То охири солхои 60-уми асри XIX дар худуди Бухорои Шарки якчанд хокимияти феодалии мустакилу ниммустакил вучуд дошт, ки бо мурури замон ба аморати Бухоро хамрох карда шуданд. Ба онхо нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон, аз чумла, Хисор, Кулоб, Кубодиён, Каротегину Дарвоз дохил мешуданд. Хокимият дар ин мулкхо ба таври мероси ба якдигар мегузашт. Хокимияти идоракуни воситаи асосии истисмор ва пахш намудани муборизахои мехнаткашон ба шумор мерафт. Баъди хамрох ва ё истило шудани ин нохияхо бо хайати идораи маъмури, тамоми аморат ба бекигарихо таксим мешуд. Дар минтакахои хозираи Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон бекигарихои Хисор, Куронтеппа, Кубодиён, Кулоб, Балчувон, Каротегину Дарвоз вучуд доштанд. Акнун баъди истило намудани нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон аморати Бухоро худро дар чашми
мардуми мусулмони Осиёи Миёна давлати баобру
мешуморид. Чунки заминхои зиёд, аз чумла, аз Хисор – 3000 кв.верст, аз Кулоб – 475 кв. верст ва Каротегин- 9800
кв.верст, аз Дарвоз 16875 кв.верст замин ба даст овард.
(Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX века. Ч. 2.-С.5).
Дар солхои баъд аз истило намудани кисмати Бухорои Шарки ахолии Бухоро ба 2 млн. 500 хазор расида буд. Аз ин микдор 250 хазорашро ахолии шахр ташкил медод. (Хамроев М. Очерки истории Гиссарского бекства конца XIX века начала XX века. – Сталинобод, 1959.-С.7)
Бекигарихои истилошудаи Кулоб бо 25 хазор, Куронтеппа бо 4 хазор, Дарвоз бо 3 хазор ва Кубодиён бо 1 хазор нафар ахолиашон ба хайати аморат дохил карда шуданд. Якчанд махаллахои алохидаи ахолинишин вучуд доштанд, ки дар хаёти иктисодии Бухорои Шарки накши муайянро бозиданд. «Ба ин махаллахо Душанбе бо 28 хазор хона ва Регар бо 7 хазор хона дохил мешуданд». (Гулишамбаров С.И. Экономический обзор Туркистанского района обслуживаемого Среднейазиатской дорогой. Ч. 1.- Ашхабад, 1913.- С.203).
Шахрхои Бухорои Шарки на факат аз шахрхои Осиёи Миёна, балки аз шахрхои кисмати Гарбии Бухоро фарк мекарданд. Онхо аз марказхои савдои ва роххои алока хеле дур чой гирифта буданд. Бо иктисодиёти кафомондаи худ ин шахру навохи дар хаёти мардум накши на он кадар мухимро бозиданд. Шахрхои ин нохияхо аз дехкадахо факат бо он фарк мекарданд, ки дар шахрхо намояндагони амир бо сардории бек, намояндагони савдо, заминдорони калон, рухонихо, косибон ва як кисми дехконон зиндаги мекарданд. Дар як катор шахрхо шунхои амир чой гирифта буданд. Намояндагони табакаи болои тамоми Бухорои Шарки аз чихати ичтимои ба якдигар монанди доштанд.
Амали аз хама баландро дар ин нохияхо бек ишгол мекард. Бек намояндаи табакаи болоии феодалон хисоб мешуд. Бек аз болои хукумат – бекигари назорат мебурд, ва дар зери итоати у амалдорони зиёде буданд. Бек тамоми хокимиятро дар дасти худ нигох дошта, шахсони наздики худро сохиби мансаб мегардонид. Тамоми шахсони амалдорро танхо бо розигии бек ва аз мансаб озод мекарданд. Баъд аз бек дар чои дуюм ёрдамчии бек, ясавулбоши ё худ девонбеги меистод. Вазифаи асосии девонбеги, пеш аз хама, аз мардум чамъ овардани закот ва андозхо буд. у якчанд котибу арбоб ва ясавулро дар хизмати худ нигох медошт.
Амали дигаре, ки дар бекигари вучуд дошт, «мизрои мунши» буд. Одатан ба ин вазифа одамони босавод ва хусни хати хуб дошта чалб карда мешуданд. Вай дар назди бек истода, ба навиштан ва рубардоркунии хуччатхо машгул мешуд.
Яке аз вазифахое, ки дар бекигари барои нигох доштани тартибот вучуд дошт, ин «Миршаб» буд. «Миршаб» ба замми ин, аз болои зиндон ва махбусони он низ назорат мекард.
«Мироб» бошад, доимо аз болои об назорат менамуд. Вай дар ихтиёри худ, якчанд ёрдамчихоро дошт. Аз чумла, «амин», ки хучаини як чуйбор буд, инчунин «арбоб» – назоратчи ва «оксакол» – таксимкунандаи об, «чуйбонхо»- тозакунандагони чуйхо ва мирзо, ки дар ихтиёри «мироб» буданд.
Мансаби «амин» бошад, аз руи корхои сохтмони назорат мекард, ки дар ихтиёри худ якчанд амин дошт.
«Пайгирчи» – чамъкунандаи закот ва савдо ва хайвоне, ки онхоро барои фуруш ба бозор меоваранд, ба хисоб мерафт.
Дар идора кардани хукумати махали чои заруриро рухониён мегирифтанд ва корхои махкамаро дар ихтиёр доштанд. Чунин амалдорон дар бекигарихои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон ба 3 кисм таксим мешуданд:
.Кози – ичроиши конунхои шариатро назорат бурда, дар ихтиёри худ якчанд мулозим ва мирзо дошт.
.Муфти-донандаи конунхои шариат, ки ба додани ривоят машгул буд. Барои ин кор вай музд мегирифт. Дар ихтиёри муфти якчанд хизматгор ва се мухаррир буданд.
.Раис – назораткунандаи тартибот аз болои чинояткорон ва вайронкунандагони конунхои дини ислом, вайронкунандагони савдо, аз руи мактабхо, тартиботи оилави ва айрахо назорат мебурд. Раис якчанд хизматгор дошта, ба воситаи онхо чинояткоронро чазо медод. Мулозимону дуррадастон дар ихтиёри у буданд.
Ки дар бекигарихо аз тарафи амири Бухоро таъин мегардид. у дорои маълумоти дини буда, дар айни замон бояд аз авлоди рухони бошад.
Аз ин чо бармеояд, ки дар Бухорои Шарки ягон амалдор ба таври интихоби озод ба сари мансаб намеомад. Хамаи максаду мароми амалдорону худи бек, танхо бо рохи истисмори дехдонону камбаалон ба даст овардани фоидаи зиёд буд.
Чи хеле ки дар боло кайд намудем, баъди аз тарафи Россия забт шудани аморати Бухоро, мулкхои феодалии ниммустакили Бухорои Шарки ба аморати Бухоро хамрох шуданд. Баъди истило намудани нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон, дар минтакахои асосии ин чо гарнизонхои харби чой дода шуданд. Максад аз чой додани гарнизонхои харби мустахкам кардани мавкеи аморат дар худуди ин минтака буд. «Соли 1871 дар Регар 400 нафар, дар Хисор – 4000 нафар сарбоз ва 11 туп, дар Кулоб 3000 нафар сарбозу 4 туп ва Калъаи- Хумб соли 1878 кариб 5000 сарбози амир чой гирифта буданд». (Искандаров Б.И. Из истории Бухарского эмирата.-М., 1958.-С.81).
Яке аз мулкхои калонтарини Бухорои Шарки, мулки Хисор буд. Баъди истило шуданаш Хисор ба 7 бекигари – Бойсун, Шеробод, Дехнав, Юрги, Хисор, Кубодиён, Кургонтеппа таксим карда шуд. Дар хамаи ин бекигарихо, аз чумла, дар Хисор низ идоракуни дар асоси идораи умумибухороги ташкил карда шуд.
Якуббек дар солхои хукмронии худ дар Хисор чунон ба боварии амир Музаффар даромада буд, ки Музаффар ба у имтиёзхои беандоза, аз кабили баровардани хукми катлро дода буд.
Остонакул бошад, дар замони хукмронии худ дар Хисор ба имтиёзхои номахдуд ноил гардид. Вай яке аз шахсхои бойтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дорои микдори зиёди тилло, якчанд галаи асп ва рамаи гусфанд буд. Хамаи ин боигарию сарвати табакаи хукмрон аз хисоби мардуми захматкаши ин минтака ба даст меомад.
Дар дигар бекигарихои Бухорои Шарки, аз чумла, Кулоб, Балчувон, Кубодиён, Каротегин ва Дарвоз низ ахвол чунин буд. Бекигарии Кулоб баъди истило ба ду кисм: бекигарии Кулоб ва бекигарии Балчувон таксим карда шуд. Дар худуди бекигарии Кулоб чунин амлокдорихо мавчуд буд: Муъминобод, Кул, Сари Чашма, Гирди Курони боло, Гирди Кургони поён, инчунин, шохигарихои Давлатобод, Тагнов, Кишти дараи поён ва Кишти дараи боло, Саригор, Роги, Вари ва Дуоб.
Дар байни амлокдорону шохигарихо обруи зиёдеро шох сохиб буд. Шох метавонист амлокдорхоро аз бек харида гирад. Як катор мулкхои дигареро дар кисмати шаркии Кулоб харидорон харида мегирифтанд. Харидор ба бек ва амир тухфахои гаронбахо ва пули зиёд дода, баъд сохиби округ мешуд. Харидорон, барои он ки харочоти сарф кардаи худро пушонад, ба гардани ин мардум андозхои зиёдеро бор мекарданд ва ягон шахс ин кори уро манъ карда наметавонист.
Гайр аз харидорон, боз ичоракорон вучуд доштанд, ки ягон округро ба мухлати муайян ичора гирифта, он микдор пулро бояд дар мухлати муайян ба бек месупорид. Ичоракор метавонист, ки рузи аввали ба ичра гирифтани округ пулашро супорад. Агар ичоракор ин корро сари вакт мекард, хучаини ин округ ба шумор мерафт. Ичоракор то ба охир расидани вакти муайяншуда тамоми андозхои чорибударо ба манфиати худ меситонид. Факат андозхоро ичоракорон ду маротиба зиёд менамуданд.
Бекхо дар бекигари чои истикомати махсус надоштанд. Онхо баъди ба ин мансаб ноил гардидан, дар тамоми худуди бекигари гашту гузор намуда, дар як махала мухлати зиёд истикомат намекард. Чунин корро бек барои он мекард, ки мабодо байни беку халк ягон зиддият сар занад. Бо омадани беки нав, амалдорони махали мансабхои худро аз даст медоданд ва бо илтимосу тухфахои аз хад зиёд боз ба мансабашон сохиб мешуданд. Беки нав омада, аз амалдорон барои оро додани хонаи нав тухфахо талаб мекард. Амлокдорон бошанд, аз хисоби горат намудани ахолии ба бек тухфахо меоварданд. Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кулоб 19-то бек иваз шуданд. Аз тез-тез иваз шудани бекхо ахволи халк бех намегардид.
Яке аз марказхои маъмурии дигар бекигари Куронтеппа буд. Баъд аз ба аморат дохил кардани Бухорои Шарки хокимияти Кулоб махдуд карда шуда, Куронтеппа вилояти мустакил гардид. Аз солхои 70-уми асри XIX то сарнагун шудани аморати Бухоро каламрави вай бетагийр монда буд. Бекигарии Кургонтеппа аз амлокдории худи Кургонтеппа, Сарой ва Чиликул иборат буд. Дар сари амлокдорихо амлокдор меистод. Дар назди амлокдорхо мирзохо, мироб ва дигар амлокдорон хизмат мекарданд. Асосан амлокдорон бо фармони бек таъин мегардид.
Кубодиён бошад, баъди ба аморати Бухоро хамрох намудани Бухорои Шарки, аз Кулоб чудо карда шуд ва дар идораи вай дигаргунихо ба вучуд омад. Кубодиён аз кишлок хеч фарке надошт. Факат хамин, ки вай нисбатан васеъ буда, дорои бозор буд. Аз чихати худуд, ахолии нисбати дигар бекигарихои Бухорои Шарки хурд буд. Дар ин бекигари кози, дар навбати худ Раис хам ба шумор мерафт. Бекигарии Кубодиён ба ду амлокдори чудо мешуд. Ин амлокдории Бешкент ва Беш-Чарбон буданд. «Аз руи нишондоди
руйхате, ки ба амир пешниход намуда буданд, дар бекигарии Кубодиён як мирохур, як каровулбеги, се мирзобоши ва 15 амалдорони хурд вучуд доштанд».
Чи хеле ки дар боби гузашта зикр шуд, тирамохи соли 1877 кушунхои амир тахти фармондехии Худойназар – додхох ба сархади хокимгарии Каротегин дохил шуд. Ба шикаст хурдани хокимияти меросии Каротегин дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Якумин беке, ки дар ин чо ба кор сар кард, худи Худойназар-додхох буд. Худойназар-додхох бо фармони амир Музаффар дар Каротегин бек таъин гардида буд.
Бекигарии Каротегин ба 10 амлокдори таксим шуда, дар навбати худ ин амлокдорихо ба 34 мири хазора таксим мешуданд.
Аз соли 1878 Дарвоз бошад, ба аморат дохил карда шуд, дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Аз сабаби он ки Худойназар- додхох беки Каротегин дар ишол намудани Дарвоз рохбари кушунхои Бухоро буд, уро амир беки Дарвоз эълон намуд. Вале Худойназар-додхох дар ин чо дер хукмрони накард. Чунки тирамохи соли 1878 писари Худойназарро барои чамъ намудани андози солона ба назди киргизхои сохилхои Омударё фиристоданд. Вай андози зиёде чамъ намуда, бо хамрохонаш ба Афнистон гурехт. Гурехтани писари Худойназар-додхох боиси аз мансаб дур гардидани падар гардид ва ба чои у беки Дарвоз Абдурахмон-Хочабек таъин гардид. Бекигарии Дарвоз ба 4 амлокдори Чилдара, Тавилдара, Вахёи боло ва Сагирдашт таксим мешуд. Вале баъдтар як катор тадкикотчиён, аз чумла Лаптинов Н., ки таърихи пеш аз инкилобии Дарвозро омухта буд, ба чунин хулоса омад: «Дар хайати бекигарии Дарвоз амлокдорихои Чилдара, Тавилдара, Далчир, Сагирдашт, Ванч, Майдон, Калъаи Хумб, Шикай, Куф, Хангон ва ду кисмати дигар Язгулом ва Тангшив дохил мешуданд». (Лаптинов Н. Экономическое состояние Дарвазского бекства и основание занятия его гасиления. – Душанбе, 1958.- С.50).
Усули идораи аморат, ки пеш аз истилои хукумати подшохи мавчуд буд, бе хеч гуна тагирот давом кардан гирифт. Он сохти идоракуние, ки дар аморат вучуд дошт, акнун дар Бухорои Шарки чори гардида буданд. Аморати Бухоро аз 27 бекигари иборат буда, ба хар яке аз онхо бек, кози, Раис ва муфти аз тарафи амир таъин карда мешуд. Бек мебоист корхои давлати, маъмури ва зироатиро идора мекард, кози дар асоси шариат корхои махкамаро ба чо меовард, Раис аз тарафи ахолии ичро шудани фармоишоти дину шариатро назорат менамуд ва муфти донандаи конунхои шариат, дурусти ва нодурустии ин ва ё он ходисаро фахмонда медод.
Хамаи ин касон дар навбати аввал ва асосан манфиати доирахои хукмрон ва фоидахои шахсии худро таъмин мекарданд. Бекхо, ки ба воситаи амлокдорхо ва дигар одамони худ корхои замин ва молия, чамъ кардани хироч ва айраро идора менамуданд, дар халли ин масъалахо комилан худсарона амал мекарданд, аз ахолии чи ситондан ва ба хазина супоридани онхоро касе тафтиш намекард.
Мингбоши, амин, оксакол ва арбобхо, ки ба сифати намояндаи ахоли таъин мешуданд, одатан ба кирдори хоким ва беку амалдорони амир пайрави мекарданд. Ин хол боиси ривочи горатгари ва порахури гардида, ба иктисодиёт зарбаи сахт мезад. Зиндагонии бе ин хам сангини ахли мехнатро ба дарачаи токатфарсо мерасонид.
Аморати Бухоро, Бухорои Шаркиро чун мустамликаи худ карор дода, дар ин чо назар ба кисми арбии аморат тартиботи сахтаре чори намуд. Ашрофону нукархо, заминдорони калону рухониён ва бойхо ба такягохи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гуруххои истисморкунанда аз мирохур то додхох хар гуна рутба ва мансабхо дода мешуд. Мансабхои олитар факат ба сипохиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипохиён андози тамоми як дехаро мебахшид. Сипохиёне, ки дорои чунин мукофот мегардиданд, «танхох» -дор меномиданд. Дехконони чунин дехахо ба фоидаи танхох кор мекарданд. Танхоххур метавонист духтарони ин дехахоро фурад, ба зани гирад, хавлихои девдононро кашида гирад ва харчи хохад мекард. Хариду фуруши мансабхо ба тарзи руйрост авч, гирифта буданд. Чунин хариду фуруши мансабхо боз хам ахволи халки камбаалро бад мегардонид. Солхое, ки дар Каротегин хокимони амир Алмосбек (1886-1892) ва
Мухаммадмурод – парвоначи (1842-1904) хукмрони
мекарданд, хариду фуруши мансабу вазифа ва унвону рутба кариб ки ба расмият даромада буд. Барои нукари одди шудан 1200-3000 танга ришва додан лозим буд. Агар ин гуна нукар дар шахр ё калъае ба хизмати харби таъин мешуд, аз хар гуна андоз озод карда шуда, гайр аз ин барои таъмини маош ба ихтиёраш ду «буна» – хочагии девдони дода мешуд. Агар нукар худаш замину богу хавли дошта бошад, дар ин сурат ба вай «буна» дода намешуд, вале ягон андоз аз у ситонида намешуд». Мансаби каровулбеги хеле киммат 2-4 хазор танга меистод. Ба ихтиёри каровулбеги 4 «буна» дода мешуд. Каровулбегие, ки дар хизмати амир бошаду дар айни хол молу мулку замин дошта бошад, увдадор буд, ки ба фоидаи хазинаи амир ушр (дахяки хосил) ва «амал», яъне 21 танга хирочи заминро дихад». (Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX начале XX века.- Душанбе-Алма-Ата, 1967.-С.71).
Хамин тавр, тамоми мансабхо, аз чумла, мансаби мирохур 3-5 хазор танга, ба ихтиёраш 4-10 «буна», туксабо 510 хазор танга, ба ихтиёраш 100 «буна», мансаби эликбоши 615 хазор танга, ба ихтиёраш 150-200 «буна» фурухта мешуд.
Нихоят, мансаби «бий», ки онро худи амир медод (дигар мансабхои аз ин поинро худи беки Каротегин мефурухт ва аз ин хариду фуруш хатто амирро хабардор намекард) то 300 «буна» мегирифтанд, ки онхоро истисмор карда, кусури харочоташонро мебароварданд.
Мансабу рутбахои дини низ дар хама нохияхои Чанубу Шарки ва марказии Точикистон, ки ба хайати Бухорои Шарки дохил мешуданд, фурухта мешуданд. Хукуки додани мансабу унвони козикалон, ду ноиби он ва Раис ба амир таалук дошт ва дар ин бобат факат амир ярлик дода метавонист. Мансабхои поёниро худи бек таксим мекард. Хар касе, ки бештар пора медод, сохиби хукуку имконияти бештаре мешуду такдири садхо дехконону косибонро хал мекард. Хангоми додани вазифа сифатхои шахс кобилияти вай мутлако ба назар гирифта намешуд. Дар хамаи дигар бекигарихо вазъият чунин буд. (Юсуф Ш. Очерки истории Кулябского бекства в конце XIX и начале ХХвв.- Душанбе,1964.- С.38-39).
Албатта ин гуна тартибот ба маъмурони амир маъкул ва мувофики табъ буд. Онхо дар хурдтарин мансаб истода, дар зарфи 2-3 сол сарвати зиёде чамъ мекарданд.
Хокимони вилоятхои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар горату тахкири ахолии хадду канор надоштанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …