Тахаввулоти бисёрасраи афкори мухталифи фалсафию ичтимои ва табиатшиноси дар охири асри XIX имконият фарохам овард, ошкор гардад. Хакикати психики чун предмети тадкикоти илми мувофики акидаи психолог ва таърихнигори рус М.Г.Ярошевский бар пояи панч самти инкишофи донишхои илми устувор аст.Самти аввал бо номи табиатшиносони немис Г.Ф.Гелмголтс, Э.Г.Вебер, Г.Т.Фехнер ва олими голланди Ф.Дондерс алокаманд аст. Онхо аввалин шуда дар тадкики эхсос, хассоси ва аксуламали организм усулхои тахлили экспериментали ва математикиро истифода намуданд. Махз дастовардхои ин олимон ба В.Вундт имконият доданд, ки аввалин озмоишгохи психологиро бунёд кунад. Самти дувум аз таълимоти тахаввулотии табиатшиноси англис Ч.Дарвин сарчашма мегирад, ки бо ошкор намудани конуниятхои умумии инкишофи хаёт, аз чумла дар фахмиши инкишофи таърихии психика навигарихои куллиро чори намуд. Самти сеюмро олими дигари англис Ф.Галтон асос гузошт. У соли 1884 аввалин лабораторияи антропометриро таъсис дод, ки яке аз максадхои он чамъоварии маълумоти омори дар бораи кобилиятхои одамон буд. Бо ин максад, олим бо 10 000 нафар одам тачриба гузаронид. Хамин тавр Галтон ба психология усулхои коркарди омориро ворид сохт, ки минбаъд дар омузиши масъалаи тафовути инфиродии байни дамон васеъ истифода бурда шуд. Самти чахорум аз омузиши психоневрозхо ва гипнотизм огоз ёфтааст. Дар ин самт Ч.Бред ва дигарон асосгузор буданд. Самти панчум аз чониби физиологи рус И.М.Сеченов (1829-1905) асос гузошта шудааст, ки ба акидахои рефлектори такя карда,системаи нави афкори психологиро ба миён овард. Дар асоси тахлили дастовардхои илми психологияи
муосир, илова ба самтхои муайяннамудаиМ.Г.Ярошевский, самти дигари инкишофи донишхои ил-
мии психологиро пешниход кардан мумкин аст, ки он хам бошад омузиши бешуури ва роху усулхои тахлили он аст.Ин самтро бо корхои психиатр ва психологи австрияги З.Фрейд (1856-1939) ва пайравони у алокаманд донистан мумкин аст. Яке аз самтхои асосии инкишофи психологияи илми донистани таълимоти З.Фрейд комилан одилонааст, зеро сахми олим дар инкишофи психология бе-
гуфтугу бузург буда, таълимоти у доир ба бешуури ва майлхои бешуурона ба халли доираи васеи масъалахои психологи мусоидат намуданд. Ин шаш самти инкишофи донишхои илми имконият
доданд, ки хакикати психики дар замони муосир ба предмети маърифати илми табдил ёбад. Дар заминаи ин психология аз мачмуи донишхои назарияви-фалсафи ба илми амали-экспериментали мубаддал гашт, ки предмети мушаххаси тадкикоти, методхо ва методологияи асосноки худро дорад. Пайдоиши психологияи илмиро бо таъсисёби ва фаъолияти озмоишгохи аввалини психологи алокаманд медонанд, ки соли 1879 дар шахри Лейбсиги Олмон бо ибтикори файласуф ва психологи немис Вилгелм Вундт (1832-1920) бунёд ёфтааст. Аммо сохтани асосхои илми ва коркарди масъалахои асосии худ психология дар асри XXшуруъ намудааст. Хамин тавр чуноне, ки психологи немис Г.Эббингауз (1850-1909) кайд мекунад «психология гузаштаи бой, вале таърихи нихоят кутох дорад». Бо вучуди илми чавон будан психология зуд инкишоф меёбад. Тараккиёти босуръати он дар давоми зиёда аз сад соли охир имконият дод, ки ин илм мавкеи худро дар системаиилмхо мустахкам намуда, предмет ва вазифахои худро муайян ва аник кунад. Методхои гуногуни тадкикотиро кор карда барояд. Айни замон психология дар байни се гурухи илмхо:
фалсафи, табиатшиноси ва илмхои ичтимои мавкеи мобайниро ишгол менамояд. Вазифахои мухими психология дар системаи донишхои илми аз он иборат аст, ки вай дар як дарачаи муайян дастовардхои як катор сохахои илмро тахлил намуда, бо ибораи психологи рус Б.Ф.Ломов (1927-1989) «интегратор», яъне якчоякунандаи тамоми он сохахои илми мебошад, ки объекти омузишашонро одам ташкил медихад.Робитаи психология бо улуми фалсафи решахои кадими дорад. Аввалин донишхои психологиро дар осорифайласуфон пайдо намудан мумкин аст. Худи психология то замони нав дар хайати фалсафа арзи хасти намудааст. Масъалахои мухими психологияи муосир низ аз масъалагузорихои фалсфа сарчашма мегиранд.Алокаи психология бо гурухи илмхои табиатшиноси низ хеле наздик ва зич аст. Махз ин алока ба психология имконият фарохам овард, ки хамчун илми тачрибави инкишоф ёбад. Истифодаи методи озмоиш, ки аз замони Г.Фехнер то имруз яке аз усулхои асосии тадкикоти психологи хисобида мешавад, натичаи ин иттиход мебошад. Хамчунин кайд кардан лозим аст, ки акидахои тахаввулотии Ч.Дарвин, назарияи рефлектории И.М.Сеченов ва таълимоти И.П.Павлов, ки дар доираи илмхои табиатшиноси инкишоф ёфтаанд, дар ташаккули илми психология сахми бузург гузоштаанд. Робитаи психология бо илмхои ичтимои ахамияти амалии онро ифода мекунад. Хаминро кайд кардан кифоя аст, ки психологияи муосир такрибан дар тамоми сохахои
хаёти ичтимои ба сифати илми амали истифода бурда мешавад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …