Нушервон-Хусрави Анушервон – шоханшохи сулолаи Сосониён, мулаккаб ба Додгар, ки бистуякумин шохи сосони буда, солхои 531-579 хукумат рондааст, дар адабиёти бадеи (пахдави, асрхои миёнаи форсу точик) хамчун шохи одилу раъиятпарвар ва окил машхур гардидааст. Асархои оид ба дини зардушти, ки ба забони пахлавй (форсии миёна) иншо шудаанд, номи уро ба одили машхур кардаанд.
Ба туфайли тарчумаи асархои пахлави ба забони араби образи Нушервони Одил ба асархои таърихнависони исломи низ дохил гардидааст. Симои Нушервони Одил хамчун шохи адолатпарвар дар «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавси, «Хамса»-и Низомй, «Кобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус тасвир шудааст.
Дар «Кобуснома» Кайковус асли худро мансуб ба ахли насаби Нушервони Одил дониста, пандхои уро ёд мекунад. Хамин тавр, аз Нушервон «Панднома»-е дар ахлок боки мондааст.
***
Аз руйи наклу ривоятхо Бузургмехр шахси окилу доно ва бомаърифату хирадманд буда, хамеша тарафдори адолат ва ободии мулк будааст.
у аз Марв (вафоташ соли 590), дар авди сосонихо умр ба сар бурда, вазири Нушервони Одил будааст, аз худ бозии «Нард» ва рисолае дар ахлоку хикмати тарбия боки гузоштааст.
Рисолаи «Панднома»-и ахлокй-тарбиявии Бузургмехр аслан ба забони пахлавй буда, ба забонхои арабй ва форсй тарчума шуда, аз чихати тасвир ба «Панднома»-и Нушервон муто-бикат надорад.
Дар «Китоб-ул-гариб»-и Абдулнй ибни Шайх Мухаммад Хатиб (Хиндустон) ва мачмуаи рисолахои «Панднома»-и Мухаммад Шокири Корй (Тошканд) ба номи Бузургмехр ёд мешавад.
Афсона, наклу ривоят, киссаю хикоятхои хурди панду ахлоки, латифахои зиёде мансуб ба Нушервон ва вазири у – Бузургмехр ба эчодиёти дахонй ва китобии Арабу Ачам рох ёфтааанд.
Инак, хикояте аз пурсиши Нушервон ва посухи Бузургмехр Овардаанд, ки дар асл Нушервон одил набуда, золим буда. Дар авди салтанати у раият пароканда, мулк табох,. Бузургмехр вазири Нушервон таъйин гардида, аз пайи тараккию ободии мулку осудагии халоик шуда.
Нушервон бо Бузургмехр бо максади шикор ба биёбон кадам ранча намуда, дар рох дехахои вайрону валангор ва харобгардидаи бешуморро дида, дар тахайюр монданд. Аз дехаи харобе дар болои девори фарсудае ду чугз бо хам мунозараю мунокаша доштанд.
Нушервон ба вазир гуфт:
- Ту забони муронро медонй, гуй, ки инхо чихо мегуянд? Бузургмехр пас аз гуш кардани садохои мурн ба Нушервон руй овард:
- Яке аз чугзхо писару дигараш духтар дорад. Сохиби писар мехохад бо чугзи духтардор хешй (кудогй) намояд. Сохиби духтар ба ин фикр розй нест ва шарт мегузорад, ки ба ивази кудогй ба ман дувоздах дехаи харобгардидаро калин медихй. Сохиби писар розй шуда мегуяд, ки агар дар мамлакат Нушервон подшох бошаду Бузургмехр вазир, на дувоздах, балки дувоздах хазор дехахои вайронаю харобгардидаро калин медихам.
Нушервон, ки тарчумаи хикояти мурнро аз вазир шунид, гуфт:
- Зулму золимии ман танхо ба халоик не, балки ба парандахои дашту хомун хам таъсир кардааст. Хамон замон Нушервон золимиро тарк намуда, одилиро пеша кардаааст, то ба дарачае амониро баркарор кардааст, ки гургу меш аз як чуй об мехурдаанд. Аз хамон вакт уро Нушервони Одил номидаанд.
Одина[1] ба бозор шудам, вакти намоз, Кабке дидам нишаста бар синаи боз, Он кабк ба он боз хамегуфт ба роз: Хар кас, ки чафо кунад, чафо бинад боз.
САВОЛХОИ НУШЕРВОНИ ОДИЛ ВА ЧАВОБХОИ БУЗУРГМЕХРИ ВАЗИР – ФОИДАБАХШ БА ХАР НЕКУАХТАР
Инсон бояд, ки чун вакти шаб сар ба болини истирохат гузорад, тамоми аъмоли он рузро хисоб кунад. Аз корхои нек карда, шукр ба чой оварад, агар афъоли зишт карда, нафси худро маломат кунад, тавба ва истигфор намояд ва бори дигар гирди он кор нагардад. Инсон бояд, ки аз фикри маонии баланд офил набошад, инсони бефикр ба хисоби мурдагон аст, агарчи зинда бошад.
Хаким Файсогурас
Савол: – Аз Худованди таоло чи бояд хост?
- – Хайру офияти дорайн.1
- – Такдими авомири[4] илохи ва шафкат бар бандагони Худо.
Савол: – Зиндагони чи гуна ба сар бояд кард?
- – Ба хушнуди ва камозори.
Савол: – Умр ба кадом шугл сарф бояд кард?
- – Ба тахсили улум ва хунару адаб.
Савол: – Илм чи натича дихад?
Чоб: – Хонандаи илм, агар кех бошад, мех гардад ва агар факир бошад, тавонгар шавад.
Савол: – Рохи рост чи гуна маълум шавад?
Чавоб: – Ба рушноии илм.
Савол: – Рушноии рохи сулук чист?
Чоб: – Маглубии нафс.
Савол: – Нафс ба чи тадбир маглуб шавад?
Чавоб: – Ба мухолифати у.
Савол: – Иззат ба чи афзун шавад?
Чоб: – Ба кам гуфтан.
Савол: – Некии мукаддамтар аз хама ба ки бояд кард?
Чоб: – Дар хакки модару падар.
Савол: – Бади ба ки бояд кард?
Чоб: – Ба нафси худ.
Савол: – Хушнудии Худо ба чи хосил ояд?
Чавоб: – Ба хидматгории волидайн.
Савол: – Кадом неки назди Худо макбултар аст?
Чоб: – Некихое, ки ба волидайну устод ва фарзандону кавму кабилаи худ кунанд.
Савол: – Кадом бади назди Худо макбухтар1 аст?
Чоб: – Дуои бад, ки бар фарзандони худ кунанд ва зулм бар зердастони худ раво доранд.
Савол: – Некбахт ба чи далел шинохта шавад?
Чоб: – Ба се далел: яке талаби илм; дувум: саховат; севум: шукуфтаруй.
Савол: – Нектарини корхо чист?
Чоб: – Дар мачлиси уламо ва хукамо нишаста ва аз сухбати эшон мутаматтеъ[5] [6] шудан.
Савол: – Далели марди ориф[7] чист?
Чоб: – Он ки дар пайи озори кас нагардад.
Савол: – Камозорй чй гуна хосил ояд?
Чоб: – Худро аз чамии зайи[8] хаёт камтар ва бадтар донад.
Савол: – Ин сифат чй гуна хосил ояд?
Чоб: – Аз баракати сухбати уламо ва хукамо.
Савол: – Дар факр чй чиз ихтиёр бояд кард?
Чоб: – Ризои Хак.
Савол: – Дил ба суйи ибодати Илохи чи гуна моил шавад?
Чоб: – Ба ёд доштани мавт.1
Савол: – Торикии дил аз чи чиз аст?
Чоб: – Ба мухаббати амволи дунё.
Савол: – Рушноии дил чи гуна хосил ояд?
Чавоб: – Ба тарки хубби[9] [10] дунё ва хитоми[11] дунёви.
Савол: – Дар дунё чи гуна бояд монд?
Чоб: – Мисли мусофире, ки дар сарое фуруд ояд, шаб бигзарад, субх ч кунад.
Савол: – Мардро аз чон чи азизтар аст?
Чоб: – Диндорро дин ва бединро дирам[12]
Савол: – Бар хусну кубхи[13] инсон чи гуна матлаъ[14] тавон шуд?
Чоб: – Ба муомила.
Савол: – Кадом сухан аст, ки рост бошад, дуруг намояд?
Чоб: – Баёни зури чавони дар пири ва айши тавонгари дар факири.
Савол: – Ёр чи гуна шинохта шавад?
Чоб: – Дар вакти хочатманди ёр ва агёрро[15] маълум тавон кард.
Савол: – Фарзанди нохалаф[16] чи гуна бошад?
Чоб: – Чунон ки ангушти шашум, агар бибуранд, дард кунад ва бигзоранд, айб бувад.
Савол: – Дар миёни зану мард чи фарк аст?
Чавоб: – Аз осмон то замин. То аз осмон наборад, бар замин наруяд.
Савол: – Мусофир бехтар ё муким?
Чоб: – Мусофир хукми оби равон дорад ва муким хукми оби баста.
Савол: – Доруи гунохон чист?
Чоб: – Тавба кардан.
Савол: – Сибдавлатро кадом амал хуштар аст?
Чавоб: – Ба мухточон нон додан ва ба тавозуи1 мехмонон пардохтан.
Савол: – Аз чумлаи аврод[17] [18] ба чи чиз мувозабат[19] бояд кард?
Чавоб: – Номи Холик ва ёд кардани мавт.
Савол: – Ризк чист?
Чоб: – Хар чи ба ту бирасад.
Савол: – Кадом кас аст, хар чо, ки равад, уро дуст доранд?
Чоб: – Сохиби илму адаб.
Савол: – Хоб бехтар ё бедори?
Чоб: – Золимро хоб бехтар ва одилро бедори.
Савол: – Он кадом кас аст, ки агар сад айб дошта бошад, бар вай айб нагиранд?
Чоб: – Марди сахи.
Савол: – Чанд чиз аст, ки андухро бибарад?
Чоб: – Ду чиз: яке рафики мувофик, дуюм дидани руи дустони содик.
Савол: – Марди окил кист?
Чоб: – Он ки аз мухолафати дунё озурдаву дилтанг набошад.
Савол: – Олихиммат кист?
Чавоб: – Он ки неъмати охиратро бар неъмати дунё нагузинад.
Савол: – Кадом мараз аст, ки табиб ба илочи он фуру монад?
Чоб: – Хамокат1 ва аблахи.
Савол: – Кадом амал бояд кард, ки аз шарри[20] [21] ахли дунё амн[22] хосил ояд?
Чоб: – Бо дустон талаттуф[23] ва бо душманон мадоро.
Савол: – Он чи чиз аст, ки бехтар аз зиндагони ва бадтар аз марг бошад?
Чоб: – Бехтар аз зиндагони некномист ва бадтар аз марг бадноми.
Савол: – Сихатии чисм дар чи чиз аст?
Чоб: – Ба иштихои содик таом хурдан ва хануз андаке аз иштихо боки аст, ки даст аз таом боз кашидан.
Савол: – Дуст кадом аст?
Чоб: – Он ки айбхои туро бипушад ва хунархои туро зохир кунад.
Савол: – Инсон аз кадом амал махбуби дилхо шавад?
Чоб: – Аз ростмуомалаги ва шукуфтаруи.
Савол: – Аз неъматхои дунё чанд чиз хуштар аст?
Чоб: – Яке фарзанди солех[24]; дувум давлат аз касби халол; севум зани неккирдор ва сохибчамол;
Савол: – Нишони дусти содик чист?
Чоб: – Он ки дар неки ёрии ту кунад ва аз бади туро нофеъ[25] ояд ва боздорад.
АЗ «ПАНДНОМАИ ХУКАМО1
Хар ки накнад эхтиёти корхо, Бар дилаш охир нишинад борхо.
Чомаро бар тан нашояд духтан, Бояд аз мардон адаб омухтан. Фаридаддини Аттор
Хар ки аз ин хислатхо худро дур надорад, ба ифлос[26] [27] дармонад, агарчанде ки молики[28] сад хазор бошад: Аввал: – Бавл кардан барахна хох ба руз, хох ба шаб.
Дувум: – Чуст[29] таом хурдан.
Савум: – Нонрезахоро хор доштан.
Чахорум: – Сиру пиёз ба пуст мондан.
Панчум: – Ба шаб хона руфтан.
Шашум: – Пеши номахрамон будан.
Хафтум: – Падару модарро ба ном хондан.
Хаштум: – Ба хар чубе дандон кофтан.
Нухум: – Ба гил ва хок даст шустан.
Дахум: – Бар остонаи дар нишастан.
Ёздахум: – Дар чои бад тахорат кардан.
Дувоздахум: – Дегу косаро ношуста гузоштан.
Сездахум: – Чомаро пушида духтан.
Чахордахум: – Дасту руй бо доман пок кардан.
Понздахум: – Чомахои худро ночида гузоштан.
Шонздахум: – Дар хонахои худ анкабут1 гузоштан.
Хафтдахум: – Аз масчид зуд баромадан.
Хаждахум: – Аз соилон[30] [31] нон харидан.
Нуздахум: – Фарзанди худро дуои бад кардан.
Бистум: – Каломи фахш ва дуруг гуфтан.
Бисту якум: – Модару падарро барахна дидан.
[1] Одина – чумъа.
[2] Дорайн – ду дунё.
[3] Сулук – роху равиш.
[4] Авомир – чамъи амр; амрхо.
[5] Макбух – зишт, бад.
[6] Мутаматтеъ – бахраманд, бахравар.
[7] Ориф – окил, доно
[8] Зай – воситаи зиндагй.
[9] Мавт – фавт, вафот.
[10] Хуб – мухаббат.
[11] Хитом – ин чо ба маънои мехр.
[12] Дирам – пули нукра.
[13] Кубх – бади, зишти.
[14] Матлаъ – огоз, шуруъ.
[15] Агёр – бегонагон.
[16] Нохалаф – фарзанди ношоиста.
[17] Тавозуъ – фурутанй.
[18] Аврод – чамъи вирд; такрори сухан ва фикр.
[19] Мувозабат – андешаи доимй.
[20] Хамокат – ахмаки.
[21] Шар – бад.
[22] Амн – амният.
[23] Талаттуф – лутфу мехрубони.
[24] Солех – нексират, покдил.
[25] Нофеъ – нафъ.
[26] Дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси тахти раками 44 бо номи «Панднома»-и Хукамо махфуз аст (дастнавис). Дар «Мачмаъ- ул-калом» (дастнавис) «Панднома» ба номи Мухаммад – пайгамбар нисбат дода шудааст.
[27] Ифлос – бенавой, муфлисй, камбагалй.
[28] Молик – сохиб, хучаин.
[29] Чуст – чакон, зуд, тез.
[30] Анкабут – тортанак.
[31] Соил – гадо.