Главная / Илм / НИЯТИ РУЗА

НИЯТИ РУЗА

уза аз чумлаи мухимтарин ибодатхо аст ва бояд бо нияти
анчоми фармони Худованди мутаъол ба чо оварда шавад.
Амалхои банда, ба хусус ибодатхо, бе ният дар назди Худо
пазируфта намешаванд. Паёмбар (с) мефармояд: «Амалхо, бе хец шак-
(иазируфта мешаванб؛ва бар игибкиХ
…».152 Ният аслан хамон касду ирода ва омодагии амалии инсон ба-
рои анчоми кор мебошад, на ифодаи он бо забон.
Дар мохи Рамазон нияти рузаи хар рузи он вочиб аст, зеро хар
рузи он ибодати мустакил ба шумор меравад ва ба таври умуми нияти
рузаи як мох кифоя намекунад. Агар аз аввали мохи Рамазон нияти
рузаи тамоми мохро намояд, хуб аст, вале он танхо барои рузи аввал
дуруст мегардад ва бояд барои рузхои дигар аз нав ният намояд.
Сахари хурдан дар мохи Рамазон ният ба шумор меравад.
Шарт нест, ки нияти рузаро бо забон бигуяд, балки хамин кадар
касд кунад, ки барои анчоми дастури Худованди мутаъол аз дамидани
субх, то нишастани офтоб коре, ки рузаро фосид мекунад, анчом наме-
дихад, кофи аст.
Нияти руза ду шарти дигар низ дорад: а) шабона пеш аз дамидани
субх баста шавад, б) навъи руза дар он муайян карда шавад. Ин ду
шарт дар рузаи мохи мубораки Рамазон, рузаи назри муайян ва рузаи
нафл аз чумлаи шартхои сихати руза дониста нашудаанд, балки шар-
ти камол ба шумор мераванд. Пас хамон гуна ки шахс метавонад дар
шаб барои фардои он нияти руза кунад, хамчунин пас аз дамидани
субх, то пеш аз завол (нисфирузи) агар чизе нахурда бошад, метавонад
нияти руза намояд.
Хамчунин дар рузаи мохи мубораки Рамазон, рузаи назри муайян
ва рузаи нафл шарт нест, ки навъи он дар ният муайя сохта шавад, зе-
ро он табиатан муайян мебошад.
Аммо дар рузахои казо, назри мутлак ва каффоратхо ба чой овар-
дани хар ду шарт ба вакти ният вочиб мебошад, бинобар ин, бояд хар
шаб барои фардои он ният намояд ва навъи рузаро дар нияташ муа-
йян созад, масалан, дар рузахои казо ният кунад:
«Ман казои фалон рузаро мегирам».
Агар шахсе тамоми руз аз хурдану нушидан ва хамбистари бози-
стад, лекин нияти руза надошта бошад, рузадор ба шумор намеравад.
Зеро ният, ки шарти дуруст гардидани аъмол аст, дар ин холат тахак-
кук наёфтааст.
152 Сахехи Бухори, 1, 54. Сахехи Муслим, 4904 (1907)-156. Сунани Абудовуд, 2201.
Сунани Тирмизй, 1647. Сунани Насой, 75. Сунани Ибни Моча, 4227. 
Фарз дон чумла рузаро ният,
То биёбй зи руза амният.
Нияти руза гар адо набувад,
Дар казо чуз ба шаб раво набувад.
Лек мар вактиву навофилро,
То ба пеш аз завол хаст раво.
Хамчунин гар халал талаб накунй,
Нияти руза чуз ба шаб накунй!.
Давомнокии ният низ барои дуруст гардидани руза шарт аст, агар
шабона нияти руза кунад ва пеш аз дамидани субх аз нияташ баргар-
дад, ручуаш сахех аст ва рузадор ба шумор намеравад. Аммо агар ру-
зона пас аз дамидани субх аз нияташ баргардад ва ё нияти ифтор на-
мояд, нияти рузааш ботил намешавад ва то амалан онро бо хурдан,
нушидан ва ё амали хилофи дигаре фосид насозад, рузааш хамчунон
боки ва дуруст аст. Ният то вакте ба амал напайваста бошад, имкони
тагири он вучуд дорад, вале вакте ба амал пайваст, тагйири ният дар
он зохиран таъсире надорад, зеро амалхои ибодатй танхо бо икдоми
амалй ботил мешаванд.
Касе назр намояд, ки агар фалон корам дуруст шавад, барои Худо
ду руз руза мегирам, баъд аз он кораш анчом гирифт ва дар мохи Ра-
мазон ба унвони вафои ба назр нияти рузаи назрй намуд, рузаи Рама-
зон адо меёбад, на он чи ният кардааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222