Главная / Илм / Муфсидоти руза

Муфсидоти руза

Хамон тавре ки гуфтем, рузадор бояд аз дамидани субхи содик то
гуруби офтоб аз баъзе корхо худдорй намояд ва агар яке аз онхоро ан-
чом дихад, рузааш фосид мешавад. Мачмуаи ин корхоро муфсидоти
руза меноманд.
Баъзе «муфсидоти руза» чунон хастанд, ки бо содир кардани онхо
бояд хам казои онро ба чо оварад ва хам каффорат бар у вочиб ме-
гардад ва онхо иборатанд аз:
1. Чимоъ (алокаи чинсй) кардан.
2. Касдан хурдан ё ошомидан.
Куръони карим танхо хамин се корро муфсиди руза дониста, шах-
си рузадорро аз анчоми онхо рузона дар мохи Рамазон нахй намудаст,
он чо ки мефармояд:
«… Акнун ба онхо (дар шабхои мохи Рамазон) наздикй ва муоши-
рати чинси намоед ва аз ин кор хамон чизеро бичуед, ки Худо бароятон
навиштааст ва то замоне бихуред ва бинушед, ки риштаи сафеди субх,
бароятон аз риштаи сиёх, (-и шаб) маълум гардад, он гох, рузаро то шаб
ба итмом расонед».
Бинобар ин, касе яке аз се кореро, ки дар оят зикр гардида ва муфси-
ди руза дониста шудаанд, рузона дар мохи Рамазон анчом дихад, рузааш
фосид мегардад ва бар вай хам казо ва хам каффорат вочиб мешавад. 
Вар ба касд аст хурдану корат,
Лозим ояд казову каффорат.
Дар дигар мавридхои «муфсидоти руза» танхо казои он бар шахс во-
чиб мегардад ва каффорате надорад. Ин муфсидоти руза иборатанд аз:
1. Бо буса задан ва ё ламс кардан (молидан) инзол (баромадани
манй) шавад.
2. Сангреза ё охан ё чизхое, ки маъмулан хурда намешаванд ва ё
донаи меваеро бибалъад, яъне фуру барад.
Гар хурй ончй з-у гизо набувад,
Бар ту лозим ба чуз казо набувад.
Хамчу сангу кулуху охану руй,
Набувад зин кабил гили саршуй.171
3. Дар гайри фарч ба тарики тафхиз, табтин ва гайра чимоъ кунад
ва инзол шавад.
4. Ба бинй ва ё гуши худ даво бичаконад.
5. Давое ба димогаш бирасад.
6. Ба гумони ин, ки субх, хануз надамидааст, сахарихурй намояд ва
баъд маълум шавад, ки гумонаш дуруст набудааст.
7. Ба гумони ин, ки офтоб гуруб кардааст, ифтор намояд ва баъд
ошкор гардад, ки гумонаш хато будааст. Аз Асмо духтари Абубакр (р)
ривоят шудааст, ки: «Дар замони Паёмбар (с)(дар мохи Рамазон) дар
ровии г1Ш0м١^١ ох офтоб баромад. Аз؛؛ ^ рузи абрае ифтор
хадгсс аурсида шуд, ка: Оё ба он руз амр шуданд? Гуфт: (Хат-
172 «о зарурй ас^тг؛؛ман), ь;а
8. Губоре ва ё шаротеро касдан ба халкаш фуру барад.
9. Бо дахони пур кай намояд.
10. Ичборан бихурад ва ё биёшомад, яъне ба таври мачбурй ху-
ронида шавад.
11. Бо даст ва ё чизе истимно кунад.
12. Кандан ва ё дору кардани дандон дар рузхои мохи Рамазон
дар зарурат чоиз мебошад, вале бе зарурат карохият дорад. Доруе, ки
барои кандан ва ё таскини дард ба дандон мекунад ва хамчунин хуне,
ки бо кандани дандон берун меояд, вакте бо оби дахон баробар бошад
ва ё аз оби дахон бештар буда, бар он олиб бошад, агар ба халкаш
фуру равад ва ба шикамаш бирасад, рузаашро фосид мегардонад.
171 Гили саршуй навъе гили сафед аст, ки аз гурухи гилхои каолинй буда, кобили-
яти зиёди чабандагй ва чарбизудой дорад. Дар гузашта онро дар гармобахо ба сура-
ти гилпора ва ё махлул намуда, барои шустушуи сару бадан ба кор мебурданд. Ба он
гили хушбуй ва гили хаммом низ гуянд. Харчанд он маводи гизой ба шумор намера-
вад, вале аз тановули он навъе боландагй ва тагзия хосил мешавад ва бо фуру бур-
дани он дар вакти руза казо ва каффорат хар ду лозим меояд.
172 Сахехи Бухорй, 1959. Сунани Абудовуд, 2359. 
Хамчунин, агар баробари ва ё галабаи онро нафахмад, вале маззааш-
ро хис намояд, бо фуру рафтани он ба халкаш рузааш фосид мегардад
ва бар вай казои он руз вочиб мебошад. Худи он руз низ бояд аз хур-
дану нушидан ва дигар мамнуоти руза худдори намояд.
Дар гайри холатхои номбурда барои руза хеч боке надорад. Дар
холатхои боло низ агар доруоба ва хунобаи ба халкаш фуру рафта ба
андозае кам бошад, ки ба эхтимоли зиёд ба шикамаш намерасад, руза-
аш зараре намебинад. Ё шахси рузадор дар холате карор дошта бо-
шад, ки аз фуру рафтани он ба халкаш пешгири карда натавонад, ин
хукми он кайеро дорад, ки худ ба худ ва бе ихтиёри шахси рузадор ба
халкаш рафтааст.
13. Гузоштани дору ва молидани мархам (маз) бар захме, ки ба
димог (магзи сар) ва ё ба меъда расида бошад, рузаро мешиканад. Захм-
хое, ки дар сар ба магзи сар расида бошанд, онхоро дар истилохи фа-
кехон омма ва захмхое, ки дар шикам ба меъда расида бошанд, чоифа
мегуянд.173 Вале захмхое, ки дар сар ва шикам набошанд ва ё агар
бошанд хам, чунин амик (чукур) набошанд, бо гузоштани дору ва та-
бобат кардани онхо руза намешиканад.
Хамчунин гузаронидани баъзе амалиётхои тибби, вакте бевосита
ба димог (магзи сар) ва меъда сару кор надошта бошанд ва таъсири
бевоситаи дорухои истифодашуда ба онхо нарасад, хеч гуна накси
шаръие ба руза ворид намесозад.
14. Рузаро тамоман нагирифтан гунохи кабира ба шумор меравад,
зеро шахс дар ин сурат яке аз фарзхои Худоро тарк намудааст ва бар
вай казо вочиб мегардад, на каффорат. Зеро каффорат, чи тавре зикр
гардид, барои касдан вайрон намудани рузаи мохи Рамазон бо хамби-
стари ва хурдану нушидан пешбини шудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222