Харчанд охири солхои 70-ум ва нимаи аввали солхои 80- ум дар мамлакат пешравихо ба амал омада бошанд хам, дар хаёти сиёси, ичтимои-иктисоди ва маънави норасогихо ба назар мерасиданд. Сабабхои кафомони сохтори сиёсии мамлакат набуда, тарзи идоракунии он буд. Аксари мутахассисон акибимонихоро ба сохти сотсиалисти вобаста медонанд. Тачрибаи яке аз калонтарин мамлакатхои чахон Чин ин далелро рад мекунад.
Дар навбати аввал хизби коммунисти ба хатогихои чидди рох доданаш ба бухрон гирифтор шуда, макоми пешбарандагии худро хамчун ядрои сиёси аз даст дод. Дастгохи идоракунии хизбро бюрократизм фаро гирифта, дар шаклхои рохбарикуни ва равандхои сиёси ба
камбудихои чидди рох доданд. Ба хамаи вазифахои давлати ва хочаги асосан аъзоёни хизб пешбари карда мешуданд. Барои хамин хар гуна шахсони тасодуфи, бесалохият ва мансабпараст ба хар рох ба хизб дохил шуда, сохиби мансабхои калон мегаштанд.
Дар хизб принсипхои демократи вайрон шуда, системаи бюрократии чори шуд. Мустакилияти ташкилотхои поёнии хизб бекор гардида, тамоми фармонхо аз боло бароварда мешуданд. Масалан, аз идорахои боло фармон дода мешуд, ки чанд нафар зан ва ё мард ба сафи хизб кабул карда шаванд.
Рохбарияти фармонфармои ба пастравии иктисоди сабаб шуд. Аз сабаби сиёсати нодурусти иктисоди Иттиходи Шурави ба истихрочкунандаи маводи хом табдил ёфт. Истехсоли махсулот дар чумхурихо, аз чумла дар Точикистон ба сифр баробар шуд. Точикистон маъданхои гуногун аз кабили тилло, нукра ва гайраро берун аз сархад мебаровард. Тамоми махсулоти заруриро аз берун харида меовард.
Дар солхои 70-ум Иттиходи Шурави бо максади бехтар намудани нишондихандахои иктисоди, муътадил намудани вазъи чамъияти-сиёси бо суръати баланд маводи хоми киматбахоро ба хорича мебаровард. Мувофики маълумотхои омори агар соли 1960 ба хорича 18 млн тонна нефт содир
карда бошад, пас соли 1970 ин нишондод ба 137 млн тонна расид. Истихрочи газ аз 3,3 млрд-и соли 1970 то 68 млрд соли 1987 расонда шуд. (Известия.-1991.- 15 октябр). Ба ивази
содироти маводи сузишвори аз хорича молхои мавриди эхтиёч, ва озука оварда, бо хамин васила талаботи рузафзуни ахоли таъмин карда мешуд. Соли 1982 барномаи озукавори кабул карда шуд, ки мебоист ахолии мамлакат то соли 1990 бо озука ба таври муътадил таъмин карда мешуд. Аммо ситемаи маъмури-фармонфармоии бюрократи имкон надод, ки дар сохаи кишоварзи ягон тагйирот ба амал биёяд.
Вазъи иктисодии Точикистон аз дигар чумхурихо тафовут надошт. Даромади миёна ба хар сари ахоли аз 9,3% солхои 1961-65 дар солхои 1981-85 ба 3,1% фаромад. Махсулоти саноат муттаносибан аз 9,1 ба 4% махсулоти кишоварзи аз 9,1 ба 1,6%, хосилнокии мехнати чамъияти аз 7,8 ба 0,3, даромад ба хар ахоли аз 2,8 ба 4,2 дар сад паст фаромад. (Народное хозяйство Таджикистана в 1985г.-С.84).
Чи тавре, ки дар боло кайд карда шуд, дар солхои 60-ум ва солхои минбаъда дар мамлакат дар бораи гузаронидани ислохот дар сохаи иктисоди чанди кушишхо карда шуданд. Дар сохтори идораи давлати тагйиротхо дохил намуда, ба воситаи пурзур намудани рохбари дар иктисодиёт дигаргуни даровардани мешуданд. Солхои 1961-1962 системаи
вазоратхои сохави ба Шурохои иктисоди иваз карда шуданд. Дар вилояту нохияхо Шурохои намондагони халкиро ба Шурохои намояндагони халкии шахрию дехоти чудо намуданд. Яъне дар як худуди муайян ду хокимият амал мекард, ки яке ба дехот рохбари мекарду, дигаре ба шахр.
Дар сохаи кишоварзи баъди чанд вакт ислохотхо гузаронида шуданд. Дар солхои 70-ум ба тарзи сохави баргашта, дар як вакт шумораи вазорату ташкилотхои рохбарикунанда зиёд карда шуд. Масалан дар сохаи кишоварзи дар баробари Вазорати кишоварзи боз вазоратхои гушту шир, хурока, меваю сабзавот ва гайрахо ташкил карда шуданд. Дар солхои 80-ум муттахид кардани комплекси кишоварзию саноати аз боло то поён гузаронида шуд. Лекин тамоми ин ислохотхо вазъиятро боз хам бадтар гардонданд.
Ба вазъияти душвори иктисоди-молиявии мамлакат нигох накарда, дар солхои 80-ум дар Иттиходи Шурави шумораи вазорату идорахои давлати зиёд карда шуд. Тахмин ба хар 5-6 нафар 1-тоги сардор рост меомад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …