Баъд аз ин ки вахй бар Паёмбар (с) нозил шуд, бештари вакти худро барои тоату ибодат ва тафаккур дар оёту нишонахои у дар гори Хиро сипари менамуд. Аммо муддате гузашту хеч гуна ояти чадиде бар Паёмбар (с) нозил нагардид. Паёмбар (с) норохату гамгин буд, чун фикр мекард, ки Худованд уро танхо гузошгаст, аммо хар вакт чунин фикре ба суроги Паёмбар (с) меомад, Чабраил (а) бар Паёмбар (с) нозил мешуду мегуфт: “Ту расули Худои”.
Албатта агар муддате вахй бар Паёмбар (с) нозил нашуд, ба ин хотир буд, ки холати аввалини Паёмбар (с) хангоми нузули вахй, ки хамзамон бо тарсу ларз буд, бартараф шавад ва шавку иштиёки Паёмбар (с) барои дарёфти вахйи баъди бештар гардад. Ин буд, ки вакте шавку иштиёки Паёмбар (с) ба нихояти худ расида буд, Худованд ояти баъдиро бар Паёмбар (с) нозил кард. Оёти нозилшуда ин аст:
“Эй чома бар сар кашида, бархез ва мардумонро аз азоби Худованд битарсон. Ва танхо Парвардигори худро ба бузурги ёд кун. Ва чомаи хешро покиза дор. Ва аз чизхои касифу палид дури кун. Базлу бахшишро барои ин макун, ки афзунталаби куни. Барои хушнудии Парвардигорат шикебои кун”. (Сураи “Муддассир”, ояти 1 то 7).
Аз вакте ки оятхо бар Паёмбар (с) нозил шуд, масъулияти сангини эшон, ки таблигу инзори мардум буд, шуруъ шуд. Паёмбар (с) агар то кунун танхо ба тазкия ва таълиму тарбияти дарунии хеш мепардохт, аммо аз имруз бояд таблигу иршоди мардумро ба суйи Худо бар ухда гирад ва дар ростои даъвати онон ба суйи Парвардигор агар дучори ранчу захмате шавад, набояд норохату гамгин шавад, ба ин хотир Паёмбар (с) кори даъвату таблигро шуруъ намуд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …