Назр ду навъ аст:
1. Назри мутлак ва он назрест, ки аз кайди замон ва макон холи
аст, яъне ба замон ва маконе мукайяд (вобаста) нашудааст. Ин гуна
назрро дар кадом замон ва маконе анчом дихад, чоиз аст. Масалан,
агар бигуяд: Барои Худо бар ман ду ракъат намоз, онро дар хар замон
ва маконе анчом дихад, назраш ба чо меояд.
Муайян кардани замон ва макон барои назр аз назари шариат
эътиборе надорад ва онро метавонад ба таври мутлак ба чой оварад.
Масалан, агар касе назр кунад, ки мохи рачабро руза медорад ва ба
чои он мохи шаъбонро руза дорад, назраш адо меёбад, касе гузорида-
ни ду ракъат намозро дар Макка назр кунад, онро дар хар чое бигузо-
рад, дуруст аст, агар маблагеро барои факири муайяне назр намояд,
онро ба хар факире бидихад, назраш адо меёбад.
Ривоят шудааст, ки: «Рузи фатхи Макка марде бархост ва гуфт:
Эй Расули Худо (с), ман барои Худо назр кардам, ки агар Худованд
барои ту фатх «юмю«1д٠, дар Байтулмукаддас ду ракъат ИС1М1.ОЗ
бигузоралг. (Расули Худо (с)) фармуд: (Онро) дар хаминчо бигузор؛ Он
мард суханашро боз такрор намуд ва Расули Худо (с) фармуд: (Онро)
дар хаминчо бигузор. Он мард суханашро бори се؛к٠м такрор карб. (Ра-
сули Худо (с) ин бор) фармуд: Набошад, худат медони!».220
Дар ин навъи назр шахс метавонад бар худ вочиб гардонад, ки
масалан, барои Худо ду ракъат намоз мегузорам ё ду руз руза мегирам
ва ё чорвое забх, менамоям.
Чи тавре зикр гардид, агар барои анчоми он замон ва макони му-
айянеро дар назар гирад хам, он ба таври мутлак эътибор дорад, ба
чуз руза. Вакте барои рузаи назри руз ва замони муайянеро, ба мисли
рузи душанбе, масалан, дар назар гирад, онро назри муайян мегуянд.
Агар онро дар гайри рузи таъйиннамудааш ба чой оварад, дуруст ме-
гардад, вале вакте онро дар рузи муайян ба чой овард, дигар бастани
ният аз шаб шарт нест.
2. Назри муаллак (вобаста) ба шарт ва он ду кисм аст:
а) Назри муаллак (вобаста) ба шарте, ки вукуи онро мехохад, ма-
салан, бигуяд: Агар Худо ба ман писар ато намояд ё аз бемориам
шифо ёбам ва ё оибам ба саломат баргардад, дах, руз руза мегирам.
Дар ин сурат вакте шарт тахаккук ёбад, вафо ба назр вочиб мегардад.
агар пеш аз тахаккуки шарт назрашро ба чой оварад, он эътиборе
надорад;
б) Назри муаллак ба шарте, ки ба вучуд омадани онро намехохад,
масалан, бигуяд: Агар бо фалони сухан гуям, барои Худо бар ман тао-
ми дах, мискин. Ин ибора ба зохир назр аст, вале маънои касамро до-
рад. Бинобар ин, вакте бо фалони сухан гуфт, ихтиёр дорад, ки ба наз-
раш вафо намояд ва ё каффорати шикастани савгандро пардохт кунад.
Хар ду навъи назри муаллак назри муайян ба шумор мераванд, зе-
ро барои тахаккуки шарт замон ва маконе зарурат дорад ва пас аз за-
мони тахаккуки он вафо ба назр вочиб мегардад.
Аммо он корхое, ки бо номи нарзи мурдагон дар назди кабри баъ-
зе бузургон ба хотири наздики ба онхо аз суи мардуми авом анчом до-
да мешаванд, бо ичмои уммати Ислом ботил ва харом хастанд, ба мо-
нанди пул, динору дирхам, шамъу равн, забхи чорво ва ира. Зеро
он барои махлук назр шуда, дар холе ки назр танхо барои Худо чоиз
аст, ба ин маъно, ки назр ибодат аст ва ибодат барои гайри Худо чоиз
нест. Илова бар ин, шахсе, ки барояш назр шудааст, кайхо фавтида ва
дигар чизеро ба моликияти худ дароварда наметавонад ва аз хама
сахттар он ки агар назрро ба ин эътикод намояд, ки шахси дар кабр
орамида хамрох, дар баробар ва ё гайр аз Худо дар умури олам тасар-
руф менамояд, он куфр ва ширк аст.
Вале агар бигуяд: Эй Худо, ман бароят назр кардам, ки агар бемо-
рамро шифо бахши ё оибамро баргардони ва ё хочатамро барори, ба
факироне, ки дар назди кабри фалони нишастаанд, таом медихам ё ба-
рои масчидашон бурё мехарам ва ё корхои дигаре, ки барои кишрхои
ниёзманди чомеа нафъе мебахшанд, анчом медихам, ба ин эътибор чо-
из аст.
Ин корхо дар замоне бештар равнак пайдо мекунанд, ки чахлу бе-
маърифати нисбат ба таълимоти Ислом дар байни мардум решадор
гардад ва мардум мохияти арзишхои олии дини Худоро пурра дарк
нанамоянд. Дини Ислом дини илму басират аст ва махзи чахлу беса-
води яке аз мухимтарин хадафхои онро ташкил медихад. Худованд ба
Паёмбари акрам (с) дастур медихад, ки эълон намо: «Ин рохи ман аст.
Ман ба суи Худо бо басират ва аз руи огахи даъват мекунам ва хар ка-
се, ки аз ман пайрави намояд…».
Чи тавре зикр гардид, аз назари Ислом доманаи назр хеле густар-
да буда, он тамоми навъхои ибодатхои нафли, садакоти ири фарзи
ва хамаи корхои хайр ва амалхои некеро, ки курбатан илаллох анчом
дода мешаванд, дар бар мегирад.
Бар хамин асос, агар шахсе дар бахши садакот, таом додан ва ё
забхи чорво назр кунад, онро бояд дар масрафхои муайяннамудаи
шаръ сарф намояд. Масрафхо ва мустахиккони назр, каффоратхо ва
садакаи Фитр хамон масрафхои закот мебошанд. Касе пардохти каф-
форат, назр ва ё садакаи Фитрашро дар гайри онхо сарф кунад, онхо
аз зиммааш сокит намешаванд. Масалан, шахсе гусфанде назр кард ва
онро пас аз забх ба фарзандони худаш ва ё сарватмандоне, ки ахли за-
кот хастанд, сарф намуд, назраш адо намеёбад, бояд аз сар гусфанди
дигаре забх, намояд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …