Главная / Илм / Нависанда – Валерий Михайлович Воскобойников

Нависанда – Валерий Михайлович Воскобойников

Валерий Михайлович Воскобойников – нависан- даи бачагон, муаррих ва публисисти машхури рус якуми апрели соли 1939 дар шахри Ленинград (хозира Санкт-Петербург), дар хо- надони омузгорон таваллуд ёфта, дар сесолаги шохиди сахнахои дахшатбори мухо- рибаву мухосираи шадиди зодгохи азизаш гардидааст. Баъди солиёне хамон лах- заву сахнахои хотирнишину фаромушнопазири кудаки- ро ба ёд оварда навиштааст: «Одатан, одамон аввал хондан, баланд – баланд хондан, баъдан навиштанро ёд мегиранд. Аммо маро акси хол руй намуд.

Валерий Михайлович Воскобойников
Сурати Валерий Михайлович Воскобойников

Мухосираи Ленинградро пушти сар гузошта, ману модарам Урол рафтем, ки дар шифохонаи чанговарон падари дар чабха чарохатбар-доштаам бистари буд. Падарам баъди чанде ба майдони чанг баргашту модарам омузгори забони руси шуд. Ман чахорсола бошам хам, бозичае надоштам, хол он ки кудаки тамоми руз дар хона танхомондаро саргарми шугле доштан лозим буд. Барои хамин, модарам хамаруза газета, калам ва порае оази девороройиро, ки хамсоягони хонаашонро ба мо ичорадода гарамаш карда буданд, дар ихтиёри ман гузошта, пайи кораш мерафт. Аз мактаб баргашта маколаи дар сахифаи тозаи оази девороройи бо харфхои калон-калон аз газета руйбардоркардаи маро аз назар мегузаронд.

Ман хамин гуна навиштанро ёд гирифта, карор додам, ки баробари ба воя расидан, хатман, нависанда мешавам. Он вактхо чунин мепиндоштам, ки нависандахо газета менависанд, чи кадар газета бошад, хамон кадар нависанда хаст. Лекин аз мавчудияти китоб хатто дараке надоштам – моро дар хона китобе набуд. Орзу мекардам, ки зудтар калон шаваму бо харфхои резаву хамвори газетй навиштанро ёд гирам. Баъди чанде нахустин газетаи худро чоп кардам».

Ба душвориву нодорихои баъдичангй нигох накарда, Валерий Михайлович дилгармона хондану омухтанро давом дода, соли 1957 Техникуми технологияи истехсоли нафтро ба фарчом расонда, донишчуйи Институти технологии Ленинград шудааст. Шабона хондаву рузона кор кардааст. Солхои 1958­1960 карзи ватандориро ба чой оварда, дар муассисахои гуногуни Ленинград (1957-1558; 1961-1966) ба сифати мухандис фаъолият бурдааст. Аммо мехру мухаббати гарми нависандагй лаха   доманашро фуру намегузорад: у сарнавишти худро ба сарнавишти

адабиёт мепайвандад. Аз соли 1973, баъди хатми Курси олии адабиёт (дар Москав) хунару истеъдодашро комилан вакфи адабиёти бачагон мегардонад.

Аввалин хикояи уро журнали «Смена» мунташир сохта, баъдан навиштахояшро мохномахои машхуру маъруфи кудакон – «Костёр»-у «Искорка», калонсолон «Аврора»-ву «Звезда»-ву «Нева» пайихам ба табъ мерасонанд. Нахустин китоби киссаву хикояхояш («Ман ба таътил меравам»)-ро соли 1966 нашриёти «Детская литература» аз чоп мебарорад.

Фаъолияти штсола дар вазифаи мудири шуъбаи назму насри журнали «Костёр» (1973-1980) уро мададу мусоядат мекунад, ки чахони хонандаи чавонро бехтар омузаду донад. Бехуда нест, ки нависанда дар офаридахои худ масоили мухимми ахлокиро мавриди баррасии чиддй карор дода, наврасонро водор месозад, ки бар рафтору кирдорашон андеша кунанд, некро аз баду сафедро аз сиёх, тафрика дода тавонанд. Нахустин офаридахои Юрий Ковал, Василий Аксёнов, Сергей Иванов ва дигар нависандагони чавонро дастраси хонандагон гардонда, дарвозаи кохи мукаддаси нигорандагиро ба руяшон во менамояд ва чуръату роххати нависандагй мебахшадашон.

Асархои В.М. Воскобойников на танхо дар калам- рави собик Чамохири Иттиходи Шуравй ва махофилу мачолиси русизабону руситаборони чахон, балки аксари мамолики мутамаддину китобдусту китобхони олам аз маъруфияту махбубияти тамоме бархурдоранд. Аз чумла, киссаи «Дафтари муковасурх»-и у, ки соли 1971 нахустин маротиба дар Ленинград интишор ёфта буд, дар Япония, ИМА, Лахистон ва Ачористон хам тарчумаву чоп шудааст. Хамчунин, асари мазкур аз чониби нашриёти «Радуга» ба чандин забони хоричй мунташир гардидааст. Китоби «Чазираи Бешамол»-и у дар Япония се маротиба интишор ёфтааст. Киссаи таърихии «Хакими бузург» (Маскав, «Молодая гвардия», 1972), ки ба тасвири рузгори нобигаи нотакрори точик Абуалй ибни Сино (980-1037) бахшида шудааст, соли 1980 бо карори ЮНЕСКО, ба муносибати 1000-умин солгарди зодрузи бузургвор такроран ба забони русй, хамчунин, дар тарчума, дар Тикистон, Озарбойчон (2 маротиба), Туркманистон, Узбекистон ва Тотористон ба табъ расидааст.

Солхои 90-уми асри гузашта нависанда хамрохи иддае хампешагонаш идеяи бунёди силсилаи «Хиотхо дар бораи авлиёи православй»-ро барои кудакони синни хурди мактабй амалй гардонда, дар хусуси рузгору гуфтахои бузургоне, чун «Николайи Муъчизакор, мукарраби Худо» (1993), «Князи Бузург Владимир, баробарапостоли мукаддас» (1994), «Баробарапостолони мукаддас – бародарон Кириллу Мефодий» (1994) ва дигарон, 16 киссаи муъчазу ихчам интишор додааст. Аммо, бо ин хама, кори таълифи асархои ташаккулдихандаи фарханги маънавии кудаконро мавкуф нагузоридааст, ки бозии «Библияи мусаввар барои кироъати оилавй» (Санкт-Петербург, «Золотой век») гувохи он мебошад.

Солхои навадуми асри бистум, дар хакикат, овони саршории адабиёти рус аз осори мансури барои бачагон эчодгардида буданд. Дар ин давра боз як ояи дигари В.М. Воскобойников чомаи амал пушидаанд. Дар силсилаи «Единорог» романхои дар мавзуи эпоси мардуми гуногуни олам, монанди «Киссаи Зигфриди бебок ва нибелунгони тавоно» (дар асоси эпоси асримиёнагии олмонй; 1996) ва «Гилгамеши диловар» (дар заминаи эпоси кадимии шумериву аккадиён; 1997) ба чоп расиданд, ки барои бачагони синни миёнаи мактабй пешбинй шудаанд.

В.М. Воскобойников барои мактабиёни хурдсол асари чолибу муфиди «Рузгори бачагони номдор»-ро таълифу мунташир сохтааст (1999), ки дар боби даврони бачагии афроди номй, монанди Искандари Макдунй, Александр Суворов, Исаак Нютон, Чарли Чаплин, Пётри Аввал ва дигарон киссапардозй мекунанд. Маълум мешавад, ки на хамаи онон аз кудакй хамадон, аз рузи таваллудашон сохиби истеъдоди фавкулодае будаанд; баръакс, онхоро, хатто, бачагони бехунар, талабагони форибол мехисо- бидаанд. Аммо хунару истеъдодашон ох,иста-ох,иста зухур ёфтааст. Муаллиф барои ин асараш сазовори Дипломи ифтихории Шурои байналхалкии китоби кудак (соли 2000) гардонида шудааст.

В.М.Воскобойников офаридгори бештар аз шаст китоб барои бачагон, зиндагиномахои таърихй барои кудакону калонсолон, Лауреати чандин Озмуни умумииттифокиву умумирусиявии «Бехтарин китоби кудак» буда, шарафманди дарёфти Дипломи ифтихории байналхалкии ба номи Х.К. Андерсен, Чойизаи ба номи Самуил Маршак ва Чойизаи ба номи Александр Грин гардидааст. Барои китоби «Хамааш хуб мешавад» (соли 2007) сазовори Дипломи хайати хакамони озмуни кудакони китобхон ва Чойизаи миллии адабиёти бачагон гардонида шудааст.

Эчодиёти Валерий Михайлович на танхо киссаву хикоя, балки радиопйесахо, асархои илмии оммави ва маколахои адабиётшиносиро фаро мегирад. Бештар аз дах сол Иттиходияи нависандагони чавон – офарандагони адабиёти бачагонро рохбари карда, узви Шурои тахририяи журнали машхури «Детская литература» будааст. Аз соли 1987 сарварии бахши адабиёти кудакону наврасони Иттифоки нависандагони Санкт-Петербургро бар увда дошта, аз соли 1998 узви Шурои китоби бачагони Русия мебошад. Хамчунин, узви хайати хакамони Чойизаи миллии адабиёти бача- гони «Заветная мечта» (мавсими 2007-2008) будааст.

Хамин тарик, В.М. Воскобойников аз машхуру махбубтарин адибони сохаи адабиёти кудакону навра- сони рус шинохта шуда, камтар нависандаеро метавон мулоки гардид, ки замону макон ва кахрамони офаридахояш ба ин дарача фарохдомону густардаву гуногункиёфа бошанд.

Хушбахтона, Валерий Михайлович, дар баробари хуб омухтану донистани таъриху фарханги халки рус ва мардумони дигари олам, аз таъриху фарханги мардуми мо хам вукуфи тамом дорад, ки киссаи мусаннади таърихии «Хакими бузург» (1972,1980,        2011) ва

киссахои таърихии «Шарки Кухан» (1998) гувохи онанд.

АСАРХОИ МАЪРУФИ В.М. ВОСКОБОЙНИКОВ

  1. Ман ба таътил меравам. Киссаву хикояхо. – Ленинград, «Детская литература», 1966.
  2. Турнахои шахр (дар хамкаламии В. Арро). Кисса. – Ленинград, 1968.
  3. Зуртаринхои хавлй. Киссаву хиохо. – Ленинград, «Лениздат», 1969.
  4. Тирамохи дигар. Киссахо. – Ленинград, «Детская литература», 1969.
  5. Дафтари муковасурх. Кисса. – Ленинград, «Детская литература», 1971, 1975.
  6. Хакими бузург. Киссаи таърихй дар бораи Ибни Сино. – Маскав, «Молодая гвардия», 1972, 1980, 2011.
  7. Давом дорад. Киссахо. – Ленинград, 1973.
  8. Офтоби сари рох. Кисса.- Ленинград, 1973.
  9. Вакте ки боз мактаб меравам. Кисса.- Ленинград, 1974.
  10. Даъвати Артика. Киссаи таърихй. – Маскав, «Молодая гвардия», 1975.
  11. Сайругашти пагохирузй. Кисса. – Ленинград, «Детская литература», 1976. Дар Япония тарчумаву чоп шудааст.
  12. Субх бахайр, Чукотка! Кисса. Ленинград, 1977.
  13. Василий Василевич. Киссаи хуччатй. Ленинград, 1978.
  14. Кирилл ва Мефодий. Киссаи таърихй. – Маскав, «Молодая гвардия», 1979.
  15. Чаираи Бешамол. Кисса. – Ленинград, «Детская литература», 1981. Дар Япония се маротиба тарчумаву чоп шудааст.
  16. Зангулахои бомдодй. Романи таърихй. – Ленинград, «Детская литература», 1983, Дар Литва, Украина ва Тотористон хам тарчумаву чоп шудааст.
  1. Нухсад рузи часорат. Хиохо дар бораи мухосираи Ленинград. – Маскав, «Малыш» 1984, 1985, 1986, 1969. Дар Украина хам тарчумаву чоп шудааст (ба теъдоди 3 млн нусха).
  2. Духтараку писараку саг. Киссахо. – Ленинград, «Детская литература», 1988. Соли 1989 бо Дипломи ифтихории Озмуни умумииттифокии бехтарин китоби кудак мукофотонида шудааст.
  3. Николайи Муъчизакор, мукарраби Худо. Киссаи таърихи. – Санкт-Петербург, «Лицей», 1993.
  4. Князи Бузург Владимир, баробарапостоли мукаддас. Киссаи таърихи. – Санкт-Петербург, «Лицей», 1994.
  5. Баробарапостолони мукаддас – бародарон Кириллу Мефодий. Киссаи таърихи. – Ленинград, «Лицей», 1994.
  6. Киссаи Зигфриди бебок ва нибелун гони тавоно. Романи хамоси. – Маскав, «Терра», 1996.
  7. Гилгамеши диловар. Романи таърихи. – Маскав, «Терра», 1997. Дар руйхати журнали «Книжное обозрение» ба гурухи «Бехтарини бехтаринхо» ворид шудааст.
  8. Рузгори бачагони номдор. Хиохо дар бораи бачагии афроди бузург. – Санкт-Петербург, «Образова- ние-Культура», 1997, 1998, 1999. Дар Озмуни умуми- русиявии «Арлиада – 1998» сазовори мукофот гардида- аст. Хамчунин, шарафёби Дипломи ифтихории байнал- халкии ба номи Х.К. Андерсен гардонида шудааст.
  9. Шарки Кухан. Киссахои таърихи. – Санкт- Петербург, «Респекс», 1998.
  10. Шамшери Довмонт. Романи таърихи. – Санкт- Петербург – Маскав, «Азбука-Терра», 1998.
  11. Китоби киссахои таърихи. Киссахо дар бораи пешвоёни дини православи. – Санкт-Петербург, «Золотой век», 1999, 2003.
  12. Библияи мусаввар барои кироати оилави. Бо хидояти Патриархи Мукаддаси Маскав ва Саросари Рус Алексийи Дувум интишор ёфтааст. – Санкт- Петербург, «Золотой век», 2003. Дар Намоишгохи байналхалкии китоби «Форуми Нева» (2003) сазовори мукофоти оли гурдидааст.
  13. Таърихномаи мусаввар барои бачагон. – Санкт-Петербург, «Золотой век», 2003 (якчанд тираж интишор ёфтааст).
  14. Серафим Соровский. Киссаи таърихи. – Маскав, «Росмэн», 2003.
  15. Хафт муъчизаи олам. Атласи мусаввар. – Маскав, «Оникс-21 век», 2005.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222