Пирамард дар деха танхо мезист. Як одами нимчон буд, аммо сабад мебофт, наматмуза медухт, боги колхозро посбони мекард, ки бачахо надароянд… Хамин хел руз мегузаронд.
Вай ба деха хеле барвакт ва аз чойи дур омада буд, ахли деха хам барвакт пай бурда буд, ки пирамард ранчу озори зиёд кашидааст, чунки сахт мелангид ва аз синнаш зиёдтар пир менамуд. Аз бари ру то кунчи лабонаш як захми чукур хам ба назар мерасид, аз ин сабаб чехрааш, хатто вакти табассум кардан гамгину чидди менамуд.
Як руз Ивашко Кудряшкин ба бог даромад, ки себ чида ишкам пур кунад. Ногох шалвораш ба мехи сари тавора дармонду дарид ва худаш ба руйи буттаи пурхори бектоши афтид, чанд чои баданаш харош хурд, вою додаш баромад ва, албатта, ба дасти посбон афтид.
Пирамард метавонист як даста алафи газна ё бадтар аз онро ги- рифта, адаби уро дихад, ё метавонист ба мактабашон бурда, шарманда кунад. Аммо ду дасти пурхароши Ивашко, пораи шалвори дар пушти у чун думи гусфанд овезон ва рухсорахои аз гиря сурхгаштаю оби дидаи шашкаторашро дида, дилаш сухт.
Пирамард писараки тарсхурдаро аз даричаи бог бароварда, ба хо- наашон гусел кард, як шатта хам назад, хатто аз пушташ ягон гап нагуфт.
Аз шарму алам Ивашко чи кор карданашро надонист ва рост ба чангал рафт. Он чо вай рахгум зад ва ба ботлок даромада, сахт хаста шуду ба як санги ушназадаи кабуд нишаст, аммо хамон замон фигон кашида боло част: ба назараш тавре намуд, ки руи санг занбуре ни- шаста буд ва он аз чойи даридаи шалвораш неш зад.
Вале он чо ягон занбур нанамуд. Санг тафсон будааст, мисли ан- гишти сузон. Аммо Ивашко дар руйи хамвору суфтаи санг, зери гили сахтшуда тархи чанд харф мушохида намуд.
Ивашко дархол дарк кард, ки санг сехрнок аст. Вай саросема каф- шашро кашид ва пошнаи онро ба санг куфта, гили руйи навиштачотро тоза кард, то бифахмад, ки аз ин санг чи хикмате барои худ гирифта метавонад.
Дар санг чунин навиштачот буд:
ХАР КАС ИН САНГРО БА КУХ БУБАРАД ВА ЗАДА ШИКАНАД, ЧАВО- НИИ ХУДРО БОЗГАРДОНАД ВА ЗИНДАГИ АЗ САР ГИРАД.
Дар зери ин чумла мухр зада шуда буд, аммо мухри оди не, мудав- вар, чунонки дар идорахо ба хуччатхо мезананд ва секунча хам не, чунонки дар чиптаи ошхонахо ба назар мерасад, балки ачибтар: ду салибак дошту се думча, як доирачаю хатча ва чахор вергул.
Инро хондаю дида димоги Ивашко Кудряшкин сухт. Охир, вай ха- маги хашт сол дорад, нав ба нух кадам мегузорад. Кадом зиндагиашро дубора сар кунад? Магар аз синфаш афтаду дубора дар синфи якум хонад? Не, намешавад.
Баръакс мешуд, гапи дигар буд: масалан, дарс нахонда аз синфи якум якбора ба синфи сеюм мегузашт!
Афсус, ки санги сехрноктарини олам хам аз ухдаи ин кор баромада наметавонад, инро хама медонад, ин гуна нахохад шуд.
Ивашкои гамгин ба деха баргашт. Вакте аз канори бог гузар кард, чашмаш боз ба пирамарди посбон афтид. Пирамард дар як даст сатили охак, дар дасти дигар пупакчоруби охакмоли сулфида-сулфида кучое мерафт ва гохо бозистода нафас рост мекард.
Ивашко табиатан бачаи халиму сипосгузор буд, аз ин сабаб ба худ гуфт: «Ин одам бахазур як бандча газна гирифта маро бояд мезад ё ба мактаб бурда ба дасти омузгор месупурд. Лекин дилаш сухт. Чи шавад ман хам ба у неки кунам, як бор дили ман хам ба холи у сузад: ба бобо чавониашро баргардонам чи?! То кай сулфида, лангида, нафастанг шуда мегардад?»
Ивашкои олихиммат хамин хел андеша карда, ба пирамард наздик шуд ва буду шуди вокеаро накл кард. Пирамард аз сидки дил ташаккур гуфт – хабари хуш, албатта, лекин баъд изхор намуд, ки богро бесохиб монда, ба ботлок рафта наметавонад, зеро вакте пирамард ба бардо- штану берун овардани санги даруни ботлок машгул мешавад, баъзе одамон ба бог даромада хосилро чида мебаранд, он гох посбон, хох чавон асту хох пир, гап мешунавад, шарманда хохад шуд…
Пирамард ба Ивашко маслихат дод, ки у худ сангро бардошта ба тори кух бубарад. «Ман, – гуфт пирамард, – баъдтар сари кадам омада, ягон чиз гирифта ба санги тафсони ту тук-тук мезанам…»
Аз ин гап табъи Ивашко хира шуд.
Аммо маслихати пирамардро рад карда, уро ранчонидан нахост. Субхи рузи дигар вай як халтаи бадошт ва барои он ки дасташ насузад, дастпушаки гафс гирифта ба ботлокзор рафт.
Санг ба чирку гил гутида буд. Ивашка онро базур бардошта то поини кух бурд. Чонаш ба халкаш расид, забонаш аз дахонаш берун шуд. Вай руйи алафи хушк нишаст, ки нафас рост кунад.
«Ана, – гуфт вай ба худ, – хамин замон санг дар сари кух мешавад, пирамарди ланг меояд, сангро зада мешиканад, чавон шуда мераваду зиндаги аз сар мегирад. Хама мегуянд, ки бисёр азоб кашидааст, гаму алам дидааст. Пири фартут аст, танхост, коркуфта, мачрух, харгиз рузи хуш надидааст. Хама рузи хуш дидаанд, вай надидааст». Мана, худи Ивашка бача аст, аммо се бор хушбахту хурсанд буд: як бор, вакте ки ба дарс дер мемонд ва як ронандаи ношинос уро ба сабукрави нап- па-нав савор карда, аз назди саисхона то мактаб бурд, бори дигар, вакте ки бе шасту тур як шуртанмохии калон капид, бори сеюм, вакте ки амаки Митрофан уро ба шахр бурд ва хамрох иди Якуми майро чашн гирифтанд.
«Бигзор пирамарди бечора хам рузи хуш бинад!» – олихиммат шуд Ивашка.
Вай инро гуфту аз чо бархест ва сангро ба тарафи кух кашид.
Кариби шом, вакте ки лашкари абр дар уфуки дури болои дандони
куххо гун шуд ва хуршед нурхои зархалини худро аз кабати абрпорахо ба замини аз ташвишхои рузона хасташуда, хануз равона мекард, пи- рамард ногахон пайдо шуд. Ин лахза Ивашкои хастахол дар тори кух аз хунуки ларзида либоси чиркину тари худро дар гармии санги тафсон хушк мекард.
– Бобо, – фигон кашид Ивашко, – чаро болга, табар ё мисрон нао- варди? Сангро чи хел мешикани? Мушт зада? Лагад зада?
– Не, Ивашко, – чавоб дод пирамард, – на мушт мезанам, на лагад. Ман ин сангро умуман намешиканам, чунки аз нав чавон шуда, аз сар зиндаги гирифтан намехохам.
Пирамард инро гуфта, ба Ивашко наздик шуд ва сари уро сила кард. Ивашко хис кард, ки дасти вазнини у меларзад.
– Ба гумони ту ман пиракии лангу бадафту бадбахтам, – гуфт пира- мард. – Дар асл одами бисёр хушбахтам, хушбахттарин одами дунё! Ба поям як гулачуб афтида маъюб карда буд. Хеле шуд, он замон мо алорагми шох шурида, дар кучахо сангар месохтем. Ту факат сурати шохро дидаи… Баъдтар дандонхоямро зада шикастанд, яъне вакте моро ба зиндон афканданд, рухафтода нашуда суруд хондем. Бари руямро дами шамшер буридааст. Ин замоне шуд, ки лашкари навтаъ- сиси мо лашкари душманро зада торумор мекард. Вакте мубталои домана шудам, дар як бинои назарногир руйи кох хобидам. Он шабу руз аз дард хабархои нохуш вазнинтар буданд.
Хар замони ба гуша- мон мерасид, ки ватан дар ихотаи лашкари душман асту хамин замон асир хохем шуд. Аммо як субхидам, баробари нахустин нурхои офтоб хабари хуш расид: душман дубора саркуб шуд ва лашкари мо боз ба хучум гузашт. Он лахза аз чашмонам ба рухсорахои зардгаштаам ашки шоди равон шуд. Як хамрохи хамяроки мисли худам ярадору бемор доштам. Як бурида нони коку мохии намакин буд. Хамонро бо хам дидем.
Вай хам хурсанд шуда, тушаашро ду таксим кард. Мо аз кат ба кат дастони кокамонро дароз карда фишурдем, касам хурдем, орзу кардем, гуфтем, ки хатто баъди сари мо хам кишварамон ободу озоду неруманд шавад, рози хастем. Хозир махз чунин аст! Умри дубораю чавонии дигар чи даркор? Умрам пуразоб гузашт, лекин халолу пок зистам! Чи даркор умри дубора, вакте шохиди гапу коре будам, ки ба хар кас насиб нахохад шуд – як руз чил кадам дуртар аз сафи аскарони
мо Ленини бузург салом дода гузашта рафт! Дар бараш нимтана, дар сараш кулохи омиёна буд…
Пирамард хомуш монд, чубук гирифту тамоку кашид.
– Дуруст, бобо, – рози шуд Ивашко. – Ин хел бошад, бехуда азоб кашида сангро ба сари кух баровардам. Дар хамон ботлоки худаш бахазур хобиданаш бехтар набуд.
– Бехтар ки дар чойи намоён бошад, – гуфт пирамард. – Акнун бу- бин, ки чи гапу кор мешавад, Ивашко.
Аз он замон солхо гузаштааст, аммо санг хануз дар сари кух асту ношикаста.
Аз канори санг одами зиёд мегузарад. Меоянду мебинанду сар чунбонда рохашонро давом медиханд.
Ман хам боре дар тори ин кух шудам. Рости гап, аз баъзе гапу кори зиндагии худ чандон рози набудам, табам хира буд. «Хайр, чи, – гуфтам ба худ, – чи шавад сангро зада шиканаму зиндаги аз сар гирам?!»
Хеле истодам ва хайрият, ки чунин накардам, аз раъям гаштам. Хам- сояхоро пеши назар оварда ба худ гуфтам: «Э, – мегуянд онхо, – ана, аблахи гузаро меояд! Як бор дуруст зиста хушбахт шуда натавонист, акнун хамаашро дубора такрор карданист.»
«Не, – андеша кардам он лахза, – ман дар умрам хушбахт хам бу- дам!»
Когаз гирифта, тамоку печидам. Барои он ки гугирд бехуда сарф нашавад, сигорамро дар санги сузон оташ гиронда, ба рохи худ раф- там. 1941
Тарчумаи Азизи Азиз