Главная / Гуногун / Муму – Киссаи Иван Сергеевич Тургенев

Муму – Киссаи Иван Сергеевич Тургенев

Дар яке аз кучахои хошияи Маскав дар бинои хокистарие, ки сутунхои сафед, болохона ва пешайвоне дошт, айёме ашрофзани бева дар халкаи хидматгузорони зиёдаш зиндаги мекард. Бачахояш дар Петербург вазифаи расми доштанду духтархояш ба шавхар баромада буданд. Ашрофзан гох-гохе ба сафар мебаромад ва даврони охири зиндагии у дар гурбат, чудои ва нотавонии хастаю афгоркунанда мегу- зашт. Рузхои охири умраш бо нохуши сипари шуда, шабхо низ барояш дилгиру тира метофт……..

mumuАз миёни кормандонаш дарбон Герасим одами маъруфтар хисоб мешуд. Вай марди коматбаланду пахлавончусса, вале гунги модар- зод буд. Ашрофзан уро аз деха оварда буд, он чо вай дар кулбае дур аз бародаронаш танхо мезист ва инсони халолкору мехнатдуст буд. Неруи фавкулодааш имкон медод, ки ба танхои кори чахор нафарро анчом дихад. Дастони коркуфтае дошт. Чи кадар хуш буд дидани вай, хангоме ки шудгор мекард. Гуё ки бо дастони пахну нерумандаш бар муштаи сипор фишор оварда, бе ёрии аспакаш калби сахти заминро чок мекунад ва ё дар рузи Петров чунон бунёдбарандоз дос мекашид, ки мегуфти агар аз пеш чангалаки тусхои чавон барояд хам, онро аз беху бун пок медаравад ё бо занчири сеоршини он сон пайваста ва беист мекуфт, ки дар он лахзахо мушакхои барчастаи бозувони фа- рохаш мисли фишанг болою поён мешуданд. Сукути хамешагиаш ба захмати халоли вай шодии фарахафзое зам мекард. У инсони шоистае буд ва агар хамин кисмати талхаш намебуд, хар духтаре бо шодмони ба у ба шавхар мебаромад.

Вале инак, Герасимро ба Маскав оварданд, музааш хариданд ва барояш сарулибоси тобистонаю зимистона духтанд. Баъд ба дасташ чорубу бел дода, хизматгораш таъйин карданд. Аммо яку якбора ше- ваи нави зиндаги ба у писанд наёмад. Зеро вай аз хурди дилбохтаи кори сахро ва зиндагии дехоти буд. У, ки бар асари бадбахтии хеш аз муошират бо одамон махрум шуда буд, мисли нихоле дар марзи хо- силхез лол, вале тавоно ба камол расид. Чун уро ба шахр кучонданд, намефахмид, ки бо у чи мекунанд, дилтанг мешуду пакар, он гуна ки буккаи чавону солимеро аз маргзоре, ки гиёхони шодоби он то зери шикамаш мерасиданд, якбора бигиранду ба вагон бор кунанд ва бо суръат бибаранд, бо гулгулаву фарёд бибаранд ва Худо донад, ки кучо!

Хидматхоеро, ки бар ухдаи Герасим гузошта буданд, нисбат ба корхои пешини вазнини дехкони дар назараш мисли бози менамуданд. Дар ним соат у хамаи корхояшро анчом медоду боз бо дахони яла миёни хавли рост монда, ба хар ки аз пеши назараш мегузашт, нигох мекард ва гуё мехост аз онхо рохи халли муаммои вазъи асроромези худро бидонад, гохе хам ба гушае мерафт ва белу чорубро дур партофта, худро пару бар замин меандохт ва чун вахшии гирифторшуда соатхои дароз хамин тавр мехобид.

Аммо одам ба хама чиз одат мекунад. Герасим низ ночор ба зинда- гии шахр унс гирифт. Вазифааш вазнин набуд, шуглаш хамаги тоза нигох доштани руйи хавли, харруза ду маротиба бо сатил об овардан, барои ошхонаю хонахо хезум омода кардан ва шабона шахсони шубханокро ба хавли наздик намонда, посбони кардан буд. Вай ин ухдадорихои худро аз тахти дил ичро мекард. Дар руйи хавли хасу хасрубае намена- муд ва агар аробаи фарсудаи обкашонияш ба гил дармонад, бо китфаш тела медод, он гох на танхо ароба, хатто асп низ аз чояш мехест.

Хангоме ки хезум мешикаст, табараш мисли шиша садо дода, таро- шахо ба хар чониб пош мехурданд, дар мавриди бархурдаш бо бего- нахо хаминро бигуем бас, ки шабе ду дуздро дастгир карда, чунон бо якдигар сар ба сар зад, ки дигар хочати ба пулис бурданашон набуд. Пас аз ин ходиса дигар уро хурмату иззат мекарданд. Хатто рузона рохгузарон, на каллобон, балки одамони одии ношинос хам бо дидани хавлибони кавипайкар имову ишорахо карда уро фарёд мекарданд, гуё вай овозашонро мешунида бошад. Бо дигар хидматгузорони хавли, ки аз у харос доштанд, Герасим муносибати дусти надошта бошад хам, онхоро одамони наздики худ мешумурд. Хидматгузорон максаду фикри худро бо имою ишорат ба у мефахмонданд. Вай хам фикри онхоро зуд сарфахм мерафт ва амру фармонашонро сари вакт ичро мекард, аммо хукукашро нагз медонист, хатто дар ошхона касе чуръати ба чойи у нишастанро надошт. Хулоса, Герасим рафтори катъи ва чидди дошт ва тартибу интизомро мепарастид, хатто хурусхо дар хузури вай чуръати чангиданро надоштанд, вагарна чи балое ба сарашон меомад! Агар бо ин хол дучор ояд, аз пояшон дошта дар хаво дах бор чарх за- нонда, сипас ба хар су рахо мекард. Дар хавлии ашрофзан козхо хам буданд, лекин козхо аз чумлаи мургони доною зираканд. Герасим ба онхо эхтиром дошт ва козхоро бони мекард, обу дон медод, шабехи козбони касби буд.

Барои вай дар болои ошхона хоначае чудо карданд, Герасим кулба- якро табъи дили худ ба тартиб даровард ва аз чуби булут кате сохт, ки чор пояи гафс дошт. Ин кати пахлавоние буд, ки болояш сад пуд бор гузоранд хам, хам намешуд. Дар зери кат куттии мустахкаме чойгир буд. Дар канори дигари хона хамин гуна мизи устувор насб шуда буд. Пахлуи миз курсии сепояи гароне меистод, ки баъзан худи Герасим онро бардошта меафтонд ва табассуми маънидоре мекард. Дари кул- бача бо куфле бузург, ки ба кулчаи панир шабохат дошт, вале сиёх буд, махкам карда мешуд. Калидашро Герасим дар камараш баста ме- гашт, зеро ба хоначааш даромадани одамонро намеписандид. Хамин тавр, як сол сипари шуд ва ахиран дар хаёти Герасим вокеаи кутохе ба амал омад. Ашрофзани пир, ки Герасим дар хавлии у хизматгори дошт, пойбанди урфу одатхои кухна буд ва дар мулкаш хидматгорони бисёрро нигох медошт. Миёни онхо на танхо занони либосшуй, таб- бохон, чеварон, дуредгарон буданд, балки як тан наългар хам буд, ки у хам табиби хайвонот ва хам духтури одамон махсуб мешуд, барои ашрофзан низ табиби хонаги буд ва ахиран як нафар кафшдуз низ кор мекард, ки Капитон Климов ном дошт ва майхораи хирае буд. У худро одами тахкиршуда ва кадрнодида, шахси сохибмаълумоти пойтахт мешумурд, ки бояд на дар Маскав, балки дар бустонсарое зиндаги дошта бошад. Шаробнушии у, тавре ки худаш бо таъкид бар синааш зада мегуфт, аз дарду гам буд.

Рузе миёни ашрофзан ва хочагидор Гаврила, марди бо чашмони

олуси гусфанди ва бинии мисли нули мургоби, ки танхо аз руйи ха- мин нишонахояш хукм кардан метавон, ки худи такдир ба у чехраи як сардорро додааст, гуфтугу доир шуд.

Ашрофзан аз вазъи носолими одоби Капитон, ки уро бо ин вазъ чанде кабл дар кадом кучае мушохида карда буданд, изхори афсусу надомат карда, якбора афзуд: – Чи мешуд, агар уро хонадор мекар- дем-ха? Ту ба ин чи мегуйи, шояд ки ба тартиб ояд?- Чаро хонадор накунем? Мумкин, – посух дод Гаврила. – Кори бисёр хуб мешавад.

– Лекин ки ба зани у шудан рози мешавад?

– Албатта. Зимнан хар тавре ки шумо хохед. Шояд аз ухдааш барояд, охир уро аз халкаи мо берун бароварда партофта намешавад-ку.

– Ба хаёлам ба у Татяна писанд аст.

Гаврила хост норизои кунад, лекин худдори намуд.

– Бигузор Татянаро ба никохаш дарорад, – карор дод ашрофзан ва бо каноатманди тамокуро буй кашида афзуд, – мешунави?

– Хуб шудааст, – нидо кард Гаврила ва баромада рафт. У ба хонааш баргашт, ки он дар пахлуи бинои асоси буду пур аз куттихои оханин. Гаврила аввал хамсарашро аз хона берун кард, сипас назди тиреза омада, ба андеша гута зад. Карордоди гайричашмдошти ашрофзан уро хайрон карда буд.

Ночор у аз чояш хеста амр кард, ки Капитонро наздаш бихонанд. Капитон омад. Лекин пеш аз накли сухбати онхо зарур аст, ба хонанда- гон дар бораи ки будани Татяна, ки бояд бо Капитон хонадор шавад ва чаро амри ашрофзан хочагидорро ба шигифт водошт, каме маълумот дихем.

Тавре гуфта шуд, Татяна вазифаи либосшуйиро бар ухда дошт, ба у чун рахтшуйи мохир танхо шустани либосхои нафис амр мешуд. У як зани бистухаштсолаи сафедпуст буд, бар рухсораи чапаш хол дошт, ки онро русхо нишонаи сиёхбахти мешуморанд.

Татяна низ аз такдири худ он кадар рози набуд. Хануз аз хурди ранчу дард мекашид, кори ду нафарро мекард, вале харгиз мехру навозишро надида буд, ба у либоси дуруст хам намедоданд, ба изофаи ин хама муздаш ночиз буд, аммо хеши наздик надошт, танхо як амаки пири анбордор дошт, ки дар деха мезист. Хешони дигараш пешаи дехкони доштанд. Айёме вай ба хусну чамол шухрат дошт, вале оби хуснаш ба зуди парид.

Вай сириштан оромтабиату фармонбардор, нисбат ба худ бепарво бошад хам, аз дигарон сахт метарсид, факат гами харчи тезтар ба итмом расондани корро мехурду харгиз бо нафаре хамсухбат намешуд ва аз шунидани номи ашрофзан, ки вай хатто Татянаро бо чашми худ надида буд, ба баданаш мургак медамид. Вакте Герасимро аз деха ба ин чо оварданд, Татяна чуссаи пахлавононаи уро мушохида карда, аз вахм кариб бехуш мешуд, мехост харгиз бо вай ру ба ру нашавад. Хангоми аз назди Герасим ба дахлези чомашуйи рафтан, нигохашро гурезонда дартоз мегузашт. Герасим аввал ба у он кадар диккат намедод, вале баъдтар хангоме ки Татяна ба вай дучор меомад, у механдид, баъд ба вай таваччух мекардаги шуд ва ахиран аз хонум нигохашро намеканд. Ё барои доштани чехраи хоксорона ё рафтори лоуболонааш, балки Худо медонад аз чи, Татяна ба у писанд афтода буд. Хатто боре у кур- таи охарии ашрофзанро эхтиёткорона миёни панчахояш гирифта, ба хавли баромада буд, ки гайричашмдошт касе аз оринчаш сахт дошт. Татяна якбора ба кафо нигох карда дод зад, дар пахлуяш Герасим ме- истод. Вай содалавхона механдиду кандинаи хурусшакли болу параш зарнигорро пешкаш мекард. Татяна шириниро гирифтан намехост, аммо Герасим кандинаро мачбур ба дасташ дода, сипас аз у дур шуд ва бори дигар чонибаш бо мехр нигох кард. Аз хамон руз шуруъ карда, дигар Герасим уро ором намегузошт. Кучое ки Татяна равад, вай хам дар он чо хозир мешуд ва ба истикболаш шитофта табассум мекард, садои гайриоди баланд карда, дасту пой меафшонд, баногох аз кисааш руймолча бароварда мачбур ба вай медод, гарду хоки сари рохашро меруфт. Духтари бечора намедонист минбаъд чи гуна рафтор кунад.

Сипас, тамоми сокинони хавли аз амалхои дарбони гунг огох шуданду ба сари Татяна хазлу истехзо ва суханхои тахдор фуру рехт. Лекин ба мазох кардани Герасим зури хар кас намерасид, вай хазлу шухиро на- медонист, дар хузури у ба хонум низ кордор намешуданд, акнун ноаён Татяна хам ба тахти химояи у даромад. Албатта мисли дигар кару гунгхо Герасим низ хеле рамузфахм буд ва масхара кардани худ ё духтарро зуд пай мебурд. Боре хангоми нахор кадбонуи сардори Татяна духтаракро сахт кохиш карда мазаммат кардан гирифт, ки бечора намедонист ба кучо нигох кунад ва кариб буд, ки аз зурии дарду алам ашк резад. Ге- расим гайричашмдошт аз чояш бархоста, дастони баходуронаи хешро боло намуда, ба руяш бо кахр назар афканд. Хама ба сукут рафтанд. Герасим боз чумчаро бардошта хурдани шурборо давом дод. «Гунги падарлаънат, гули биёбон» зери лаб гур-гур доштанд онхо. Кадбону бошад якбора аз чояш хеста ба хонаи духтарон гузашт. Дафъаи дигар Герасим мушохида кард, ки Капитон, хамон одаме, ки дар бораи вай сухан мерафт, бо Татяна мухаббатомез сухбат дорад. Герасим уро бо ангушт чониби худ даъват карду ба анбори фойтунхо бурд ва мурвате- ро, ки дар гушае мехобид, гирифту бо он охиста, аммо тахдор тахдид кард. Аз хамон вакт дигар касе бо Татяна харфе намезад.

Дуруст аст, ки кадбону ба утоки духтарон тохта омадан замон аз хуш рафт, вале боз маккорона амал карда, муносибати дагалонаи Герасимро хамон руз ба хотири ашрофзан расонд. Аммо кампири рамузфахм танхо табассум мекарду халос ва кадбонуро сиёсат намуда, мачбур кард, ки вокеи барояш дилхароши чи тавр Герасим бо бозуи баходуронаи худ хам намудани каллаашро бори дигар накл кунад.

Рузи дигар ашрофзан ба Герасим пул фиристод. У захмати вайро хамчун дарбони софдилу неруманд кадр кард. Герасим аз ашрофзан харос дошт, лекин бо вучуди ин аз шафкати вай умедвор буд ва анде- ша мекард, ки назди ашрофзан рафта илтичо кунад, то барои хонадор шуданаш ба Татяна рози шавад. У танхо либоси навро интизори дошт, ки барояш мудири хидматгорон ваъда дода буд, то ба хузури ашро- фзан бо либоси муносиб дарояд. Аммо лахзае ки Герасим дар хамин бора фикр мекард, худи ашрофзан дар сараш хаёли ба Капитон додани Татянаро мепарварид.

Акнун хонанда худ ба осони пай мебарад, ки баъди сухбат бо ашро- фзан хафаву малул шудани Гаврила бехуда нест. У дар назди тиреза нишаста фикр мекард, ки ашрофзан, албатта, ба Герасим рахму шафкат дорад, ки ин ба Гаврила равшан аст, аз ин ру худи вай ба ин хохиши Герасимро чонибдори мекард. Вале хар чи бошад вай гунг аст. У харгиз ба ашрофзан нахохад гуфт, ки Герасим Татянаро дуст доштааст. Охир, аз руйи инсоф гуем хам, вай чи хел шавхар… Аз чониби дигар Худо нигох дорад, зеро рафту ба Капитон додани Татянаро фахмад, тамоми хавлиро зеру ру карда хамаро хароб мекунад. Ба ин махлук чизеро фахмондан душвор, хатто мухол аст, мани бандаи пургунох чи кор кунам?!…

Пайдо шудани Капитон риштаи андешахои Гавриларо канд. Чорукдуз ба хона даромад ва дастонашро кафо кашида, ба кунчи девори пахлу- дари бепарво такя кард, пойи росташро руйи пойи чапаш гузошта бовикор калла чунбонд, мазмун – банда дар хузури шумо, чи хидмат?

Гаврила ба Капитон нигох карда, бо ангушташ ба пахлучуби тиреза тик-тик зад. Капитон, чашмони сурбияш нимпуш, рост ба у нигох кар- да, бо лабханд муйхои маллаи хар суй парешонашро бо кафи дасташ чамъ кард. – «Оре, ин манам, ман. Чи мепесони?».

– Хуб, – гуфт Гаврила ва хомуш монд. Нагз, дигар хочати гап хам нест!

Капитон танхо китф дархам кашиду бас. – «Оё ту бехтари?».

– Боре ба худат нигох кун, ха, хубтар нигар, – афзуд Гаврила бонафрат, – бигуй, ба ки монанд шудаи?!

Капитон бо нигохи хазин камзули чиркину дарбехдор ва шими кухнаашро ноаён аз назар гузаронд. Ба музаи даридааш, ки аз нуги он ангуштони пояш метофтанд, хуб нигох карда, сипас ба хочагидор зехн монда гуфт:

– Хайр, чи шудааст?

– Чи шудааст? – такрор кард Гаврила – Чи, боз чи шудааст мегуйи? Ба Иблис монанди, мефахми, ана, ба ки монанд шудаи?!

Капитон мижа мезаду бас.

«Сарзаниш кунед, нах задан гиред, Гаврила Андреич», анде- ша мекард у.

– Охир, ту боз маст шудаи, – афзуд Гаврила, – боз нушиди, ха, чавоб дех?!

Бинобар бад шудани салома- тиям нушокии спирти истеъмол кардам – гурунгид Капитон.

Барои вазъи саломати! Ба ту кам чазо медиханд, мефахми. Боз дар Питер таълим гириф- таанд. Дар тахсил бисёр чизро ёд гирифтаи! Танхо нони муфт мехури.

Ин тавр ки бошад Гаврила Андреич, хомии ман яккаву ягона Худои таолост. Танхо Худо медонад, ки ман кистам, такдирам чи гуна аст, оё дуруст аст, ки ман нони муфт мехурам? Дар майхораги низ ман гунахгор нестам, балки як дустам айбдор аст, вай маро бо найранг ба майкада бурд…

– Ту, коз боши, дар куча монди. Эх, ту пакар.

– Лекин гап дар ин хам не, – суханашро идома дод хочагидор, – медони-чи? Ашрофзан, – вай хомуш монд, – бойзан мехохад, ки ту хонадор шави, мешунави? Онхо фикр мекунанд, ки ту зандор шуда амон меёби, мефахми?

– Чаро нафахмам?

– Хамин тавр, ба фикрам банди туро сахтакак кашидан лозим, хайр ин кори онхост. Чи тавр, ту рози ё.

– Дахони Капитон инч шуд.

– Зангири амали шоистаи инсонист, Гаврила Андреич ва аз чониби худ ман хам бисёр миннатпазирам.

– Лакиди-да, – норозиги кард Гаврила ва аз дил гузаронд: «Чи чойи шубха, хакки гапро гуфт».

– Лекин росташро гуям, афзуд у, – бароят он кадар аруси хуб на- ёфтаанд.

– Хайр, вай ки будааст, агар махфи набошад?…

– Татяна.

– Татяна?

Чашмони Капитон кариб аз косахонаи сараш баромаданд ва худро каме ба кафо кашид.

– Магар талхакаф шуди, ё вай маъкулат нест?

– Чаро писанд набудааст, Гаврила Андреич. Вай духтари бад нест. Коргару хушахлок аст. Вале худи шумо хам, Гаврила Андреич, медонед, ки. вай гули биёбон, девсурат аз паси у кашол.

– Медонам, додар, хамаашро медонам, – ботаассуф сухани уро бу- рид хочагидор.

– Рахм кунед, Гаврила Андреич. Охир, вай маро мекушад. Медо- нед, дастони у чи хел, худатон як бор бинед, худи дастони Минин ва Пожарский барин. Охир у кар асту мекубад, лекин садои куфтанашро намешунавад ва хеле сахт мекубад. Гуё ки дар хобаш даст меафшонда бошад. Уро илочи боздоштан нест, зеро, Гаврила Андреич, худ медонед, ки вай кар аст, боз мисли тахкунда дурушт аст. Умуман вай, Гаврила Андреич, одами ношуд ва аз хар ахмаке бадтар аст. Чаро ман ранчи уро бикашам. Охир, бароям дигар чизе фарк надорад, ман як фарди бекасу куям, сабурам, мисли кузаи равгандида, лекин ман ба хар сурат колои беарзише не, балки инсонам, на ин ки хурмаи бекорае.

– Медонам, медонам, гуфтан шарт нест. –

– Худовандо! – Бо сузу хасрат мегуфт кафшдуз, – ин хама поён до- рад, бадбахтам ман, як умр бадбахтам. Насибам хамин будааст, дар чавони аз хучаини олмони шаллок мехурдам, вакте нав коматамро рост мекардам, аз бародари худам ранчу хори дидам, акнун дар авчи камолот ба чунин бало мубтало шудаам.

– Эх, ту занмичоз, – афзуд Гаврила, – чаро ин кадар нолиш мекуни?

– Чи хел, Гаврила Андреич… Охир, ман аз зарби лату куб наметарсам. Агар хучаин дар хавлии худ чазо дихаду назди мардум ба саломам алейк гирад, гам намехурам, зеро ман хам дар катори одамонам, лекин холо пеши ки забонкутох шудаам?

– Майлаш, хез, дафъ шав, – сухани уро бурид Гаврила.

Капитон руяшро гардонду охиста дур шуд.

Дар соатхои мушкил хам вай хазлу мазохро тарк намекард. Хоча- гидор дар сахни хона кадам мезад.

– Акнун Татянаро даъват кунед, – бо нимовоз гуфт у.

Баъди андаке Татяна хомуш даромада дар остона истод.

– Чи мефармоед, Гаврила Андреич, – пурсид вай охиста. Хочагидор бодиккат ба у нигарист.

– Майлаш, – гуфт вай, – Танячон, шавхар кардан мехохед? Хучаин бароят домод пайдо кардааст.

– Гуш мекунам, Гаврила Андреич, хучаин киро домод интихоб кар- даанд? – бечуръатона пурсид вай.

– Кафшдуз Капитонро.

– Розиям.

– Беандеша будани кафшдуз маълум аст. Аз ин вачх хучаин ба шумо бовар дорад.

– Розиям.

– Лекин як мушкили хаст. Охир, Герасими гунг ошики шайдоят аст. Ин хирсро чи гуна мубтало карди? Окибат ин хирс туро мекушад.

– Мекушад, Гаврила Андреич, бемухобот мекушад.

– Мекушад?… Инро мо мебинем, чи хел мекуштааст, магар у барои туро куштан хак дорад, як фикр кун?

– Намедонам, Гаврила Андреич, хак дорад ё не.

– Ачиб, шояд ту ба вай ваъда додаи?

– Мебахшед, чи хел ваъда?

Хочагидор ба андеша фуру рафт.

– Дар химояи худ ин кадар ноухдабарои, майлаш ту бирав, Танячон, боз гапзанон хохем кард, бинем, ки ту дар хакикат итоаткори?! Татяна номаълум ба болодари кафо баргашт.

Мумкин хучаин пагох нагмаю сури туйро фаромуш кунад, – фикр кард хочагидор, ман бошам бехуда гам хурда гаштаам. Ин гарданшахро бошад мебандем, зур ояд, ба дасти политсия месупо- рем…

– Устиния Фёдоровна, – бо овози баланд занашро чег зад, – чонакам, як чой монед.

Татяна хамон руз аз хо- наи чомашуйи берун на- баромад. Аввал у гирист, баъд ашкашро пок карда, чун одат аз пайи кор шуд. Капитон то бевактии шаб дар устохона бо як ра- фикаш, ки чехраи гамгин дошт, монда ба вай кисса мекард, ки дар Петербург дар хавлии як ашрофзода чи хел мезисту сохибаш чи инсони шарифе буд, ба тартибу низом таваччух дошт, вале як камбудии чидди дошт, маст ки мешуд, ба чинси латиф рагбаташ зиёд мегашт. Ошнои рухафтодааш танхо офаринаш мегуфт. Аммо вакте Капитон хабар дод, ки у пагох бо як сабабе худро катл хохад кард, рафикаш пай бурд, ки дигар вакти хоб шудааст. Онхо ноилоч ва хомуш аз якдигар чудо шуданд.

Аслан тахмини хочагидор нодуруст баромад. Масъалаи туйи Капито- ну духтарак таваччухи хучаинро сахт ба худ кашид, ки хатто вай шабона бо яке аз махрамони худ, ашрофзани кашшокшудае, ки дар хавли руз мегузаронд, танхо дар хамин бора сухбат дошт. Ин хаммаслакаш дар хонадони ашрофзан танхо ба хотири гузарондани шабхои бехоби ни- гох дошта мешуд ва мисли фойтунчии шабкор рузона дам мегирифт. Вакте Гаврила баъди нахори ба назди хучаин барои арз даромад, са- воли нахустини у чунин буд: тайёрихои туй чи тавр? У, албатта, чавоб дод, ки тайёрихо ба бехтарин вачх аст ва Капитон имруз наздатон ба арзи хидмат мерасад. Вале саломатии хучаин хуб набуд; дергох ба кор машгул нашуд. Хочагидор ба манзили худ баргашта, коргаронро барои маслихат даъват кард. Ин кор, дар хакикат, омодагии махсусро талаб дошт. Татяна, албатта, зиддият нишон намедод, лекин Капитон ба хама эълон кард, ки вай на ду-се чон, балки танхо як чон дорад.

Герасим ба хозирон хашмгинона нигох мекард ва аз остонаи хонаи духтарон дур намешуд. Хис карда буд, ки ходисаи нохуше ба амал ме- ояд. Гирдомадагон (дар миёни онхо буфетчии пире низ буд бо лакаби амаки Дум ва аз у хама маслихат мепурсиданду эхтиромаш мекарданд, харчанд ки аз вай танхо як чавоб мешуниданд: ана чи тавр, ха, ха, ха) пеш аз хама барои эхтиёт Капитонро дар хоначаи дастгохи полоиши об махкам карда, бо чиддият дар фикри чора шуданд.

Ба хар хол Герасимро бо зури ором намудан кори осон буд, аммо Худо накарда, чанчоле бархезаду хучаин норохат шавад, он гох ин фочиа аст. Чи бояд кард? Хеле фикр карда, окибат ба як карор омаданд.

Борхо мушохида шуда буд, ки Герасим майхорахоро чашми дидан надорад. Агар у дар паси дарвозаи кади куча ягон масти калавандаи лапари кулохаш ба баногуш афтодаро бинад, руяшро мегардонд. Ба Татяна фармуданд, ки худро ба масти зада, аз назди Герасим калави- да-калавида гузарад. Духтараки бечора аввал ба ин пешниход рози нашуд, лекин уро мачбур карданд, беш аз ин худаш хам эхсос кард, ки аз парастандааш бидуни ин кор рахо намешавад. У рафт. Капитон- ро аз хонача берун карданд, ба хар хол хама мочаро ба у дахл дошт. Герасим дар курсии таги дарвоза нишаста белро ба замин мехалонд. Аз хар кунчу канор, аз паси пардахои тиреза уро мушохида доштанд.

Ин хила натичаи аъло дод. У Татянаро дида, чун хамеша, аз руйи одаташ овози пурмехри гунгона баровард ва каллаашро чунбонд. Баъд хуб нигох карду белро аз дасташ афтонда аз чой хесту назди вай омад, руяшро ба руйи у хеле наздик бурд. Духтарак аз тарс бештар калавид ва чашмонашро пушид.

Герасим дасти уро капида гирдогирди хавли давонду хамрохи Татяна ба хонае дохил шуд, ки он чо машварат мекарданд. Духтарро рост суйи Капитон тела дод, Татяна шах шуд. Герасим каме истоду ба духтар нигох кард, баъд даст афшонду бо захрханд баромада бо кадамхои сангин ба кулбааш ворид шуд. Як шабонарузи тамом аз он чо берун нашуд. Сипас, фойтунчи Антипка хикоят кард, ки у аз сурохии дар чи гуна руйи кат дасташро ба манахаш гузошта хомуш нишастани Герасимро дидааст. У гохо бо садои орому гунгона суруд мехонд, боизтироб чашмонашро пушида каллаашро мечунбонд, мисли бурлакхову[1] фойтунчихо та- ронаи гамангезашро каш дода месароид. Антипка ба вахм афтода аз назди дар дур шудааст. Рузи дигар хангоме ки Герасим аз хоначаи худ баромад, гуё дар симои вай дигаргуние хис намешуд. У танхо каме зиёдтар туршруй метофт. Ба Татянаву Капитон, умуман, эътибор наме- дод. Он бегохи онхо якчоя, козхо таги каш, назди ашрофзан рафтанд ва баъди як хафта зану шавхар шуданд. Рузи туй Герасим рафторашро дигар накард, танхо аз дарё беоб бозгашт ва дар рох бушкаро шикаст. Шабона дар саисхона у бо изтироб аспашро шуста кашав (карчагун) мекарду асп аз зури бозуи оханини вай мисли бед, ки аз шамол хаму рост мешавад, калавида аз як пой ба пойи дигараш бор меандохт.

Тамоми ин хаводис дар фасли бахор рух дод. Боз як сол сипари шуду дар миён Капитон тамоман радди маърака шуд ва уро ба хайси одами корношоям хамрохи занаш бо корвони аробахо ба дехаи дуре фиристоданд. Дар рузи видоъ у худро сипох гирифта, таъкид мекард, ки уро ба кадом тарафе равон накунанд, бехуда нахохад буд, аммо якбора хавсалааш гирифту ба танкид шуруъ кард, ки уро пеши ода- мони бесавод мефиристанд ва дар нихоят чунон аз худ рафт, ки дигар тавони пушидани кулохашро аз даст дод. Марди хайрхохе кулохашро пушонда, лапарашро рост кард ва аз болояш бо мехр бо дасташ зад. Хангоме ки васоили сафар омода шуд, аробакаш хам лачоми аспро ба даст гирифт. Акнун хама мунтазири шунидани дуои «дар панохи Худо» буданд, ки Герасим аз хоначааш баромада рост назди Татяна омад ва руймоли чити сурхро, ки як сол пештар барои вай харида буд, чун ёдгор тухфа кард. Татяна, ки то ин лахза ба гардишхои хаёташ бо сабр рафтор мекард, тахаммулро аз даст дода, гиря кард ва хангоми ба ароба нишастан бо Герасим аз руйи расму ойини насрони се маротиба бусобус карданд.

Герасим вайро то дарвозаи шахр гуселондан хоста, аввал аз канори аробаи вай кадам зад, баъд назди гузаргохи Крим нохост бозистода даст афшонду аз канори дарё чониби хавли равон шуд.

Бегохи буд ва Герасим охиста-охиста кадам мемонду аз оби нахр чашм намеканд. Нохост мушохида кард, ки чизе дар торики, дар ка- нори дарё мечунбад. У хам шуда сагчаи алоеро дид, ки хар кадар та- лош кунад хам аз об баромада наметавонист, пайкари логару тараш меларзид. Герасим ба сагчаи бечора хуб нигох карду баъд онро бо як даст бардошта ба багал андохт ва бардам-бардам кадам зада чониби хоначааш рафт. Ба хона даромада, дархол сагчаи начотёфтаро руйи кат хобонда, болояшро бо чомаи сангини худ пушонд. Сипас, аввал барои кох ба саисхона рафт, баъд аз ошхона дар табакча шир овард. Охиста чомаро як тараф намуда, кохро пахн карду ширро болои кат монд. Сагчаи бадбахт хамаги серуза буд ва рахи чашмонаш тоза боз мешуд, хатто яке аз дигараш каме калонтар метофт, вай хануз аз табак- ча шир хурда наметавонист ва ларзон чашмонашро зуд-зуд кушода боз мепушид. Герасим бо ду ангушташ аз гарданаш дошта, фукашро ба табакча расонд. Сагча нохост ларзону нафасгардон ва харосон ба ширхури шуруъ кард. Герасим хеле зехн монду якбора чунон хандид, ки… Вай тамоми шаб бо сагча банд шуд, гох мехобонд, гох навозиш мекард ва нихоят дар пахлуяш орому осуда хобаш бурд. Хеч модаре фарзандашро мисле ки Герасим парвардаашро парастори мекард, нигохубин карда наметавонист. Сагча модина буд. Рузхои аввал бе- мадору нахиф ва безеб буд, лекин тадричан гушт мегирифт ва баъди хашт мох бар асари нигохубини начотбахши худ ба як сагчаи зебои испонии гушдароз ва мешчашми зебо табдил шуд. Вай ба Герасим сахт дил баст ва акнун лахзае аз бараш дур намерафт, балки мудом аз паси у дум чунбонда мегашт. Герасим ба сагча ном гузошт. Гунгхо медонанд, ки садохои гунгонаи онхо таваччухи дигаронро ба худ мекашад, аз ин ру вайро Муму номид. Тамоми сокинони хавли сагчаро Муму ном бурда, дуст доштанд. Сагча галати ва боакл буд. Ба хама унс гирифта, бози мекард, аммо танхо Герасимро дуст медошт. Худи Герасим низ сагчаро бисёр дуст медошт, вакте онро дигарон навозиш мекарданд, безобита мешуд, метарсид ё рашк дошт, Худо медонад.

Саг сахарихо аз шалвори Герасим кашида, аз хоб бедораш мекард ва аспи пири обкаширо, ки бо вай хеле дустона мезист, аз лачомаш газида пеши сохибаш меовард ва бо гурур барои об овардан хамрохи вай ба лаби дарё мерафт, чорубу белашро посбони мекард, нафареро ба хоначаи сохибаш наздик омадан намемонд. Герасим барои сагча аз дари худ сурохе боз кард ва сагча хам гуё медонист, ки танхо вай дар кулбаи Герасим сохибхона аст ва хамин ки ба кулбача ворид шуд, хушхолона болои кат часта мебаромад. Шабона вай тамоман наме- хобид, лекин мисли сагхои ахмаки безоти хонабон, ки руйи ду пой ба кафо нишаста, чашмонро пушидаву фукро ба осмон бардошта гохо бехуда аз зики мечаканд ва гохо ба суйи ситорахо ва хар бор пайи хам се маротиба набуд! Садои нозуки Муму хеч гох бехуда баланд намешуд, агар одами бегонае ба хавли наздик ояд ё аз ягон чо шуру магал ё дигар садое барояд, овоз мебаровард.

Оре, ба гайр аз Муму дар хавли саги пири маллае низ буд, ки холхои сиёх дошт ва номаш Гургак буд. Уро хатто шабхо аз занчир рахо на- мекарданд ва худаш хам гуё фахмида дар пири ба озоди баромаданро намехост, дар лонаи худ халка зада мехобид ва гох-гохе овози хиррии паст мебаровард ва бехуда будани овозашро худаш хис карда, хамон лахза хомуш мешуд. Муму хеч гох ба хонаи хучаин намедаромад, вак- те ки Герасим ба он чо хезум мебурд, доим дар таги дар меистод ва гушхояшро сих карда каллаи худро ба рост ва бо садои андаке якбора ба чап тофта, мунтазири баргаштани сохибаш мешуд.

Хамин тавр, аз миён як сол гузашт. Герасим вазифаи дарбонии худро давом дода, аз такдири худ рози буд.

Аммо яке ходисаи гайричашмдоште рух дод. Дар як рузи хуши то- бистон ашрофзан бо махрамонаш сайругашт мекард. Вай хурсанд буду хазлу шухи дошт, махрамонаш хам дунболи димогчокии вай буданд, аммо онхо хеч сабаби шодии хучаинро намефахмиданд. Дар ин хав- ли хурсандии бойзанро хуш надоштанд, зеро вай, пеш аз хама такозо мекард, ки дигарон чун вай хурсанд бошанд, агар ногох дар симои нафаре андухро бинад, дар газаб мешуду хушхолияш якбора катъ ва чехрааш туршу манфур мегардид. Хамон руз вай ба чи далеле аз хоб хушхол бедор шуд, дар картаи у чор валет баромад, ки ин гуё тачассуми орзухояш буд. У хар пагохи фол медид. Чой низ ба мазокаш расид, ки ба ивазаш хидматгорро таъриф карду дах тин мукофот дод. Дар лабони парсингбастааш табассум пайдо буд, у аз мехмонхона рахравон назди тиреза омад. Дар паси тиреза богча чойгир буду дар миёнаи гулхо, зери буттаи сурх Муму хоби- да, башавк устухонеро мехоид. Яке нигохи ашрофзан ба саг афтод.

– Худоё, – якбора фарёд кашид вай, – ин чи сагест?

Яке аз хидматгоро- наш, ки хучаин уро пурсид, бесаранчом шуда, ба тахлука афтод. Хидматгорон максади хучаини худро дарк накарда, ба чунин вазъ афтодаанд.

– Н..н..а намедо- нам,- гур-гур кард вай, – шояд саги Герасим бошад.

– Худоё, – гапи хи- дматгорашро бурид ашрофзан, охир, вай саги бисёр ачоиб. Кай овардааст ин сагро? Чи тавр ман уро то имруз надидаам? Фармоед, биёранд.

Хидматгор хамон дам аз пайи фармон шуд:

– Хой, ки хаст? Мумуро даррав ин чо биёред, вай дар богча.

– Номи саг Муму? – пурсид ашрофзан, – номи бисёр галати.

– Бале, дуруст, – тасдик кард хидматгор, – зудтар биёр Степан. Степан марди кокина, ки хидматгор буд, барои дастгир карда овардани Муму чониби богча давид. Лекин Муму хушёри карда аз зери дасти у халос ёфту думашро ликонда бо тамоми кувваташ ба тарафи Герасим гурехт. Ин дам Герасим дар ошхона бушкаро метаконд, ки дар панчаи у мисли накорачаи кудакон гирд мегашт. Степан аз кафои саг давида, хост уро аз зери пойи сохибаш дорад, аммо саги доноро дастгир кардан ба одами ношинос мушкил буд. Саг мечасту фирор мекард. Герасим ба ин хангома бо изтехзо нигох мекард. Ночор Степан бо алам коматашро рост карда шитобкорона бо имову ишорат ба Герасим фахмонд, ки ашрофзан сагатро дидан мехохад. Герасим чанде мутахайир монда, Мумуро нидо кард, сипас онро аз замин бардошта ба дасти Степан супурд. Степан сагро ба мехмонхона оварда болои фарши нарм монд. Ашрофзан сагро бо мехр чониби худ имо кард. Муму, ки то хол боре хам чунин чойи бодабдабаро надида буд, тарсида ба тарафи дар гу- рехт, аммо Степани омодаи хидмат сагро кафо гардонд. Саг вахмида ба девор часпид.

– Муму, Муму, биё пеши ман, назди хучаин биё, – мегуфт ашрофзан, – биё содаяк, натарс.

– Бирав, бирав, Муму, назди хучаин бирав, – сухани бойзанро кувват доданд хамрохонаш.

Аммо Муму гамгинона ба атроф нигох мекарду аз чояш намечунбид.

– Барои у хурок биёред, афзуд ашрофзан, чи хел саги нодон, пеши хучаин намеояд, аз чи метарсида бошад?

– Вай холо одат накардааст, – бо садои рамида ва нарму махин гуфт яке аз хамрохонаш. Степан косачаи шир оварда назди Муму монд, аммо саг ширро хатто набуид ва нигохи харосонашро аз атроф на- меканд.

– Эх, ту чи хел нодони, – гуфта ашрофзан ба саг наздик шуду уро навозиш кардан хост, аммо Муму нохост каллаашро гардонда, дан- донхояшро гиз кард. Ашрофзан якбора дасташро пас кашид. Як дам хомуши руй дод. Муму гуё бо шикояту узр минг-минги заифе кард. Ашрофзан дуртар рафта кошу кавок андохт. Рафтори гайричашмдошти саг уро тарсонд.

– Ох, нидо сар доданд хама якбора, хайрият, ки шуморо нагазид, Худо нигох дорад, (Муму дар умраш касеро нагазида буд), хайрияте, хайрият.

– Сагро аз ин чо дафъ кунед, – хашмгинона фармон дод бойзан. – Саги бадзот, чи гуна бадхашм будааст.

– Ашрофзан руяшро гардонда охиста чониби утоки кор рафт. Назди- конаш ба хамдигар нигох карда, гайриихтиёр аз паси у равон шуданд. Аммо хучаин боз истоду чониби онхо сард нигариста гур-гур кард: – Чаро аз кафои ман меоед? Охир шуморо даъват накардаам, – ва рафт.

– Наздиконаш бо хасрат чониби Степан даст афшонданд, у Мумуро гирифту рост чониби дар рафта, пеши пойи Герасим партофт. Пас аз ним соат дар хона хомушии хавлангез рух дод ва бойзани фартут бо- лои рохаткурси бо чехраи тиратар аз абри туфони менишаст. Ачабо, баъзан чизхои тамоман беарзиш димоги касро месузонад!

Ашрофзан то бегох табъи хира дошту бо касе хамгап нашуд, картабо- зи низ накард ва шабро дилгир гузаронд. Гумон кард, ки на он атреро, ки маъмулан барояш медоданд, ин бор овардаанд ва аз болишташ буйи собун меояд.

Вай хизматгорро мачбур кард, ки хамаи чилди болиштхоро яксара бибуяд, зеро бисёр ба ташвишу тахлука афтода буд. Пагохии дигар амр кард, ки Гавриларо як соат пеш аз вакти харруза даъват кунанд.

– Мархамат карда бигу, – ба сухан огоз кард ашрофзан, вакте ки Гав- рила дар остонаи дар бо харосу бим пайдо шуд, – имшаб дар хавлии мо кадом саг ин кадар нула кашид? Маро хоб кардан намонд!

– Саг… чи гуна… шояд саги гунг бошад, – бо нобовари изхор кард у.

– Намедонам, аз гунг аст ё каси дигар, ки хоби маро харом кард. Ман хайронам, ки ин хел саги дайду ба ки лозим! Гап зан. Охир, мо саги дарбон дорем-ку?

– Оре хаст, Гургак.

– Хайр, саги дигар чи лозим? Ба чуз бетартиби фоидаи дигар нест. Ин хавли сохиб надорад, ана гап дар кучост. Ба гунг саг чи лозим? Ки ба у ичозат дод, ки дар хавлии ман саг нигох дорад? Дируз ман назди тиреза рафта бинам, саг кадом як ифлосиро ба богча кашида оварда- асту хоида истодааст, ман он чо садбарг шинондаам…

Ашрофзан каме хомуш монд.

  • Аз хамин руз эътиборан дигар ин чо набошад… мешунави?
  • Хуб шудааст.
  • Худи хамин руз. Акнун бирав, барои гузориш баъд даъват мекунам.

Гаврила берун шуд. Вай дар мехмонхона ба хотири тартибот чойи зангуларо иваз карда ноаён бинии мургобимонандашро афшонда ба пешайвон баромад. Дар пешайвон руйи нимкат Степан монанди сарбози кушташудаи тасвири манзараи набард пойхои урёнашро аз зери чомае, ки ба чойи курпа истифода мешуд, бароварда мехобид.

Хочагидор вайро кашола карда нимшунаво кадом як фармонеро ба у таъкид кард, ки Степан бо хамёзаву лабханд чавоб дод. Баъди рафтани Гаврила, Степан аз чояш часта, либосхояшро пушиду берун баромад ва дар даромад- гох истод. Панч дакика хам нагузашта буд, ки Ге- расим бо пуштораи хезум хамрохи саги вафодораш Муму пайдо шуд. Ашроф- зан чойи хобу утокашро дар тобистон низ гарм мекард. Герасим назди дар истода, бо китфаш онро кушод ва борашро ба хона даровард. Муму аз руйи савки табии дар берун сохибашро мунта- зир шуд. Степан вактро ганимат шуморида, но- хост ба мисли бошае, ки ба чуча дармеафтад, ху- дро болои саг партофта таги багалаш кард ва хат- то кулохашро напушида рост чониби куча тохту ба нахустин фойтуни пешомада нишаста ба сагбозор рафт. Он чо у даррав харидор ёфта, сагро ба ним сум фурухт ва шарт монд, ки вай сагро камаш як хафта баста монад, баъд зуд ба рохаш баргашт. Лекин андак дуртар аз хона аз фойтун фаромад ва хавлиро даврзанон аз девори хамгашти кафо чахида, дохили хавли шуд, чун бим дошт, ки аз дарвоза даромада нохост бо Герасим дучор мешавад.

Аммо ташвиши у бехуда буд, Герасим холо дар хавли набуд. Вай кайхо аз хона берун шуда, Мумуро мечуст. Герасим то имруз асло дар хотир надошт, ки боре Муму уро мунтазир нашуда бошад. Ба хар чониб тохта сагашро мечуст, ба таври худ фарёд кашида, уро мехонд. Баъд ба кулбааш даромад, кохдонро дид, ба куча давид ва чор тарафро чустучу кард. Муму гум шуда буд. Герасим аз рохгузархо бо имову ишорахои гарибона дасташро аз замин каме боло бардошта, суроби Мумуро мекашиду сурог мекард. Баъзехо намедонистанд, ки Муму кучо гум шудааст ва каллачунбон афсус мехурданд. Нафарони дигар огохи доштанд ва ба пурсиши у бо истехзо механдиданд, хочагидор хам симояшро чидди гирифта ба хидматгорон амр медод. Ноилоч Герасим аз хавли дур шуд.

Хангоми ба хавли баргаштани вай, атроф торик буд. Аз нигохи хичилу кадамхои ноустувор, либоси чиркинаш маълум мешуд, ки вай нисфи Маскавро кофтааст. У назди тирезаи ашрофзан истода, ба пешайвон, ки он чо беш аз хафт нафар хизматгорон гирд омада буданд, нигох карду кафо гашта боз, – Муму – гуфта фарёд кашид.

Лекин аз Муму дарак набуд. Вай баромада рафт. Хама аз кафои у нигох мекарданд, аммо касе нахандид, гап хам назад. Вале Антипкаи хамадони фойтунчи, рузи дигар дар ошхона хикоят кард, ки гунг та- моми шаб охи бадард кашид.

Рузи дигар Герасим тамоман намудор нашуд. Аз ин ру саис Потап мачбур шуд, ки ба чойи вай об кашонад ва аз ин вазъ хеле норози буд. Ашрофзан аз Гаврила пурсид, ки оё амри вай ичро шуд. Гаврила чавоб дод, ки ичро шуд. Сахари дигар Герасим аз хоначааш баромада машгули кор шуд ва танхо нисфирузи барои хурокхури омад, баъд бо нафаре салому алейк накарда баромада рафт. Симои у, ки мисли хамаи гунгхо карахту бетафовут аст, акнун тамоман берух менамуд.

Баъди нахори у боз аз хавли берун шуд, лекин даррав баргашт ва ба махалли гарами кох рафт.

Шаби мохтоби буд. Герасим нафасгир шуда, аз пахлу ба пахлуи дигар мегашт, нохост пай бурд, ки гуё касе аз доманаш мекашад, баданаш ларзида бошад хам, каллаашро набардошт ва чашмонашро пушид, вале боз уро аз доманаш сахттар кашиданд ва Герасим аз чояш часта хест. Назди у дар гардан ресмони канда хамоил Муму бекарори дошт. Аз калби хомуши Герасим нидои фарахангезе берун шуд. У Мумуро бомехр ба огуш кашид, саг бинию чашму ришу муйлаби сохибашро мелесид.

Герасим андешамандона аз миёнаи кох хеста, ба атроф чашм духт, бовар хосил кард, ки касе уро намебинад, номаълум ба хоначааш да- ромад. У кайхо эхсос карда буд, ки саг худ ба худ гум нашудааст. Якин вайро бо фармони ашрофзан ба ягон чой бурда партофтаанд.

Охир, одамон бо имою ишорат огохонда буданд, ки саг чи гуна ба хучаин тахдид кард ва у окибат илочашро ёфт. Герасим аввал сагро нон дода хуб сер карду баъд бомехр хобонд. Сипас, шаби дароз ан- деша кард, ки сагро чи гуна хубтар пинхон кунад. Охир азм кард, ки Мумуро рузона дар хона нигох дошта, хар вакт омада хабар гирад ва танхо шабона ба берун барорад. Сурохи дарро, ки саг аз он бемалол мегузашт, бо чомаи кухнааш махкам кард. Баъд, субх надамида, руйи хавли пайдо шуд ва гуё хеч ходисае рух надода бошад, хатто мисли пештар гирифтагии чехраашро хифз кард (Чи хилаи содалавхонае!).

Гунги сода хатто ба гушаи хотир намеовард, ки саг бо нула худро фош мекунад. Андак пас сокинони хавли хабардор шуданд, ки саги Герасим баргаштаасту дар кулбааш пинхон аст. Гурухе рахми саг ва сохибашро хурданд, гурухи дигар аз бими Герасим сир бой намедоданд, ки аз асрори вай огоханд. Танхо хочагидор паси гарданашро хори- да, даст афшонд, – хайр, панохаш ба Худо,- шояд ки хабар то хучаин нарасад. Аммо гунг сертараддуд шуд ва хамон руз аз хама зиёдтар захмат кашид. Тамоми руйи хавлиро тоза рубучин карда, алафхояшро канда партофт, дар богча алафхои бегонаро канда, сутунхои деворро як-як бо даст санчид ва панчарахои алохидаро мехкуб кард. Умуман хеле бохавсала кор кард, ки хатто ашрофзан мутаваччехаш шуд. Тули руз Герасим ду маротиба «асир»-и худро хабар гирифт ва шабонгах бо сагаш на дар миёнаи кох якчо, балки болои кат хоб кард ва танхо соатхои дуи шаб берун, ба сайругашт баромад. Дар руйи хавли хеле гаштугузор карда, акнун бозгаштани буданд, ки нохост аз паси девори куча садои хишир-хишир баланд шуд. Муму гушхояшро чур карда гуррос зад, чониби девор тохта бу кашид ва якбора баланд аккос зад. Кадом масте шабона чойи хоб мечустааст. Дар хамин соат, ашроф- занро баъди хаячони сахти дилу асаб акнун хоб мебурд. Аслан вай хар дафъа баъди хуроки вазнини шом ба чунин хол гирифтор мешуд. Овози бемахали саг вайро бедор карду дилаш ба тапидан даромад ва чонсарак, «духтархо», «духтархо», – гуфта фарёд кашид.

– Духтархо!

Духтархо харосон шуда, якбора чониби хонаи хоби ашрофзан тох- танд.

– Ох, мемурам, ох мемурам, – дастонашро пахн карда афзуд вай. Боз хамон саг. – Вой, духтур даъват кунед. Онхо маро куштанианд? Саг, боз хамон саг! Ох!

Вай гарданашро кафо андохт, ки гуё бехуш шуда бошад. Аз пайи чег задани табиби хонавода Харитон шитофтанд. Хама хунари ин табиб аз он иборат буд, ки кафши нармпошна пушида, хеле боназокат на- бзро месанчид. Вай чордах соат хобида бокии руз охи сабук кашида ашрофзанро пайваста бо катрахои шарбати дарахти гору олуча таъ- мин мекард. Духтур ба зуди пари мургро дуд доду ашрофзан чашми худро кушод.

Табиб хамоно дар лаъличаи нукраги кадахи доруи дилхохашро овард. Вай доруро нушиду бо ашки чашм дар бораи саг, Гаврила ва кисмати талхи худ бо шикоят гуфт, ки хама кампири бечораро ба холи худ гузошта, рахмашро намехуранду танхо маргашро мехоханд. Ин дам Мумуи бадбахт ба чакидан давом медоду Герасим наметавонист сагашро аз назди девор ба суйи худ бихонад.

– Ана, Ана,.. боз – нолиш кард ашрофзан ва руяшро ба дигар тараф гардонд. Духтур ба духтарак имо карду вай чониби дахлез шитофта, Степанро бедор кард. Степан барои бедор кардани Гаврила давид. Гаврила якбора асаби шуда, хамаи бошандагони хавлиро ба шур овард. Герасим ба кафо назар афканда, лапиши чарогхо ва дар паси тиреза суроби одамонро пай бурда, пешомади бадеро хис карду Мумуро зери

багал карда ба хоначааш рафту дарро аз дохил баст.

Баъди чанд лахза панч нафар дарашро куфтанд, аммо занчири махками дар монеъ шуду бозистоданд. Гаврила бо хашму газаб дар- расиду фармон дод, ки онхо то пагохи хамин чо посбони кунанд. Худ ба назди духтарон омада аз шарикаш Любов Любимовна, ки дар дуз- дии чою шакар ва шираворихои дигар хамрохи дошт, хохиш кард ба ашрофзан бирасонад, ки аз кучое саг боз пайдо шудааст, аммо хат- ман пагох нест хохад шуд. Бигузор хучаин хотирчамъ бошад. Лекин ашрофзан хеч орому осуда шуда наметавонист, танхо ларзиши дасти духтури саросема сабаб шуд, ки ба чойи 12 катра 40 катра шарбати таскинбахш ба кадахи ашрофзан чаконду уро ором кард. Баъди чанд соат бойзанро хоби сахт бурд. Вале Герасим хамоно бехису озурда мехобид ва хар замон дахони Мумуро сахт медошт. Пагохи ашрофзан дертар бедор шуд.

Гаврила мунтазири аз хоб хестани ашрофзан буд, то фармони хучуми катъи ба хоначаи Герасимро бидихад ва худаш низ барои тахаммули сели таънаю мазаммат омода буд. Аммо чанчол нашуд. Ашрофзан аз чойгахаш истода, рохбари махрамонашро даъват кард.

– Любов Любимовна, – бо садои пасту охиста садо кард у. Ба бойзан бисёр вакт худро хакиру бечора вонамуд кардан писанд буд. Хочати гуфтан хам нест, чехраи маломатзадаи ашрофзан барои одамони хавли низ норохаткунанда буд.

– Любов Любимовна, бинед, ман ба чи хол афтодаам, азизам, назди Гаврила Андреич рафта ба вай фахмонед; наход ки илочи як сагчаро наёбанд, охир осоиши ман чи мешавад? Оё рохи дигар нест, боварам намеояд, – бо хаячони ботини афзуд вай, – дустам, тезтар назди Гав- рила Андреич бирав.

Любов Любимовна ба хонаи Гаврила рафт ва онхо дар кадом мавзуъ сухбат доштанд, маълум нашуд, лекин баъди андаке гурухи одамони зиёд чониби хоначаи Герасим рахсипор шуданд. Пешгом Гаврила буд, шамол набошад хам, кулохашро ба даст зер карда тез кадам мезад, аз паси вай хидматгорону ошпазхо кадам мемонданд, амаки Дум аз тиреза нигариста амр медод ва хар гуна ишорахо мекард. Охирон кудакон, ки нисфашон бачахои ношинос буданд, бо хазлу шухи даву пар доштанд. Дар погундаи нимае, ки ба хоначаи Герасим мерасид, посбон меистод, назди дари кулба низ ду посбони калтакдори дигар меистоданд. Онхо дар як тарафи зинапоя чойгир шуданду Гаврила ба дар наздик омада онро сахт кубиду дод зад: Дарро кушо!

Дар чавоб аккоси хастаи саг шунида шуду халос.

– Кушо мегуям! – такрор кард у.

– Гаврила Андреич, – афзуд аз поён Степан, – охир вай кар аст, на- мешунавад. Хама хандиданд.

– Чи бояд кард? – пурсид аз боло Гаврила.

– Дари у сурох дорад, – гуфт Степан, – шумо аз он чо чубро даро- варда чунбонед. Гаврила хам шуда нигох кард.

– Акнун чомаро ба дарун тела дихед.

Ин дам боз овози гирифтаи саг баромад.

– Диди, диди, худаш ба гап даромад, – туда нидо карда хандиданд. Гаврила пушти гуш хорид.

– Не, додар, – ноилоч гуфт у, – агар хохи, чомаро худат дарун тела дех. – Хеч гап не, мархамат.

Степан даррав боло баромаду чубро ба даст гирифта, чомаи кухна- ро ба дарун тела дода, «баро, баро» мегуфт. У боз чубро мехалонд, ки нохост дари хона якбора кушода шуду хамаи одамон бесаранчом шуда аз погундахо худро ба поён андохтанд. Пеш аз хама Гаврила. Амаки Дум тирезаро пушид.

-Хайр, хайр мебинем, – дод зад Гаврила аз хавли, – хушёр бош, ки… Герасими тахамтан дар остона меистод. Издихом дар поён гирд омада буд. Герасим дасташро сабук ба миёнаш монда, аз боло ба он одамакхои либоси олмонипуш нигох мекард. У дар либоси сурхи дехко- ниаш дар назди онхо ба сурати пахлавони азимчусса менамуд. Гаврила кадаме пеш гузошт.

  • Нигох кун, бародар, – нидо кард вай, – бо ман хазл накун. Ва у бо имою ишора ба Герасим фахмонд, ки хучаин катъиян сагро талаб дорад, – илтичо дорам, худи холо онро бидех, набошад рузат сиёх мешавад.

Герасим ба у нигох карда, сагро нишон доду баъд бо дасташ гулуяшро дошта имое кард, ки гуё халкаи ресмонро мекашида бошад ва саво- ломез чониби хочагидор назар кард.

  • Оре, оре, бо каллачунбони тасдик кард Гаврила. Герасим ба замин чашм духта, баъд якбора ба хаячон омаду боз ба Муму ишора кард, ки вай хануз хам пеши пойи у ноумедона дум чунбонда гушхояшро чур мекард. Герасим боз гарданашро дошта, тахдор ба сандуки дилаш куфт, гуё фахмонд, ки худаш Мумуро нест хохад кард.
  • Не, ту дуруг мегуйи, – даст афшонд Гаврила.

Герасим ба вай бо истехзо назар карда, хандид ва боз ба кундаи синааш куфта дарро пушид.

Хозирон хомуш ба якдигар нигох карданд.

  • Ин чи нагма аст, – гуфт Гаврила, – у боз дарро пушида рафт.
  • Уро ба холи худаш монед, – Гаврила Андреич, – пич-пич кард Сте- пан, – вай ки ваъда дод, хатман ичро мекунад. У хамин хел одам. Ваъда дод-ку. Вай дар ахду паймон мисли мо нест, ин хакикат аст.
  • Дуруст, – сар чунбонда тасдик карданд хозирон, – гапи хак. Амаки Дум хам тирезаро кушода, – хамин хел, – гуфт.
  • Майлаш, мебинем, – рози шуд Гаврила, – вале ба хар хол нозир истад.
  • Хой, Ерошка, – ба яке аз хидматгорони логар, ки вазифаи богбо- ниро низ ба зимма гирифта буду камзули зард дар тан дошт, мурочиат кард. – Ту чи кор дори, калтакро гиру хамин чо шин, мабодо ягон вокеа

рух дихад, даррав давида пеши ман биё.

Ерошка бо чубдастааш дар пояи охири пойгунда нишаст. Анбухи одамон ба гайр аз бачахои шух пароканда шуданд. Гаврила баъди ба хонааш баргаштан аз Любов Любимовна хохиш кард, ки ба хучаин хабари ичрои амрашро расонад, сипас аз руйи эхтиёт фойтунчиро барои пулис равон кард.

Ашрофзан гушаи руймолчаашро гирех баста, ба атр тар карда, буй кашида, ба чакахояш молид, сипас чой нушид ва чун хануз зери таъ- сири дору буд, боз хобаш бурд.

Баъд аз як соати изтиробу ташвиш ногох дари хоначаи Герасим ку- шода шуду худаш намудор гардид. Вай камзули идона дар тан дошту сари гарданбанди Мумуро ба даст гирифта буд. Ерошка нимхез шуда ба онхо рох дод. Герасим чониби дарвоза кадам зад. Кудакону дигар сокинони хавли уро бо нигохи хомуш гусел карданд. Вай хатто боре ба кафо нигох накард ва кулохашро низ дар куча пушид. Гаврила боз хам Ерошкаро ба хайси назоратчи аз кафои вай равон кард. Ерошка аз дур мушохида кард, ки Герасим хамрохи сагаш ба ошхонае даро- маданд ва мунтазири баромадани онхо шуд. Дар ошхона Герасимро мешинохтанд ва имову ишораташро мефахмиданд. Вай шурбо фармуда баъд ба оринчхо руйи миз такякунон ором нишаст. Муму дар пахлуяш оромона ба сохибаш нигох дошт. Муйи баданаш медурахшид, маълум, ки ба наздики шона задаанд.

Барои Герасим шурбо оварданд. Вай нону гуштро реза карда, та- бакчаро руйи фарш монд. Муму бо рафтори боодобонаи доимияш ба хурокхури шуруъ кард, фукаш сахле ба табакча мерасид. Герасим маъюсона ба саг нигох карду ду катраи вазнини ашк аз дидааш чакид, катрае ба пешонии сагу дигаре ба даруни шурбо. У руяшро бо дасто- наш панах кард. Муму нисфи шурбои табакчаро хурд ва лабонашро лесида дуртар рафта нишаст. Герасим аз чояш хеста пули шурборо дод. Пешхизмат бо нигохи хайрату тааччуб уро гуселонд. Ерошка Герасимро дида, худро пинхон кард ва ба махзи гузаштани онхо пайгириашро давом дод.

Герасим хеле ором кадам мезад ва Мумуро аз банд рахо намекард. Дар саргахи куча якбора бозистоду андешамандона рохашро дигар кард ва чониби гузаргохи дарё кадам зад. Дар рох ба хавлие даромад, ки он чо кори сохтмон доштанд ва ду хиштро зери багал карда берун шуд. Сипас аз гузаргохи дарё чониби сохил фаромада, ба чое омад, ки ду завракро бо белхояш баста мондаанд (ин завракхоро пештар таги чашм карда буд) ва хамрохи Муму ба яке аз завракхо нишаст. Пира- марде лангон-лангон аз пас берун шуда фарёд кард, лекин Герасим калла чунбонда зуд-зуд бел заду агарчи хилофи мачро мерафт, дар як дам беш аз сад метр дур шуд. Пирамард каме истоду тахтапушташро бо дасти чап ва росташ хорида, боз лангон-лангон баргашт.

Герасим хай бел мезаду бел мезад. Маскав низ паси сар монд. Аз сохил маргзорону заминхои кишт ва сахрохои беканор, хонахо баръало метофтанд. Буйи деха ба машомаш мерасид. Вай белхоро як су монда сарашро чониби Муму, ки дар пешаш руйи тахтаи хушк менишаст, хам кард. Таги заврак пури об шуда буд. Дастони пурзурашро ба тахтапушти саг нихода, карахту бехис менишаст. Ин дам мавчхо завракро кафо тела медоданд. Нихоят Герасим коматашро рост кард, бошитоб ва чехраи тира аз навъе хашми дарднок саросема хиштхои овардаашро ба ре- смон баста, нугашро халка карду ба гардани саг андохт, онро баланд бардошта бори вопасин нигохаш кард. Саг бо эътимод, бе биму харос ба сохибаш нигариста мулоим думашро чунбонд. Герасим руяшро бар- гардонда, чашмонашро сахт пушиду дастонашро боз кард… У дигар хеч чизро намешунид, на нулаи бадарди Мумуи ба дарё сарозер рафтаю на мавчи обро; барои вай рузи аз хама пургавго сокиту бесадо буд, он гуна, ки хамуштарин шаб барои мо бесадо нест. Даме, ки Герасим чашмонашро боз кард, мисли пештар мавчхои тез гуё ба таъкиби якдигар руйи дарё шитоб доштанд ва мисли пештар ба танаи заврак сар мезаданд ва танхо дар дурдасти наздики сохил амвочи бузург бо халкахои васеъ пахн мешуданд.

Ерошка хамин ки Герасимро аз мадди назараш гум кард, даррав ба хавли баргашта он чиро ки дида буд, гуфт.

– Хо, бале – таъкид кард Степан, – вай сагро гарк мекунад. Акнун хотирчамъ гаштан мумкин аст. У ваъда дод-ку?

Тамоми руз Герасимро дигар касе надид. Вай дар хона хурок нахурд. Дар хуроки шом низ чояш холи монд.

– Ин Герасим инсони ачибе будааст, – фиш-фиш кард табакшуйи гафс, – магар барои саг одам хамин кадар сарсон мешудааст!… Ба рости!

– Герасим хамин чо буд, – нохост фарёд кард Степан, ки бо кошук ба суйи худ шавла мекашид.

– Чи тавр? Кай?

– Хамин ду соат пештар. Ана хамин хел. Ману вай назди дарвоза ру ба ру шудем, у аз хавли баромада мерафт. Ман дар бораи такдири саг пурсидани шудам, вале димогаш сухтаву гамгин буд. Вай хатто маро тела дода аз рохаш дур андохт, яъне ба ман кордор нашав.

– Падарсаг, гули биёбони чунон афшонд, ки рагхои баданам бечо шуданд, вох, вох. – Степан гайричашмдошт пузханда карда, пушти сарашро молид. – Ха, дастонаш кирои, чойи гап не.

Хозирон ба холи Степан хандиданд ва пас аз анчоми хурокхури пароканда шуданд.

Ин дам дар шохрохи Т.марди кавипайкаре халта дар пушт ва асои дарозе дар мушт бошасту шитоб кадам мезад. Вай Герасим буд. У ба ка- фояш нигох накарда, чониби кулбааш, ба деха, ба зодгохаш шитоб дошт. Мумуи бечораро гарк карда, ба хоначааш омаду зуд баъзе чизхояшро чамъ кард, бугча басту ба пушташ партофта рафт. Рохро вай барвакт, хангоми ба Маскав оварданаш, хуб дар ёдаш гирифта буд. Дехае, ки ашрофзан аз он чо вайро овардааст, аз рохи калон хамаги бисту панч чакрим дарунтар чойгир мебошад. У аз ин рох бо шучоати бешикаст, матонату бовар ва азми кавию як навъ шодмони кадам мезад.

У рох мепаймуд; кафаси синааш васеъ боз мешуд ва дидагонаш бо иштиёку матонат ба пеш духта мешуданд. Вай шитоб дошт, гуё ки мо- дари пираш дар зодгох рохи уро мепояд ва пас аз сарсонию саёхати тулони дар мулки бегона аз халкаи одамони ношинос уро ба суйи худ хондааст.

Тоза шаби сокиту гарми тобистон фаро расида, аз як канори уфук, он чо ки Хуршед гуруб карда, гушаи осмон хануз сапеди дошт ва аз охирин дурахши рузи рафта аранге аргувони буд, – аз канори дигар хам акнун ранги тира медамид. Шаб аз он чо меомад. Садхо бедона бонг мезаданд, мургони дигар бо онхо чур мешуданд… Герасим овози хеч кадоми онхоро намешунид, хамчунин хиш-хиши дилангези шабонаи дарахтонро, ки пойхои нерумандаш уро аз канорашон гузар медод, намешунид, вале буйи шиноси чави расидаро, ки бар даштхои тира мавч мезад, эхсос мекард; боде, ки аз диёраш ба истикболи у ба парвоз меомад, дустона бар рухсори у даст мекашид, бо ришу муйхояш бози мекард; дар пеши руйи худ рохи сапеди баррокро – рохи хонаро, рохи чун тир ростро дид; дар осмон ситорагони бешуморро дид, ки рохи уро рушан мекунанд ва чун шер неруманду кавидил пеш мерафт, он гуна, ки чун офтоби толеъ бо анвори сурхи обдоре, ки тоза аз пайкари чавонаш медамиданд, дунёро рушан кард, байни Маскав ва Герасим сиву панч чакрим фосила афтода буд.

Баъд аз ду руз вай дигар дар хонаи худаш буд, ки ин ташрифи у ба- рои зани сарбози дар кулбааш чойгирифта сахт шигифтангез буд. Вай аввал ба тимсоли Исои Масех таъзим намуда, баъд назди калонтари деха рафт. Калонтар нахуст мушаввашхотир шуд, аммо ба хотири он ки мавсими дарав огоз шуда буд, зуд ба дасти Герасим чун захматкаши намуна дос доданд ва у рафт ба дарав, то чун пешин он гуна бидара- вад, ки мардон аз доскаши ва тали баланди даравидахои у хангу манг шаванд.

Дар Маскав рузи дигар баъди фирори Герасим дар чустучуйи у шу- данд. Ба хоначааш даромада хама чоро зеруру карданд ва сипас ба Гаврила иттилоъ доданд. Хочагидор омада диду бо хайрат китф дархам кашид, андешид, ки Герасим ё фирор кардааст ё хамрохи саги ношу- даш худро низ гарк кардааст. Ба пулис ва ашрофзан маълумот доданд. Ашрофзан сахт хашмин шуда гиря кард ва фармон дод, ки бо хар рохе бошад, Герасимро пайдо кунанд. Вай изхор кард, ки хеч фармони нобу- дии сагро надодааст ва дар нихоят Гавриларо чунон сарзаниш кард, ки вай тамоми руз каллаашро чунбонда, хайр, хайр мегуфт. То вакте ки амаки Дум, «хайр»-гуён масхарааш накард, ором нагирифт. Аз дехаи Герасим хабар расид, ки вай он чо будааст. Ашрофзан андак ором шуда, аввал фармон дод, ки хатман Герасимро баргардонда ба Маскав фири- станд. Лекин пасон фахмонд, ки ба вай ин гуна шахси носипос даркор нест. Чанде баъд худи ашрофзан аз дунё гузашт. Вале ворисонаш зуд Герасимро фаромуш карданд ва хидматгорони бокимондаро низ ба бахонаи андоз озод карданд.

Герасим акнун дар хоначаи худаш танхо зиндаги мекард ва монанди пештара бакуввату баходур буда, кори чахор нафарро ба анчом мера- сонаду хануз тахамтану сарбаланд аст. Лекин хамсояхо пай бурданд, ки баъди аз Маскав бозгаштанаш у дигар ба занхо тамоман ахамият надода, хатто ба онхо нигох намекунад, саг хам намегирад. Бигузор – мегуфтанд мардхо, – ин саодати вай аст, ки пойбанди занхо нест. Саг ба у чи лозим? Охир ба хавлии у дуздро бо гарданбанд хам кашида бурда намешавад! Ана хамин гуна овозахост дар бораи неруи пахлавони лол.

[1] Бурлак – мардикороне, ки дар бандар киштихои пурборро бо расан ба сохил мекашанд.

Муаллиф: Нависандаи Рус –Иван Сергеевич Тургенев

 

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222