Барои чи одам хоб мебинад? Баъди мутоилаи як навишта дар як газета, ки дар он алокаи байни мизоч ва хоб инкор карда мешуд лозим донистем, ки дар шакли мухтасар доир ба хакикатхои хоб ва хоббини маълумот дихем. Бояд зикр намоям, ки мизочшинос хастам ва хохишмандон метавонанд дар бораи мизоч, роххои шинохтани мизоч ва амалияхои истифодаи онро дар хаёт аз китоби «Асрори мизоч»-и камина, ки соли 1994 чоп шудааст шиносойи пайдо намоянд. Шахсоне, ки саломати барояшон аз хама кимат аст, метавонанд аз китоби дигари камина, ки « Тадбири саломати дар тобистон ва тирамох (шартхои асосш нигохдории саломати)», ки хамин сол чоп шудааст манфиат баранд.
Хоб ин холати табии-физиологии одамон буда, шахси хобида кариб, ки гофил аз олами беруна мебошад ва хатто фаъолияти акалияти проссесхои физиологии баданаш суст мешаванд.
Хоб асосан барои тахлилу такмили вокеъоти рузи гузашта зарур мебошад. Хоб хазинаи маълумотхои мухим низ мебошад. Вай шарти асосии бардами, тахлили маълумотхо, осудагии равони ва пойдории саломати низ мебошад.
Ва мухимтарин чизе, ки мо бояд донем ин аст, ки хоб « марги муваккати» аст, бинобар ин бештари мардум аз «хобби одди» ба « хоббиабади» мераванд. Аз ин сабаб хаёт бедорист ва метавон хобро марги муваккати номид. Аммо хаёт ин зиддият ва мубориза аст, пас мебояд бештари вакт бедор буду ками вактро ба марги муваккати дод, чунки хохем нахохем 30%-и хаёти пуркимати мо дар дасти «марги муваккати» мебошад.
Хайёми бузург бехуда нагуфтааст:
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт,
К-аз хоб касеро гули шоди нашукуфт.
Чизе чи куни, ки бо ачал бошад чуфт?
Бархез, ки умрхот мебояд хуфт.
Хобро бародари марг низ мегуянд. Чи кадар, ки зиёд хоб равем хамон кадар хаётамон бефоида мегузарад. Аз ин ру Бинои дуруст фармудааст.
Хоб, оре, бародари марг аст,
К-аз у нахли умр бебарг аст
Ин чо саволе пайдо мешавад: кадоме аз ду нафар зиндагии бофарогат ва бобарор доранд, оне ки 100 умр дидаасту, 50 солашро ба бедори ва 50 соли бокиро бо хоб гузаронидааст ва ё шахсе, ки 70 сол умр дидаасту 50 солашро ба бедори ва хамаги 20 солашро бо хоб гузаронидааст. Албатта хонанда мегуяд, ки 100 сол чунки вай 30 сол аз шахси дуюм зиёдтар умр дид, вале агар хубтар назар кунед хар ду хам 50 соли бедор, яъне «зинда» буданд, фарк факат дар хоб аст, ки аввали 50 сол дуюми бошад хамаги 20 сол сарф кардааст. Албатта шахси бофаросат мефахмад, ки зиндаги ин хамон рузхои бедорист бо кайфиятхои он.
Умуман зиндаги ин на он микдори сол аст, ки дидему паси сар кардем, балки он микдори солест, ки мо онро мувофик ба имконият ва истеъдодамон бо кайфиятхои мувофикашон дар амал дидем.
Павлов И.П. ва Сеченёв И.М. хобро «боздории пахноии кишр»-и майнаи сар хисобида вайро яке аз проссесхои мухими фаъолияти олии асаб номидаанд.
Инсон аз 60 соли хаёташ 20 сол, яъне сеякашро дар хоб мегузаронад. Одам бе гизо кудрати зиёди зиндаги кардан дорад, нисбат ба бе хоб зистан.
Барои чи одам бояд хоб кунад, ин саволест, ки аз даврони кадим инсонро азоб медихад. Одамони кадим гумон доштанд, ки дар вакти хоб чони одам аз чисми у берун мешавад ва агар ба хангоми бедоршавии шахс баргашта натавонад, шахс мемирад. Бо таракиёти илм назарияхо ва тадкикотхо оиди хоб пайдо мешуданд. Масалан, хобро метавон бо манъ кардани рохи хун ба майнаи сар ба амал овард, мегуфтанд якехо. Ба хотири исботи ин мегуфтанд, ки агар калони гарданро бо ангушт зер кунем, одам хобаш мебарад, Бинобар ин онро артерияи хоб номиданд. Аммо мушохидаи дугоникхои аз як тухмхучайра нишон доданд, ки тагйироти микдори хун сабаби хоб намебошанд, чунки он дугоникхо новобаста ба он ки як раги хунгард доштанд, вале дар вакгхои гуногун мехобиданд.
Павлов И.П. табиати хобро ошкор намуда хангоми тачриба ва тадкикотхои махсус бо сагхо ошкор намуд, ки хоб ин боздории умумии кишри майнаи сар аст. Ин боздори тамоми кишри майнаи сар ва хатто майнаи мобайниро низ фаро мегирад. Хоб дар замоне ба вукуъ меояд, ки хучайрахои майнаи сарро зарурати истирохат ба амал меоянд. Хоб майнаро аз хасташавии зиёд мухофизат мекунад. Бинобар он Павлов И.П. хобро «посбони боздори» номид. Чи хеле, ки вай кайд намуд, хоб ёрдамчии системаи асаб мебошад.
Бо кумаки хоб хучайрахои асаб кобилияти кориашонро баркарор, мачмуъи гизохоро азхуд ва кобилияту энергияи тоза мегиранд.
Хоб бо пайдо намудани холатхои гувороги, бедори ва кобили кориву имкониятхои аклониро баркарор менамояд. Бехуда намегуянд, ки «сахар аз шаб боаклтар аст» ва « шаб хандаи руз».
Хобро метавонад харакатхои мунтазам: афтидани катрахои борон, тик-тики соат, садои релсхои катора, суруди монотони ва г. ба амал биёварад. Ба фикри Павлов И.П. ин намуди таъсиротхо бештар ба шахсони кобилияти аклнокиашон паст пуртаъсир мебошанд.
Хоб нишондихандахои чисмонию равонии саломатии одам мебошад. Бехуда дар замони кадим нагуфтаанд, ки «хоб бехтарин неъмат аз зиёфатхои табиат аст». Хоб ба одами хаста ороми оварда, безобитаги ва гамро мебарад. Яъне хоб дарди рузонаро мегирад. Хобро ба хеч чиз иваз кардан мумкин нест. Бехуда нест, ки хобро «аз асал ширину аз охан вазнин» медонанд.
Чи намуд, ки проблема надошта бошем, ба воситаи хоббини, ки рохи дурусти халро нишон медихад аз он рахо шуда метавонем.
Хобхои мо аз он чи дидаем ё ки шунидаем, аз акидахои шахсони дигар, ки бовари дорем, аз тасаввурот ва эътикодамон вобаста мебошад.
Соли 1963 аввалин бор харакати чашмхои шахси хобида ба воситаи энсефалографияи барки ба кайд гирифта шуд, ки ин як табаддулоте дар рохи илман исбот намудани гуногуни хоб буд.
Хар шахс шабона 4 ё 5 даври хоббиниро аз сар мегузаронад, ки он баъди хар як 90 дакика аввал 10-15 дак. ва сахарихо то 30-40 дак. давом меёбад.
Новобаста ба он, ки мо хобамонро дар хотир мегирем ё не вай ба холати равонии мо таъсири худро мегузорад, чунки шабона майна мехобад, вале акл бедор мебошад, яъне олами хоб ин эчоди фардии хар як шахс аст. Майнаи сари одам дар холати бедори ва хоб як ба амал меоранд. Масалан, шахс дар хобаш суруд нимкураи росташ ва агар дар хобаш ба хисбобкуни машгул шавад нимкураи чапаш фаъол мебошад.
Дар вакти хоб шахс аз кисми бешуурноки нисбат аз кисми бошуурнокии майна бештар маълумот мегирад, вале хоб холати бешууронаи майна набуда балки мутаасиршавие мебошад, ки махз дар натичаи таъсири байнихамдигарии кисмхои шуурноки ва бешуурнокии майна ба вучуд меояд.
Аломатхое хастанд, ки шахси хобдидаистода аз руи он метавонад хоб будани чизи медидаашро аник намояд. дар хоб паридан, гурехта натавонистан, сохиби ягон чизи гайриодди шудан, ягон ходисаи гайриимконро дидан, шахси мурдаро зинда дидан, худро дар дигарчинс дидан, худро дар амалхояш хис кардан, бо забони дигар озод гап задан, зури ва ё сустии худро хис кардан ва умуман хама гуфтору рафтору ходисоту вокеъоти хайёли ва гайрихакики.
Тачрибахои олимон шшюн медиханд, ки кисмхои аввали хоби шаб барои саломати мухимтар мебошанд. Бинобар ин барвакг(с.22-00) хоб кардану барвакт(с.5-00) хестан ин амали бехтарини фарди боаклу сохиби фаросати комил аст.
Сахарихо асосан даврахои 3-юми хоб нест шуда мо баъди давраи 2-юм хоб мебинем ва баъди хоби охирин бедор мешавем.
Хамаги тахминан 17%-и одамон мустакилона дар соати муайян бедор шуда метавонанд. Ки ин кобилиятро ба воситаи ирода ва машку тачриба метавон пайдо кард.
Наврасон сахари хангоми бедор кардан аз тарафи калонсолон махорати аз хоб нахеста боз дидани чанд хоби дигарро доранд. Ки хам сахари барвакт хестанро дуст медорад, магар аз хоб сершудагон. Сахари, яъне вакти дамидани субх хобидан хеле лаззатбахш аст ва фоидаи бисёр дорад мегуянд, бинобар ин «хобби чошгохи бех аз подшохи» мегуянд.
Яке аз бум(чугз)-хои шабона коркунанда нависандаи англис С. Чонсон буд, ки то нимрузи хобиданро дуст медошт ва хам дар чогах менушиду мехурд. Аммо чур(жаворонок)-хо бошанд аз тамоми вакти руз сахариро дуст медоранд.
Баъди хоббинии сахари хестан кобилияти фикрронирю бехтар мекунад, чунки дар вакти сахари хоб дидан шуури мо омода ба пешравихост.
Агар чапана бошед сахари бо истифода аз дасту пойи чап ва агар ростана бошед бо истифода аз дасту пой рост бархезед.
Хангоми аз хоббини бедор шудан гуё бо дунёи бедори мемонаду тан бо дунёи хоб. Яъне аввал акл бедор мешавад ва баъд тан. Бинобар ин шахс баъди аз хоб хестан чанд дакика бехаракат ва хайрон мемонад.
Хастанд шахсоне, ки дар давраи хоби сахти давраи 3 хеста мешинанд ва ё ки харакат мекунанд. Шахсони касалии дил ё ки шуш дошта баъзан нишаста хобиданро авлотар медонанд.
Хоб ва хоббини пеш аз хама аз мизочи шахс вобаста мебошад. Бинобар ин донистани мизочи шахс дар омузиши хоб, хоббини ва хама проблемахои ба онхо вобаста хеле мухим мебошад.
Вале холати бадан дар вакти хобидан(поза) бештар характеришахсро нишон медихад, ки ин дар китобчаи дигар.
Хар як организми зинда дорои ритмхои шабонарузии худ мебошад. Хар як сикли шабонарузии хобу бедори дорои 4-5 даври кутохи 1,5 соата иборат мебошад. Масалан, шахс агар соати 7 хеста бошад, пас вай соатхои 12.00, 16.00 ва хам соатхои 1.00 ва 5.00 бояд истирохат намояд, яъне пас аз хар
чор соат.
Одамон вобаста ба дарачаи эхсосноки ва зинахоя баланди идроки худ метавонанд хобхои ранга низ бинаяд, вале бештари мардум хобби одди, яъне сиёху сафед мебинанд.
Мо одатан хангоми хобидан охиста алокаи худро аз олами атроф канда рохат мекунем. Аз хама бештар мо бинои ва буйро тезтар гум мекунем, хатто буйи сахт наметавонад моро бедор кунад. Бинобар ин хангоми хобидан шахсони бисёре буйи газ, дуд ва ангиштро, ки бо маром таъсир мерасонанд нафахмида сабаби марги худ ва фалокату зарари атрофиён мешаванд. Вале кобилияти ламси ва шунавои каме боки мемонанд.
Дунёи хоб аз дунёи бедори бо он фарк мекунад, ки мо дар аввали бо фикрамон мебошем ва дар дуюми бо бинишамон
Дар зиндагии мо хоббини ва орзу як мавкеи мухимро ишгол кардааст, яъне яке дар холати хобу дигаре дар холати бедори. Равоншиносон муайян кардаанд, ки одам 50%-и вакти худро барои орзухои рузона ва 8%-и онро барои хоббини сарф мекунад. Пас маълум мешавад, ки мо 42%-и хаётамонро барои идроки пасти хиссиёти зеришуурноки сарф мекунем.
Дар вакти хоб акалияти проссесхои хаётии инсон тагъйир меёбанд. Талабот ба хаво камтар мешавад. Энергия камтар сарф карда мешавад. Фишор паст, нафасгири кам, таппиши дил суст ва мушакхои бадан ором мешаванд.
Аммо оё кори майна дар вакти хоб батамом катъ мегардад? Албатта не, балки баъзе кисмхои майнаи сар ба тамом фаъол мемонанд.
Кайд. Мард баъди алокаи чинси хобаш меояд, вале зан бошад баръакс. Бояд донист, ки дар зан хама чизхо баръакс аст, мисли коидахо ва конунхои масалан,алифбои кирилли ва араби.