Главная / Илм / Нузули вахй

Нузули вахй

Зиндагии Паёмбар (с) хамрохи Хадича бо хушбахти ва саодат сипари мешуд ва хар чи Паёмбар (с) ба синни чихилсолаги наздиктар мешуд, вежагихои рухи ва ахлокии у таракки меёфт ва мутаъолитар мегардид. Паёмбар (с) хар сол мохи Рамазонро дар гори Хиро, ки дар кухи Нур вокеъ шуда буд, сипари менамуд. Аммо дар ин сол Паёмбар (с) бо гори Хиро унсу улфати бештаре пайдо намуда буд ва рухи Паёмбар (с) ба гунае мутаъоли шуда буд, ки хобхои содиконаро мушохида менамуд ва хар чи дар хоб медид, ба вукуъ мепайваст.
Оре, Худованд ирода карда буд, то лутфи бенихояти худашро машмули чахониён созад ва Паёмбар (с)-ро “Хотамуланбиё” карор дихад ва динро ба василаи у комил гардонад.
Паёмбар (с) дар яке аз рузхо, ки барои розу ниёз ба гор Хиро рафта буд, бо шахсе ру ба ру гардид, ки харгиз уро надида буд ва он шахс Чабраил (а) буд. Дар ин руз хомили як паёми бисёр бузургу навидбахш барои Паёмбар (с) буд. Он паём чунин буд: “Эй Мухаммад, башорат ва мужда бод туро, ки ман Чабраил хастам ва ту Паёмбари Худо ба суи ин уммат хасти”. Онгох Чабраил (а) ба Паёмбар (с) гуфт: “Икраъ” (бихон). Паёмбар (с) дар чавоб фармуд: “Мо ана бикориъин” (Ман хонданро намедонам). Чабраил (а) Паёмбар (с)-ро бисёр фишор доду он гох гуфт:
“Бихон ба номи Парвардигорат, ки хамаи чахонро офаридаст. Инсонро аз хуни баста офаридаст. Бихон ва Парвардигори ту бузургвортар ва бахшандатар аст аз он чи ту мепиндори. Хамон Худованде, ки ба василаи калам инсонро таълим дод ва ба у чизхое омухт, ки намедонист”.
Паёмбар (с) баъди нузули ин оятхо, бо холати пур аз тарсу харос гори Хироро тарк карду ба суйи хона шитофт. Аз шиддати ларзу тарс ба хамсари мехрубонаш Хадича (р) гуфт: “Маро бипушонед, маро бипушонед”. Хадича (р) Паёмбар (с)-ро пушонид ва сабаби ба вучуд омадани тарсу ларз дар вучуди уро чуё шуд. Баъд аз ин ки тарсу ларзи Паёмбар (с) бартараф шуд, мочароро барои Хадича (р) баён кард. Ин чо суоле пеш меояд, ки чаро Паёмбар (с) дучори тарсу харос гардид? Чавоб ин аст, ки хамон тавре ки хазрати Мусо вакте тачаллии азамати илохиро бар кух диду бехуш шуд ва аз шиддати хавфи Илохи тоб наёвард, ин масъала дар мавриди Паёмбар (с) низ содик аст, чунки Паёмбар (с) аз кабл омодагии ин мавзуъро надошт ва интизор надошт, ки рузе бо падидаи бузурге ба номи “вахй” ру ба ру хохад шуду бори сангину хатири нубувват бар души у вогузор хохад гардид.
Азбаски хамсари мехрубони Паёмбар (с) аз шахсияти волои эшон бохабар буд ва медонист, ки ин башорати азим барои эшон аст, ба Паёмбар (с) гуфт: “Аз он чое ки шумо дар гуфтору кирдори худ содик хастед ва хакки хешовандону заифонро ба чой меоваред, Худо шуморо азият нахохад кард”.
Хадича (р) баъд аз он Паёмбар (с)-ро назди амакаш Варака ибни Навфал бурд ва мочароро барояш накл кард. Варака чун маълумоте аз китобхои гузаштагон ва анбиёи илохи дошт, ба Паёмбар (с) гуфт: “Ин хамон фариштаест, ки Худованд уро ба суйи Мусо (а) фиристодааст. Яъни у Чабраили амин, вахйовари Илохи аст ва кавми ту хамон мушкилот ва азиятхоеро барои ту эчод хоханд кард, ки барои паёмбарони пеш аз ту эчод карданд ва туро аз шахри худ (Макка) берун хоханд кард”.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222