Паёмбар (с) бо вучуди ин ки навчавоне камсинну сол буд, аммо кору талошро бисёр дуст медошт ва мехост бо кору фаъолияташ захмати амакаш Абутолибро, ки марди факир буд, чуброн намояд.
Хангоме ки Паёмбар (с) ба синни дувоздахсолаги расид, Абутолиб касди тичорат ба Шомро намуд. Паёмбар (с) аз ин ки амакаш аз у чудо мешуд, сахт афсурда ва норохат шуда буд. Вакте ки Абутолиб Паёмбар (с)-ро дар чунин холате дид, дилаш ба рахм омад ва уро бо худ ба Шом бурд. Дар байни рох ба каряе ба номи Бусро, ки аз тавобеи Шом мебошад, расиданд. Ин минтака хануз тахти султаи румиён карор дошт ва дар он чо рохибе ба номи Бухайро зиндаги мекард. Азбаски сифатхои Паёмбар (с) дар китобхои пешин, аз чумла Таврот ва Инчил зикр гардида, Бухайро ин сифатхои Паёмбарро дар Инчил мутолиъа намуда буд, аз хар корвоне, ки ба он чо мерасид, чуё мешуд, то шояд хусусияти Паёмбари чадидро, ки дар Инчил ваъда дода шудааст, дар он шахс биёбад. Хамин ки корвон ба он чо расид, Бухайро ба он чо шитофт, дар холе ки пеш аз он хеч гох ба назди корвониёне, ки дар он чо икомат мекарданд, намеомад.
Бухайро хамаи афроди корвонро аз назар гузаронид, то ин ки ба Паёмбар (с) расиду гуфт: “Ин сарвари чахониён аст, ки Худованд уро барои хидоят ва рохнамоии тамоми оламиён фиристодааст”.
Корвониён вакте аз Бухайро суол карданд, ки аз кучо медони, ки ин Паёмбар хохад шуд ва хидояти чомеаро бар ухда хохад гирифт, у дар чавоб ба онхо гуфт: “Вакте ки шумо касди дохил шудан ба шахрро доштед, хамаи сангхо ва дарахтхо ба сачда афтоданд. Сангхо ва дарахтон барои касе гайр аз паёмбарон сачда намекунанд”.
Баъд аз он, хамаи онхоро ба хотири гиромидошти Паёмбар (с) ба даъват фаро хонду сипас ба Абутолиб гуфт: “Уро бо худ ба Шом набар, зеро бими он аст ки аз чониби румиён ва яхудиён ба у осебе бирасад”. Абутолиб низ Паёмбар (с)-ро хамрохи яке фарзандонаш ба Макка фиристод.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …