хешро бим дех”. (Сураи “Шуаро”, ояти 214).
“Ва он чизеро, ки Худованд туро ба он маъмур сохта, барои мардум баён кун ва мардумро ошкоро ба суйи он даъват намо ва аз мушрикон руй гардон”. (Сураи “Хичр”, ояти 94).
Бо шуруъи мархалхои даъвати ошкоро масъулияти Паёмбар (с) боз хам мушкилтар гардид ва мебоист ин даъватро ба гуши аквому хешони хеш бирасонад. Паёмбар (с) ибтидо тоифаи бани Хошимро ба хонаи хеш фаро хонд. Хамаги омаданд ва шумори онон ба бисту панч нафар мерасид. Паёмбар (с) хост сухбат кунад, аммо Абулахаб амаки Паёмбар (с) пешдасти карду гуфт: “Инхо хама амакзодагони ту хастанд, бинобар ин, ин корро канор бигузор ва чизе нагу, ки бо акоиди падарону ачдоди ту мухолиф бошад, зеро кабилаи ту тобу тахаммули инро надоранд, ки дар баробари кабилахои араб биистанд, ман то кунун касеро надидам, ки бадтар аз он чи ту барои кавму кабилаи худ овардаи, биёрад. Расули Худо сукут карданду чизе нагуфтанд.
Он гох Паёмбар (с) бори дигар ононро даъват намуд ва барои онхо чунин хитобае эрод фармуд:
“Сипос махсуси Худост, уро сипос мегуям, аз у ёри мечуям ва бар у имону таваккул кардам. Шаходат медихам, ки хеч маъбуди бархакке чуз Худои яктову ягона, ки шарику хамтое надорад, нест ва ва ман фиристодаи Худо ба суйи шумо ва тамоми оламиён хастам. Савганд ба Худо, ки хамаи шумо хохед мурд, хамон гуна ки бедор мешавед ва дар баробари он чи мекунед, кайфару подош хохед дид”.
Аз миёни ин чамъияти даъватшуда ба хонаи Паёмбар (с), Абутолиб танхо касе буд, ки бо гуфтахои Паёмбар (с) мувофик буд. Абутолиб гуфт: “Мо беш аз хад, дустдори хамрохи хамдасти бо ту хастем ва аз суханони хайрхохонаи ту истикбол мекунем ва гуфтори туро бовар мекунем! Бинобар ин маъмурияти Илохии хешро дунбол кун, ки ба Худо савганд пайваста аз ту хифозат ва посбони мекунем”.
Абулахаб гуфт: “Ба Худо савганд ин расвоист! Пеш аз он ки дигарон бар сари у бирезанд, шумо худ монеъ шавед”. Аммо Абутолиб гуфт: “Ба Худо савганд, то охир аз у пуштибони хохам кард”.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …