Дар нимаи дуюми асри XIX барои
ташаккулу инкишофи донишхои
психологи шароитхои мусоиди
вокеи ба амал омаданд. Доир ба
Н.Я.Грот менависад, ки зухуроти
хамаруза, яъне баромадани осори нав доир ба масъалахои
психологи ба он фикр моро мебарад, ки илми психология
кобилияти инкишофёбиро дорад ва у ин воситахоро сохиб
аст. Доир ба ин маъала психологи рус Г. И. Челпанов дар
Съезда 1-уми Умумироссиягии психоневрологхо (1923)
доир ба мавзуи « Оид ба заминахои психологияи эмпири-
кии муосир баромад кард ва дар он чудошавии психоло-
гияро аз илми фалсафа таъкид намуд. Чудошавии психо-
логия ба илми мустакил солхои 60-уми асри XIX вукуъ
пайваст. Бо пайдоиши барномахои аввалини илми (В.
Вундт ва И. М. Сеченов), таъсиси муассисахои махсуси
илми-тадкикоти-лабораторияхои психологи, институтхо,
кафедрахо дар мактаби оли имкониятхои мустакилшави
меафзуд.
Анатом, физиолог ва патафизиологи англис Чарлз
Белл (1774-1842) ба таври экспериментали муайян намуд,
ки дар байни решахои пеш ва акиба хароммагз аз руи
функсияхояшон фаркият вучуд дорад: решахои пеш аз
асабхои тахрикдиханда иборат буда, вазифаи харакат-
дихиро дорад, аммо решахои акиб бошад, хусусияти хасо-
сиро сохибанд. Ин кашфиёт (1807) асоси анатомии халкаи
рефлекториро ташкил дод. Муайян гардид, ки хароммагз
аз руи халкаи рефлектори фаъолият мекунад. Баробари Ч.
Белл физиологи франсуз Мачанди (1822) ин масъаларо
низ хамин тавр хал намуд ва ба хамин хотир ин кашфиёт
муаллифи дуномаро гирифт: конуни Белл-Мачанди.
Иоганес Мюллер (1801-1858) яке аз физиологхои
машхур ба хисоб рафта, уро хамчун асосгузори физиоло-
гияи навин эътироф намудаанд. Дар китоби худ «Дастури
физиологияи одам» табиати рефлектори доштани
хароммагзро таъкид менамояд. У пешниход намуд, ки хар
як узви хисси дорои энергияи хос мебошад. Ин таълимот
аз 10 конун иборат аст. Панч узви хисси туфайли ин энер-
гия амал мекунад. Яъне, таъсироти беруни энергияи
узвхои хиссиро озод менамояд, ки он дар узвхои хисси хо-
бидаасту таконро интизор аст. Ин мавкеи илми дар он
давра мухолифини худро пайдо намуд.
Вебер Э. Х. (1795-1878)-анатом ва физиологи До-
нишгохи Лейпсиг дар инкишофи физиологияи узвхои хис-
си сахми калонро дорад. У доир ба ломиса тадкикотхо
бурдааст ва асареро ба номи «Дар бораи ломиса»
навиштааст. У дар эхсоси пусти се навъи хисро чудо наму-
дааст: а) фишор ёхуд расиш; б) харорати; в) локализатсия
(махдудшави). Барои омузиши локализатсия асбоби мах-
сусеро сохт ва онро эстезиометр номид, ки хангоми таъси-
ри ду ангеза ба пуст, агар аз якдигар дар масофае бошанд,
гуногун хис мешаванд. Ин фаркияти хискуни дар мин-
такахои гуногуни пуст хар хел сурат мегирад. Хамин тавр,
конуни фаркияти хассоси дар эхсос ба вучуд омад.
Г. Гелмголтс дар физиология ва махсусан дар сохаи
эхсосу идрок сахми бузургро гузоштааст. У дар маколаи
«Ченкунии суръати хаячони асаби» (1850) кайд намудааст,
ки суръати пахншавии хаячон дар асабхо тахминан 120
м/сонияро ташкил медихад. Гелмголтс Г. соли 1851 асбо-
беро сохт, ки туфайли он «каъри чашм» тахкик мегардад
ва онро офталмоскоп номид. У бо тахкики эхсоси бинои
машгул шуда, чунин силсилакорхоро нашр кард. «Опти-
каи физиологи», «Таълимот дар бораи эхсоси шунавои»
(1863). Дар онхо тавсифи физикии садо, анатомия ва фи-
зиологияи шунавои, назарияи резонансии шунавои дар
алокаманди бо масъалахои психологи тахлили илми карда
мешаванд.
Дар охири асри Х1Х омузиши анатомия ва физиоло-
гияи магзи сар боз хам равнак ёфт. Духтури австрияги
Ф.А.Галл ба тадкики морфологияи магзи сар пардохт. У
бори аввал нишон дод, ки моддаи хокистарранги кишр ва
зеркишри магзи сарро аз моддаи сафеди магзи сар бояд
фарк кард. Уро тадкикотхои дигараш машхур гардонд ва
махсусан френология. Дар сохаи психология ба назарияи
кобилиятхо такя намуда, пешниход кард, ки дар магзи сар
узвхои ин кобилиятхо мавчуданд ва микдоранд 27-то ме-
бошанд. Ин минтакахои кобилият косахонаи сабзида, ко-
сахонаи сарро ба шакли дунгию барчастагихо меоваранд,
ки аз руи онхо кобилияти инсонро муайян кардан мумкин
аст. Френалогияи Ф.Галл харчанд равияи бардуруг бошад
хам, вале шавку хаваси зиёди оламонро ба худ кашида
буд.
Минбаъд идеяи локализатсионизм мухолифони худ-
ро пайдо кард. Физиологи франсуз, асосгузори физиоло-
гияи эксперименталии магзи сар Пйер Флуранс (1794-
1867) зимни тадкикотхо муайян намуд. ки баъди чанди гу-
зариши вакт, пас аз нобуд сохтани нимкурахои парран-
дахо рафтори онхо боз хам баркарор мегардад ва ин но-
вобаста аз он аст, ки кадом кисми магзи сар нобуд карда
шудааст. Соли 1861 аз чониби анатоми франсуз Брок мар-
кази харакатии образхои калимахо кашф шуд ва хамон
сол психиатри немис Вернике маркази образхои сенсории
калимахоро муайян намуд.
Бояд зикр кард, ки дар баробари методи экспери-
ментали назарияи эволютсиони низ ба инкишофи до-
нишхои психологи таъсири худро расонд. Мувофики гуф-
ти психологи машхури рус С.Л. Рубинштейн, ин принсип
ба психология аз руи ду таъсирбахши ворид гашт: фалса-
фаи Шеллинг Ф. ва Г. Гегел, ки идеяи инкишоф ва таби-
атшиносии эволютсиониро пешниход намуданд. Сипас,
Чарлз Дарвин дар сохаи биология омузишхоеро ба анчом
расонд. ки онхо дар заминаи конунхои эволютсиони
баходихи карда мешаванд. У соли 1859 асареро навишт бо
номи «Пайдоиши намудхо бо рохи интихоби табии» ва
дар он хулоса мебарорад, ки тагйирёбии намудхо зери
конунхои эволютсиони дар шароити муборизаи моддахои
органики барои вучудияташон ба амал меояд. Ин шархи
материалистии масъаларо дошт, ки мувофики он
тадричан мутобикшавии организмро ба табиат ифода ме-
намуд. Конуни эволютсия дар психология масъалаи муа-
йян кардани куввахои харакатдихандаи инкишофи психи-
каро пеш гузашт. Зимни он равияхои нави тадкик дар
психология зухур карданд, чун омузиши психологияи хай-
вонот, психологияи кудакон, психологияи халкиятхо ва г.
Накши мухимро дар инкишофи донишхои психо-
логи психологияи физиологии В.Вундт (1832-1920) низ
бозидааст. У тадкикотхои худро дар сохаи идрок огоз
намуд ва зимни онхо китоберо навишт бо номи
«Очеркхои назарияи идрок». В.Вундт соли 1879 дар уни-
верситети Лейпсиг аввалин лабораторияи психологиро
бунёд кард ва ду сол пас (1881) дар заминаи он Институти
психологияи эксперименталиро таъсис дод, ки он ба мар-
кази умумичахонии тайёр кардани психологхои чахони
табдил ёфт. В.Вундт психологияро хамчун илм дар бораи
тачриба бахо медихад ва объекташро шуур медонад. У
экспериментро методи асосии тадкикоти психологи
мешуморад. В. Вундт кайд мекунад, ки на хамаи ходи-
сахои психики ба эксперимент дода мешаванд. Экспери-
мент дар доираи пратсессхои оддитарини психики-эхсос,
идрок, тасаввурот, вакти реаксия, ассотсиатсияхои одди
ва хискуни макбул аст. Функсияхои олии психики ва ин-
кишофи психики дигар методхоро талаб мекунад ва яке аз
онхо тахлили махсули рухияи инсон ба шумор меравад, ки
он дар натичаи муоширати одамони зиёд_ба амал меояд.
Ин кисматро психологияи халкхо номид. У ба таъсиси ав-
валин мачаллаи махсуси «Тадкикотхои психологи» асос
гузошт.
Дар баробари В.Вундт дар Русия бо барномаи илмии
худ физиолог И.М.Сеченов (1829-1905) баромад кард. У ба
масъалаи психика ва вазифахои асосии психология бо та-
саввуротхои нав наздик шуд. Асархои машхури психоло-
гии И.М.Сеченов инхоанд: «Рефлексхои майнаи сар»
(1863); «Психологияро чи тавр бояд коркард намуд»
(1873); «Таассурот ва вокеият» (1880); «Афкори предмети
ва вокеият» (1883). И.М.Сеченов дар китоби худ «Ре-
флексхои майнаи сар» кайд мекунад, ки донишхои физио-
логи дар халли масъалахои психологи накши мухим мебо-
занд. У назарияи рефлекториро дар шархи ходисахои пси-
хики тавсия намуд. Мувофики акидаи И.М.Сеченов,
кобилияти идроккуни дар асоси рефлексхо туфайли чунин
зинахо ба амал меояд: таъсири беруни – гузариш ба
фаъолияти маркази – амали чавоби (харакат,
рафтор,нутк).Хамин тавр ба хулоса меояд, ки сабаби ав-
валини харгуна рафтор аз хаячони берунии хисси вобаста
аст.
И.М.Сеченов дар бобати предмети психология кайд
мекунад, ки ин таълимот доир ба пайдоиши фаъолиятхои
психики мебошад. У ба бемахсулии методи интроспексия
эътибор дода, идеяи муносибати генетикиро дар психоло-
гия таргиб менамояд. Мушохида намудани кудак аз овони
тавлид, муносибати у дар даврахои гуногуни синнусоли
бо мухити беруна – асоси инкишофи психикии у ба шумор
меравад. И.М.Сеченов ва таълимоти у таъсири мусбатро
дар инкишофи психологияи чахони низ гузоштааст.