Главная / Маданият ва санъат / Рахим Хошим – Нависанда

Рахим Хошим – Нависанда

Нависанда Рахим Хошим –  5 октябри соли  1908 дар шахри Самарканд ба чахон  омадааст. Соли 1916 мактаби усули  навро хатм карда, аз соли 1918 дар  мактабхои навтаъсисе, ки Устод Айни  дарс мегуфтанд, таълим гирифтааст.  Баъдан донишчуи Дорулмуаллимини  Самарканд шуда, тахсилро дар макта-  би руси идома додааст. Аз соли 1924  ходими адабии мачаллаи «Маориф  ва укитувчи» ва рузномаи «Зараф-  шон», аз соли 1927 мухаррир ва му-  тарчими Нашриёти давлатии Точики-  стон, аз соли 1926 котиби мохномаи  «Рохбари дониш» будааст. Соли 1930  ба Душанбе омада, соли 1933 дар Анчумани якуми нависандагони точик котиби масъул интихоб шудааст.

Рахим ХошимШиркатвари Анчумани якуми нависандагони шурави (1934) будааст.

Аз соли 1955 дар Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи Абуабдул-  лохи Рудаки кор кардааст. Номзади илми филология (1963) мебошад.

Фаъолияти илмияш аз соли 1928 шуруъ шуда, нахустин маколахо-  яш дар мавзуъ ва масъалахои мубрами адабиёт ва забони точики  дар мачаллаи «Рахбари дониш» чоп шудаанд. Муаллифи рисолахои  «Пире, ки чавон шудааст» (1973; дар бораи Устод Айни), «Хайкали  бузурги назм» (1965; дар бораи Абдурахмони Чоми), «Ибни Сино»,  (1975), «Абурайхони Беруни» (1980) ва г. мебошад. Соли 1971 китоби  ёддоштхояш «Сухан аз устодон ва дустон» ба табъ расид, ки дар он  чехрахои эчодии Устод Айни, А. Лохути, А. Хамди, С. Пайрав, Х. Юсуфи,

А. Дехоти ва дигаронро мутачассим сохтааст.

Дар хамкаламии Р. Фиш китоби хаёт ва эчодиёти Устод Айниро на-  виштааст, ки бо номи «Бо чашми вичдон» (1978) ба точики ва «Глазами  совести» (1979) дар Маскав чоп шудааст.

Дар тахия ва нашри «Шохнома», ашъори М. Бахор, Фузули, шоирони  форсизабони Афгонистон сахм гузоштааст.

Тахияву таълифи китобхои дарси аз шуглхои дигари Рахим Хошим  буда, солхои 1929-1931 китобхои дарсии «Чахони нав», «Сохтмони нав»,  «Китоби кироат», «Забони точики» (барои мактабхои руси), «Алифбо»  (дар хамкаламии В. Любенсов), «Рохи нав», «Панч дар чор» (хамрохи  Устод Айни, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст.

Тарчумони беназире хам буда, романи «Модар» ва хикояхои М.  Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоху гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957),  «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусикачии  нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи чавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ходисаи одди»-и И. Гонча-  ров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян  (1962), «Абри ишк»-и Н. Хикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973),  «Чаманоро»-и Р. Нури (1965) ва г. аз бихин тарчумахои у ва адабиёти  точик мебошанд.

Дар тахияи «Лугати руси-точики» (1933, тахти рохбарии Устод Айни),  «Фарханги забони точики» (дар ду чилд; Маскав, 1969), «Лугати руси-  точики» (1985) ширкат доштааст.

Ходими шоистаи илми Точикистон, Барандаи Чоизаи ба номи Са-  дриддин Айни (1991). Аз соли 1960 узви Иттифоки нависандагони Точи-  кистон аст. 24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.

Тахияи Абдуллозода Мухаммадчони Идрис –  магистри соли дуввуми факултети  филологияи точик

 

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222