Главная / Илм / Носири Хисрав

Носири Хисрав

1004-1088) мутафаккири бузурги
точик буда, дар шахри Кабодиён, ки дар _чанубии Точики-
стон мавкеъ дорад, ба дунё омадааст. У дар солхои 30-
юми асри XI ба сифати шоир ва олими забардасти замон
ном баровард. Носири Хисрав тахти таъсири пайравони
исмоилия ба ин мазхаб майл пайдо карда буд. Исмоилиён
як шохаи машхуру маъмули шииён дар асрхои Х1-Х11 бу-
данд. У ба исмоилиён аз он ру эътикод дошт, ки онхо ба
ривочи илму дониш диккат медоданд ва тарафдори озод-
фикри буданд. Хамин тавр, Носири Хисрав унвони
«Хуччат»-ро гирифт ва пешбарандаю таргибкунандаи
мафкураи ин чараён гашт.

Мероси адабии Носири Хисравро чанд намгуи
асархои ахлокию фалсафи, девони ашъор ва китоби
насрии «Сафарнома» дар бар мегирад. Асархои ахлокию
фалсафии у «Зод-ул-мусофирин», «Вачхи дин», «Саодат-
нома» ва «Рушноинома»-анд.Мувофики мазмун ва мунда-
ричаи осори Н. Хисрав, у масъалаи асосии фалсафаро аз
мавкеи идеализм хал намудааст. Яъне, рух пеш аз хама
вучуд дорад ва сипас материя. У вобастагии субстансияи
чисмро аз худо таъкид менамуд. Дар ин кисмат чонибдори
Афлотун буд. Дар назариёти Носири Хисрав инчунин
унсурхои материализми соддалавхонаро низ мушохида
кардан мумкин аст. Олами вокеи конунхои худро дорад ва
инсон бошад кувваи дигаргунсози он аст. Носири Хисрав
масъалаи муносибати рух ва чисмро бисёр хуб хал наму-
дааст. У чонибдори таълимоти Арасту ва Ибни Сино дар
мавриди ин масъала буд ва аз ин ру, мавчудияти рухро
дар мавчудияти чисм медид. Ба андешаи Носири Хисрав,
рух се шакли зухуротро дорад: минерали, растани, хай-
вони ва одами. Фаркияти онхоро дар кувваи хаёти ва
кобилияташон мушохида кардан мумкин аст. Дар ба-
робари чунин андешахои пешкадам, у дар нихоят дар
«Зод-ул-мусофирин» ба чунин хулоса меояд: он чизе, ки
мувофики табиаташ вучуд дорад, намемирад ва нест
намешавад. Пас, рух баъди нест шудани чисм боки мемо-
над ва вучуд дорад. Ин фахмиши идеалистии психикаро
ифода менамуд.

Носири Хисрав психикаи инсонро як навъи махсуси
рухи хайвон медонист. Он чизе, ки дар хайвон аст, дар ин-
сон низ хаст, вале дар инсон боз чизе хаст, ки дар хайвон
нест ва ин нутку акл аст. Мувофики акидаи у, инсон хар
гуна олотеро барои ба даст овардани гизо меофарад ва
бахри ин донишхои худашро истифода мебарад.

Назарияи маърифат дар осори Носири Хисрав
кисмати мухими андешахои психологии у аст. У хамчун
пайрави Ибни Сино, масъалаи протсессхои маърифатиро
ба таври материалисти хал намудааст. Носири Хисрав
кайд мекунад, ки сарчашмаи дониш на аклу хирад, балки
эхсос аст, ки он туфайли узвхои хисси ба амал меояд. Му-
тафаккир дар китоби худ «Зод-ул-мусофирин» таъкид ме-
намояд, ки «эхсос-ин накш, образи аники чизхои беруни
буда, аммо худи чизхо намебошанд». Носири Хисрав
накши хисро дар маърифати хакикати вокеи махсус кайд
менамуд. Хар як узви хис, ба андешаи у, вазифаи муайяни
маърифатиро адо менамояд. Узви хисси шунавои ва бинои
бояд чунин хосиятхои ашёро дониста гиранд: садо, шакл,
андоза, ранг ва гайра. Идрок, аз назари Носири Хисрав,
ин инъикоси таъсироти олами беруна буда, тавассути он
образи ашё дар шакли яклухт дарк карда мешавад.

Носири Хисрав дар «Девони ашъор»-аш ба тахкики
масъалаи тасаввурот, хаёл ва хотир таваччух зохир наму-
да, кайд менамояд, ки тасаввурот – ин образи ашёи вокеи
буда, худи он дар айни замон дар назди инсон вучуд надо-
рад. Хаёл бошад яке аз кобилиятхои рухи инсон аст. Та-
вассути хотир маълумотхои зарури нигох дошта ва гуза-
ронида мешавад. Носири Хисрав чор шарти бахотирги-
риро чудо намудааст: а) мавчудияти максадгузории муа-
йян барои бахотиргири; б) маводи дидаву шунидаро бояд
бо диккат ва бо хиссиёти баланд аз худ намуд; в) маводро

 

гох-гох бояд худ ба худ такрор кард; г) агар инсон мавод-
ро ба таври чидди аз худ намояд, он гох онро тез фаромуш
намекунад. Андешахои зикршудаи Носири Хисрав доир
ба хотир ба принсипхои хозираи бахотиргири мувофикат
мекунанд. У назариёти пешгузаштагони худро (Рудаки,
Фирдавси, Ибни Сино ва дигарон) давом дода, ба коби-
лиятхои акли инсон бовари зохир менамояд. Аз ин ру,
накши мухимро дар рафти маърифат ба аклу хирад нисбат
медихад.

Носири Хисрав тафаккурро воситаи мухими дониста
гирифтани ходисахое медонад, ки худуд надоранд. У яго-
нагии тафаккурро бо нутк кайд менамояд. Бинобар ин
навиштааст, ки дониста гирифтани ашё, фахмидани он,
дастрас намудани он ба эхсос ва акл танхо туфайли нутк
хосил мешавад.

Мутафаккир дар чунин акида аст, ки донишхои мо-
дарзоди вучуд надоранд. Онхо дар асоси тачрибаи хаёти
ба даст оварда мешаванд. Аз ин ру, илму донишро бояд
дуст дошт ва омухт. Шахсе, ки хохиши аз худ кардани
илмро дорад, бояд дар ин пайраха устувору захматкаш ва
максаду мароми олиро дошта бошад. Илм ва дониш, ба
кавли Носири Хисрав, бартарафкунандаи хар гуна муш-
килоту муаммо аст. У мегуяд:

Чамоли мардуми дар хилм бошад,

Камоли одами дар илм бошад.

Мулохизахои ахамиятбахши Носири Хисрав дар
асархои ахлокии у «Рушноинома» ва «Саодатнома» чой
дода шудаанд, ки дар ташаккули психологияи инсон сахм-
гир шуда метавонанд. У зери тарбияи шахс ташаккули чу-
нин сифатхои мусбатро дар кудакон мефахмид: хоксори,
мехрубони, росткавли, мехнатдусти, ягонагии фикру амал,
бовари ба кувваю иродаи худ ва гайра. Мутафаккир
хамаи ин сифатхоро дар рафти ташаккули шахс на чудо-
гона, балки дар шакли тому ягона дида мебарояд. Шахс
ин сифатхоро тадричан сохиб мешавад – аввал бо рохи
168

 

тарбияи оилави, сипас дар синни балогат, дар рафти
фаъолияти хаёти ва ё туфайли худтарбиякуни. Дар ин бо-
бат боз махсус ишора мекунад, ки дар тарбияи кудак хам
накши падар ва хам модар, обрую эътибори онхо бузург
аст. Дар китоби худ «Рушноинома» меоварад: «Кудаконро
на табиат, балки тарзи хаёти онхо, мухит бадахлок меку-
над», ё худ мефармояд:

Бипархез, эй бародар, аз лаимон,
Бино кун хона дар куи хакимон.
Зи некон нек боши в-аз хасон хас,
Зи дунон дун шавию аз касон кас.
Бувад бо зиракон зиндон гулистон,
Чу зиндон аст бо ноакл бустон.

Тарбияи мехнати аз масъалахои асосии ашъори Но-
сири Хисрав ба хисоб меравад. У мехнатро сарчашмаи
кадру кимати инсон, маънавиёт, хушбахти ва омили
мухими ташаккули шахс донистааст. Аз ин ру, мехнати
пурфайз мояи хаёт ва шахси мехнаткаш ифтихори баша-
рият хохад буд. Ба ин маъни мегуяд:

Калиди ризку кисмат сахт дар мушт,
Чароги дилафрузи дар дах ангушт.

Хулоса, Носири Хисрав хамчун олими равшанфикр
ва мутафаккири хакикатнигор инсонро ба худогохи та-
швик мекунад. Андешахои психологии Носири Хисрав
дар ташаккули хамачонибаи шахсияти инсон ва умуман,
инкишофи психики насли наврас ахамиятбахшанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222