Главная / Илм / Пайрави аз хадис ва мухолифат бо мазхаби ахли калом

Пайрави аз хадис ва мухолифат бо мазхаби ахли калом

Ибни Касир мегуяд, Имом Шофеъи мегуянд: «Агар бандае бо хар навъ гунох чуз ширк ба даргохи Худованд биёяд, бехтар аз ин аст, ки бо илми калом ба даргохи Худованд биёяд».
Хамчунин мегуяд: «Агар мардум медонистанд дар илми калом чи кадар афкори ботилу нодуруст ва хавову хавас вучуд дорад, хамон тавре ки аз шери даранда фирор мекунанд, аз илми калом хам фирор мекарданд».
Боз мегуяд: «Хукми ман дар бораи ахли калом ин аст, ки шаллок зада шаванд ва онхоро дар миёни кабоил бигардонанд ва эълон кунанд: «Ин чазои касе аст, ки Куръон ва суннати Расулуллох (с)-ро тарк карда, ба илми калом руй овардааст»».
Бувайти аз Имом Шофеъи накл мекунад, ки мегуфт: «Бо ахли хадис бошед, зеро рохи инхо аз хамаи роххо сахехтар аст».
Шофеъи мегуяд: «Хангоме ки яке аз ахли хадисро мебинам, гуё яке аз асхоби Расулуллохро дидаам. Худованд эшонро чазои хайр дихад, ки асл ва пояи динро барои мо хифз карда, бар мо миннат ниходаанд». Дар ин маврид ин шеърро сурудааст:
Куллул-ъулуми сивал-Куръони машгалатун,
Ал илму мо кона фихи кола хаддасано.
Иллал-хадиса ва иллал-фикха фид-дини,
Ва мо сиво зока васвосуш-шаётини.
Ибни Касир мегуяд: «Рабиъ ва бисёре аз шогирдони мумтози Имом мегуянд: «Имом Шофеъи дар баробари оёт ва аходисе, ки сифоти Худовандро баён мефармоянд, роху равиши салафро интихоб карда буданд. Яъне бидуни ташбех кардани Худованд ба касе аз бандагонаш ва на мушаххас кардани чигунагии он сифат ва на нафй кардани он сифат аз Худованд ва на таъбир кардан ба маъоние, ки мухолиф бо асли оёт ва аходис мебошад».
Ибни Хачар дар китоби «Таволит-таъсис» дар боби «Зикри он чи ки дар пайрави аз салаф дар эътикодот ва эхтиром гузоштан ба аходиси Паёмбар (с) накл шудааст» аз Имом Шофеъи накл мекунад, ки мегуяд: «Хар кас, ки бар асоси Куръон ва суннат сухан бигуяд, пас у бархак аст ва хар кас, ки аз гайри Куръон ва суннат сухан мегуяд, пас у хазаён мегуяд».
Имом Навави мегуяд: «Аз он чумла, ба кор бурдани саъйу кушиш дар ёри кардани хадиси Расулуллох (с) ва пайрави аз он, чамъоварии аходиси мутафовит дар мавриди як масъалаи хос ва бартараф кардани ихтилофот байни ин аходис ва ё чамъ кардан байни ин аходис бо махорати хоссе мебошад, то он чое, ки вакте ба Ирок омаданд, уро «Носирул-хадис» (ёридихандаи хадис) ном ниходанд. Уламо ва фукахои Хуросон ба пайровони Имом Шофеъи лакаби «Асхобул-хадис»-ро ниходаанд. Бо ин хол Имом Шофеъи ба хотири ин ки хеч башаре ихотаи комил бар улум надорад, чанбаи эхтиётро риоят карда, хамеша ба амал кардан ба хадиси сахех ва тарк кардани кавли вай тавсия мекунад, дар сурате, ки ин кавл ба хадиси сахех ва собит танокузе дошта бошад. Пайравони Имом Шофеъи дар баробари фатвохое, ки ба хадис мухолифанд, ба ин васият амал карда, хадисро бар кавли Имом Шофеъи мукаддам кардаанд».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222