Провославия ё Калисохои Ортодокси Шарки бар- хилофи католикхо дорои як калисои маркази намебошад. Вай дар тули таърихи тахаввули худ ба 15 калисои автокефали (мустакил): калисохои Константиния (Костантинопол), Искандария, Антокия, Иерусалим, Руссия, Гурчия, Сербия, Руминия, Кибризия, Элладия, Албания, Булгори, Лахистон, Чехославакия, Амрико таксим шудааст.
Усули дини православи дар анчумани чахонии Нико (325) ва Константиния кабул карда шуда буд, ки сарчашмаи онро навиштачоти мукаддас- Библия ва суннатхои мукаддас ташкил мекунанд.
Православхо вахдат дар таслиси илохи, худои холик ва молики олам, хаёти пас аз марги, мукофот ва кайфарии пас аз марг, масехи начотбахш Эсои Масехро, ки имконияти начоти инсониятро додааст, кабул доранд.
Матни пурраи эътикодномаи мазкур чунин аст: «Мо ба Худои Вохид Падари кодири мутлаки хама чизхои дидани ва гайри дидани ва ба худованди вохиди Эсои Масех Писари Худо, ки аз Падар берун омада, фарзанди ягона ва мавлуд аз у, ки зоти Падар аст имон дорем. Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои хакики аз Худои х,ак,ики мавлуд аст на махлук, аз як Зот бо Падар, ки ба василаи У хама чиз вучуд ёфта. Он ки дар осмон аст ва барои хотири мо одамиён ва барои начоти мо нузул кард ва мучассам шуд ва инсоне гардид ва ранч бурд ва рузи савум бархост ва ба осмон сууд кард ва I бозХохад омад, то зиндагон ва мурдагонро доварй намояд» Инчунин чузви эътикоди мазхабии православхо бовари ба нахустгунох инсон мебошад.
Пайдоиши равияи православи ба асри 5 рост меояд.