Равияи шахс – ин системаи арзишхои
шахс, мачмуи талаботхои асосии у, маромхои устувори
рафтор ва сифати асосии низомофарини шахс мебошад.
Системаи арзишхои шахс асоси муносибатхои гуно-
гунранги шахс ба вокеият мебошад. Чунин хусусиятхои
равияи шахсро фарк мекунанд:
- Ахамияти ичтимои доштани муносибатхои шахс,
дарачаи арзиши чамъияти доштани онхо – дар доираи
ахлок будани рафтори харрузаи у, мувофикати рафтори
шахс ба гояхои пешкадами ичтимои, баландгоягии шахс. - Гуногунрангии талаботхои шахс, васеъгии доираи
шавку хавасхо ва муайян будани шавку хавасхои асосию
маркази – максаднокии шахс. - Дарачаи устувории муносибатхо – пайдарпайи
принсипнокии шахс, ягонагии шахс.
Арзиш – ин ахамиятнокии ходисахои муайянро ба-
рои одам ифода менамояд. Хам максадхои асосии зиндаги
ва хам принсипхои ташкили он (поквичдони, шаъну ша-
раф ва г.) мисоли арзиш шуда метавонанд. Арзишхо хдуди
имконпазири усулхои халли мушкилоти хаётро муайян
менамоянд. Мутобикшавии ичтимоии шахс – ин кабл аз
хама шиносоии у бо системаи арзишхои муайяни умуми-
ятхои ичтимои мебошад. Миёни ин арзишхо арзишхои
пойгохи (асоси) мавчуданд, ки барои хамин гурухи ода-
мон бунёдианд ва инчунин фавкуларзишхо вучуд доранд.
Озодии шахс, озодии халк, хаёти одамони наздик, шаъну
шараф – аз чумлаи номгуйи нопурраи он фавкуларзишхо
мебошанд, ки барои бисёр одамон аз худи зиндагиашон
дида мухимтаранд.
Аммо одамон баъзан арзишхои объективан ахамият-
нокро кам бахогузори мекунанд, баръакс, арзишхои за-
монави, бонуфуз, мудшударо бештар ахамиятнок мехисо-
банд. Фавкуларзишхои хаёлию калбаки низ мавчуданд.
Масалан, миллиардери собик хангоми аз нобарории бир-
жави миллионер шуданаш ва аз даст додани як кисми
бойигариаш, худкуши мекунад, ё худ образи Кори Исмат
дар асари «Марги судхур»-и Садриддин Айни.
Одамон туфайли равияи худ кодиранд монеахоро
бартараф намоянд, чидду чахд ба харч дода, бо рохи ин-
тихобкардаи худ бираванд. Аммо ин рох хамеша дар
худудхои муносибатхои муайяни ичтимои ва арзишхои
ичтимои карор дорад.
Хамин тавр, рафтори шахсро равияи у муайян меку-
над. Равияи шахс мачмуи водоркунандахо ва максаду ма-
ромхои дурру наздикро муайян мекунад, ки онхо фаъоли-
яти шахсро ба низом медароранд.
агар максад асоси фаъолият бошад, пас асоси худи
максад берун аз фаъолият – дар талаботхои одам чойгир
аст.