Главная / Илм / СОХТОРИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН

СОХТОРИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН

Сохтори сиёсии давлати Точикистонро Сарконуни (Конститутсия) он муайян менамояд. Конститутсияи Чумхурии Точикистон 6-ноябри соли 1994 бо рохи раъйпурсии умумихалки кабул гардидааст, ки мувофики он Точикистон давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона мебошад.
Дар Точикистон шакли идораи президенти амал мекунад. Президенти 4,умхурии Точикистон сарвари давлат ва хокимияти ичроия (хукумат) аст.
Президенти кишвар пеш аз хама сарвари давлат ва намояндаи он дар арсаи байналмиллали буда, вазоратхо ва хукуматхои давлатиро бо ризояти парламент таъсис ва бархам медихад. Сарвазир ва дигар аъзоёни хукуматро таъмин ва озод мекунад ва фармонхоро барои тасдик ба Мачлиси Оли пешниход менамояд.
Президент дастгохи ичроияи Президентро таъсис медихад. Раисони вилоятхо, шахрхо, нохияхоро таъин ва озод мекунад. Бо ризояти Мачлиси Оли прокурори генерали ва муовинони уро таъин ва озод мекунанд. Ба тадбики сиёсати хоричи рохбари мекунад, шахрвандонро ба чоизахои давлати, нишонхо ва унвонхои ифтихори сарфароз мегардонад, дар бораи вазъи кишвар масъалахоеро, ки заруру мухим мешуморад ба баррасии Мачлиси Оли пешниход менамояд.
Дар асоси сарконун Президенти сарвари давлат ва хукумат буда, тамоми хокимияти ичроияро бо розигии Мачлиси Оли таъмин менамояд. Президент Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад.
Дар сурати вайрон кардани Сарконун, савгандшикани, содир кардани хиёнат ба давлат бо назардошти хулосаи Суди конститутсиони бо тарафдории аз се ду хиссаи шумораи аъзоёни Мачлиси Милли дахолатпазирии Президентро бекор карда метавонад.
Бо кушиши зиёди Хукумат, куввахои солимфикр ва ватанпарвари дохили, кумаку дастгирии куввахои байналхалки ва давлатхои хамсоя 27-июни соли 1997 сулх дар Точикистон пойдор гардид.
Имруз Чумхурии Точикистон дар фазои осоишта барои сохтмони давлати хукукбунёд ва демократи дилпурона мубориза бурда истодааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222