Главная / Илм / Мухити инноватсиони ва мавкеи ташкилот дар иктисодиёт

Мухити инноватсиони ва мавкеи ташкилот дар иктисодиёт

Дар иктисодиёт иклими инноватсиони холати мухити берунии ташкилотро муайян намуда ба пиёда кардани максадхои инноватсиони мусоидат ё мухолифат мекунад. Вай ба воситаи таъсиррасони ба неруи инноватсиону зохир мешавад.

Дар макромухити ташкилотхои алохида чор сохаи асосии стратеги чудо карда мешавад:

  • ичтимои;
  • технологи;
  • иктисоди;
  • сиёси.

Таъсири онхо ба макромухити ташкилот ва неруи инноватсионии он аз руи натичаи тахлили сохаи ичтимои, технологи, иктисоди ва сиёси мукаррар карда мешавад.

Микромухити ташкилот хамчун мачмуи минтакаи стратегии наздики атроф чун таркиби субъектхои мустакилан ба он якчоя амалкунанда ва таъсиррасонанда ба холати неруи инноватсиони дида баромада мешавад. Хамчун мавзуи тахлил сохаи макромухити беруна баромад мекунад. Муайян намудани макромухити инноватсиони мазмуни тахлилиро мефахмонад.

434-4344349_maintenance-gears-illustrationДар мавридхои зарури метавон мавзуи тахлилро аз хисоби нуктахои дигари модди-худуди ва сохави дарёфт намуд. Маълум аст, ки холати доираи микромухити ба минтакаи мухити хурд ва якчоя бо он ба мухити дарунии ташкилот таъсир мерасонад.

Ба сифати ихотаи дур ба таври гайримустаким гирду атрофи макромухити беруни на хамеша мустакиман ба тавонмандии ташкилот таъсир мерасонад. Ин таъсиррасони тез-тез аз тарики микромухити беруна дода мешавад, ки мустакиман ба тавонмандии ташкилот таъсир мерасонад. Мухити беруна хамчун фарогири наздики фирмахо ва таъсиргузории мустакими он, яъне микромухит мачмуи стратегияи минтакаро ташкил менамояд.

Баходихии кисми таркиби ва андозаи мухити беруни аз тарафи коршиносон мутобики чадвали 5-бала чунин бахогузори мешавад:

  • 5-холати таркибии мазкури мухити берунии он кадар аъло ва маъкул мебошад, ки имкони пурра истифода бурдани неруи инноватсионии мавчударо нишон медихад. Ин холат хамчун имконияти хубе барои корхона бахо дода мешавад;
  • 4-холати кисми таркибиаш бовариноки хуб буда, як катор имкониятро барои истифодаи неруи инноватсиони фарохам меоварад;
  • 3- холати кисми таркибиаш боварибахш набуда ва холо тахдид нест, вале мушохидаи инкишофи он талаб карда мешавад;
  • 2-холати кисми таркибии мазкур хатарнок ва бояд хамчун хафноку тахдидкунанда барраси гардад.

Мавкеи стратегии инноватсиони хангоми баррасии якчоягии мухити дохилию беруна дида баромада мешавад, яъне хамчун тавоноии инноватсиони ва мухити инноватсиони.                                                               Баходихии мавкеи инноватсиони тавасути колабхои гуногун сурат мегирад. Усули 8^ОТ хамчун тахлил, ташхиси фаври, тахлили мухити ташкилот хело васеъ истифода мешавад.

Дарки имконияти вазъ аз руи колаби 8^ОТ ба амал бароварда мешавад. Вай ба воситаи ду самти уфуки (вектор): холати берунии мухит (мехвари уфуки) ва тавонмандии ташкилот (самти амуди) сохта мешавад. Хар як самти уфуки (вектор) ба ду кисм таксим мешавад (сатхи вазъ); имконот ва хатархо, ки аз холати мухити беруни бармеоянд; кувва ва нотавонии неруи ташкилот.

Барои тахлили мавкеи инноватсионии ташкили шароити гуруххои зерин ташкил меёбанд:

  1. Майдони 8О-«кувва-имконият» барои баходихии мавкеи инноватсионии корхона хангоми ба даст овардани максадхои инноватсиони сохтани махсулоти нав ё гузаштан ба технологияи нав ин яке аз шароитхои мусоид мебошад. Зарурияти иваз намудан ё ягон чизро омода сохтан лозим набуда бояд бо оянда машгул шуд.
  2. Майдони 8Т-«кувва-тахдидхо». Омилхои шароити инноватсионие, ки тарафхои пуркуввату тавонмандии инноватсияро махдуд менамояд ба кайд гиранд.
  • Майдони ^Т- «сусти-тахдид» ин бадтарин якчоякуни барои фирма мебошад. Аз хама мухим диккатро ба он чалб намудан аст ва паст намудани тахдид танхо бо рохи дигаргунсозии катъии холати ташкилот сурат мегирад.
  1. Майдони ^О- «сусти-имконият». Дар ин холат ба рохбарият мухити беруна мушкилиеро ба вучуд намеорад, бинобар ин чорахои пештар андешидашударо оиди пуркувват намудани тавонмандсозии инноватсионии ташкилот бояд ичро гарданд.

Хисобу тахлили мавкеи инноватсиони имкон медихад, ки асоснокии стратегии ташкилот (ё лоихаи инноватсиони оиди баланд бардоштани ракобатпазирии ташкилот) баланд бардошта шавад.

 

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222