Главная / Илм / Мухаммад Газоли

Мухаммад Газоли

(1058-1111) аз чумлаи бузургтарин
мутафаккирони точику форс аст, ки дар инкишофи тамад-
дуни тамоми халкхои Шарки мусулмони накши нихоят
бузург бозидааст. У намояндаи фалсафаи калом мебошад.

Газоли соли 1058 дар шахри Туси Эрон таваллуд ёф-
тааст. У маълумоти ибтидоиро дар Тус гирифта, мадраса-
ро низ дар ин чо хатм намудааст. Абу Хомид Газоли дар
Нишопур аз Абдумалики Чувайни илми мантикро
омухтааст. У муддате ба сифати мударрис дар мадрасаи
Низомияи Багдод фаъолият намуд ва баъд ба Нишопур
баргашта, дар мадрасаи Низомияи он бо тадрис машгул
мешавад. Пеш аз вафоташ ба Тус бармегардад ва соли
1111 дар он чо вафот мекунад. Мухаммад Газоли аз ча-
вони то охири хаёташ ба таълифи рисолахои гуногунхачм
машгул шуда, зиёда аз 70 асари безавол иншо намудааст
ва машхуртарини онхо дар олами фалсафа инхоянд:
«Макосид-ул-фалосифа», «Тахофут-ул-фалосифа», «Ки-
миёи саодат», «Эхё-ул-улум-ид-дин», «Ал-мункиз мин-аз-
залол», «Насихат-ул-мулук» ва г.

Сарчашмахои асосии афкори фалсафи, психологи ва
педагогии Газоли пез аз хама ояхои Куръони карим, ан-
дешахои пешиниён доир ба ахлок, афкору осори суфия ва
эчодиёти дахонакии халк мебошанд. Мазмуну мохияти
далелхои Газолиро таъминоти ислом ташкил додаанд. Аз
ин чихат, мухаккикон уро «Хуччат-ул-ислом» донистанд.

Таълимоти фалсафиву психологии Газоли халли чу-
нин масъалахоро дар бар мегирад: табиат, илохиёт, сиё-
сат, офариниш, риёзиёт ва мантик. Илмхои риёзи ва та-
бии, ки доир ба адади чисмхо, аз чумла чисмхои муфрад
(танхо) ва мураккаб бахс мекунанд, ба инкору тасдики
ахкоми дин бефарк мебошанд, аммо усули сиёси, ахлоки
нисбат ба дин бетараф нестанд ва аксари галатхои фалса-
фа дар илохиёт рух додаанд. Назарияи маърифати Газоли
низ ба химоя ва пуштибонии дин тобеъ аст. У мавкеи хис
ва аклро дар донистани олам инкор карда, исбот кардани
мешуд, ки факат нури дар дили бандагон афкандаи худо
«калиди» тахсили аксарияти донишхост. Бинобар ин, у
илмхои дини-Куръон, сунна, тафсир ва фикхро илмхои
дарачаи аввал дониста, илмхои фалсафиро пояи онхо
мешуморад.

Газоли дар бобати масъалаи акл ва манофеи он ан-
дешахои мухимро баён мекунад. У кудрати аклро дар дар-
ки неку бад, халолу харом инкор намекунад, валекин
таъкид менамояд, ки амали сахех нисбат ба аъмоли хасана
ва кабех бо воситаи шариат ба даст меояд. Дар ин маврид
макоми акл дар исботи онхо баланд аст. Инсон тавассути
акл мефахмад, ки чи хуб асту чи бад, вале умури солиха ва
риояи аъмоли некро шариат чори мекунад. Хулосаи Га-
золи чунин аст, ки ин харду ба инсон заруранд ва агар акл
бо шаръ пайванд гардад, он гох дилхох мушкилоти ин-
сони халли худро пайдо мекунад.

Мавчудияти инсон ба кавли Газоли, аз ду чиз: колбад
(чисм) ва рух иборат аст ва онхо дорои ахлоки нек ва зишт
мебошанд. Ин хулкхоро ба намуди зохирии инсон ва
хусни хулкро ба сурати ботин мансуб донистааст. Вай
таъкид менамояд, ки инсон факат бо зебо будани сурат
зебо шуда наметавонад. У бояд ботинан зебо бошад.
Хусни ботин аз гавхар кувват: илм (максад аз он зираки)
хашм, шахват ва адл иборат мебошад. Хар яке аз ин кув-
вахо чанбахои мусби ё худ некихои худро сохибанд. Га-
золи ба хулоса меояд, ки мавчудияти ин куввахо шахсро
саодатманд мегардонад.

Газоли доир ба хиссиёт ва идоракунии онхо андеша-
рони намуда, кайд мекунад, ки хашму газаб хамон вакт
дорои хусни зебост, ки агар тахти фармони хикмат ва
шаръ карор дошта бошад. Некуи ва сохибчамолии кувва-
ти шахват дар фармонбардории шаръи ва акли карор до-
штани уст.

Хусни куввати адл дар зери даст ва акл нигох дошта-
ни кувватхои шахват ва газаб мебошад. Агар ин чахор ку-
вват дар хамбастаги бо дигар хуснхои зикршуда карор
дошта бошанд, он гох ин гуна инсон саодатманд ва феъли
нек дорад. Дар сурати нукс доштани яке аз ин кувватхо
ахлоки мутлако нек хосил намешавад, яъне шахсияти ин-
сон коста мегардад, чунончи: агар руйи инсон, чашм,
бини ва ё дахон … ягон нукс дошта бошанд, чехраро зишт
(баднамо) мекунанд ва он чехра мутлако зебо шуда наме-
тавонад. Аз ин чост, ки нукс пайдо кардани ин чахор кув-
ват ду пахлу дорад: якум, агар аз хад зиёд зохир гардад,
яъне аз меъёр гузарад ва дуюм, аз меъёр кам, яъне нокис
бошанд. Куввати илм аз хад гузараду онро бо максади
корхои бад истифода баранд, аз вай хилаю найранг (мак-
кори) бархезад; агар нокис бошад, аблахию чохили ба
миён ояд. Куввати илм хамон вакт фоиданоку дар рохи
савоб сафарбар аст, ки муътадил бошад. Куввати хашму
газаб чун аз меъёр гузашт, ифроти он ба амал омада, шахс
худдори карда наметавонад, ки ин низ кобили кабул нест.
Агар аз меъёр паст бошад, боиси буздили (тарсончаки)
мегардад. Агар дар меъёри муътадил зохир шавад, сабаби
шучоатманди мегардад. Шахси дарачаи хашмаш нокис
пеш аз хама ба кувваи худаш бахои паст медихад ва
хештанро хор мекунад.

Куввати шахват (шахвати нафсони, чинси) ифроти
(аз хад гузаштан) бошад, боиси пайдоиши палиди, нопоки
ва хасад мегардад. Агар ин кувват ба тафрит (кам) наздик
бошад, он сабаби сусти, номарди ва бечуръати мешавад.
Ашхоси шахваташ муътадил шахсони бошарму хаё, боса-
бру каноат ва боиффат мебошанд. Хамин тавр, дастури
Газоли ин аст, ки инсон бояд хамеша макоми миёнаро
(муътадилро) интихоб карда, амал кунад.

Газоли хамчун психологи борикбин масъалаи хашму
газабро ба таври хоса ва амик дида мебарояд. Ба андешаи
у, хашм – ин шуълаест, ки дар калби инсон хамчун лагчаи
зери хокистар нихон буда, хангоми хуруч аклро тира ва
рухи хайвонии инсонро ба харакат меоварад. Газоли боз
ишора мекунад, ки хангоми гирифторшави ба хашму
газаб, дар бадани инсон бухори касифе хосил шуда,
рагхои уро оганда ва рангу баданро сурх мегардонад. Дар
холати баръакс, ин бухор ба ботин майл намуда, ранги
чехраро зард мекунад. Хангоми аз ботин ба зохир харакат
кардани бухори аз калб сарчашма гирифта, одам сахт ба
хаячон омада, панду насихатро кабул намекунад, аз худ
рафтори беаклонаву бехирадона зохир намуда, нисбати
дигарон беадабиву бехурмати ва тахкиру тахдидро раво
мебинад. Шахси газаболуд аз пайрохаи адаб берун баро-
мада, одоби муомилаву муошират ва шарму хаёро фа-
ромуш мекунад. Ба ин маъни хашм калиди хамаи ба-
дихост.

Газоли одамонро вобаста ба кувваи газабнокиашон
ба се тоифа чудо менамояд: а) баъзе аз хад зиёд газабно-
канд ва хангоми хашму газаб аз итоати хирад ва шаръ бе-
рун шуда, аклу хушро аз даст медиханд; б) дигарон
баръакси ин тоифа аз хашму газаб орианд; в) кувваи
газабнокии гурухи сеюми одамон муътадил ва бомаврид
буда, дар доираи талаботи шаръи ва акли сурат мегирад.
Ин гурухи одамон хашмро хамчун силох алайхи хар гуна
чизи хатарнок истифода бурда, аз ин чизхо сарфи назар
менамоянд. У ба хулоса омадааст, ки кудакону занон ва
пирони барчомонда назар ба дигарон дида, зудтару сахт-
тар ба хашм меоянд. Газоли дастур медихад, ки илочи чо-
ра намудани хашму газаб чустани дури аз хислатхои
нохуб аст. Мулохизаи савоби хилм ва мазаммати хашму
газаб, бо шахсони бадхашм дусти наварзидан, зишту
кабех накунонидани чехраи худ хангоми газабнок шудан
ва гайрахо аз чумлаи чораю мархами бемории газаб ме-
бошанд.

Хулосаи нихоии Газоли он аст, ки инсон бояд хар як
рафтор, кирдор ва гуфтори худро дар тарозуи акл
санчида, баъдан онро аз худ зохир намояд. Доимо кушиш
кунад, ки амали фаъолияти ботини ва зохириаш зери
назорати нури хирадаш карор дошта бошад. Инсон хеч
гох набояд аклро мутеи нафс, шахват ва дунёпарасти гар-
донад.

Газоли дар робита бо хиссиёти хашму газаб
масъалаи одоби муоширати инсониро тахлил намуда, он-
ро низ як воситаи пешгирии ин холати номатлуби рухи
донистааст. Воситаи асосии муошират, ки забону нутк
аст, аз ин лихоз у таълиму тарбияи сухан ва суханвариро,
одоби каломро таъкид намудааст. У забони муоширатро
воситаи ба хамдигар муттахид гардонанда, ифодаку-
нандаи марому максад, калиди дониш ва аклу хиради ин-
сонхо мехисобад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222