Главная / Илм / Садацаи Фитр бар кй вочиб аст?

Садацаи Фитр бар кй вочиб аст?

Пардохти садакаи Фитр бар хар касе, ки дорои шароити зерин
бошад, фарз аст:
1. Мусалмон бошад.
2. Озод бошад.
3. Сохиби нисоб бошад (ба гайр аз махоричи мавриди ниёз), яъне
шахсе ба он андоза молу сарват дошта бошад, ки баровардани закот
бар вай вочиб гашта бошад ва ё агар чунин набуда, илова бар зарури-
ёти зиндаги ва эхтиёчот рузмарраи худ, чандон васоил ва имконоти
модди дар ихтиёр ва мулки хеш дошта бошад, ки арзиши онхо баро-
бари саду чихил мискол нукра бошад. Бар як чунин шахсе садакаи
Фитр вочиб мегардад, хох, моли тичорат бошанд ё не, сол бар онхо гу-
зашта бошад ё не.
– Шахсе дорои хона ё васоиле аст, ки агар фурухта ва ё киматгу-
зорй шаванд, арзиши онхо зиёд аст, вале худаш ба онхо ниёз дорад, то
аз ичораи онхо зиндагиашро таъмин намояд ва васоил низ мавриди
эхтиёчи худаш хаст, бар чунин шахсе садакаи Фитр лозим намешавад.
Аммо, агар ду манзил дошта бошад ва якеро ба ичора дихад, харчанд
заруриёти зиндагии худро аз даромади ичораи он бароварда созад
хам, садакаи Фитр бар вай вочиб мешавад, зеро хонаи дуюм зиёда бар
заруриёти зиндагияш ба шумор меояд.
– Шахсе дорои васоил ва хонаи изофа бар заруриёти рузмаррааш
бошад ва дар айни хол карздор хам бошад, дар ин сурат баъд аз канор
гузоштани хиссаи карз, агар ба андозаи закот бокй бимонад, садакаи
Фитр бар вай вочиб мешавад.
– Садакаи Фитр баъд аз дамидани субхи рузи ид вочиб мешавад.
Бинобар ин, агар шахсе пеш аз дамидани субх, даргузарад ё баъд аз
дамидани субх ба дунё ояд, садакаи Фитр бар он ду вочиб намешавад.
Тифле пеш аз дамидани субх ба дунё ояд, дар сурате ки падараш до-
рои шароити закот бошад, бар вай лозим аст, ки аз тарафи тифлаш
низ садакаи Фитр дихад.
– Садакаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон бояд
онро аз чониби тамоми одамоне, ки дар зери кафолат ва сарпарастии
у карор доранд, пардохт намояд. Бинобар ин, онро аз тарафи худаш,
фарзандони хурдсолаш ва хидматгоронаш, харчанд кофир бошанд
хам, пардохт менамояд. Зан бояд худаш садакаи Фитрашро бидихад,
вале агар шавхараш аз чониби вай онро пардохт намояд, чоиз аст.
Фарзандони хурдсол низ, агар дорои молу сарват бошанд, садакаи
Фитр аз моли худашон бароварда мешавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222