Он солхо падарам ва модарам такрибан хар шабу руз даъво мекар- данд ва сару садо ба рох меандохтанд. Вакте даъвояшон шуруъ мешуд, рангхояшон кабуд мегашт, чехрахои хашине мегирифтанд. Бо кахр сари хамдигар фарёд мекашиданд ва ба якдигар дашном медоданд. Ва хар
бор падарам, модарам модарамро тахдид ба куштан мекард. Модарам низ хар бор дар чавоби падарам бо тамасхур мегуфт:
– Кадом мушро бикуш, камбахт!
Ва ин чумла хамеша газаби падарамро дучандон месохт.билохира хамсоягон меомаданд ва падарамро берун мебурданд. Он вакт мода- рам гиряро мегирифт ва муддати дароз мегирист.
Мавзуи даъво хамеша хонае буд, ки дар он зиндаги мекардем. Па- дарам мехост аз ин хона бароем, вале модарам ду пояшро дар як муза карда буд, ки бехтар аз ин хона ёфт намешавад, бояд хаминчо бимонем. Падарам барои тарк гуфтани хона далоили зиёде дошт. Масалан як руз дида будам, ки аз чапи уток пусти мор афтода аст. Аз хамин чихат хамеша дар зимни даъво фарёд мезад:
– Охир ин мор яке моро хохад кушт!
Ва модарам чавоб медод:
– Ин ширмор аст. Касеро гараз надорад, камбахт!
Хамчунон як шаб падарам дар хавлии тангу кучаки мо зани сапед- пушеро диди буд, ки дар дам ба бузголаи сиёхе бадал шуда, аз сари девор ба куча часта буд. Аз хамин ру шабхо голибан ба хоб намерафт ва дар бистар гам-гам мекард:
– Дар ин хона зиндаги намешавад. Хона нест, дузах аст…
Ба гайр аз инхо, утокхоямон сахт намнок буданд. Деворхои утокхо дарз дошта буданд ва анкабутхо лойи – лойи дарзхо лона карда бу- данд. Чубхои сакфи утокхо, ки мисли ангуштхои одамхои мубтало ба бемории сил зарду норак буданд, зери фишори похои гурбахое, ки руи бом мечангиданд, меларзиданд ва хок мисли борон бар сару руямон мерехт. Дар чунин мавокеъ модарам ба хавли мебаромад ва фарёд мезад:
– Пишт! . пишт!…
Аммо гурбахо намерафтанд ва модарам ба суяшон санг меандохт. Гурбахо мегурехтанд ва хоки бештаре бар сару руямон мерехт. Бори дигар дахани падарам боз мешуд:
– Як руз охир ин чубхои хасмонанд мешиканад ва хамаамонро мекушанд.
Модарам дар чавобаш мегуфт:
– Бас кун бобо.бе ачал ки мурда?
Падарам фарёд мезад:
- Ачал саратро хурад!
Боз хам даъво шуруъ мешуд ва хамсояхо меомаданд. Ин хонаро шаш сол мешуд, ки киро гирифта будем. Вакте ба он чо рафтем, ман хеле кучак будам ва хеч ёдам нест, ки чи чизхое бароямон иттифок афтода буд. Танхо ин кадар медонам, ки як бародарам хаминчо тавал- луд шуда, баъд мурда буд.
Баъзе аз рузхо карочии сангинвазне, ки котире онро мекашид, аз кучаи мо мегузашт. Дар чунин мавокеъ мисли он ки заминларзае рух дода бошад, хонаи мо ба сахти такон мехурд ва пиёлахои руи рафи утокамон ба садо дармеомаданд. Боз хам ранги падарам кабуд мегашт, бо шитоб ба куча мебаромад, аз дунболи карочи чанд гоме медавид ва баланд-баланд ба ронанда фахш медод. Карочивон бо хунсарди нигохе ба акиб меандохт. Механдид ва хар бор дар миёни ханда садо мекард:
- Бахшиш! Бахшиш бошад!
Падарам барафрухтатар мешуд ва бо овози тахдидомез мегуфт:
- Ба худо дафъаи дигар мекушамат!
Карочи нопадид мешуд ва падарам зери нигоххои тамасхуромези мардум дар холе, ки дастхояшро ба хам мемолид, ба хона дохил мешуд ва даъвои хамешаро бо модарам шуруъ мекард.
Аввалхо намедонистам, ки чаро модарам ба ин хона дилбастаги дорад. вале саранчом дарёфтам, ки чаро модарам ба ин хона танхоии у буд. Модарам хеч хешу кавме надошт ва аз ин бекаси ба сахти ранч мебурд.
Хамсояи дасти рости мо як аттор буд. Модарам бо ин зани аттор чунон якдил ва самими буд, ки такрибан тамоми рузро бо хамдигар мегузарониданд. Бо хам сухбатхои гуногун мекарданд ва баъзе аз авкот, намедонам барои чи бечихат ду нафари гиряро сар медоданд. Агар модарам намехост ин хонаро тарк кунад, иллаташ он буд, ки намехост зани атторро аз даст бидихад. Хамеша ба ман таъкид мекард, ки аттор- ро момо ва занашро хола садо кунам, вале ман хеч хушам намеомад ин атторро, ки марде кар буд, момо хитоб кунам. Аз ин чихат модарам хамеша ба ман мегуфт:
- Бетамиз!
Ман мисли бачахои дигари куча зиндагии бесару сомоне доштам,
саросари рузро дар миёни хок ва касофат ба сар мебурдем. Гохе бо бакияхо бози мекардем, гохе занбур мегирифтем ва баъзе авкот ба чустучуи бамбирак[1] мерафтем. Ин тавр рузхо, хафтахо ва моххо ме- гузашт.
***
Як руз субх падарам ба ман гуфт:
- Ту дигар бузург шудаи!
Аз сина то нуки поямро аз назар гузарондам. Мехостам дарёбам, ки чигуна бузург шудаам. Чизе наёфтам ва падарам афзуд:
- Дигар поятро аз куча чамъ мекунам.
Нафахмидам, ки чи тавр поямро аз куча чамъ мекунад. Падарам боз хам гуфт:
- Як соатсозро мешиносам. Мебарамат пеши у, ки соатсозиро ёд бигири.
Дилам завк зад. Барои ин ки дуконхои соатсозиро дида будам, ки пур аз соатхои гуногуни хурду бузург аст. Пеши худам гуфтам:
– Чи хуб, хар руз метавонам соатхоро боз кунам ва даруни онхоро бубинам.
Падарам пурсид:
– Чи тавр, хуш хасти?
Чавоб додам:
– Хо, хуш хастам.
Модарам дасту руямро шусту колои покизае пушонидам. Баъд падарам дастамро гирифт ва рафтем. Па- дарам ба як дасташ ба касааш гирифта буд ва ба як дасти дигараш маро аз дунболаш ме- кашид. Сараки даро- зеро паймудем ва аз чандин бозори муз-
дихам[2] гузаштем. Билохира ба як дукони кучаки соатсози расидем. Дукони мухаккире буд ва аз пушти шишаи он соатхои кухна ва фар- судае дида мешуд. Дар дукон марде чок ва кутохкаде нишаста буд, ки пирохан ва дундони зардранге ба тан дошт ва кулохи тории сафеде ба сараш буд.
Агарчи хануз аввали субх ва хаво хеле мулоим буд, аммо аз шакикахо ва пушти гардани марди соатсоз донахои шаффофи арак ба пойин мелулид. Бо овозе, ки шабехи кудакони хафтсола буд, бо падарам ахволпурси карда. Падарам гуфт:
– Овардамаш!
Соатсоз бо хамон овози кудакона гуфт:
– Хуб карди, хуб карди.
Баъд бо чашмхои реза-резааш саропоямро аз назар гузаронида гуфт: – Бачаи хубе, маълум мешави.
Падарам микдоре бо у сухбат кард ва баъд ба ман гуфт:
– Ин Коко Назар устодат аст. Фахмиди? Хар чи мегуяд, хамон тавр бикун. Дигар худам меёям ва мебарамат. Падарам рафт. Гуссаи ноши- носе бар дилам сангин мекард. Ба назарам омад, ки гирифтори ходисаи баде шудаам. Ба назарам омад, ки чизеро аз даст додаам.
Муддате дар сукут гузашт. Соатсоз саргарми тармими як соати бан- дидасти буд. Ман соатхои кухна ва фарсударо аз назар мегузарондам.
Соатсоз арак мерехт. Ба назарам омад, ки зери кулохи тории у як махзани пинхонии об вучуд дорад ва аз ин махзани кучак катрахои об руи шакикахо ва пушти гардани соатсоз сарозер мешавад.
Боз хам хомуш буд. Руи чавки чубине нишаста будам. Чавкии но- рохате буд. Баданро меозурд ва ман паихам руи он чобачо мешудам ва боз хам соатхои кухнаро аз назар мегузаронидам.
Билохира, соатсоз сарашро баланд кард, суи ман диду бо хамон овози кудаконааш пурсид:
– Чи тавр хасти?
Руи чавки чобачо шудам ва чавоб додам:
– Шукр, хуб хастам.
Дубора сараш руи соати бандидасти хам шуд ва саргарми кораш гашт. Ман ба шакикаи росташ хира шуда будам ва донахои аракеро, ки
аз зери кулохи тории сафедаш ба пойин мелажзиданд, мешумурдам. Як катраи шаффоф аз шакикааш сарозер шуд. Аз руи алошаихояш гу- зашт ва рафт ба пойин ба руи гулуяш. Як катраи дигар хамин масири катраи аввалиро дунбол кард. Вакте бо катраи аввали якчо шуд, раф- танд пойинтар ва дар яхани зери пироханаш даромаданд. Як катраи дигар хам пойин лагжид ва бетаклиф рафт зери яханаш. Ба дунболи он катрахои чоруми ва панчуми хам сарозер шуданд.
Вакте дах катраи тамом зери яхани у хазиданд, яхани зардрангаш кам-кам мартуб шуд. Фикр кардам:
- Бояд дастмоле медошт, ки аракхояшро пок кунад. Бояд… Риштаи фикрам бурида шуд. Зеро як катраи бисёр бузург рохашро кач карда омада буд назди як кунчи рости чашмаш ва мехост чилутар биравад ва дохили чашмаш шавад. Фикр кардам:
- Агар ба чашмаш биравад норохат мешавад.
Вале катраи арак мисли мутаре, ки тилаш халос шавад, ногахон истод. Дигар чилутар нарафт. Каме рохат шудам. Бар чавки чобачо гаштам ва боз хам фикр кардам:
- Як дастмол зарур аст.
Ногахон зарабони калбам шадидтар гашт. Чи бад! Як катраи дигар бо камоли суръат дар масири катраи кабли пойин омад. Агар бо он аввали якчо мешуд, фавран мерафтанд ба дохили чашм, аммо вакте назди як катраи кабли расид, аз суръаташ коста шуд. Баъд истод, вале пас аз лахзае ба катраи аввали наздиктар шуд. Худоё, танхо як ангушт фосила доштанд. Баъдан фосила боз хам камтар шуд.
Бар шиддати зарабони калбам афзуда гашт. Як бор ба фикрам гашт: – Бояд аз якчо намудани онхо чилавгири кунам.
Вале чигунаимкон дошт аз ин ходиса чилавгири кунам. Ба фикрам гашт:
- Чаро худаш мутаваччех намешавад?
Натавонистам дар бораи чавоби ин савол бияндешам. Барои ин ки дигар катраи бузург хеле ба катраи кабли наздик шуда буд. Калбам ба шиддат мезад ва навъе илтихоб вучудамро фаро гирифта буд. Катра боз хам наздиктар шуд. Беихтиёр аз чо баланд шудам.
Соатсоз сарашро боло карду бо ангушташ хар ду катраи аракро бардошт. Нафаси рохат кашидам ва бар чоям нишастам. Соатсоз суям
дид. Ногахон бо овози борики кудаконааш хандаро сар доду гуфт:
– Хаста шуди?
Гуфтам:
– Не…
Боз хам дар холе, ки механдид, саросари бадани чокаш аз шиддати ханда такон мехурд, бо ангушташ арзояшро[3] пок карду гуфт:
– Арак мисли соат аст.
Ба фикр фуру рафтам. Мехостам дарёбам, ки чи чизи арак мисли соат аст. Хеч шабохате наёфтам. Соатсоз пурсид:
– То холо даруни соатро дидаи?
Чавоб додам:
– Не.то холо надидаам.
Пас биё, наздиктар. Биё, ки нишонат бидихам.
Рафтам наздик ва сарамро руи соат хам кардам. Чизи чолибе буд. Парзахои зариф ва кучаке руи якдигар карор доштанд. Чандтои онхо даври худ мечархиданд. Дигархо бехаракат ба назар меомаданд. Со- атсоз, ки овози борики кудаконааш асроромез шуда буд, гуфт:
– Мебини, хеле ачиб аст.Ман ки такрибан махви ин чахони кучак ва муглак шуда будам, сарамро такон додам ва гуфтам:
– Хо, ачиб аст.
Соатсоз парзаи зариферо нишон дод, ки ба чапу рост, ба сурати нимдоирае мечархид ва гуфт:
– Инро мебини, мисли калби мост. Вакте харакат накунад ва биистад хамаи парзахои дигар аз харакат меафтанд.
Боз хам овози борики кудаконааш хандаро сар дод ва дар миёни ханда гуфт:
– Аслан хар кадоми мо як соат хастем. Хар вакт як парзаи мо хароб шавад, ночур мешавем. Масалан худи ман ин парзаам хароб аст. Ва бо дасташ чанд бор руи синаи чапаш навохт:
– Мефахми, калби ман хароб аст? Хар вакт ин парза аз харакат бимонад, хамаи парзахои дигар аз харакат меафтанд ва як руз.як руз хатман аз харакат мемона!
Хомуш шуд ва дар андеша рафт. Хануз соат дар дасташ буд. Овози хафифе аз харакати парзахо бармехост. Ман мачзуби харакати ин
парзахо будам.
Соатсоз ором-ором гуфт:
– Аслан ин чахон монанди як соат аст ва калби чахон кадом аст? Мефахми кадом аст?
– Не, намефахмам.
Завкида гуфт:
– Болои сари мост. Офтоб.офтобро мегуям. Хар вакт аз гардиш бимонд, ин чахон нобуд мешавад. Аракашро бо ангуштонаш пок кард ва афзуд:
– Хама чиз мисли соат аст.хама чиз…
Баъд, соатро наздики гушам овард ва гуфт:
– Мушунави?
Соат садо мекард: тик, тик, тик ва ман шигифтизада бо лабханде чавоб додам:
– Чи хуб мегардад!
Чашмхои рез-резааш бузургтар шуда буд ва бо навъе хаячон ме- ларзид. Бо ангушташ чанд зарбат руи синаи чапам навохт ва гуфт:
– Дастатро ин чо бигзор.бигзор.
Кафи дастам руи калбам гузоштам ва тапиши калбамро хис кардам. Соатсоз гуфт:
– Мешунави?
Гуфтам:
– Хо!
Хандаи пирузмандонаро сар дод:
– Гуфтам ки мисли соат хастем. Хамаи мо мисли соат хастем. Хамон тавре, ки соат як руз меистад. (Руи синаи чапаш чанд зарба зад), инам як руз мистад.як руз хама чиз…дар миёни хомуши ба андеша фуру рафт. Донахои арак хамчунон фуруд меафтод. Ба назарам омад, ки он махзани пинхони зери кулохи ториш намоме надорад. Холо дигар яхани пероханаш комилан мартуб шуда буд ва руяш монанди порчаи яхи, ки дар офтоб гузошта шуда бошад, медурахшид. Ногахон бо овози кудаконааш кахкахаи дигареро сар дод:
– Мефахми.мефахми?
Ханда мачолаш надоду ман ба назарам омада хамон тавре, ки зери кулохаш як махзани пинхонии об аст, дар дарунаш хам як махзан ханда
вучуд дорад, ки риштахои ханда аз ин махзани пинхони берун мезанад ва аз даханаш мебарояд.
Хамон тавре, ки механдид, гуфт:
– Як кисса бароят мекунам.як кисса.падарам маро хеч дуст надо- шт. Хар коре, ки мекардам, ба назараш бад меёмад. Модарам мурда буд ва модарандарам падарамро тахрик мекард, ки маро бизанад. ва падарам хар руз маро мезад.як руз як хамсояи мо омад ва аз падарам пурсид, ки чаро маро мезанад. Падарам чавоб дод, ки хеч ислох намешавам. Он вакт хамсояамон пурсид, ки ба рости ислох намешавам. Падарам гуфт, ки ба рости ислох намешавам ва хамсояи мо гуфт: “Хуб, ин бача мисли як парзаи соат аст. Дигар кор намекунад, дур бияндозаш!”
Падарам хам ин гапро шунид ва як руз дарвозаи кучаро ба руям баст. Он вакт ба ин фикр афтодам, ки бояд бидонам чи тавр парзаи як соат кор мекунад. Рафтам пеши як соатсоз ва гуфтам: “Маро шогирд мегири?» Соатсоз пурсид: «Падарат кист?» Чавоб додам: “Падарам мурда!” Гуфт: “Биё, шогирди ман хасти». Баъд шогирди соатсоз шудам ва донистам, ки чи тавр як парзаи соат кор мекунад.
Соатсоз, ки чехрааш аз рутубат арак медурахшид, боз хам бо ово- зи кудаконааш хандид. Хандааш ин бор хеле дароз буд ва саросари баданашро такон медод. Ман ба фикри он маъзани пинхони ханда афтодам. Баъд мутаваччехи махзани оби зери кулохи торриш шудам ва аз худам пурсидам:
– Чи вакт ин махзанхо тамом хоханд шуд?
Соатсоз хамон тавре, ки механдид ва чехраи гуштияш гул андохта буд, пурсид:
– Чи тавр.аз киссаам хушат омад?
Чавоб додам:
– Хо, хушам омад.
Бидуни он, ки ба чавобам таваччухе кунад, гуфт:
– Холо якин пайдо кардаам, ки он хамсояи мо рост мегуфт.
Барои нахустин бор аз чояш бархост. Андоми чок ва кутохаш на- моёнтар шуд. Як соати девориро гирифт ва боз кард. Дар холе, ки парзахои онро як-як нишонам медод, гуфт:
– Мебини.ачиб аст..
Як парзаро ба дасташ гирифт ва гуфт:
- Вакте ин парза кор накунад, бояд бар он туф кард ва дураш ан- дохт. Ин тавр…
Ба рости хам бар парзаи кучак туф кард ва дураш андохт. Баъд пар- заи дигареро нишонам дод:
- Ин хам ки кор накунад, бояд дураш андохт.вале ин яке кор меку- над. Бояд нигохаш кунем. Парзахоро хамин тавр нишон дода мерафт. Як бор ногахон сукут кард ва ба андеша фуру рафт. Ба парзахои соати девори хомушона хира шуда буд. Баъд бори дигар ба хана даромад. Пушташро суи ман кард – мисли ин ки мехост хандаашро набинам – ногахон андаке хамида ва пушти гарданипурчарбияш ба шиддат такон мехурд.
Вакте руяшро гаштонд, чехраи ачиб ва тарсангезе гирифта буд. Дигар чашмхояш танг-танг набуданд. Омода ва кушода шуда буданд. Чехраи
гуландохта ва мартуб аз аракаш дар нуре, ки аз пушти шишахои дукон меомад, дурахшиши хосе дошт. Дигар намехандид. Танхо лабханди тамасхуромез ва тарсноке канорахои даханашро суи пойин кашида буд. Дар ин хол гуфт:
– Як руз мерасад, ки дигар парзахо хама аз кор меяфтанд. Он вакт чи бояд кард, медони чи бояд кард?
Оби дахонамро фуру бурдам. Чизе нагуфтам ва танхо сарамро такон додам.
Соатсоз гуфт:
– Ман бароят мегуям.он вакт бояд соатро дур андохт, хама чиз хамин тавр аст. Рузе фаро мерасад, ки парзахо хама бекора мешаванд. Он вакт бояд он чизро дур андохт. Чорае нест.
Ва боз хам ба ханда даромад. Баъд руи калбашро бо ангушт зад ва гуфт:
– Ин парза хеле мухим аст!
Дар даханаш чизе мисли як чоку буд. Дар холе, ки он шии[4] чокумонандро такон медод, гуфт:
– Мо мисли соат хастем.
Суи парзахои соати девори ишора кард:
– Мисли хамин соат..
Як кадам ба суи ман бардошт. Ба сахти тарсида будам.
Соатсоз боз гуфт:
– Мо аз парзахо сохта шудаем. Вакте парзае хароб шавад, бояд дураш андохт.
Сипас тавре суи ман нигарист, ки ангор мехост бигуяд: “Он парзахои бадани ту хароб нашудаанд?”
Як кадами дигар бардошт:
– Мо мисли соат хастем.
Ба назарам омад, ки мехост маро хам мисли он соати девори боз кунад. Тарси бекароне дар рагхоям давид. Тамоми кудратамро дар похоям чамъ кардам ва ба суи дари дукон давидам. Як ойина шикаст. Ман худамро берун андохтам ва гурехтам.
Вакте хуб дур шудам, руямро гаштондам ва дидам, ки соатсоз даха- ни дуконаш истода аст, шии чокумонанд дар даст дорад ва бо шиддат
механдад. Дар ин хол ба назарам омад, ки мегуяд:
- Мо мисли соат хастем…мисли соат…
Бо ишкол рохи хонааамонро пайдо кардам. Вакте наздики хона расидам, дидам, ки мардум дахани дарвозаи мо гирд омадаанд. Бо шитоб ба хавли рафтам. Маълум шуд, ки чубхои сакфи утоки мо пойин афтодаанд. Хамсояхо худоро шукр мекарданд, ки ба касе садама на- расида аст. Падарам голмагол мекард ва ба модарам дашном медод. Модарам мегуфт:
- Чи парво дорад. Чуби нав меяндозем.
Ман барои нахустин бор аз алокаи модарам ба ин хона хашмгин шу- дам. Дар миёни сухани падарам давидам ва беихтиёр фарёд кашидам:
- Ин хона мисли як соат аст. Дигар хама парзахои он аз кор афто- даанд. Бояд бар он туф кард ва дур андохташ!
Ва ба суи девори утокамон туф кардам.
Падарам бо нигохи тахсиномезе ба суям нигарист ва модарам ба гиря даромад. Ба назарам омад, ки аз модарам дур андохтани ин соат сахт гусса мехурад. Барои тасаллии у гуфтам:
- Чорае нест. Бояд дураш андохт!
Дар ин хол хис кардам чизе аз шакикахоям пойин мелагжад.
Дастаро бар шакикахоям кашидам – донахои арак буданд – ба фикри махзани пинхони оби зери кулохи тории соатсоз афтодам. Ногахон кахкахае дар дилам чушид ва аз даханам берун чои дуре рафтем. Дигар соатсозро надидам ва шогирдии ман хамон як соат буд, аммо солхои пас аз он ба дустонам мегуфтам:
- Мо мисли соат хастем.медонед, мисли соат?
Баргардони: Курбонзода НАСИМБЕК
[1] Бамбирак-санчокак
[2] Муздихам-издихом
[3] Арзо – арз, пахно
[4] Ши-чиз