Главная / Илм / Психология ва донишгохи психологи

Психология ва донишгохи психологи

Олами вокеи, ки аз ашёву ходисахо, набототу хайвонот, одамон ва муносибатхои байнионхо иборат аст, барои хамаи мо ошно ва хамчунин умумию ягона мебошад, зеро он хакикат аст, хакикате, ки моро ихота намудааст Дар баробари ин, олами дигаре хам вучуд дорад, ки он низ барои хар яки мо шинос аст, валебарои хама ягона нест, харчанд аз конунхо ва меха-
низмхои умуми иборат мебошад. Ин олам – олами рухииинсон аст, ки иборат аст аз фикрхо, хиссиёт, таассурот ва дигар ходисахои рухию равони. Ходисахои рухи дар хама одамон як хел зохир мешаванд, вале таркибу мухтавои онхо дар хар як фард гуногун аст.  Ходисахои рухи чун ходисахои махсус аз кадимулайём аз намуди дигари ходисахои вокеият фарк карда
мешуданд ва хисси кунчкобию талабот ба худшиносии одамон доимо онхоро пайгири мекард, вале мураккаби дар самти дарёфти роху усулхои тадкикот омузиши онхоро гайриимкон гардонида буд. Танхо иваз намудани нуктаи назар ба ин масъала дар замони нав онро ба омузиши объективи дастрас гардонид. Олами рухии инсон мохиятан образи олами вокеи буда, ба инътикоси оина монанд аст, вале дар фаркият аз он нихоятдарача мураккабу фаъол мебошад. Чи тавре ки ходисахои олами вокеи дар асоси конунхои табиат ба амал меоянд, ходисахои олами рухи низ конуниятхои худро доранд. Конунхои табиатро илмхои табиатшиноси меомузанд ва конунхои олами рухиро бошад психология. Психология илм дар бораи конуниятхои пайдоиш, тараккиёт ва зухуроти психика мебошад. Истилохи «психология» (аз психе-рух, чон, равон ва логос-илм, таълимот) дар асри XVI ба илм ворид
карда шудааст (Рудолф Гоклениус соли 1590). Айни замон ин мафхум асосан дар ду маврид истифода бурда мешавад. Дар мавриди аввал, он ифодакунандаи ходисахои олами
рухист, дар мавриди дигар бошад, ифодакунандаи илмест, ки ходисахои олами рухиро мавриди омузиш карор медихад. Мехвари умумии харду холат ходисахои олами рухи мебошанд, яъне дар харду маврид ин мафхум бо ходисахои олами рухи алокаманди дорад. Хамин тавр, мафхуми «психология» мачмуи донишгохоеро муттахид менамояд, ки тавсифдхандаи олами рухии мо хастанд. Донишхои психологияиро ба хаёти (гайриилми) ва илми чудо менамоянд. Донишгохои хаётии психологи чахонбинии психологии одамонро берун аз доираи психологияи касби муттахид мекунанд. Чунин донишхо дар асоси тачрибаи
шахси ё чамъияти ташаккул меёбанд ва аз ин ру баъзан «психологияи мукаррари» номида мешаванд. Донишхои гайриилмии психологиро вобаста ба мазмуну мохияташон ба манфи ва мусби чудо намудан мумкин аст. Донишхои манфи дар заминаи нодуруст шарх додани зухуроти мухталифи психики, ба ашёхо ва одамон нисбат додани хусусиятхои фавкулодда, акидахои хурофоти, афкори стереотипи ва гайра ташаккул меёбанд. Манфи ва зарарнок будани ин донишгох дар он ифода меёбад, ки онхо на танхо боиси качфахмихо ва нодуруст
маърифат намудани вокеият мешаванд, балки инчунин ба баъзе шахсон имконият медиханд, ки максадхои гаразноки худро амали намоянд. Баъзан бо ин максад донишхои асоснокшудаи психологи низ истифода мешаванд, ки ба таври гаразнок тахриф дода шудаанд. Яке аз шаклхои донишхои гайриилмии психологи парапсихология мебошад, ки гуё имкониятхои фавкулоддаи одам, аз кабили телепатия (дарки фикри каси дигар бе зохиршавии нишонахои он), гайбдони (дастраснамоии маълумот дар бораи ашё ва ходисахо бе иштироки узвхои
хис), проскопия (пешгуии фикри дигарон ё ходисахои оянда), психокинез (кобилияти таъсир расонидан ба ашё ва ходисахо тавассути кувваи фикри) ва гайрахоро меомузад. Намунаи донишхои гайриилми, вале мусбиии психологи «психологияи оммави» мебошад. Психологияи оммави донишхои илмии психологиро дар шакли соддаву фахмо ба оммаи васеи хонандагон пешниход намуда, аз истифодаи мафхумхои касби ва илмии психологи даст мекашад. Накши мусбии психологияи оммави дар он ифода меёбад, ки он чахонбинии психологии одамонро васеъ намуда, боиси ба вучуд омадани шавку хавас ба психоло-
гияи илми мегардад. Донишхои гайриилмии психологи сатхи буда, ба система дароварда нашудаанд ва аксаран дар тачрибахо собит нагардидаанд ва аз ин ру ходисахои психикиро
асоснок карда наметавонанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222