Дар давраи ведои маросимхои ибодати ориёни хинд бисёр содда будааст ва хануз хеч гуна маъбад ва махалли хосе барои ибодат надоштаанд. Маросимхои ибодат дар фазои кушоду маргузорхо баргузор мегардид. Мехробе барои худоён месохтанд ва худоёнро ба базми маросими даъват ва навъхои гуногуни хурок: шир, равган, галлотро дар назди он мехроб гузошта, курбони кардани хайвонхо, алалхусус хайвонхои хонаги назди хиндувон маъмул набудааст.
Монизм дар муносибати Брахмо ва нафси нотика, ки дар упанишадхо Атман таъбир шудааст, равшантар мушохида мешавад. Мобайни Брахмо ва Атман як хувияти муштарак ва вахдати комил вучуд дорад. Тибки ин назарияи упанишадхо нафсу рухи инсони ё худ рухи фардии хар инсон ва рухи кайхони, (ки Параматман- «Чони чахон» низ гуянд) дар ягонагию вахдатанд аз хам чудои надоранд. Дар «Упанишадхо» ин маъни бо ибораи санскрити инчунин – «Тот твам аси-Та1 Каш ам» – «Ту Уйи» баён шудааст. Ин вахдатро «Брахма Атман» номидаанд.
Хамон тавре ки дар тасаввуфи исломи хама падидахои олами шухудро дар як маврид ба хубобхои болои укёнус ва дар мавриди дигар ба ях ташбех додаанд, дар «Упанишадхо» сурати зохирии ашёро ба гилоф ташбех додаанд, чун ин гилоф бардошта шавад, БрахмаАтмон (нафси куллии илохи) бо сифати покиву тахорати махз боки хохад монд.