Шуриш соли 1916 дар таърихи озодихохии халкхои Осиёи Миёна ва Казокистон ахамияти калони сиёси буд дошт. Бо таъсири ин шуриш дар нохияхои Шимолии Кавказ ва Сибир ошубхои сиёси ба амал омаданд.
Ошубхои аввалин дар шахри Хучанд сар шуданд. Аз руи таксимот аз уезди Хучанд бояд 9 хазор мардикор ба корхои акибох сафарбар карда мешуд. Амалдорони маъмурии хукумати подшохи, губернатори харбии Самарканд Н.С. Лукашин руирост тахдид мекард, ки дар сурати саркаши кардани мардикорон куввахои мусаллах истифода хохад шуд.
Пагохии 4-уми июл кариб 500 нафар ахолии Хучанд (дар байни онхо занон ва кудакон хам буданд) ба назди идораи пристав* чамъ омаданд. Халк талаб кард, ки мардикорон фиристода нашаванд. Сардори пристав талаби халкро рад кард. Он гох мардум ба идораи пристав хучум карда, полисейхо ва амалдоронро ба зери борони сангу чуб гирифтанд. Сардори уезд аскаронро бо пулемиёту артиллерия бар зидди халки беярок сафарбар кард. Аскарон дар болои деворхои калъа истода, ба тарафи издихом 16 маротиба тир кушоданд. Ду кас кушта ва як кас мачрух шуд. Издихом фавран пароканда карда шуд.
Шуриш ба хун огушта шуд. Дар шуриш Чура Зокиров, Чура Али ва Зубайдулло Рахматуллоев фаъолона иштирок доштанд.
Баъди пахш намудани шуриш, маъмурияти уезд бо депутатхои думаи шахри Муминов, Умаров ва савдогари калон Обидчонов ба тартиб додани руйхати одамони ба
Пристав – сардори полисияи махали дар Россияи тоинкилоби. мардикори сафарбаркардашуда шуруъ намуданд.
Хабари шуриши Хучанд ба зуди дар тамоми нохияхои Осиёи Миёна пахн гардид. Бо таъсири он 5 июл дар истгохи рохи охани Курапаткино дар байни аскарон ва ахолии махали низоъ бархост. Дар ин руз дар Ургут низ шуриш ба амал омад. 7 июл дар кисмати кухнаи шахри Самарканд шуриш сар зад.
Ахолии дехаи Кистакузи уезди Хучанд ба управленияи волост хучум оварда, сардор ва хизматчиёни онро куфтанд. Минбаъд хам кистакузихову исфисорихои Хучанд ба мардуми шахр алокаи мустахкм дошта, дар вакти зарури фавран ба мадади онхо меомаданд. Масалан, вакте ки 21 июли соли 1916 хукуматдорони Хучанд 4 касро бо бахонаи одамони шухбанок ба хабс гирифтанд, (гуё онхо мардумро ба шуриш даъват мекарданд), кистакузихо ба мадади хучандихо шитофтанд. Калоншавандагони шахр бо як душвори пеши рохи ин издихоми 5 хазорнафараро гирифта, ба Хучанд даромадан намонданд.
Аз 8 то 15 июл шуриш води Фаронаро фаро гирифт. Ахолии волости Ашти уезди Намангон ба идораи волост даромада, рхати сафарбар шудагонро нест карданд.
Дар Уротеппа ва дехахои гирду атрофи он хам Шуру ошубхо ба амал омаданд. Лукашин ба генерал – губернатори Туркистон Н.Курапаткин 7-декабри соли 1916 мактубе фиристод, ки дар он гуфта мешуд: «…1 август ба шахр аз вулуси Гончи 2 гурух дехдонон омаданд як гурух 200 нафар, гури дигар 250 нафар, онхо ба тартиб додани руйхат монеъ шудани буданд. Бо ёрдами посбони савора ва политсия онхо пароканда шуданд». (Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстан.- С.70).
Шуриш ба ахолии Панчакент ва нохияхои дигари шимолии Точикистон ва Бухорои Шарки хам таъсир расонд.
Тобистони соли 1916 дар амлокдории Калъаи Лаби Оби бекигарии Каротегин ахолии бар зидди амалдорони аморати Бухоро бархост. Бахонаи ин хуруч, фармони амир дар бораи ба эхтиёчоти чанг чамъ намудани андозхои нав буд. Рохбари шуриш дехдони мардикор Каландаршох буд. Шуришгарон дехахои Кулё ва Дараи Назаракро ишол намуда, ба гирифтани хисори калъаи Лаби Об тайёр шуданд. Онхо ду амалдори аморатро кушта, калъаро ба даст дароварда, ба суи Гарм харакат карданд. Дар рох сарбозони беки Каротегин шуришгаронро шикаст доданд. Дар бекигарии Кургонтеппа хам дехконон ба чунбиш даромаданд.
Хамин тавр, шуриши соли 1916 дар Осиёи Миёна замони империализм калонтарин харакати милли -озодихохи ба хисоб мерафт. Шуриш, дар баробари Осиёи Миёна ва Кокистон то Кафказу Сибир пахн шуда буд. Хукуматдорон аз авчи шуриш тарсида 17 июли соли 1916 дар кишвар холати харби эълон карданд. Амалдорони хукумат шуришгарони беаслихаю номуташаккилро тирборон карданд. Хоинони миллат, ки дар хизмати мустамликадорон буданд, дар пахши шуриш ба хукуматдорон ёри расонданд.
Шуриш асосан характери милли-озодихохи дошт. Бо вучуди ин, дар баъзе нохияхои Каокистон, Туркистон ва Чиззах баромадхо дар зери таъсири элементхои бои-феодали мушохида карда шуданд.
Кувваи харакатдихандаи шуришро гуруххои коргарон ва ахолии махали ташкил медоданд. Шуриш ба рафти инкишофи вокеъахои ичтимои-иктисоди ва сиёсии Осиёи Миёна таъсири калон расонд. Шуриш системаи
мустамликавии мутлакиятро ба ларза дароварда, бухрони сиёсии давлати Руссияро амиктар гардонд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …