Главная / Илм / Пайравии Имом аз суннати Паёмбар (р) ва мухолифат кардан бо бидъат

Пайравии Имом аз суннати Паёмбар (р) ва мухолифат кардан бо бидъат

Аз Имом Молик (р) ривоят шудааст, ки у дар пайрави аз суннати Паёмбар (с) ва зиндагии сахоба хирси зиёд дошта, бо бидъат мухолифат ва карохияти шадид нишон медод ва бештари авкот ин шеърро мехондаанд:
«Ва хайру умурид-дини мо кона суннатан,
Ва шаррул-умирил-мухдасотул-бадоиъу».
Имом Шотиби дар китоби «Эътисом» аз Ибни Мочишун накл мекунад, ки Имом Молик мегуяд: «Касе, ки дар Ислом бидъате ба вучуд оварад ва он бидъатро неку бипиндорад, (бидъати хасана) ин шахс муътакид шуда, ки Паёмбар (с) дар адои рисолат хиёнат кардааст, дар холе ки Худованд мефармояд:
«Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту ъалайкум неъмати ва разиту лакумул-Ислома динан».
Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-Интикоъ» дар бораи ахли хавову хавас аз Имом Молик накл мекунад, ки гуфтанд: «Хеч ояте дар Куръон сахттар ва шадидтар бар ахли хавову хавас аз ин оят намебошад:
«Явма табяззу вучухун ва тасвадду вучухун»». «Фааммалазина-сваддат вучухухум акфартум баъда имоникум фазукул-азоба бимо кунтум такфурун».
Имом Молик гуфтанд: «Пас чи сухане возехтар аз ин оят аст ва мисдоки ин оятро бар ахли хавову хавас мебинам».
Ин вокеа низ аз Имом Молик машхур шудааст, ки шахсе аз у дар бораи ояти «Ар-Рахмону ъалал-аршиставо» суол кард, ки «истиво» чи гуна мебошад? Имом пас аз муддате сукут чавоб доданд: «Истиво маълум аст, аммо кайфият ва чигунагии он мачхул ва номаълум, суол кардан дар бораи истиво бидъат ва имон овардан ба он вочиб аст».
Ибнул–Араби аз Зубайр ибни Баккор накл мекунад, ки шахсе аз Имом Молик суол кард: Аз кучо эхром бибандам? Гуфтанд: Аз Зулхулайфа, чое, ки Расулуллох (с) эхром бастаанд. Он шахс бо исрор мегуфт, ки мехохам аз масчиди Паёмбар (с) эхром бибандам. Имом Молик гуфтанд: Ман нисбати ту аз фитна метарсам. Он шахс гуфт: Оё агар чандин мил зиёдтар эхром бибандам, дар он фитнае хаст? Имом гуфтанд: Чи фитнае бадтар аз ин аст, ки мепиндори? Мехохи фазилатеро анчом дихи, ки Расулуллох (с) онро анчом надодааст. Худованд мефармояд:
«Фаляхзариллазина юхолифуна ъан амрихи ан тусибахум фитнатун ав юсибахум азобун алим».

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222