Главная / Илм / Муносибати байнихамдигарии одамон

Муносибати байнихамдигарии одамон

Гайр аз дастуру тартиботи

ичтимои ба психология ва

рафтори одамон муноси-
бати байнихамдигарии онхо таъсири калон мерасонад. Ин
муносибатхо хело мураккабу гуногун буда, ба намудхои
зерин чудо мешаванд: шахси ва кори, расми ва гайрирас-
ми, баробар ва нобаробар, ратсионали (окилона) ва эмот-
сионали.

Муносибати шахси гуфта муносибатеро меноманд,
ки байни одамон новобаста аз фаъолият ва ухдадорихои
бар душ доштаи онхо ба вучуд меояд. Муносибатхои шах-
си таваччухи дутарафа ё якчониба, хисси нафрату
бадбини, хурмату эхтиром, бехурмати, дилбастаги ё бего-
наги ва гайраро дар бар мегиранд. Ин гуна муносибатхо
байни хамагуна одамони бо хам шинос ба вучуд омада
метавонанд.

Муносибатхои кори байни одамон вобаста ба ва-
зифахои ба душ доштаи онхо ба вукуъ мепайванданд. Дар
чараёни муносибатхои кори, хангоми ичрои ин ё он кори
муайян, одамон байни хамдигар на хамчун шахсият, бал-
ки хамчун шахсони масъулиятнок ва ухдадории муайяни
корию касбиро ба душ дошта баромад мекунанд. Миёни
одамони дар муносибати байнихамдигарии шахси карор
дошта, мавчуд будани муносибатхои кори хатми нест ва
баръакс, барои шахсони бо якдигар муносибатхои кори
огознамуда, ба муносибатхои байнихамдигарии кории
муайян муттахид гаштан, низ хатми нест.

Муносибатхои расми – ин муносибатхои «конуни»,
яъне бо ягон хуччати хукуки, конунхо, карорхо, низомно-
махо, дастурхо, фармонхо ва г. ба расмият дароварда
шудааст. Муносибати гайрирасми – ин муносибате мебо-
шад, ки асоси хукуки надорад, яъне бо ягон хел хуччати
хукуки танзим намегардад. Кайд кардан чоиз аст, ки хам
муносибатхои шахси ва хам муносибатхои кории одамон,
хамчун муносибатхои расми ё гайрирасмии байни онхо
шуда метавонанд. Масалан, муносибатхои шахсии байни
зану шавхар, ки бо хуччатхои расмии идораи кайди ни-
кохи шахрвандон конуни гардонида шудаанд, муноси-
батхои расмии байнихамдигарии онхо ба хисоб мераванд.
Муносибатхои зану шавхарии шахсоне, ки аз кайди идо-
раи акди никох нагузаштаанд, муноситбатхои байнихам-
дигарии гайрирасми хисоб мешаванд. Агар одамон дар
муносибатхои кории байнихамдигариашон дар асоси
фармон ё кароре бо дарназардошти макоми онхо дар ро-
бита шаванд, он гох муносибати байнихамдигарии онхо
муносибати кории расми ва дар сурати коргари ягон
намуд ташкилот набуданашон, муносибати байнихам-
дигарии онхо гайрирасми номида мешавад.

Муносибатхои кории баробари дар байни одамоне
ба амал меоянд, ки дар чараёни фаъолияташон тобеъ ё
вобастаи якдигар нестанд. Масалан, муносибати бай-
нихамдигарии коргарони катории корхона ё муносибати
байнихамдигарии донишчуён. Онхо дар чараёни фаъоли-
яти якчоя хамдигарро дастгири мекунанд ё ба хамдигар
пайрави менамоянд. Муносибати кории нобаробари – ин
муносибатхои байнихамдигарии одамоне мебошад, ки
макоми гуногун дошта, дар тобеияти якдигар карор до-
ранд. Масалан, муносибати байнихамдигарии рохбари
корхона бо чонишини у.

Муносибати ратсионали (окилона) – ин муносибати
дурандешона ва эхтиёткоронаи одамон мебошад. Дар ин
чо хар як фаъолият фикр карда шуда, максади муайян ва
тарзи расидан ба он муайян карда мешавад. Муносибати
эмотсионали ба хиссиёт такя менамояд. Онхо одатан пе-
шаки фикр карда нашудаанд ва максади муаяйн надоранд
ва аз нуктаи назари имкониятхо ба гуруххои фоидаовар ё
зараровар чудо карда намешаванд.

Дар муносибатхои байнишахси муносибатхои ни-
зои ё низоъи бо гуногунамудии хосашон макоми муайян
доранд. Одамон дар чараёни ин гуна муносибатхо токати
ба хамдигар наздик шудан, хамкори ва зиндаги кардан
надоранд, аз хамдигар дури мечуянд ва эхсоси бадбини
мекунанд. Дар холати якчоя кор ва муошират намудан,
байни ин гуна шахсон нофахмихои мушкилхал ба миён
меоянд ва онхо рафта-рафта мураккабтар шудан меги-
ранд.

Муносибатхои низои ё низоъиро аз муносибатхои
ихтилофи фарк кардан лозим аст. Дар муносибатхои
ихтилофи одамон аз хамдигар дури намечуянд, муноси-
батхои шахсии худро намекананд, балки кушиш менамо-
янд, ки бо ягон роху восита нофахмихои ба миён омадаро
халлу фасл намуда, вазъиятро мураккаб нагардонанд.

Нофахми ва низоъхои байнихамдигарии одамонро
бо мавчуд будани сабабхои зиёди объективию субъективи
пурра бартараф кардан гайриимкон аст. Сабабхои объек-
тивии нофахми ва низоъхо вазъиятхое шуда метавонанд,
ки дар онхо одамон барои ба даст овардани максадхо ба
хамдигар монеъ мешаванд. Дар бисёр маврид кушиши
нафаре, ки барои ба даст овардани максаде равона гар-
дидааст, гайриихтиёр ба хохишу талаботи мукобили
нафари дигар монеа шуда метавонад. Масалан, агар аз ду
нафари дар як хучра карор дошта, яке хохиши истирохати
бофарогат кардан дошта бошаду дигаре хохиши дилхуши
намудан, хоху нохох амали барои ба максадраси равона
кардаи онхо боиси ба миён омадани низои байнихам-
дигари мешавад.

Сабабхои низоъ байни одамон объективи ва субъ-
ективи мешаванд. Сабабхои объективии низоъхо на аз
одамон, балки аз вазъият вобаста буда, сабабхои субъек-
тивии низоъхо бошад, ба худи одамон вобаста аст. Са-
бабхои субъективии низоъхо фаркияти арзишхо,
максадхо, талаботхо ва хусусиятхои характери одамон
шуда метавонанд, яъне фаркияти хусусиятхои психологии
инфиродии одамон, ки боиси номувофикии онхо мегар-
дад. Номувофикии психологии дар мукоиса бо дигар
омилхои низоангез, худ ба худ хело кам боиси ба миён
омадани низоъхо мегардад. Шумораи зиёди ходисахое
маълум аст, ки дар онхо одамони аз нигохи психологи
номувофик, бо хам на танхо хамкорию хамдигарфахми,
балки дустию бародари менамоянд. Маълум аст, ки дар
олам ду нафари аз чихати психологи ба хамдигар монанд
вучуд надорад. Пас маълум мешавад, ки номувофикии
психологии байни одамон сабаби асосии бавучудоии ни-
зоъ шуда наметавонад. Сабаби асосии субъективии ни-
зоъхо, муносибати ношоиста ва носозии шахсии байни
одамон мебошад.

Ба саволи, чаро ду нафари дар холати низои карор
дошта низоъ мекунанду бо хамдигар муносибати бад ме-
намоянд, на хама вакт чавоби аник, якмаъно ва дуруст
додан мумкин аст. Агар ба шахсони дар холати низои
карор дошта чунин савол дода шавад, пас аз каме андеша
кардан онхо ба таври худ чавоб мегуянд. Мушохидахо
нишон медиханд, ки дар бисёр маврид ин чавобхо на са-
баби ба миён омадани низоъ, балки натичаи онхоро дар
бар мегиранд. Масалан, агар аз якеи онхо пурсанд, ки ба-
рои чи нисбати шахси дуюм хисси бадбини дорад, дар би-
сёр холат у чавоб медихад, ки зеро шахси дигар худаш
нисбати у хисси бадбини дорад.

Ин тарзи икроршави ва муайяннамоии сабабхои асо-
сии низоъ дучанд гайриканоатбахш аст. аввалан, муноси-
бати бади яке аз одамон хеч вакт ба низоъ оварда намера-
сонад, чунки низоъ факат метавонад дар холати бадбинии
дутарафа ба вучуд ояд. Дуюм, дар чунин холат ба саволи
асосии «чаро яке ба дигаре хисси бадбини дорад?», чавоб
дода нашудааст. Шахсони дар холати низоъ карор дошта,
ба омилхои асосии низоовар хело кам сарфахм мераванд
ва сабабхои асосии пайдоиши низоро тахлил карда наме-
тавонанд. Ин бошад, яке аз сабабхои асосии мавчудият ва
мушкилхалли бисёр низоъхои байнишахси ба хисоб мера-
вад.

Психологхо дар чараёни омухтани муноситбатхои
байнихамдигарии одамон, на танхо ба муносибати низоии
онхо, балки ба муносибати хело наздик, аз чумла ба муно-
сибати комилан мусоиди мехру мухаббатоомез ва ё ин ки
махрамонаи одамон низ ахамият медиханд. Натичаи му-
шохидахо гувохи онанд, ки шахсони дар муносибатхои
махрамона карор дошта, бо хамдигар хело наздик ва ба-
рои якдигар дастрас мебошанд. Муносибатхои низои ва
муносибатхои махрамонаи одамон ду кутби ба хам
мукобили мусби ва манфии муносибатхои инсониро ни-
шон медихад. Дар байни ин ду кутб муносибатхои бай-
нихамдигарии дигаре махфузанд, ки дар онхо назар ба
муносибатхои зикршуда, хиссиёти одамон на он кадар ай-
ён инъикос ёфтааст. Ингуна муносибат ё рафторхои ода-
мон мутаноситбан диккати муттахасисонро хело кам чалб
намудааст.

Мухтасаран ба он муносибатхое назар меандозем,
ки муносибатхои дустона номида мешаванд. Чунин муно-
сибатхоро дар заминаи сазовори боварии хамдигар
гаштан, ба якдигар содик будан, дар вазъиятхои гуногун
ба якдигар дасти ёри дароз кардан, дар максадрасихои
якдигар кумак намудан ва г. мушохида кардан мумкин
аст. Муносибатхои дустонаро муносибатхои расми, хам-
кори ё окилона номидан мумкин нест. Онхо хамеша гай-
рирасми, шахси ва эмотсинали мешаванд. Чунин муноси-
батхо бетамаъ хастанд, яъне шахсоне, ки байни якдигар
дустии хакики доранд, аз муносибатхои байнихамдигари
ягон хел фойидачуй намекунанд. Одамон дар чунин наму-
ди муносибат аз дидори хамдигар ва хурсанд намудани
якдигар каноатманд мегарданд.

Дар муносибатхои байнихамдигарии дустона хам-
дигарфахмии самимона мавкеи асосиро ишгол менамояд.
Зеро шахсони бо хамдигар робитаи дустидошта хам-
дигарро кариб бе ибрози сухане хам фахмида метавонанд.
Барои хамдигарро дарк кардани онхо дар аксар маврид як
нигох ё нимовоз, ишора ё харакати ночизе кифоя аст.

Дустон хамавакт якдигарро бо хама каму беши,
хамон тавре ки хастанд, кабул мекунанд,. Онхо хамчун
коида кушиши якдигарро ислох кардан надоранд ва агар
ягон амали дусташон писанди онхо наояд, кушиш меку-
нанд онро тарзе фахмонанд, ки дусташонро наранчад.
Дустони дерин хамдигарро то дарачае хуб мешиносанд,
ки аксуламалхои якдигарро бо аникият пешгуи карда ме-
тавонанд.

Меъёр ва коидахое, ки одамон дар муносибатхои
дустонаи худ дастур менамоянд – ин баробархукуки ва
эхтироми якдигар, бовари ва ба ёрии якдигар тайёр будан
мебошад. Риоя накардани яке аз ин коидахо боиси канда
шудани риштаи дустии онхо шуда метавонад. Дустон дар
муносибатхои байнихамдигариашон кушиш мекунанд, ки
якдигарро наранчонанд.

Муносибати дустона барои дуруст таракки кардан
ва хамчун шахсият вучуд дошта тавонистани одам зарур
мебошад. Шахсони бо доираи дустон фаро гирифта
нашуда, дар чараёни хаёти худ мушкилихои зиёди психо-
логиро аз сар мегузаронанд. Ин холат асосан ба давраи
кудаки хос аст. Ин давра(такрибан аз 12-13 то 15-16 со-
лаги) даврае мебошад, ки дар он баркарор намудани ро-
битахои дустона дар ташаккулёбии дурусту мувофики
кудак накши мухим мебозад. Махз дар хамин давра
наврасон, чавонон ва духтарон ба бисёр масъалахои муш-
киле дучор меоянд, ки дуруст барраси намудану хал-
намоии онхо барои ташаккули муносиби психологии онхо
зарур аст. Ин гуна масъалахо дар бисёр маврид махз бо
кумаки дустон халлу фасл карда мешавад. Дар даврахои
ояндаи синнусоли чунин зарурурият дигар эхсос карда
намешавад. Вале агар инсон дар тули хаёти худ доираи
дустони худро васеъ гардонад ё акаллан нигох дорад, он
гох барои бартараф кардани мушкилихои маънавию пси-
хологи ва моддию маишии пешоянда хеч гуна душвори
намекашад.

Масъалаи дигари ба муносибати байнихамдигарии
одамон алокаманд, ки диккати олимонро ба худ чалб кар-
дааст, эхсоси танхои ба хисоб меравад. Натичахои дар
асоси пурсишхои дар доираи бешумори одамон анчом до-
дашудаи зерин гувохи оламшумул будани ин намуди му-
носибат мебошад. На бештар 1-2 %-и пурсидашудагон
икрор шуданд, ки дар тули хаёти худ маротибае хам
танхоиро хис накардаанд, хол он ки такрибан 10-30 %-и
онхо икрор шуданд, ки дар тули хаёт чунин хиссиётро
акаллан маротибае аз сар гузаронидаанд. Диккати олимо-
нро бештар заминахои ба миён омадани танхои ва оки-
батхои он, таъсири хиссиёти танхои ба психология ва
рафтори одамон ба худ чалб намудааст. Дар асоси
тадкикотхои мувофик натичахои зерин ба даст омаданд.

Танхои – чунин холати психологиест, ки на хама
вакт оиди ба таври объективи худро танхо хис кардани
одам шаходат медихад. Масалан, як шахс метавонад аз
таъсири одамони дигар ба пурраги хифз карда шуда, бо
одамони гирду атроф дар робита набошад, вале бо вучуди
хамаи ин худро танхо хис накунад. Шахси дигар бошад,
мунтазам дар доираи таваччухи атрофиён карор дошта,
бо онхо дар робита мебошад, вале бо вучуди ин худро
танхо хис менамояд.

Мукаррар гардидааст, ки шахс худро факат дар
мавриде танхо (аз чихати психологи) хис менамоянд, ки
агар норасоги ва номукамалии муносибати шахсони ба-
рои у азизу наздикро дарк намояд (на хамаро, балки шах-
сони барои у азизу наздикро). Инхо шахсонеанд, ки у ме-
хохад бо онхо муошират дошта бошад.

Танхои – ин холати вазнини психикии бо табъи
нохуш, гаму андухи зиёд ва депрессия пайгиришаванда
мебошад. Одамони танхо одатан хело бадбахтанд, шахсо-
ни наздик – дуст надоранд, алокахои инсонии каноат-
мандкунандаашон хело кам аст, робитаи онхо бо мухити
беруна махдуд ё умуман аз он махруманд. Холати танхоии
хакики дар сурати дуру дароз давом кардан, одатан боиси
вайроншавии психики мегардад, ки дар шакли асабоният,
бехуди ва бегонагии бо хиссиёти негативии баръало
зохиршаванда мушохида мешавад. Вокеан, холати танхои
ба хар шахс бо тарзхои гуногун таъсир мерасонад: баъзе
одамони танхо онро дар шакли гамгини, дуюмихо дар
шакли тарсу вахм ва сеюмихо дар шакли кахру газаб аз
сар мегузаронанд.

Номгуи холати эмотсионалии шахсони танхо хам
холатхои мутаассиркунанда мебошанд. Ноумеди, гам, бе-
токати, бечораги, тарс, вахм, дилтанги, рухафтодаги,
зикки, маъюси, талхкоми, афсурдахотири, аз даст додани
орзую умедхо, эхсоси ба касе лозим набудан, асабоният,
бепанохи ва г. руйхати нопурраи холатхои аз саргузаро-
нидаи одамони пурсидашуда вобаста ба тахлили чавобхои
онхо мебошад.

Муддати вакте ки шахс худро танхо эхсос мекунад,
ба синну соли у алокаманд нест; хам кудак, хам шахси
миёнасол ва хам солхурда худро танхо хис карда метаво-
нанд. Ин холат аз хусусиятхои инфиродии одамон низ
хело кам вобастаги дорад. Масалан, одамонро ба
гуруххои аз холати танхои зиёд ё кам мутаассиршаванда
чудо кардан гайриимкон аст. Одамони холати танхоиро
азсаргузаронанда метавонанд кобилиятнок ё нокобил,
бочуръат ё бечуръат, яъне хусусиятхои гуногун дошта
бошанд. Баъзан барои пайдоиш ва вусъатёбии хисси
танхои, мавчудияти ифроти (аксентуатсия) характери
одам замина шуда метавонад. Агар гурухбандии хусуси-
ятхои ифротии К. Леонгардро ба инобат гирем, пас
маълум мешавад, ки шахсони дорои хусусиятхои: дисти-
мики, изтиробнок ва пурвачд бештар гирифтори чунин
хиссиёт мешаванд.

Ба мутаассиршавии одамони холати танхоиро аз
сар гузаронанда, муносибати вокеиии онхо бо одамони
атроф ва чи гунагии ин муносибатхо як хел таъсир мера-
сонад. Одамони барои муошират талаботи зиёд дошта,
дар сурати бо ду ва ё се нафар муоширати мунтазам до-
штанашон хам, худро танхо хис менамоянд; одамони ба
муошират талаботи кам дошта, дар сурати акаллан бо як
нафар имконияти муоширати мунтазам доштанашон, худ-
ро танхо хис намекунанд.

Танхои ба шахсият ва рафтори одамон таъсири
манфи мерасонад. Одами холати танхоиро азсаргузаро-
нанда худро ба мисли дигарон хис намекунад, у худро
диккатчалбкунанда, дилкаш, шавковар, хушсурат
намехисобад, фикр мекунад, ки бо у муошират намудан
шавкангез нест, бинобар ин аз одамон дури мечуяд. Ба у
чунин менамояд, ки уро хеч кас дуст намедорад ва хурмат
намекунад. Бо чунин андешахо у аз муошират намудан бо
одамон канорачуи мекунад.

Одамони холати танхоиро азсаргузаронанда назар
ба одамоне, ки хиссиёти танхои надоранд, ноумеду маъюс
менамоянд. Бо гузашти айём дар онхо хиссиёти зиёди
рахму шафкат ба шахсияти худ, худбини ва худпарасти
пайдо мешавад. Дар чунин вазъият карор дошта, онхо аз
атрофиён факат нохуши ва аз оянда ягон чизи бадро инти-
зор мешаванд. Дар бисёр маврид зиндагии худ ва дигаро-
нро бемаъно хисоб менамоянд. Камсухан, ором буда,
кушиш мекунанд, ки назарногир бошанд. Дар бисёр
маврид симояшон мондашуда ва хоболуд ба назар мера-
сад.

Хисси холати танхои вобаста ба табиати психоло-
гии худ зухуроти ягона нест. Хисси холати танхои дар
намудхои гуногуни зерин падид меояд: кухнашуда, вазъи-
яти ва гузаранда. Хисси холати танхоии кухнашуда – ин
хисси мунтазаму тагйирнаёбандаи танхоиест, ки одамро
доимо фаро мегирад. Вай хангоме падид меояд, ки одам
дар муддати тулони бо сабабе ба шахси наздики худ, ки бо
у муошират кардан мехохад, робита баркарор карда
наметавонад ва фикр мекунад, ки ин амал барои у дигар
муяссар намегардад. Хисси холати танхоии вазъияти хо-
латест, ки одам онро факат дар вазъиятхои чудогонаи
махсус аз сар мегузаронад. Масалан, як гурух одамон худ-
ро факат дар байни одамони бегона танхо хис намуда, дар
байни одамони худи ин хиссиётро аз сар намегузаронанд.
Хисси холати танхоии гузаранда бошад, чунин холати
танхоиест, ки дар фосилахои муайяни вакт, дар хамон як
холати монанд пайдо ва нобуд мешавад (баъзе вакт чунин
холатро хуручи танхои ном мебаранд). Хисси холатхои
хам вазъияти ва хам гузаранда, хамчун коида, ба психика
ва рафтори инсон таъсири манфии муайян намерасонанд.

Ба тафовути байни муносибтхои вокеи ва инти-
зории ба хисси холати танхои хос буда, одамон ба таври
гуногун ахамият медиханд. Ба ин нигох накарда, дар
гурухи калони одамон аксуламалхои хисси холати танхои
– хисси нотавони ва тарсу вахм мушохида мешавад. Аксу-
ламалхои фардии одамон нисбати азсаргузаронии хисси
холати танхои дар шакли зерин сурат мегирад. Онхое, ки
дар танхо монданашон худашонро гунахгор медонанд,
бештар пуризтироб мешаванд. Онхое, ки дар танхо мон-
данашон атрофиёнро гунахгор медонанд, хиссиёти талхи
кахру газабро, ки боиси падид омадани хисси нафрат ва
бадбинии онхо нисбат атрофиён мегардад, аз сар мегуза-
ронанд. Агар шахс дар танхо монданаш бо бовари ху-
дашро гунахгор хисоб кунад, он гох уро хиссиёти гамгини
фаро гирифта, бештар худро сазо мегуяд. Агар шахс бо-
вари дошта бошад, ки барои танхо монданаш дигарон гу-
нахгоранд, пас ин гуна одамон зудранч шуда, аз худ
рафторхои хушунатомез ё ин ки душманона зохир меку-
над.

Одамони холати танхоиро азсаргузаронанда дар
доираи муносибатхои байнишахсиашон ба мушкилихои
барои онхо хос дучор меоянд. Масалан, бисёре аз одамо-
ни танхои умр ба сар баранда ба одамони дар доираи
наздикону атрофиён умр ба сар баранда, бо як хисси
рашку хасад назар мекунанд, онхо чунин одамонро дуст
намедоранд. Ин гуна муносибати онхо барои баркарор
намудани муносибати хуб бо мухити онхоро ихотакарда
халал мерасонад. Ин гурухи одамон зудранч буда, дар
хузури дигарон рафтори ношоиста мекунанд. Масалан,
вакте ки ба одам ва муносибати хуби у бо мухити атроф
хасад баранд, дар хузури дигарон уро дашном дода,
ранчонида метавонанд. Бо чунин рафторашон дар аксар
маврид мехоханд нисбати атрофиён нописандии худро
намоиш диханд, ё кушиш менамоянд, ки ба атрофиён пи-
санд оянд. Дар аксар маврид кушиши дар назар оддии
баркарор намудани муносибати махрамона бо атрофиён-
ро кардан, барои онхо мушкилихои сангинеро пеш меорад
ва боиси баланд шудани хисси изтиробнокии онхо мегар-
дад.

Нисбат ба он савол ки чаро баъзе одамон худро
танхо хис мекунанду баъзеи дигар не, як катор акидахо
баён шудаанд. Ба андешаи баъзе аз мухаккикон хисси хо-
лати танхои бо худбаходии шахс алокаманд аст. Муво-
фики он худбаходихии паст барои падидои ва вусъатёбии
хисси холати танхои мусоидат менамояд. Дар навбати
худ, алокаи мавчудбуда байни хисси холати танхои ва
худбаходиии паст бо ду тарз фахмида мешавад: аввалан,
худбаходии паст одамро нисбат ба худаш бегона мекунад
(у ба худаш нафрат пайдо карда, нисбати худ эхтиромаш-
ро гум мекунад), сониян, худбаходии паст бо системаи
тартибот ва тамоюлхои рафтори одам таъсири манфи ра-
сонида, бо атрофиён муошират намудани онхоро мушкил
мегардонад.

Тахминхои дигар низ мавчуданд, ки хисси холати
танхоиро ба омилхои шахсияти равона мекунанд. Яке аз
онхо номувофикии байни се намуди образхои «Ман»-
одам: «Ман»-и замонави (образе, ки одам дар айни замон
худро тассавур мекунад), «Ман»-и идеали (образе, ки одам
худро хамон тавр дидан мехохад) ва «Ман»-и инъикос-
шуда (андешае, ки атрофиён дар бораи у доранд).

Мувофики натичаи тадкикотхо тасдик гардидааст,
ки дар хис намудани холати танхоии одамон сабабхои
субъективи назар ба сабабхои объективи таъсири бештар
доранд. Масалан, маълум гардид, ки бисёре аз одамон ба-
рои дуруст арзёби намудани муносибати атрофиён нисба-
ти онхо, кодир нестанд, зеро худдарккунии онхо бо дарк-
шавии худи онхо аз чониби чомеа на он кадар мувофик
аст. Шахсоне ки нисбати худ баходихии паст доранд, аз
дигарон низ хаминро интизор мешаванд. Онхо наме-
фахманд, ки одамони дигар онхоро «назар ба он тавре ки
хастанд», чи гуна бехтар кабул карда метавонанд, барои
хамин хам таърифу тавсифхоро нисбат худ хамчун тамас-
хур ё дуруяги кабул мекунанд. Одамони худбаходихии
паст дошта, дар мукоиса бо онхое, ки нисбати худ
баходихии мувофик ва баланд доранд, ба пешниход ё рад
намудани робитаи шахси бо онхо хело бо эхсос муносибат
мекунанд (дар бисёр холатхо шахсони танхо кушиши ба
одамон наздикшави мекунанд ва дар баробари ин, тарси
аз чониби атрофиён рад шудан онхоро ором намегузорад).
Чунин одамон нисбати танкид хеле хассос хастанд ва би-
сёр вакт инро хамчун тасдики нокомилии худ кабул мена-
моянд. Ба гайр аз ин, чуноне ки кайд гардид, ба таърифу
тавсифи самими ё носамими низ бахои дуруст дода наме-
тавонанд.

Яке аз омилхои ба падидоии холати танхои мусои-
даткунанда – ин майли муоширати байнишахсиро надо-
штани одам, аз тарси чавоби рад гирифтан дар баркарор-
намоии муносибати барои у арзишманд мебошад. Дар
натичаи пурзур шудани тарсу вахми эхтимолияти аз у руй
гардонидани атрофиён, ба шахси бекасукуй, азсаргузаро-
нии хисси холати танхои боз хам мушкилтар мегардад.
Дар натича, у худро бо доираи мустахкаме, ки пора кар-
дани он хеле мушкил аст, панох мегирад: тарси аз у руй-
гардонии атрофиён, барои наздикшавии у ба одамон
монеа мешавад ва боиси вусъатёбии хисси холати танхои
мегардад. Дар навбати худ, ин сабаби ташаккули мароми
мувофики рафтор дар шахси додашуда мегардад.

Дар бисёр маврид падидаи танхои ба сабабхои ба
одам вобаста набуда зухур мекунад. Пас, аз хамзистии
тулони пароканда шудани оила, аз даст додани шахсони
наздик, аз як мамлакат ба мамлакати дигар кучидан, ба
фарханг, урфу одати бегона, ки мутобикшави ба онхо
хело мушкил аст, ворид шудан (аз руи дуруст надонистани
одамон, урфу одат, анъана ё забон ва г.) аз чумлаи са-
бабхои ба одам вобаста набудаи падидоии холати танхои
мебошад, ки бо мурури замон кисман бартараф карда ме-
шавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222