Дар асри XIX ва аввали асри XX ду давлати бузург Англия ва Россия дар холати зиддияти душманона буданд.
Дар баробари ба рохи капиталисти дохил шудан, Россия ба Осиёи Миёна бештар диккат медодаги шуд, чунки капитализм бе забт кардани мамлакатхои бегона таравди карда наметавонист.
Сиёсати мустамликазабткуни аз нав авч, гирифт. Инро ба назар гирифта, мутлакияти рус бо суръати тез ба забт кардани Осиёи Миёна сар карданд. То тирамохи соли 1873 кариб тамоми Осиёи Миёна аз тарафи Россия забт карда шуд.
Дар баробари Россия, ракиби вай Англия низ ба дарунтари Осиёи Миёна даромадан мехост. (Барои ин максад, сиёсати гуногуни забткуниро мегузаронид). Борхо кушиш намудааст, ки хонигарихои Осиёи Миёнаро бар зидди Россия бархезонад ва аз байни онхо барои худ тарафдор пайдо кунад. Хамин тарик, хар ду давлат сиёсати забткуниро пеш гирифта буданд.
Аммо дар историографияи буржуази, махсусан, историографияи англиси сиёсати забткоронаи Англияро рупуш кардани шуда, чунин акидаеро бофта бароварданд, ки гуё Россия ба империяи Британия дар Хиндустон тахдид мекарда бошад.
То солхои 70-уми асри XIX тамоми ОсиёиМиёнааз тарафи Россия забт карда шуд. Баъди ин охирин нуктаи стратегие, ки диккати Россия ва Англияро ба худ чалб карда буд, нохияхои Помир ба шумор мерафт.
Хукумати подшохи барои забт намудани Помир, аз он чихат киш мекард, ки он нисбат ба давлатхои хамсоя дар мавкеи хуби стратеги чойгир буд. «Платсдарми Помир панохгохи табии барои мухофизат намудани Фарона бо мо мебошад», навишта буд, полковник Муханов (Муханов. Памирский район. -С.14).
Гайр аз он, ба воситаи Вахону Бадахшон рохи калони савдо мегузашт, ки ба зери назорат гирифтани он бартарии Россияро дар ракобати савдо аз болои Англия таъмин мекард.
Мустамликадорони англис Помирро, хамчун
платсдарми мухими стратеги барои забт кардани тамоми Осиёи Миёна истифода кардани буданд.
Боигарихои Помиру Бадахшон хам барои Англия ва хам барои Россия ахамияти калон доштанд. Бадахшон макони лочувар ва лаъл буд.
Чунин чихатхои мухими нохияхои Помирро ба назар гирифта, ду даррандаи капиталисти кушиш мекарданд, ки пештар ин «лукмаи тайёр»-ро сохиби кунанд. Барои таксими он дар байни Россия ва Англия дар солхои 1869-1873 як хатор гуфтушунидхо ба миён омаданд, ки дар таърих номи «Созишномаи 1873»-ро гирифтанд.
Созишномаи соли 1873 натичаи хуб надод. Мувофики он Вахон ба худуди Афгонистон хамрох карда шуда, тамоми Помир «Зонаи бетараф» шуморида шавад. Россия ухдадор мешавад, ки аз болои фаъолияти амири Бухоро назорат мекунад, Англия бошад, амири Кобулро назорат мекунад. Ду давлат мебоист шартхои созишномаро хатъиян риоя мекарданд ва ба низои байни амири Кобул ва амири Бухоро рох намедоданд. Аммо ин суханон факат дар руи хоаз буданду халос. Аввалин шуда Англия дагалона созишномаи 1873-ро вайрон кардан гирифт. Дар натичаи таргибу ташвикоти Англия дар соли 1883 Абдурахмонхон як кисми заминхои Помирро забт намуд. Бахона барои забткуни аз тарафи хокими Шунон Юсуф Алишо _нагз пазирои карда шудани ботаники рус Регел Э буд. Уро дар он айбдор мекунанд, ки гуё манфиати Афонистонро ба назар нагирифта бошад. Барои хамин Юсуф Алишо дар Кобул ба чазо расонда мешавад. Абдурахмонхон сабаби кушташавии хокимро чунин шарх додаст: «Бетартибихои Юсуф Алишо дар худуди афон ба чонам расонданд, бинобар ин, дер ё зуд уро бояд чазо медодам» (Элчибеков К. Новый материалы по истории Шугнана // Изв. АН. Отд. общ.наук.-вып.2.-1973.- С.10).
Аммо амири Кобул дар ин чо даъвои нодурустро ба миён гузоштааст, зеро ки Помир то соли 1883 кисми таркибии Афонистон ба шумор нарафтааст. Хукмронии афонхо дар Помир давраи тиратарини таърихи мардуми ин чо ба шумор мерафт.
Ахолии зулму истисмори даштнокро аз сар мегузаронд. Кисми зиёди ахолии ба чунин азобу укубат тоб наоварда ба Фарона гурехтанд. Халки Помир борхо бар зидди истисморгарон ба мубориза бар хестанд, вале хар дафъа шикаст мехурданд.
“Афгонхо – суннихо” андозро инчунин, барои он зиёд мекарданд, ки шиахоро бехудо меномиданд. Хама чизро кашида мегирифтанд… Баъзе сокинон ба ин тоб наоварда, ба Фарнаву Сарикул мерафтанд (Серебренников Г. Очерки Памира. Военный сборник.- 1898.-№10.-С. 465).
Ахоли ба афгонхо бо назари бадбини нигох мекарданд. Тирамохи соли 1883 Вахон ва Шугнонро шуриш фаро гирифт. Хокими Бадахшон Абдуллохон ба ёрии хокими Шунон 500 аскарро мефиристад. Шуришгарон бошанд 2 нафар, Мухаммад Носир ва Назарбекро ба пеши русхо мефиристанд, то ки аз онхо мададе чуянд, вале русхо талаби онхоро рад мекунанд. Дар натича шуриш шикаст мехурад.
Кирдори оратгаронаи Англия мутлакияти Россияро низ мачбур сохт, ки дар бораи масъалаи Помир фикр кунад. “12- январи соли 1892 дар Петербург мачлиси машваратии вазорати корхои хоричи бо иштироки сардори штаби генерали шуда мегузарад. Мувофики карори гурухи разветкачиён бо сардории поручик Буржиский 3-юми феврал ба Помир фиристонида шуданд. 15-ум ва 29-уми апрели соли 1892 доир ба масъалаи Помир боз мачлиси машварати даъват карда шуд. Ба Помир ин дафъа як баталион иборат аз 3000 казак ва 4 туп фиристонида мешавад”. (Искандаров Б. Восточная Бухара и Памира во второй половине Х1Х в.-Ч.1.- С. 260). Аз 2-юми июни соли 1892 походи Ионов ба Помир сар мешавад. Дар давоми походи дусолаи полковник Ионов кисми зиёди Помири гарби аз афонхо озод карда шуд.
Бо омадани русхо харакати озодихохонаи точикони Помир низ авч, мегирад. Халки махалли аз хар чихат русхо ёрдам мерасониданд. Сабабхои наздикшавии халки Помир ба русхо аз инхо иборат аст:
Дар худуди Помир аз даврахои кадим хонигарихои майда вучуд доштанд, ки дар байнашон низохои доими мавчуд буданд. Хабари ба Россия хамрох шудани Фарона ва бархам хурдани зиддиятхои байни феодалиро шунида, халки Помир ба хулосае омад, ки дар зери хукумати русхо истодан бехтар аст.
Халки Помир боварии комил дошт, ки русхо
хонигарии пур аз азобу укубатро бархам медихад.
Давраи хукмронии афгонхо барои халки Помир хеле вазнин буд. Онхо азобу укубатхо зиёдеро дар хакки халки “кофир” раво медиданд.
Муассисахои идоракунии русхо нисбат ба тарзи идоракунии афгонхо бехтар буданд. Инро халк аз аввал хис карда буд.
Халки Помир аз даврахои кадим бо Фарона ва Бадахшон алокахои иктисоди дошт. Афонхо инро вайрон карданд. То андозае авч, гирифтани алокахои савдо дар Фарона ба халки Помир бетаъсир намонд. Махсусан, манъ карда шудани гуломфуруши, катъ гардидани чангхои байни феодали, озодии дин, ба тартиб даровардани системаи андоз ва гайра ба Помир таъсири калон расонидаанд.
Аз ин чост, ки отряди русхо дар мубориза бар зидди афонхо танхо набуд. Ба фикри мо яке аз сабабхои асосии
алабаи Россия амалёти якчояи отряди русхо ва ахолии махалли ба шумор меравад.
Муваффакияти русхо дар Помир Англияро мачбур кард, ки рохи гуфтушунидро пеш гирад. То соли 1893 аз тарафи Россия масъалахои принсипиалии таксимоти сархади муайян гардида буд.
Аз он чумла, дар мачлисхои машваратии солхои 18921893 аксарияти иштироккунандагон дарёи Панчро хати сархад шуморидаанд.
Масъалаи дигаре, ки дипломатияи Россияро ба ташвиш меандохт, бо рохи зури чудо кардани халки Помир буд. Дар сурати дарёи Панчро хамчун хати сархад кабул кардан, халки махалли бе гуфтугу мукобилият нишон медод. Барои руй надодани “вокеахои нохуш” Россия таклиф намуд, ки барои оромии пурраи ду давлати бузургро таъмин намудан, кушунхои Европаро дар назди хати сархад мондан лозим аст. Англия ин таклифро кабул намуд.
Барои муайян намудани хати сархад комиссия иборат аз намояндагони чор давлат: Россия, Англия, Хиндустон ва Афонистон ташкил карда мешавад. “25-уми феврали соли 1895 шартномаи Англия ва Руссия баста мешавад. Мувофики он ба Афгонистон мулкхои сохили чапи дарёи Панч, ва кисми чанубии Дарвоз дода, ба ивази онхо Рушон, Шнон ва як кисми Вахон ба амири Бухоро дода шуданд. Кисми дигар Вахон, ки аз резишгохдои дарёи Панч, болотар чойгир буд, ба Афонистон гузашт. Бо хамин Англия Россияро ба воситахои мулкхои борики Афон аз Хиндукуш чудо кард” (Искандаров Б. Асари номбурда.-С. 30).
Шартномаи соли 1895 хам мисли созишномаи 1872-1873 аз сиёсати мустамликадорони мутлакият сар зад. Шартномаи соли 1895 зиддияти пуршиддати байни ду давлати бузургро як кадар суст кард. Масъалаи заду хурди ду давлати бузурги капиталисти дар кимкучои нимрахаи байни Сибир ва Хиндустон хал гардид. (К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асархо.-Ч.2.- С.363).
Хамин тарик, муборизаи байни Англия ва Россия барои забт кардани Помир бо хамрохшавии он ба Россия анчом ёфт. Халки Помир ихтиёран ба Россия хамрох гардид. Англия шикаст хурд.
Мутлакияти рус дар Помир низ усулхо ва методхои гуногун мустамликадориро ба кор мебурд. Аммо бо сиёсати мустамликадории мутлакият нигох накарда, бар хилофи иродаи вай дар ин чо низ муносибатхои моли – пули, муносибатхои нави капиталисти тавлид ёфта, инкишоф меёбад. Мухимтарани натичаи хамрохшавии Помир ба Россия якшавии такдири ду халк мебошад. Хамрохшавии Помир ба Россия чангхои байни хонхои алохидаро бархам дод.
Хамрохшавии Помир ба Россия дар чунин шароите мегузашт, ки Россия ба маркази харакати революсиони табдил ёфта буд. Муборизаи якчояи синфи коргари рус ва мехнаткашони Помир ба галабаи револютсияи Октябр оварда расонд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …