Сардор Рахдор дар “Орзуи модар” талоши як духтареро ба калам кашидааст, ки новобаста ба хурди ва хама мушкилихо бо писарбачахо ба кух мебарояд ва барои модари бемор сиёхалаф ва занбуруг меорад, то хаваси модар шиканад. Ин кушиш ва талоши духтар бори дигар исбот мекунад, ки новобаста ба чинс фарзанди хуб дар хама холат метавонад ба падару модар хидмат кунад ва дуои неки онхоро бигирад.
Хикоя
Бахори имсола барвакт ва хеле серборон омад. Дашту ёлаву куху дара сарсабзу хуррам шуд. Калонсолон мегуфтанд, ки имсол соли занбуругу алаф ва гандуму мева аст.
Бачахо ба кувдоману дарахо рафта занбуругу торон, сияхалафу чукри меоварданд. Модарон хар замон занбуругбирён мекарданду сиёхалаф мепухтанд.
Модари Саида бемор буд, хаваси ин хурокхоро мекард. Ба кух танхо писарбачахо барои занбуруини мерафтанд. Модари Саида ду духтар дошт. Ба духтархо ичозати ба кух рафтан намедод.
Як бегох у сарро аз болишт бардошта бо овози аламнок гуфт:
– Кош сохиби писаре мебудаму ба кух рафта, занбуругу сияхалафу чукри меовард.
Саида ин суханони модарро шунида афсус хурд, ки писар таваллуд нашудааст. То нисфи шаб хобаш набурд. Орзуи кухрави лахзае хам уро ором нагузошт.
Вай субхи барвакт хохараш Ситораро бедор карда охиста гуфт:
– Ман ба кух меравам. Ту аз назди модарам дур нарав ва ба кух рафтанамро хам нагуй.
– Ту танхо ба кух нарав! Занбуругзор хеле дур аст. Агар падарам пурсанд, чи гуям? – пурсид Ситора.
– Ман танхо намеравам, то омадани падарам бармегар- дам, – гуфт Саида ва нону зардолу гирифту аз дарвозаи хавли баромад.
Саида медонист, ки хамсинфонаш Акрам, Наим ва Зафар имруз ба кух мераванд. Чун онхо суйи кух равон шуданд, аз паси онхо равон гардид.
Чурахо то даромадгохи дара омадани Саидаро пай набурданд.
Вакте ки уро диданд, ба кафо баргардонидани Саида аллакай дер шуда буд. Бачахо хайрон монданд:
– Ту чаро бе маслихат чунин рафтор карди? – гуфт Акрам, – охир ба кух баромадан барои ту хатарнок аст.
– Ман мехохам барои модарам сиёхалаф чида барам. Модарам бисёр мехохад, ки барояшон шавлаи сиёхалаф тайёр намоям. Илтимос, маро хамрох гиред, – илтичо кард Саида.
– Ман рози, – гуфт Наим.
Зафар хам рози шуд.
– Хайр, модоме ки аз пасамон омади, акнун хамрохи мо мерави, – гуфт Акрам.
Рох мушкил буд. Аз чанд руду чари гузаштанд. Саида хам ба мушкилихо нигох накарда, аз оби сард гузашт.
– Монда нашуди? – ба Саида ру оварда гуфт Акрам.
– Не, – гуфт Саида, аммо дар асл хеле хаста шуда буд. “Дар хакикат кухбарои кори мушкил будааст”, аз дил гузаронд у, вале орзуи писар доштани модар хар замон дар гушаш садо медод.
Онхо ба доманакухе расиданд, ки пур аз занбуруг буд. Саида бори аввал бо чашми худ занбуругхои сап-сафеди тару тозаро медид, ки мисли донахои шатранч атрофи сангхо ва лаби чуйхо руида буданд.
– Торону сиёхалаф дар кучо? – пурсид Саида.
– Аз ин чо занбуруг мечинем, поёнтар мефуроему сиёха- лафу торон мечинем, – гуфт Зафар.
Саида бо шавк занбуругхоро чида, ба борхалтааш меандохт. Пеши назар чехраи модараш буд, ки занбуругхоро дида, хурсанд мешавад.
– Занбуругхоро дар борхалтаат бисёр нагир. Барои сиёхалафу торон хам чой монад, – гуфтани Акрам уро ба худ овард.
Баъди чидани занбуруг сари чашмае тановул намуда, ба чустучуйи торону сиёхалаф рафтанд.
Саида барои модараш бештар сиёхалаф чида, чанд дона торон хам гирифт.
– Хаво гарм нашуда баргаштан лозим, – гуфт Акрам.
– Мо омода, – гуфтанд хамрохон.
– Ин тавр бошад рафтем, – гуфта рохбалад шуд Акрам.
Гарчанде рох мушкил бошад хам, хурсанд намудани мо- дараш ба дили Саида куввату шоди мебахшид.
Саида ба хона расида тозон назди модар омад.
– Кучо буди, ки ин кадар хастаи? – пурсид модар.
– Хаста нестам. Медонед, модарчон, ман як гунох кар- дам, – гунахгорона гуфт Саида.
– Чи хел гунох?
– Ман, аз Шумо напурсида, хамрохи хамсинфонам ба кух рафтам, – сарашро хам карда гуфт Саида.
– Кори хуб накарди, – чидди чавоб дод модар.
– Модарчон, барои чидани сиёхалаф рафтам. Бобоям гуфтанд, ки сиёхалаф барои шифои модарат зарур аст. Модарчон, маро бубахшед, дигар такрор намекунам, – гуфт Саида.
– Э, ширинаки ман. Захмат кашиди. Рохи дуру дарози хатарнокро тай намуди. Бо бахонаи занбуруини манзарахои диёри бихиштосоямонро диди, – Саидаро аз хичолат бароварда гуфт модар.
– Бале. Манзарахои зебо, обхои мусаффо, хавои тоза доштааст кухсор, – чавоб дод Саида.
– Сайри табиат ба саломатии инсон манфиатовар аст. Тамошои табиат, обхои мусаффо, мевахои гуногун ба инсон неру мебахшанд, – гуфт модар.
– Акнун ман рошро омухтам. Шумо сихат шавед, хат- ман хамрох меравем, – хурсандона гуфт Саида.
– Албатта меравем. Имруз орзуи ман амали шуд, ман ме- хостам, ки шумо ба камол раседу самараи мехнати шуморо чашам. Аз рохи дуру хавфнок бароям рустанихои шифобахш оварди. Бо ин хел духтари нотарс дигар ман аз надоштани писар хасрат намекунам.
Аз шунидани ин суханхо Саида ба вачд омада, худро бе- ихтиёр ба оши модар партофт.
Очонсии ИМА оид ба Рушди байналмилали (USAID) ва Фонди Огохон барои дастгирии молиявиашон дар нашри ин китоб миннатдории худро изхор менамояд.
Китоби мазкур дар доираи лоихаи «Робитахои иктисоди ва ичтимои: сохтори молияви барои рушди сохахои гуногун дар Тодикистон» ба нашр расидааст.
Ба чоп 12. 09. 2019 идозат дода шуд.
Андозаи 60х84 1/8. Когази офсет. Чопи офсет.
Чзъи чопи 2, 5. Адади нашр 7900 нусха.
Супориши № 101/2019
Муассисаи нашриявии «Маориф»-иВазорати маориф ва илми Чумхурии Тодикистон,
734024, ш. Душанбе, чаи Ахмади Дониш, 50.
Тел.: 222-14-66
E-mail: najmiddin64@mail. ru
Дар матбааи ЧДММ «Офсет» ба табъ расидааст.