Главная / Илм / Офтобпарастй дар Миср

Офтобпарастй дар Миср

Ин чо мо аввалин мазхари офтобпарастиро мебинем. Ибодати Офтоб дар Мисри бостони хее ривоч доштааст. Хорисро набояд ягона худои офтоб донист. Мардуми Миср ба хуби медонистанд, ки рушд ва нумуи наботот ва фаровонии галлт то чи хад ба партави нури хуршеди чахонтоб вобастаги дорад. Аз ин ру, аз ибтидо мисриён харорат ва нурро мепарастиданд.

oftobparastiМаъруфтарин худо дар Мисри бостои Ра (ё Ре) худои Офтоб буд. Аммо рамзи Офтоб назди мисриён гуногун аст. Мисриён офтобро ба шакли парранда (масалан дар Хорис), ки дар киёфаи бози баландпарвоз бо канотхои кушода ва низ ба шакли хашара-кунгуз ё гамбусаки ахлотхор тасаввур мекарданд, ки онро Сакараб гуянд. Ва ин хашаротро дар тамоми Миср мухтарам мешумориданд. Ин чо шояд раванди тахаввули оини тотемисти ё худ зухури бокимондахои онро дармеёбем. Мисриёни кишоварз байни амали гамбусаки ахлотхор- Сакараб, яъне хамон холати ахлотеро, ки дар он тухм мондааст ва ба сарбардошта дар мазраъа ин су он су чархидан ва гулулаи сохтаи уро бо харакати курси Офтоб шабохате медодаанд.

Аз ин ру, онхо дар осмон низ чунин хашараи фалаки тасаввур мекарданд, ки Офтоб-гулулаи он ва он худ кувваи мухаррики Офтоб аст. Ва он хашараи осмониро Хапрер ном дода ва эхтироми куддуси бар он коил буданд. Дар хазораи 2600 – 2200 к.м. парастиши Офтоб хамчун мазхари кудрати шохон ва салотини руи замин шинохта мешавад. Фиръавни Миср ба лакаби «Фарзанди Ра» ё писари Офтоб маъруф шуд ва ахромхо (пирамидахо)ро барамзе аз шуълаи Офтоб дар хар гушаи ин кишвар бино карданд.

Баъдтар худои Офтоб «Ра»-ро бо номи Амон (ё Амун) мураккаб кардаанд. Хамин тавр, худои Амон-Ра ба вучуд омад ва маъбаде барои у дар ш. Карнок бино карданд. Аз Амон-Ра ду фарзанд: Мут ва Хунсу ба вучуд омаданд.

Асотир ва номхои худоёни зиёди мисри азбаски замони тахаввули тулониро тай кардаанд, дар ин ё он давра тагир кардаанд. Чунон ки каблан зикр шуд, аз лабони Ра худоён берун омадаанд. Дар тасаввурот ва андешахои асотирию динии мисриён мо аввалин намунаи пайдоиши анчумани худоёнро мебинем, ки зиннае ба суи ташаккули худошиносии тавхиди аст. Дар ин чо Амон Ра дорои фарзандон аст.

Нахуст писари у Шу дар шакли инсоне, ки ба замин такя зада осмонро бо ду даст доштааст ва духтараш Тефтун -худои руди Нил ва рутубат. Шу ва Тефтун бо хам хонадор шудан ва ба худои Ра ду набера Чеб ва Нут-ро ба бор оварданд. Чеб худои замин ва Нут олихаи осмон гардид., вайро дар шакли шери зард тасвир мекарданд. Дар ибтидо онхо аз хам чудо набуданд. Вале баъд чун Чеб бо хохараш, ки вай хар сахар фарзандонашро мехурд, даъво мекарданд, Шу онхоро аз хам чудо кард. Чеб дар холати уфуки хобида монд, Нут ба боло бардошта шуд. Чебро хобида бо точ бар сар ва тани бо рустанихо пушида ва Нутро «зояндаи худоён», «модари бузурги ситорахо» ситорапуш тасвир мекарданд, хар руз у фарзандони худро фуру мебарад ва боз мезояд. Танхо ба чор нафар аз фарзандонаш имкони фирор аз ин такдири мудхиш муяссар мешавад. Онхо ду бародарон- Осирус ва Сет ва ду хохар- Исидда ва Нефтида буданд.

Хамин тавр мачмуи худоёнинухгона – эннеада ба вучуд омад.

Онхо:

  1. – «Раъ» ё «Ра» – мазхари хуршед.
  2. – «Шу ё Су» – мазхари хаво
  3. – «Тефнут» – мазхари хало ва нести
  4. – «Чеб» – худои замин
  5. – «Нут» – олихаи осмон
  6. – «Осирис» – ё худ Азирис – Худои Нил
  7. – «Изис» – худои замини хосилхез
  8. – «Сит» – худои сахро
  9. – «Нифтис» – худои замини нокорам

Тибки тасаввуроти мисриён хамаи худоён ва аносири табиат аз дахани «Ра» берун омадаанд. Аз ин ру «Ра» худои бузург буд.

Дар Миср кохинон накши зиёде дар хаёти сиёсию ичтимоии он доштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222