Главная / Илм / Маркетинги навоварихои технологи ва ихтироот

Маркетинги навоварихои технологи ва ихтироот

Микдори асосии навоварихо бевосита дар корхонаи саноати ба вучуд оварда мешаванд. Ин бо як катор сабабхо алокаманд аст. Пеш аз хама, дар корхонахо микдори зиёди кадрхои мухандиси-техники ва илми тамазкур дода шудааст.

Дуюм, корхонахо, дорои заминаи озмоиши-тачрибави буда, коркардхои худро дар шакли модди тачассум менамоянд ва бо хамин ба татбики бомуваффакияти онхо мусоидат мекунанд.

32176

Сеюм, корхона назар ба муассисаи илми-техники талаботи бозорро бехтар медонад, ки ин хам ба раванди татбик таъсири мусби мерасонад. Чахорум, бисёр корхонахо якчоя бо мухандисони заводи ва олимони пажухишгоххо ичро карда мешаванд, ки бидуни ин олимон наметавонистанд акидахои худро амали созанд, ки накши истехсолотро дар раванди инноватсиони баланд мебардорад.

Корхона, раванди инноватсиониро ба амал бароварда, технологияи навро бунёд намуда, назар ба муассисаи илми-техники, чун коида, максади ба берун фурухтани натоичи коркардро дар пеш намегузорад.

Ба истехсолоти худи чори намудани онхо асоси аст. Аммо дар рафти тадкикот ва коркард холатхое метавонанд пайдо шаванд вакте, ки:

  • натичаи иловагии ба накша гирифтанашудаи корхои илми- тадкикоти ва тачрибавию конструктори, ки татбики истехсолиаш дар корхона тахиягар пешбини нашудааст, пайдо шавад;
  • дар асоси гузаронидани корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори натичае метавонад пайдо ва ба даст ояд, ки аз руи имконияти молияви дар корхона тахиягар наметавонад чори намояд;
  • махсул ва технологияи нави ба амал овардашуда озмоиши тичоратии бомуваффакиятро гузаронанд, майлу хохиши корхонахои онхоро бедор кунад;
  • корхона технологияро тахия месозад, вайро истифода мекунад, вале барои иштирок дар тахия ва истехсоли кисматнок, корхонахои дигарро чалб менамояд, якчоя бо онхо фуруши ин технологияро ба амал мебарорад.

Дар холатхои номбаршуда ва дигар холатхо корхона метавонад фуруши технологияро баробари фуруши махсулоти асосии худаш ба рох монад. Холати «бизнеси дугонаги» ба вучуд меояд.

Агар муаасисаи илми-техникии тибки коркарди тадкикотбаранда талаботи дархосткунандагони нерумандро (потенсиалиро) каблан омузад, он гох корхона, чи тавре ки закр карда шуд, ба истифодаи дохилии натичахои тадкикоти гузаронидашаванда руй овардааст. Аз тарафи корхона фурухтани махсулоти илми-техники чустучуи дархосткунандаро хамоно баъди ба даст овардани натичаи илми (гарчанде ки хамчун истисно вариантхои дигар низ чой дошта метавонанд) дар назар дорад.

Зимнан, барои муассисаи илми – техники дархосткунанда (фармоишгар) ба хайси ракиби неруманд (потенсиали) камтар ва ба маънои дигар баромад мекунад. Барои муассисаи илми-техники ракиб хадамоти мухандисии корхона мебошад, ки метавонад мустакилона тадкикот барад ва бо халли арсаи фаъолияти муассисаро танг месозад. Ракиб барои корхона-ин худи хамон корхонаест, ки истехсоли махсулотро огоз намояд ва кисми муайяни бозорро дар давраи чори ва оянда кашида гирад.

Тачрибаи чахони интихобан мачмуи васеи олотхои иктисодии дар тачриба озмудашударо пешниход мекунад, ки бо кумаки онхо раванди инноватсиониро дар сатхои боло ва поён метавон идора кард. Аммо бояд ба назар гирифт, ки худи хамин як олот дар шароити мухталифи иктисоди комилан хархел амал мекунад.

Холо дар Точикистон муносиботхои молумулки ва муносибатхои шахсии гайримолумулкии бо онхо алокамандро, ки бинобар офаридан, хифзи хукуки ва истифодабарии ихтироот дар асоси конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» (28 феврали соли 2004, №17) танзим карда мешаванд. Дар конуни мазкур омадааст, ки «ихтироъ ин офаридаи нави техникие, ки имконият медихад масъалахои мушаххаси истехсолот ва сохахои дигари фаъолияти инсон хал карда мешаванд».

Муассисаи давлатии маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон оид ба хифзи объектхои моликияти саноати амалгардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи хифзи хукукии объектхои моликияти саноаттаъмин менамояд.

Хукук ба ихтироот аз чониби давлат хифз карда шуда, бо патентва ё нахустпатент барои ихтироъ хамчун хуччатхои мухофизати тасдик карда мешавад. Хуччати мухофизати аввалият, муаллифи вахукуки истисноии истифодабарии ихтироъро тасдик мекунад.

Ихтироъ, намунахои саноати, тамгаи молхо, нишонаи хизматрасони, номгуи тичорати ва ба ин монанд нишонахо ба сифати моликияти саноати ба таркиби объектхои моликияти зехни дохил мешаванд, вале дорои механизмхои тартиботи хукукии дигар мебошанд.

Моликияти зехни хамчун институти хукуки дорои дарачахои зарурии зерин мебошад: объекти моликият, субъекти хукук ба моликияти, мазмуни хукук ба маликият. Механизми асосии хукукии савдо моликияти саноати, амалиёти ичозатномадихи (лицензия) мебошад. Онхо аз нигохи даромаднокии баланд фарк мекунанд ва имкон медиханд, ки як кисми корхонахо харочотхои худро ба корхои илми-таткикоти ва тачрибави-лоихакаши сарф намоянд ва дигарон ба даст овардани навгонихо бо шароитхои мусоид интизоранд.

Ичозатнома-ин рухсат додан барои истифодабари аз тарафи шахсони хукуки ё вокеи, ихтироот, технологияхо, донишхои техники ва тачрибаи истехсоли, сири истехсоли, нишонаи савдо, ахбори тичорати ё маълумоти дигар дар мухлати муайянгардида, дар доираи шартхои дар карордод нишон додашуда барои мукофоти муносиб мебошад.

Ичозатномадихи дар асоси карордоди тарафхои манфиатдор ба амал оварда мешавад ва ичозат барои ичрои фаъолияти истехсоли, ки максад он ба даст овардани фоида хангоми истехсоли махсулот бо истифодаи объектхои моликияти саноати ё дар оянда тахвил додани хукукхо ба объекти мазкур ба шахсони сеюм мебошад.

Додани ичозатнома амалиёти тичорати мебошад ва дар он ичозатномагир ва ичозатдиханда иштирок менамоянд.

Ичозатномадех (лицензиар) дар давоми мухлати шартнома ва хамчунин химояи манфиатхои ичозатномагир (литсензиат) хангоми гайриконуни истифодабарии истехсолот аз тарафи шахсони дигар ухдадорихои хешро ба чо меоварад.

Интихоби намунаи ичозатнома ба хачми бозор, хусусияти технологи ва вазъияти бозор вобаста мебошад. Дар мамлакатхои дорои бозори хурд дохили одатан ичозатномаи истиснои дода мешавад, чунки якчанд ичозатномагирхо ба ракобат пардохта нархи махсулотро паст намоянд, ки он ба хачми мукофоти ичозатномадех таъсир мерасонад. Ба гайр аз ин ичоистиснои ба молхои мухлаташон кухнашуда дода мешавад.

Эътирофи ихтироъ хамчун объекти моликияти зехни заминаи пешакиро дар такмилёбии муносибатхои бозори дар байни сохаи илм ва истехсолот, хамчунин принсипхо ва тарзхои маблаггузории тадкикотхою коркарди махсулотро фарохам меоварад.

Гунчоиши бозори ихтироот аз талаботи кабули харидорони имконпазир вобаста мебошад ва пешниходоти он аз тарафи неруи илми-техникии ташкилотхои илми ва корхонахои саноати муайян карда мешаванд. Бозори ихтироот аз бозори мехнат, захирахои модди, бозори маблаггузори аз он фарк менамояд, ки:

  • ихтироъ хамчун мол хукуки имтиёзноки сохиби онро дар назар дорад-шахсе, ки дорои патент барои ихтироъ мебошад;
  • пешниходи ихтироъ чун коида талаботро зиёд менамояд, аммо бозорногузори дар ин холат ба амал намеояд, ки он ракобатнокии ояндаи инноватсияхои илми-техникиро дар бозор баланд мебардорад;
  • бо вобастаи фуруши ихтироот мубодилаи молу пул, хукуки тичорати моликияти зехни ба амал меояд, ки он эътирофи арзиши мехнати аклони, ки барои истехсоли данишхои нав сарф гардидааст, шаходат медихад;
  • дар шароитхои муайян аз нуктаи назари иктисоди харидори намудани ихтироъхо, патентхо ва литсензияхо назар ба сохтани технологияхои нав манфиатовар мебошад.

Масалан Япония дар муддати дуру дароз хамасола 300млн. доллар ба харидори намудани патентхо, литсензияхо сарф намуд, ки дар охир 10-12млрд. доллар фоида аз фуруши махсулоти тайёр ба даст овард. Дар натичаи тараккиёти илму техника Япония бе доштани академияи фанхо, мактабхои машхури илми ва институтхои тадкикоти ба комиёбихои бузург ноил гардид.

Савдои байналхалки бо ичозатнома яке аз намудхои асосии хамкорихои илми- техники ба хисоб меравад. Бо вучуди он холо савдо ба патент дар бозори чахони накши ночизеро бози менамояд, зеро гирифтани патент аз сабаби душвории технологи наметавонад истифодаи босуръат ва самараноки ихтироотро таъмин намояд.

Истехсоли махсулоти патенткунонидашуда амалан бе баробар тахвил додани сири истехсолот ва расонидани кумаки техники дар азхудкунии ихтирооти патенткунонидашуда гайри имкон мебошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222