Главная / Илм / Мухити маркетингии муассисахои илми-техники ва кисмхои чузъии он

Мухити маркетингии муассисахои илми-техники ва кисмхои чузъии он

Мухити маркетинги муассисахои илми – техники аз кисмихои зерин иборат мебошад:

Муасисахо. Ба муассисахои илми-техники мухим аст, ки инхоро ба эътибор гиранд:

  • тачхизот ва адабиёти илмИ барои ба чо овардани тадкикоти ба накша гирифташуда мувофикат мекунанд ва истифода мешаванд;
  • маводи барои тайёр кардани намунахои лабораторИ ва тачрибавИ зарур истифода мешаванд;
  • ба истифодакунандаи махсулоти илмИ-техникИ маводи барои барориши силсилагии махсулот зарур истифода мешавад.

Иттилоот дар бораи фиристодагон барои донистани он, ки тадкикоти мазкур метавонад амалан гузаронида шавад, мухим мебошад, хатто агар худи акида дар бораи тадкикот аз чихати тичоратИ чолиб бошад хам, кор дар мачмуъ, ё бо сабаби мавчуд набудани маводи зарурИ тачхизот, асбобхо ва номумкин будан ба даст овардани онхо, ё бо сабаби арзиши фавкуллодда баланди фиристониданаш, масалан, дар холати тибки дархост тайёр намудани тачхизот ва дастгоххои нодир, метавонад нобарор бошад.

5titul

Ракибон. Ба инхисорчИ (монополист) будани муассисахои илмИ- техникИ нигох намуда, бо сабаби мавчуд будани имкониятхои аз тарафи истехсолкунандагони ватанИ ба даст овардани технологияхои хоричИ, казияи ракобат дар вактхои охир багоят тезу тунд мешавад. Ин технологияхо барои ичозатномадори хоричИ нав нестанд, вале нисбат ба махсулоти худии дар корхона мавчуд буда бартарИ доранд.

Ба гайр аз ин, комёбии воситахои молияви дар истехсолкунандагон ба пайдошавии намуди нави ракобат- ракобати байни харочот ба корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори шартномави ва харочот барои дигар максадхо оварда мерасонад. Ба оне, ки дар боло зикр карда шуд, метавон илова намуд, ки махсулоти илми-техникии аксар муассисахои илми-техники дорои хусусияти «когази» мебошад ва бинобар ин бо коркардхои корхонахое, ки чун коида, ба «охан» тачассум ёфтаанд, ба ракобат мепазирад.

Хамин тавр, муассисахои илми-техники бояд чор намуди асосии ракобатро ба хисоб гиранд:

  • ракобат дар харочот;
  • ракобат бо технологияхои хоричи;
  • ракобат бо коркардхои корхонави;
  • ракобат бо дигар муассисахот илми-техникии сохаи якхела.

Шунавандагони алокави (пайванди) Шунавандагони алокави – инхо гуруххои мухталифи ба фаъолияти муассисаи илми-техники таъсиррасонанда мебошанд. Васоити ахбори умум ба фаъолияти муассисаи илми-техники равшани меандозад. Ба самъи доираи васеъи шунавандагон расонидани иттилооти гуворо дар бораи муассисаи илми-техники, имкониятхои хосаисамаранокии тачрибаи собики татбики коркардхо, тарафи муваффакиятии фаъолият ба хисоб меравад.

Бинобар ин муассисаи илми-техники бо воситаи ахбори умум бояд хар кадар зичтар хамкори кунад, дар замина нуфузи муассисаи дар дами пешрафти илми- техники мавчудбударо бунёд кунад.

Институтхои молияви. Бо назардошти сармояталабии раванди илми, инчунин тулонияти он, дар хачми зарури таъмини мунтазам бо сармоя ахамияти фавкулоддаи мухим дорад.

Сарчашмахои воситаи молияви (ба гайр аз худи) метавонад пеш аз хама бонкхо, саххомон, гуруххо ва фондхои сармоягузори, корхонахо, истеъмолкунандагони махсулоти илми-техники бошанд. Муассисаи илми-техники бояд бо тамоми роххои дастраси иттилоотро дар бораи устувории молиявиаш, самаранокии баланди иктисодии лоихахои ояндаи илми-техники пахн намояд, то ки сармоягузорони нерумандро (патенсиалиро) ба худаш чалб кунад.

Муассисахои хукумати. Ваколати кабули карорхоро, ки ичрояшон барои муассисахои илми-техники хатмист (фармоишхо ва карорхои умумииктисоди, санадхои меъёри ва директиви ва гайрахо) доранд. Муассисаи илми-техники бояд дар бораи санадхои кабулшуда иттилооти аник дошта бошад, инчунин хаддулимкон оид ба карорхои тайёршудаистода, ки ба фаъолияти у дахл доранд, маълумот ба даст оварад.

Ба гайр аз ин, (тавассути ассотсиатсия ва иттиходияхои мухталиф) бояд ба кабули конуну фармоишхои барои корхона манфиатхох ноил гардид.

Гуруххои шахрвандии амалиёт- инхо ташкилотхои мухталифи чамъияти мебошанд, ки оид ба хифзи баъзе таксимоти вокеан баргузоргашта ва ё тайёршудаистода дар чодахои мухталифи фаъолияти хаёти (харакатхо ба хифзи мухити атроф, иттифокхои истеъмолкунандагон ва гайрахо), ё ин ки дар баробари онхо,фаъолияти муайянро ба амал мебароранд.

Муассисаи илми-техники, бо ин гуруххо аксуламал намуда, аз тарафи онхо дастгири намудани худашро, аз чумла тадкикотхои бурдаистодаашро, метавонад таъмин намояд. Ба гайр аз ин, ин имкон медихад, ки сохасои тадкикоте, ки аз тарафи гуруххои мазкур дастгири меёбанд, пешбини карда шавад. Дар ин асос метавон

маблагтаъминкуни ба даст оварда шавад. Масалан, аз воситаи фондхои мухталифе, ки бо фаъолияти ин ё он гурух алокаманданд, инчунин аз манбахои хукумати.

Шунавандагони алокавии махалли. Корхона ва муассисаи дилхох ба каламрави мушаххас вобаста аст, бо истикоматкунандагони махал алокаи муайян дорад.

Васеъ намудани майдонхои объектхои истехсоли, тачрибави ва дигархо метавонад норозигии мардуми махаллиро ба миён оварад ва зиёда аз ин, агар ин объектхо шубхаро оид ба ифлоскунии мухити атроф пайдо намоянд. Зиддиятхо, баръакс, метавонанд вобаста ба пушида шудани корхона, бахшхо ва гайра ба миён оянд, зеро ин холат ба аз даст рафтани чойхои кори оварда мерасонад.

Бинобар ин муассисаи илми-техники дар бораи худаш дар байни шунавандагони махалли бояд тасаввуроти гуворо ба вучуд орад, ки ин ба таъмини кадри аз хисоби хатмкунандагони мактабхои олии махалли, аз байн бурдани зиддиятхои имконпазири каламрави ва бо муваффакият хал кардани як катор масъалахои дигар мусоидат хохад кард.

Муштариёни муассисаи илми-техники, хамчун коида, корхонахои истехсоли мебошанд. Ба муассисаи илми-тадкикоти зарур аст, ки омилхои хамдаркнамои натичахои тадкикоти мушаххасро аз тарафи корхонахо пайдо намояд. Дар айни замон мухимияти махз омилхои дарккуни хеле баланд мебошад, ки номгуйи мухтасари онхо дар зер оварда мешавад.

Сабабхои тараккиёти нокофии корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори (шартномави ва дохили) дар бахши истехсоли:

  • корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори зарур нестанд;
  • Хавасманди ва ракобат ба корхона дар самти фаъолияткунии бештар самаранок фишор намеоваранд;
  • Технологияи комплекси (пакети) ворид мешавад;
  • Ширкатхои хоричи ва корхонахои муштарак ба КИТТК-и ширкатхои модари умед мебанданд;
  • Ба корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори ба худашон мувофик намебинанд;
  • Ширкатхо ба лоихахои кутохмуддати тичорати руй меоранд;
  • Норасогихо дар рушди зерсохтор;
  • Ба таври нокофи руй овардани тичорат ба бозори хоричи;
  • Сиёсати андоз гузаронидани корхои илмИ-тадкикотИ ва тачрибавию конструкторИ -ро, аз он чумла шартномавиро хавасманд намегардонад.

Омилхои демографи. Зарурияти татбики навоварихои мехнатсарфакунанда мавчуд аст. Азбаски омили мазкур дар минтакахои мухталиф ба таври гуногун худро нишон медихад, муассисаи илми-техники бояд гуногунияти нохиявии истеъмолкунандагонашро ба назар гирад. Дар баъзе минтакахо зиёдатии ахолии кобили мехнат имкон дорад. Дар ин чо, навоварихо, баръакс, метавонанд ба бунёд кардани чойхои иловагии корИ равона карда шуда бошанд.

Норасогии ахолии кобили мехнат омили асосии пастшавии истехсолот (дар чанбаи дарозмуддат) мебошад. Бинобар ин ахамияти дигар хелхои инноватсиониро кохиш надода, дар ин чо бештар мувофики максад будани навоварихои ба паст кардани мехнатталабии махсулот равона кардашударо бояд ба инобат гирифт.

Омилхои иктисоди. Дар байни гурухи мазкури омилхо барои муассисаи илмИ-техникИ инхо бештар ахамиятноканд:

  • мавкеи молиявИ ва тагйироти истеъмолкунандагони истехсолИ ва нихоИ;
  • тагйироти майли истеъмолкунандагони истехсолИ ба андухт ба равона кардани маблагхо барои гузаронидани корхои илмИ-тадкикотИ ва тачрибавию конструкторИ умуман ва аз он чумла шартномавИ;
  • тагйироти нарххо ва музди кор;
  • арзиши карз;
  • вазъияти умумииктисоди дар мамлакат, пастрави, депрессия, болорави.

Тагйироти даромади истеъмолкунандагони истехсолии махсулоти илми-техники ба хачми дархостхо оид ба карордодхо, таъсири багоят 231

пурзур мерасонад. Чараёни инкишофи даромади истеъмокунандагони нихои, яъне ахоли имконияти харидории техникаи гаронбахо ва мураккаби маиширо муайян мекунад, аз ин сабаб, ба имкониятхои бозори махсулоти илми-техникии барои бунёди намунахои нави техникаи мазкур равона кардашуда таъсир мерасонад.

Мавчудияти воситахо хануз маънои ба самтхои аз истеъмоли чори фарккунанда истифода бурдани онхоро надорад. Дар шароити таваррум, баландравии нарххо ва музди кор манфиатхои кутохмуддат дар низоми манфиатхои корхона боло мегиранд. Худи хамин омилхо ба афзоиши харочот барои бунёди махсулоти илми-техники таъсир мерасонанд. Хамин «такякуни» бар захирахои махдуди пулии барои пушонидани онхо равонакардашуда огоз менамояд.

Яке аз роххои аз чунин холат баромадан, коркарди махсулоти бисёрмаксадаи илми-техники, ки метавонад бисёр маротиба истехсол карда шавад, мебошад.

Ва албатта, чунин махсулот бояд барои ба даст овардани тасмимоти самараноки носармояталаб дар истехсолот равона карда шавад. Талаботи хаммонанд ба махсулоти илми-техники карзи гаронбахо ва пастравиро дар иктисодиёт пешниход мекунад.

Омилхои мухити табии. Норасогии захирахо, киммат гардидани онхо дархостро ба технологияхои мавод ва нерусарфкунанда муайян мекунанд ва бинобар ин заминахои баланд гардидани дархостро ба натичаи корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори, ки ба бунёди технологияи нави хамин кобил равона карда шудаанд, ба вучуд меоваранд.

Самти дигари самаранокии корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори дар шароити норасогии захирахо, бунёди маводи нав ва ивазкунии маводхои табии мусоидаткунанда мебошад.

Омилхои илми-техники. Барои муассисаи илми-техники ба самтхои ояндадори тадкикот дар доираи тахассусаш «навишта шудан»- аш багоят мухим мебошад. Ин самтхоро донистан, воситахоро ба 232

чамъоварии иттилооти илми-техникии дахлдор гузаштан, дар конфронсхои илмии касби ширкат варзидан, коркардхои лозимаи дурнамоиро гузаронидан зарур мебошад.

Нуктаи дигари мухим- ба назар гирифтани сиёсати давлатии рушди инноватсиони, барномахо ва афзалиятхо, чидду чахдро бояд ба иштирок дар ин барномахо ва гузаронидани корхо дар самтхои афзалиятнок равона мебошад. Ин имкон медихад, ки якум, маблагтаъминкунии иловаги ба даст оварда шавад, дуюм, тамоилхои пешрафти илми-техники дуруст зери назар гирифта шаванд вабарои коркарди наслхои ояндаи инноватсионии истехсоли кисми корхо ичро карда шавад.

Кисматкунии (ба сегментхо чудокунии) бозори махсулоти илми- техники. Сегменти бозор ин гурухи истеъмолкунандагони ба ин ва ё он мачмуи хавасмандихои бедоркунандаи маркетинг як хел таваччухкунанда мебошад. Мутобикат – ин раванди чудо кардани истеъмолкунандагон ба гуруххои муайяни ба афзалиятхои истеъмоли фарккунанда мебошад.

Сабабхои кисматкунии бозорхои истехсолии махсулоти илми- техники:

принсипи чугрофи ба нохияхои алохидаи ба талаботашон ба махсулоти илми-техники фарккунанда таксим кардани бозорро дар назар дорад. Барои бозори махсулоти илми-техники таксимоти минтакави басо мухим аст, зеро истеъмолкунандагони минтакавии махсулоти илми-техники бисёр сохахо ва махсусан махсулоти нихои, бо талаботи истеъмолии аз тарафи онхо пешниходшаванда фарк мекунанд.

Дар мавриди  кисматкунии  чугрофи бояд хам чанбаи дохилидавлати ва хам байналмиллали ба назар гирифта шавад. Ба гайр аз ин, барои махсулоти илми-техники чойгиркунии чугрофи хам истеъмолкунандагони бевосита, натичахои хосаи фаъолияти инноватсиони ва хам махсулоти дар асоси онхо тайёр кардашуда мухим аст. Агар аз боби хоса корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори харф зада шавад, онгох дар ин чанбаъ ба назар гирифтани сатхи умумии илми-техникии минтака, дарачаи ихтисоси кадрхои мухандиси-техники дар корхонахои минтака, ракобат аз тарафи муассисахои илми-техникии дар минтака чойгиршуда, ракобати технологияи дигар давлатхо дар минтака мухим мебошад;

  • принсипи махсулоти-сохави барои муассисахои илми-техникии бисёрсамтаи дар сохахои мухталиф коркунанда ва инчунин муассисахои махсулоти илми-техникии таъиноти бисёрмаксадаро бароранда махсусан мухим мебошад. Ба таври умуми сохахои сузишвори-энергетики, мошинсози, саноати кимиё, металгудози ва дигар сохахои бахши истехсоли, тандурусти ва дигар сохахои бахши гайриистехсолиро метавон чудо кард. Дар дохили хар кадом гуруххои номбаршуда зерсохахои сершумор мавчуданд, ки шумораашон барои хар кадом муассисаи илми-техники хоса мебошад.
  • принсипи функсионали– истеъмолкунандагони махсулоти илми- техники метавонанд, тибки функсияхои ичро кунандаашон гурухбанди карда шаванд. Муассисаи илми-техники метавонад коркардхоро барои махсули мушаххас, масалан, тачхизоти барки барои вагонхои метро ба рох монад, инчунин метавонад махсулоти мухталифи тахти функсияи умуми муттахидшударо дар бар гирад.
  • принсипи фанни – истеъмолкунандагони махсулоти илми- техники метавонанд барои тадкикот дар фонхои мушаххас, масалан чунин фанхо ба монанди риёзиёт, физика, кимиё, биология ва гайрахо дархост пешниход намоянд. Истеъмолкунандагони тадкикоти фаннии якхела махсулоти мухталифро истехсол хохад кард, функсияхои гуногунро ичро хоханд намуд. Умумият барои онхо фанхои илмианд, ки боиси марок зохир кардан гардидаанд.
  • принсипи казияви– казияхои (масоили) илми чун коида, байнифанниро доранд. Хар як казияи илми метавонад таваччухи истеъмолкунандагони мухталифро ба худ чалб намояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222