Главная / Илм / Паймони Хилфул-фузул (чавонмарди)

Паймони Хилфул-фузул (чавонмарди)

Паёмбар (с) чавоне бистсола шуда буд ва азбаски фитрати поку сиришти нек дошт, наметавонист зулму ситами дигаронро тахаммул намояд. Аз ин ру, дар паймонхое, ки ба хотири дифоъ аз хакку хукуки махрумон ва мазлумон баргузор мешуд, ширкат менамуд, ки яке аз ин гуна паймонхо паймони Хилфул-фузул (чавонмарди) аст.
Мочаро аз ин карор буд, ки марди точире аз кабилаи Зубайд матоъеро барои фуруш ба Макка овард. Матоъи уро фарде ба номи Ос ибни Воили Сахми харидори кард, аммо хакку хукук ва маблагеро, ки дар ивази матоъе, ки аз у харидори карда буд, напардохт. У барои гирифтани хакки худаш ба кабилахои хампаймони Ос ибни Воил шикоят кард, аммо касе ба доди у нарасид. Аз ин хотир марди точир болои кухи Абукубайс рафту аз дигарон такозои кумак намуд. Вакте ки Зубайр писари Абдулмутталиб, ки амаки Паёмбар (с) буд, такозои кумаки уро шунид, кабилахои Курайш, бани Хошим, бани Абдулмутталиб, Асад ибни Абдулъуззо, Зухра ибни Килоб ва Тайм ибни Мурраро чамъ намуд. Онон бо якдигар паймоне бастанд, ки аз хукуки мазлумин дифоъ кунанд ва ба афроди бекасу бенаво кумак кунанд. Ин паймон дар хонаи Абдуллох ибни Чудъон баста шуд, ки Паёмбар (с) низ дар он иштирок дошт ва аз ин паймон хамеша изхори ризоият менамуд, хатто баъд аз ин ки ба паёмбари мабъус шуданд, фармуданд: “Дар хонаи Абдуллох ибни Чудъон дар паймоне ширкат доштам, ки дуст надорам узвияти онро бо шутурони сурхмуйи фаровон иваз кунам ва агар дар даврони Ислом низ маро ба суйи чунин паймоне фаро хонанд, дар он ширкат хохам кард”.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222