Главная / Илм / Одоб ва суннатхои рузи ид

Одоб ва суннатхои рузи ид

Рузхои ид рузхои покизагию озодаги, шодмониву фарогат ва анчо-
ми амалхои башардустона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусулмон дар
он руз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрхои ахлоки шаръиро
риоя намояд.
1. Дар рузхои ид корхои зерин суннат мебошанд: 1. Гусл намудан,
2. мисвок кардан, 3. бехтарин либосхои худро пушидан, 4. атру хуш-
буи задан, 5. субх барвакт аз хоб бархестан, 6. ба идгох зуд рафтан, 7.
дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгох бо чизе дахон ширин наму-
дан, 8. закот (садака)-и Фитрро пеш аз намоз пардохтан, 9. дар
иди Курбон хурданро то адои намоз ба таъхир гузоштан ва агар кур-
бонй дошта бошанд, аз он хурдан. 10. намози идро дар идгох хон-
дан, 11. аз рохе ба намозгох рафта ва аз рохи дигаре баргаштан, 12.
пиёда ба намозгох рафтан, 13. дар рох рузи иди Фитр такбирро охиста
гуфтан, 14. дар рузи иди Кубон такбирро баланд гуфтан.
2. Дар идгох гузоридани намози дигаре пеш ё баъд аз намози ид
макрух аст.
3. Барои касоне, ки намози ид бар онхо вочиб нест, низ пеш аз
баргузор шудани намози ид хондани намози нафл макрух аст.
4. Намози идро дар чандин масчиди шахр баргузор намудан чо-
из аст.
5. Касе, ки ба чамоат нарасад, наметавонад намози идро танхо би-
гузорад. Хамчунин, агар намози намозгузоре аз ахли чамоат фосид гар-
дад, наметавонад онро казо ба чой оварад, зеро намози ид казо надо-
рад, аммо агар чанд нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо хам
чамоати дигаре барпо намоянд ва намози идро бо хам бигузоранд.
6. Шахсе пас аз фориг шудани имом аз такбироти ракъати якум ба
чамоат пайваст, агар имом дар холи киём бошад, баъд аз ният кардан
фавран такбиротро бигуяд, агарчи имом машгули кироат бошад.
Агар имомро дар рукуъ дарёбад, дар сурате ки гумони олибаш ин
бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукуъ ба имом би-
расад, такбиротро фавран баъд аз ният бигуяд ва ба рукуъ равад.
Вале агар олиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани так-
бирот наметавонад дар рукуъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукуъ
равад ва дар рукуъ ба чои тасбехоти рукуъ, такбиротро бигуяд. Агар
пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукуъ баланд шавад, у низ
хамрохи имом баланд шавад ва бакияи такбирот аз вай муъоф
(сокит) аст.
7. Агар касе пас аз хондани як ракъат ба чамоат пайваст, дар вак-
ти ба чой овардани ин ракъат аввал кироат намояд ва баъд такбирот-
ро бигуяд.
8. Агар имом гуфтани такбиротро фаромуш кунад ва ба рукуъ ра-
вад, дар рукуъ такбиротро бигуяд ва ба киём барнагардад. Агар бар-
гашт ва такбиротро гуфт, низ намоз чоиз мешавад ва дар хар ду сурат,
аз сабаби издихом сачдаи сахв вочиб намешавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222