«Агар куввахои бадан бар акл голиб оянд, мувозинати инкишофи табиату ниходи инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рух дар мувозинати аклу чисм аст. Агар чисм солим бошад, рух низ саломат аст».
Абуали ибни Сино
Эй азизам, бидон, ки зарари мучомаат[1] [2] ин аст:
- Аммо он чи мучомаатро зарар расонад аз таом, хар чи ба таъм шур бошад, зеро ки хар чи шур бувад, рутубати аслиро хушк гардонад. Чунончи, Абушайх Кушй дар «Мучиз» гуфта, ки:
- Чизи шур баданро хушк гардонад ва логар кунад ва дигар хар чизе, ки бетаъм бошад ва илтизоми[3] таоми бемаза кардан иштихоро сочит кунад ва кохили оварад ва дигар хар чизе, ки турш бошад, мардумро зуд пир гардонад.
Чунончи, устод гуфта:
Назм:
Тарики хакимона маслук[4] дор,
Зи туршй фаровон макун ихтиёр.
Ки пири ба зуди падид оядат,
Дамодам заифй падид оядат.
Аммо он чи Лукмони Хаким фарзанди худро манъ фармуда, амалест, ки мубошаратро[5] зиён дорад, нутфаро кам кунад ва чамии куввахоро заиф кунад:
Аввал: пешоб бисёр нигох, доштан; дувум: бисёр шаб бедор будан; савум: бисёр пиёда рафтан; чахорум: дар гармоба бисёр арак кардан; панчум: савории бисёр кардан; шашум: кори сахт бисёр кардан; хафтум: ба пахлу чимоъ кардан; хаштум: рост истода мубошарат кардан; нухум: турши бисёр хурдан; дахум: гуруснаги ва ташнагии бисёр кашидан; аз мазкурот, албатта, ичтиноб1 лозим аст.
Хикмат: Хакиме гуфта, ки:
- Хар ки баъд аз сухбати мубошарат ба чизи ширин хурдан одат кунад, асло заиф нашавад, хамчунон гулканд ва монанди инхост ва маъчуни[6] [7] бодом.
Маъчуноти Лукмони Хаким[8]
…Тамоми тандурустихо зи кай кардан бувад хосил, Ба хар мохе ду навбат кай бикун, дигар ту медони. Хамехохи зи ранче чумла танро карданат зоил, Зи маъчуни билодур[9] нафъ хохи ёфт чандоне, Барои сустии тан гар зи балгам* бошад, эй окил, Набошад бех зи маъчуни билодур хеч дармоне…
Сифати маъчунот аз барои рутубати аъзо ва тамоми бодхо ва иллатхои даруну берунро аз тамоми иллатхои сафровиву* савдови* ва аз балгам халоси дихад ва куввати бохро[10] зиёда кунад. Хар ки бо ин маъчунот одат кунад, марди пирро дар холати чавони оварад. Агар хохи, ки хамеша тандуруст боши, ин маъчунотро истеъмол кун.
Дорухои маъчунот ин аст:
Тухми зардак,1 тухми шалгам, тухми турб, тухми пиёз, пусти бехи кавар, тухми арча, лисон-ул-усфур,[11] [12] пудинаи бои мурч ва занчабил[13]: аз хар як кадре бо шарбати ширинии сафед се чандон маъчун кунанд ва хар сабох тановул намоянд, меъдаро кувват дихад, об рафтани дахонро боздорад, дилро соф кунад ва гармии пушт бияфзояд, баданро тавоно кунад, гурдаро гарм кунад ва аз савдову сафро ва аз балгам халоси ёбад.
ИКТИБОСХО ДАР ИЛОЧИ АМРОЗ[14]
«Боигарии одам тани сихат аст».
Хикмати халк
Агар касе дарди шикам дошта бошад, бояд ки санчидро чушонад, то гушту пусти он аз дона чудо шавад ва оби онро низ бихурад ва гушту пусти онро бихурад, аз дарди дарун халос шавад, аз таомхои бодангез ва аз оби сард пархез кунад, хафт руз оби гарм бихурад, шифо ёбад.
***
Аз барои сахтии шикам: санчидро чушонад, ки донаи у аз пуст чудо шавад ва оби уро бихурад ва маи (тилфи) уро ба болои сахтии шикам барбандад, шифо ёбад.
***
Агар касеро таом дар меъда карор нагирад, санчидро бо набот биёмезад ва бихурад, бех шавад ва чашмро равшан кунад ва димогро кувват дихад.
***
Агар касеро меъда чарохат шуда бошад, мисли дарди дил, сузиши дилу сипурз1 ва чигару руда ва мисли силу сулфа ва аз чарохати кулли даруни халос шавад, бояд ки тухми мургро ба об андохта, хамчунон чушонанд, ба адад чахорсад шуморида, аз даруни об гиранд, ба оби сард андозанд, дархол шикаста зарди ва сафедии уро хамрох карда, нимпухта гармогарм фуру барад, се руз ба нахор ба ин тарика амал кунад, аз иллати дарун ва берун халос шавад.
***
Назм:
Хар он кас, ки зи анчир мехурад бисёр,
Даруни синааш намонад зи балгам осор.
Даруни шир чун анчирро бичушони,
Бихур аз он, ки худ сулфаро чу биншони. [15] [16]
***
Агар хохи, ки куввати ту зиёда шавад ва рутубат аз бадани ту дур шавад, аз имсол то соли дигар тамоми аъзои ту аз иллат ва рутубат сихати ёбад, хеч давое ба микдори сир нофеъ нест.
***
Агар сирро об карда ба шири гов ба сабусаи сар бимоланд, сабусаро дафъ кунад ва муйро дароз кунад.
***
Дафъи сабусаи сар: ханзалро1 маъи[17] [18] захраи гов хилт карда, нахудоб ва сирко дар вай кунанд ва бар сар моланд, сабуса, хориш ва чунбандагон хамаро дафъ кунад.
***
Агар касеро бехи дандон суст шуда бошад, гули анорро куфта ва бехта, ба бехи дандон пахш карда хоб кунад, дафъ шавад.
***
Филфилро[19] куфта, хар сабох дар нахор бихурад, балгамро дафъ кунад.
***
Агар касе ду мискол шакар бо халилаи занги (сиёх,) ё заъфарон бихурад, бодхои мухталифро дафъ кунад.
***
Испурчи уфандро мурчи сиёх пошида, дар нахор бихурад, дарунаш биистад ва шифо ёбад.
***
Барои печиши шикам ва аз барои кулли дарди дарун: тухми турбро куфта ва бехта, бо хамрохии асал бихурад, аз печиши шикам халос шавад ва хам суддаро[20] ва хам сулфаро дур кунаду балгамро* дафъ кунад ва аз бисёр хурдан хориши бадан пайдо кунад ва хеч дору бехтар аз ин муфид нест.
***
Оби кашниз ба дарди сари сафрови* фоида дорад.
***
Зи тухми зардак агар ду сабох як мискол
Хамехури, равад омос аз шикам филхол.
***
Агар касе турбро бо намак бихурад, балгамро бибарад ва оби дахонро таскин дихад.
***
Куввати меъда:
Хар ки ба ношто турб хурад, балгамро бибарад ва меъдаро кувват дихад.
***
Дафъи санги масона1 ва сузок: агар чанд руз тухми турб бихурад, шифо ёбад.
***
Дафъи хоб: мурчи сиёх ва намак ва зардчуба хар серо баробар куфта ва пухта, чанд руз мутавотар[21] [22] бихурад, харгиз хоб наёяд.
Дар илочи бии дахон: хардал[23] ва филфил, вазни хар кадом баробар бар руйи забон гиранд то чанд маротиба, бех шавад. Агар бадбуйии дахон аз бод ё аз меъда бошад, лодаво гуфтаанд.
***
Илочи дарди меъда: агар аз сарди бошад, оруги турш ояд ва агар аз гарми бошад, таом зуд хазм нашавад, об бисёр хурад ва дилаш тапидан гирад, бояд, ки давои сарди хурад. Барои сардии меъда: окиркара, филфил бо ангубин се хафта хурад, шифо ёбад.
***
Давои баста шудани овоз: тухми турбро куфта, бо оби гарм силоба карда гаргара кунад, овози баста кушода гардад.
Навъи дигари гирифтани овоз аз гарми ва хушки бувад. Аломаташ: ба оби бисёр майл ва хушкии дахону дуруштии забон аст. Илочи у як чузве аз набот ва як чузве маскаи гов хар дуро бо якдигар хамрох карда ба ношто бихурад, аз баста шудани овоз халоси ёбад.
***
Гули сурх, набот, маи бодом ва кашнизро майда хаб кунад ва бихурад, сулфа дафъ шавад.
***
Хар ки испанддонаро об кашида, се руз ба нахор бихурад, шаш чихатро нафъ расонад: аввал: зики нафас; дувум, сулфа; севум: дарди сар; чахорум: рутубати бадан; панчум: балгам*; шашум: дарди гуш; хамаи инхоро нофеъ аст.
***
Хар ки рузона як мискол испанддонаро ба нахори бихурад, кушояд аз даруни вай чисмхои хикмат ва улум, ки сироят ба забон кунад ва аз хафтод илал махфуз монад.
[1] Аз мачмуаи «Одоб-ул-мубин»-и Гиёсуддин ибни Эшон Мирзиёуддин, Тошканд, соли 1326 (1908).
[2] Мучомаат – хамбистарии зану мард.
[3] Илтизом – лозим донистан.
[4] Маслук – чори, маъмул.
[5] Мубошарат – заношуй, чимоъ.
[6] Ичтиноб – пархез.
[7] Маъчун – омехтаи якчанд дорувор.
[8] Аз боби маъчуноти «Баёзи тибби» – и дастнавис (котиб ва санаи китобаташ номаълум).
[9] Билодур – номи омехтаи якчанд дору. * — Нигар ба шархи «Ахлоти чоргона».
[10] Бох – шахват.
[11] Зардак – сабзи.
[12] Лисон-ул-усфур – гиёхест, ки «забони гунчишк» гуянд; лочиндона.
[13] Занчабил – гармдору (имбир), дар Хиндустон руяд.
[14] Амроз – чамъи мараз; бемори.
[15] Сипурз – испурч.
[16] Дар асл бо хамин шаклу вазн.
[17] Ханзал – харбузаи ёбой (сагак).
[18] Маъ – бо.
[19] Филфил – мурч.
[20] Судда – гирех, монеа.
[21] Масона – шошадон.
[22] Мутавотар – паёпай.
[23] Хардал – испандон.