Хамон тавре ки каблан гуфтем, Имом Шофеъи ба хотири пайравии шадид аз хадиси Расулуллох (с) ба «Носирул-хадис» мулаккаб гардид. Хамчунин ба хотири ин буд, ки Имом Шофеъи хар кавл ва ичтиходеро, ки бо хадис мухолиф буд, мардуд мешумурд ва хеч касро дар макоми мукоиса ба Расулуллох (с) намедид, то кавли у дар баробари хадиси Расулуллох (с) арзиш дошта бошад. Хангоме ки хадиси сахехе бо у мерасид, ки хукми он хадис мансух нашуда бошад, пайрави аз он хадисро лозим медонист ва ин аз суханон ва бахсхои Имом ошкор мебошад. Абдулмалик ибни Абдулхамид ибни Мехрон мегуяд: «Имом Ахмад ба ман гуфтанд: Чаро китобхои Имом Шофеъиро мутолиъа намекуни? Хеч кадом аз уламои муаллифин тобеътар аз Шофеъи ба хадис ва суннати Расулуллох (с) нест».
Ахмад ибни Ханбал мегуяд: «Бехтарин кори Имом Шофеъи ин буд, ки вакте ба хадисе, ки каблан нашунида буд, огохи меёфт, фавран дар асоси ин хадис фатво медод ва аз раъйи худ боз мегашт».
Имом Шофеъи мегуяд: «Хар кадом аз мо хадисе аз аходиси Расулуллох (с) барои у махфи мемонад, пас хар фатвое, ки бидихам ва ё коидаеро баён бикунам, ки хадиси Расулуллох (с) бо он мухолиф аст, пас кавл кавли Расулуллох (с) аст ва он хадис хам раъйи ман мебошад».
Рабиъ аз Шофеъи накл мекунад, ки хангоме ки дар китобам хилофи суннати Расулуллох (с)-ро ёфтед, пас аз суннати Расулуллох (с) пайрави кунед ва сухани маро тарк кунед. Аз у ин чумла машхур шудааст: «Изо саххал-хадису фахува мазхаби».
Ибни Хачар ин вокеаи зерро, ки далели пайрави ва илтизоми шадиди Имом Шофеъи ба хадис ва суннати Расулуллох (с) мебошад, накл мекунад: «Марде аз Шофеъи дар бораи масъалае суол кард, Имом чавоби уро дод, ки Расулуллох (с) инчунин мефармоянд. Он шахс гуфт: Оё ин фатвои ту хам хаст? Шофеъи гуфт: Инро бингар, оё дар либосам аломат ва нишонаи гайри мусалмонро мебини? Оё маро дар холе, ки аз калисо хорич мешавам, дидаи? Мегуям, ки Расулуллох (с) инчунин мефармоянд, боз мегуи, ки раъйи ту чист?».
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …