Главная / Илм / Методология ва методхои тадкикотии илми психология

Методология ва методхои тадкикотии илми психология

Асосхои                             «Илм – ин сохаи махсуси

илми – методологии        фаъолияти инсоният аст, ки

тадкикоти психологи бахри хосил намудани дони-
ши нав доир ба олам, кону-
ният, мохият ва хусусиятхои
он равона карда шудаст – омадааст дар китоби «Фалсафа
ва дониши илми». (Шамсиддинов Ч. Фалсафа ва дониши
илми. – Душанбе, 2009.- С. 12.). Натичаи фаъолияти илми
дар тавсифи вокеият, шарх ва пешбинии чараёну зухурот,
дар шакли матн, схемахо, тасвирхои графики, формулахо
ва гайра ифода меёбад. Идеали омузиши илми – ин кашфи
конунхо аст, ки мохиятан шархи назариявии вокеият ме-
бошанд. Ба кавли Эйнштейн бузургтарин музаффарияти
тафаккури илми дар ошкор намудани конунхои фунда-
менталии табиат ифода меёбад.

Вокеан кашфи конунхои табиат ва чамъият на
танхо яке аз меъёрхои мухими бахои илми додан ба ходи-
сахои олам аст, балки махз ин конунхо мохияти амалии
илмро тавсиф медиханд. Бо кашфи конунхои илми ходи-
сахоро шарх додан, пешбини намудан ва идора кардан
имконпазир мегардад.

Вазифаи мухимтарини илм – ин гирд овардани
мачмуи донишхои асоснок ва маърифати хакикат мебо-
шад. Дар тули таърихи инсоният ин вазифаи худро ичро
карда истода, илм чун институти ичтимои ташаккул ёфта-
аст. (Дар зери мафхуми институти ичтимои системаи усту-
вори арзишхо, меъёру коида ва принсипхо фахмида меша-
вад, ба мисли дин, илм, ахлок). Тахаввулоти илм дар
намуди шаклгири, ракобат ва ивазшавии парадигмахо су-
рат мегирад. Парадигма (аз юн. намуна) намуд ва ё самти
тадкикот аст, ки аз чониби гурухи мутахассисон ба сифати
намуна кабул шудааст (чун омузиши шуур ва рафтор дар
психология).

Усули ба даст овардани донишхои илми – ин
тадкикоти илми мебошад. Хамагуна тадкикот аз гузори-
ши масъалаи илми огоз меёбад. Хар гуна саволхои
кунчкобонаи кудакона аз кабили «чаро осмон кабуд аст?»,
«ки зуртар аст: фил ё шер?» намунаи соддаи масъалагу-
зори ба шумор мераванд. Аммо масъалагузории илми аз
чунин саволхои хаёти бо он фарк мекунад, ки он дар дои-
раи сохаи муайяни илм шакл гирифта, хамзамон усули
тадкик ва халли масъала пешбини карда мешавад. Чунин
даврахои пайдоиши масъалаи илмиро фарк мекунанд:

ошкор шудани нокисии донишхои илми дар
шархи ходисахои вокеият;

  • тавсифи масъала дар сатхи то тадкикоти. Ин дав-
    ра имконият медихад ки масъала аз доираи як соха баро-
    мада пахн гардад ва халли он дар доираи сохахои дигари
    илм низ чустучу карда шавад;
  • батартибдарории илмии масъала дар доираи
    сохаи алохидаи тадкикоти илми ва пешниходи фарзияи
    илми. Фарзия ё гипотеза – ин тахмини илми аст, яъне
    чавоби тахмини ба саволи: «ин масъала аз кучо сар меза-
    над?». Минбаъд тадкикоти илми ба накша гирифта меша-
    вад, ки тасдик ё инкори фарзияро пешбини мекунад.

Тадкикоти илми аз чунин даврахо иборат аст:

  1. Пешниходи фарзия.
  2. Банакшагирии тадкикот.
  3. Баргузории тадкикот.
  4. Шархи натичахо.
  5. Тасдик ё инкори фарзия.
  6. Дар холати инкор шудани фарзияи аввали пеш-
    ниходи фарзияи нав бо назардошти натичахои бадастома-
    да.

Тамоми ин масъалахои вобаста ба арзишхо,
меъёрхо, принсипхо, усулхои омузиш ва умуман асосно-
кии илмро методологияи илм назорат мекунад.

Тахти мафхуми методология таълимотро дар бо-
раи усули илмии маърифати олам мефахманд.

Психология барои он, ки хамчун илми мустакил ва
асоснок эътироф карда шавад, бояд меъёрхои умумиилми
ва як катор талаботи методологиро каноатманд намояд.
Пеш аз хама он бояд системаи донишхои илман асоснок-
шударо дар бар гирад. Дар ибтидои боби аввали китоб
доир ба донишхои илми ва хаёти (гайриилми)- и психо-
логи баён намудем ва кайд кардем, ки донишхои хаёти ба
система дароварда нашудаанд, ба таври тачрибави собит
нагардидаанд. Дар баробари ин кайд кардан лозим аст,
ки албатта чунин донишхо наметавонанд вазифахои дар
назди психология гузошташударо хал намоянд, яъне ба-
рои корхои чидии тарбияви, табобати ва ташкили асоси
устувори назарияви бошанд. Зеро ташкили чунин корхо,
ки бо фаъолияти мутахассис – психолог вобастагии мухим
дошта, донишхои касби ва илман асосноки психологиро
талаб мекунад.

Дошннхои илмии психологи мацмуи далелу бурхони
ба таври тачрибави тасдиншуда мебошанд, ки ходисахои
гуногуни хаёти рухиро миндоран ва сифатан тавсиф
медиханд.

Донишхои илмии психологи дар раванди тадкикоти
илмии психологи хосил мешаванд. Тадкикоти илмии пси-
хологи низ чун тамоми самтхои дигари тадкикоти илми ба
усули гипотетикию дедуктиви такя мекунад, яъне нисбати
масъалаи илмии гузошташуда фарзия (гипотеза) пеш-
ниход мегардад ва дар асоси он тадкикоти илми – психо-
логи ба накша гирифта мешавад, ки ба тасдик ё инкор-
намоии ин фарзия равона шудааст. Дар рафти тадкикот
шархи ходисоти психики дар шакли гузаштан аз кулл ба
чузъ (дедуксия) чараён мегарад.

Нисбати ташкили тадкикоти психологи чунин та-
лаботи меъёри мавчуданд:

  1. Банакшагирии тадкикот. Методхои тадкикот бо-
    яд пешаки интихоб ва омода карда шаванд, чараён, вазъи-
    ят, воситахо, объект ва предмети тадкикот хамачониба
    тахлил гарданд, омилхои таъсиррасон баэътибор гирифта
    шаванд ва г..
  2. Макон ва замони тадкикот. Чой ва вакти баргу-
    зории тадкикот интихоб ва муайян карда шавад, мухити
    барои тадкикот зарури бавучуд оварда шавад, коидахои
    техникаи бехатари, санитари-гигиени ва этики, инчунин
    холати рухии озмудашавандагон баэътибор гирифта ша-
    вад.
  3. Таъминоти техники. Тачхизоти барои тадкикот
    зарури пурра таъмин гардад ва ташхиси коршоямии онхо
    гузаронида шавад.
  4. Интихоби озмудашавандагон. Интихоб бояд ба
    максади тадкикот мувофик бошад, он бояд якрангии си-
    фатии озмудашавандагонро таъмин намояд.
  5. Шахсияти тадкикотчи. Тадкикотчи бояд до-
    нишхои назарияви ва малакаи касбии барои гузаронидани
    тадкикот заруриро дошта бошад. Дар чараёни тадкикот
    таъсири тадкикотчи ногузир аст, ва аз ин ру баэътиборги-
    рии ин омил низ зарур аст.
  6. Нишондод. Нишондоди ба озмудашаванда пеш-
    ниходшаванда бояд дар давраи банакшагирии тадкикот
    тартиб дода шавад ва он бояд кутох, анику фахмо бошад.
  7. Протокол. Протоколи тадкикот бояд пурра ва
    хамзамон максаднок бошад.
  8. Коркарди натичахо. Натичахои бадастоварда-
    шуда бояд ба таври сифати ва микдори тахлил карда ша-
    ванд.

Нисбати ташкил ва гузаронидани тадкикоти психо-
логи хамчунин талаботи этики ва хукуки низ пешниход
мешаванд: 1) раванди тадкикот бояд ба конунгузории
давлати мухолиф набошад; 2) психолог-тадкикотчи ва ё
ташкилоте, ки тадкикотро ба накша мегирад бояд хукук
ва ичозатномаи гузаронидани онро дошта бошад; 3)
тадкикот бояд ба саломати, холати рухи, мавкеи ичтимои,
хукукхо ва манфиатхои озмудашаванда таъсири манфи
нарасонад; 4) тадкикот бояд танхо бо максадхои илми
баргузор гардад; 5) сирри касби бояд нигох дошта шавад
ва маълумоти шахси танхо бо розигии озмудашаванда
пахн карда шавад; 6) хангоми интихоби озмудашаванда-
гон бояд розигии онхо ба эътибор гирифта шавад ё онхо
аз раванди тадкикот огох карда шаванд. Кайд кардан ло-
зим аст, ки дар холатхои махсус нисбати ин талабот ис-
тиснои асоснок мавчуд аст, баъзан бо максади дар холати
табии нигох доштани вазъият раванди тадкикот ё максади
он муваккатан аз озмудашаванда пинхон дошта мешавад.
7) бо талаби озмудашавандахо раванди тадкикот бо у бо-
яд боздошта шавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222