Главная / Илм / Сармояи зехни ва хусусиятхои он

Сармояи зехни ва хусусиятхои он

Пеш аз хама зехният хамчун арзиши бунёдкорона ва ахлоки арзёби карда мешавад. Дар вобастаги бо иктисодиёт «маънавиёти иктисоди»хамчун низоми бунёдкорона ва ахлокие, ки ба таври инсондустона ба самти кобилиятхои омузиши, фикри ва эчодии дар сатхи иктисодиёт истифодашаванда равона мебошад ташаккул меёбад. Аз ин ру, маънавиёти иктисодиро хамчун пайванди мурватхои рафтори зарурии иктисодиёт маънидод метавон кард, ки тавассути он шахс худро хамчун мавчудоти бошуур, мустакил ва озод хувайдо мекунад. Дарачаи баланди маънавиёти иктисодии хамчун низоми нишондодхо, баходихихои ахлок ва арзишхо, ки тавассути муносибатхои иктисоди дар зерматни дарачаи «дорои» ва бартарияти «мухим» бар «мавчуд» ба низом дароварда мешаванд, муайян мегардад.

Сармояи зехни

Барои дар нихояти кор тафовути «умуми» ва «махсус»-ро аник кардан, бояд дар сари низоми назарияи умуми сармоя муфассалтар таваккуф намуд, ки айнан ба сармояи зехни дахл дорад. Дар инчо шояд ба низомхои зерин ру овардан лозим меояд. Аввалан, сифатнок муайян намудани хамагуна манфиатхои сармояви тахти таъсироти ташаккули арзиши навин хулоса карда мешавад. Хамагуна нафъеро, ки хусусияти ташаккул додани арзиши навро дорад, хамчун сармоя хисобидан мумкин нест. Дар баробари ин, аз нуктаи назари пайдоиши шаклхои гуногуни сармоя танхо сармояи моли, сармояи истехсоли махсуб мегардад.

Сармояи инсони ва табии бошад, намуди «худкифоя»-и ирси сармоя хисобида мешавад, ки дорои хусусияти ташаккул додани манфиатхо, бидуни иштироки дигар намудхои сармоя мебошад. Дар баробари ин «хосилноки»-и сармояи табии бештар нисбат ба «хосилноки»-и сармояи инсони муайян карда мешавад.

Сониян, хамагуна сармоя дар худ нишонаи амалкунандагиро дорад, ки бо таъмини даромадноки алокаманд аст. Чудо шудани фазои иктисоди ба сифати сохаи мустакили фаъолият имкон медихад, ки дар бораи шаклхои гайрипулии ин даромадноки сухан карда шавад. Дар низоми сахмгузории мутавозеи бозорикабл аз хама даромади пулиташаккул меёбад ва аз шаклгирифтаистодани бозор ин даромад метавонад мусби ва ё манфи бошад. Аз ин лихоз, хама гуна сармоя дар худ хусусияти мавчуди ба сифати таъсири арзиши навинро дошта, нишони амалкунандагиро дар шакли таъсироти даромадноки дорост.

Дорандаи намудхои шаклёфтаистодаи даромад сохиби сармоя буда, хукук дорад даромадро хамчун воситаи хокимияти иктисоди истифода барад. Аз ин ру, сармоя (аз нуктаи назари умумииктисоди)- ин манфиати хосаи дорои хусусияти ташаккулдихандаи арзишхои навин мебошад, ки ба сохиби вай даромаднокии муайянро таъмин мекунад. Акнун зарур аст, ки мафхуми «умуми»-ро дар тафсири сармоя ба «махсус» табдил дод, яъне мохияти сармояи зехниро бояд муайян намуд.Хангоми ичрои «фатх кардан» дар муайян намудани мохияти сармояи зехнихолатхои зеринро дар назар доштан лозим аст:

  1. Сармояи инсони аз руи дарачаи шартнокиаш кобили кабул аст, ки ба гуруххои чисмони ва аклоничудо карда шавад. Ин таксимотро бо он асоснок кардан мумкин аст, ки «сархад»-и чавобгуи онхо аз руи хусусиятхои чисмони ва аклони муайян мегардад. Дар холати аввали инсон ба ашёи табии на танхо бо истифода аз энергияи худ таъсир мерасонад, балки энергияи табии ва мошинахои сохтаи худро низ истифода мебарад. Дар холати дуюм воситаи фаъолияти инсон ахбор аст, ки дар ду намуд зухур меёбад:     1) хамчун ахбори ашёвикунонидашуда, ба чисми материали табдилдодашуда барои нафъи муайян; 2) хамчунин ахбори идеали (тафаккури), ки дар шуури уст.

Хар ду намуди ахбор масолехи «сохтмоние» барои истехсоли донишхои навмебошад. Аз ин ру, сармояи зехниро хамчун як кисми сармояи инсонихисобидан мумкин аст, ки дар таркиби худ инчунин сармояи мехнатиро низ дорад. Албатта, сармояи зехни метавонад ба сармояи мехнати бетаъсир ё аз он чудо бошад, аммо сармояи зехнихамчунин бо хусусиятхои мушаххаси худ низ метавонад ифода гардад.

  1. Азбаски зехният на ба хама навъи фаъолияти аклони, балки танхо бо таркиби рухию тафаккури он пайваст мебошад, пас сармояи зехни низ бояд хамчун шакли олии намуди воломакоми сармояи аклони ба назар гирифта шавад. Ин маънои онро дорад, ки кобилиятхои аклии инсон на хамеша метавонад пайванди ташаккулдихандаи «чузъи нихои»-и кувва ва имкониятхои зехнии уро дода тавонанд. Барои ин як пайвастагии хулки-созандагии кобилиятхои аклии у зурур аст.

Дар хислатномаи овардашаванда кувва ва имкониятхои зехни рохи ошкор кардани мохияти сармояи зехни аник мегардад. Агар донишхои зехнии ёдшуда барои халли ягон вазифаи эчоди максаднок равона шавад, пас сармоягузории арзишноки мусоиди ин донишхои зехни рух медихад. Куввахои зехни бошад, шакли сармояи зехниро мегиранд.

Бо хамин тарик сармояи зехни ин низоми сармоякунонидашудаи донишхои зехни мебошад, ки истифодаи самараноки он истехсоли махсулотхои нерухои навини зехниро меафзояд ва хамчунин рохи ба даст овардани даромади мувофик мебошад. Донишхои зехни-ин донишхоеанд, ки болоравии боигариро дар асоси омилхои махсулнокии истехсолот таъмин мекунанд. Дидан душвор нест, ки сармояи зехни аз руи маъно нисбат ба сармояи акли «амиктар» аст, ки дар худ низоми васеътари донишхои аклии нафакат инсондустона ва «ноосфери»-ро тачассум менамояд. Агар ба сармояи инсони сармояи зехниро аз руи низоми «пурра» ва «кисман» мукоиса намоем, бо сармояи акли ин таносуб бо иборахои «умуми» ва «махсус» ифода мегардад, ки дар ин маврид ба сифати «махсус» сармояи зехни баромад мекунад.

Дар зерматни гуфтахои боло баъзе аникихо даровардан мухим аст, ки бо пайдоиши шуур ва сармояи зехни алокаманд аст. Кабл аз хама, шуур ва сармояи зехнихамчун арзишхои бунёдгаро кариб баробари пайдоиши инсон пайдо шудаанд. Дар бораи холати «чанин»-и он харф задан мумкин, «чузъи» будани онро таъкид кардан имкон дорад, аммо онро инкор кардан гайриимкон аст, ки дар саргахи тараккиёти инсоният хамчун шахсиятхои сохиби маданияти баланд ва бунёдкор зиндаги ва эчод мекарданд, ки ба фаъолияти инсонворона дар шароити хосгардонии манфиатхои иктисоди ва таносуби ахлоки даъват мекарданд. Сармояи зехни барои хамагуна низоми иктисоди, хос буд. Бо назардошти гуфтахои боло чои шуур ва сармояи зехниро дар сохтори сармояи инсони ба таври зерин муайян кардан мумкин аст.

Кувваи инсонихамчун кобилияти умумии инсон дар фаъолияти эчодию мехнати дар шакли кувваи мехнати (кувваи коргари), кувваи фикри (кувваи эчоди) ва кувваи зехни (куввахои эчоди, маънави, созанда) арзёби мешавад. Дар навбати худ кувваи мехнати шакли сармояи мехнатихамчун объекти бевоситаи таъсиррасон ба ашёи табиат, кувваи фикри шакли сармояи фикрихамчун объекти таъсиррасонанда ба хамаи ахбори мавчуда ва сармояи зехни (кувваи эчоди, маънави, созанда) хамчун арзиши маънави-созанда, тафаккури капиталикунонидашуда ё объекти таъсиррасонанда ба ахбори ноосфери, инсондустию созандаро мегиранд. Сармояи мехнати, сармояи фикри ва сармояи зехни дар якчояги сармояи инсониро хамчун кувваи мухими инсони (мехнати, фикри, зехни) ташкил дода, дар раванди зехникунонии иктисодиёт сармояи инсони бештар ба сифати сармояи зехни баромад мекунад.

Муштаракии сармояи акли ва зехни дар он зухур меёбад, ки ашёи таъсиррасонанда ба он ахбор аст, аммо истифодаи бунёдкоронаи сармояи зехни бевосита ба истифодаи ахбори созандаи ахлоки алокаманд аст. Мухим будан ва минбаъд капиталикунонидани он ба васеъшавии некуахволи дар асоси аз нав коркард ва хатто ихтисор шудани хачми ашёхои табиат оварда мерасонад. Сармояи зехнихамчун омили истехсолот дар худ чунин хусуситхои хосро мепарварад.

  1. Хусусияти сармояи зехни мисли сармояи инсони дар он аст, ки барангезандаи он низ худи инсон аст. Аз дарачаи маданиятнокии у ва маълумоташ,карор ва амали у на танхо мухиммияти донишхои зехни, балки накши он ба арзишхои сармояви ва худи раванди он вобастаги дорад. Инсон дониши худ ва тамоми дигар намудхои сармояи «гайризинда»-и худро ба «харакат» медарорад, раванди созандагиро ташкил ва идора мекунад, самти ба он мувофикро аник карда, ба мухтавои муайян таъмин мекунад. Ин холат хусусияти нихоии сармояи зехниро зохир менамояд, ки он дар низоми сармояи ягонаи созандаи базиси мебошад.
  2. Тахкурсии сармояи инсони ва дар пайвастаги бо он сармояи зехниро чунин маънидод кардан мумкин аст, ки он асоси ташкил кардан ва ривоч додани дигар намудхои сармоя мебошад. Ин холат моро ба он хулоса меорад, ки дар шароити маънавикунонии амалиёти хочаги сарчашмаи асосии тараккиёт ва навсозии босифати сармояи табииин амволи сармояи зехни мебошад. Ин маънои онро дорад, ки маблаггузории бевосита ба сармояи зехни, айни замон маблаггузории бевосита ба сармояи табиИ ва амволИ низ мебошад. Ахамияти сармояи зехнихамчун муътадилсозандаи хамаи намудхои сармоя дар ташкили занчири технологии омилхои мавчудаи истехсолИ, ташаккули мухити мусоиди ичтимоИ-иктисодИ, ки истифодаи максадноки сармояи табиИ ва амволиро таъмин мекунад, зухур меёбад.
  1. Хусусияти сармояи зехнИ дар худривочёбии уст, яъне ин сармоя дар якчоягИ бо инсон кувваи худро худ меафзояд, сифат ва хусусиятхои зарурии созандагиашро ба вучуд меорад. Мураккаби раванди истехсолии муосир ва талаботи афзояндаву ивазшаванда барои ташкили некуахволИ зарурати на танхо босуръат, балки афзояндаи сармояи зехниро такозо мекунанд. Ин сармоя бояд на танхо ба шароити тагйирёбандаи раванди созандагИ мувофикат кунад, балки ба ин шароитхо фаъолона таъсир расонда онхоро ба талаботи шахсИ ва чамъиятИ мувофик гардонад.
  2. Хангоми дуруст истифода бурдани сармояи зехнИ тамоми низоми созандагию маънавии хислати инсон «ба кор медарояд». Эчодкории инсон хамеша на танхо дарачаи дониши уро инъикос мекунад, балки бо хиссиёт ва таассуроти у «муайян» гардидааст (ороиш ёфтааст), дар махсулоти истехсолшаванда  арзишхои мантикию ахлоки, нишондихандахоичамъиятию рухии субъектро тачассум мекунад. Ба низомдарории дохилии инсурхои гуногуни сармояи зехнии шахсият хамон кадар бештар муваффакиятнок аст, ки дарачаи маданияти умумИ ва касбии у баланд бошаду фаъолияти эчодию мехнатиаш назаррас бошад.
  1. Хусусияти мухимтарини сармояи зехнИ он аст, ки савдои дар бозори сармояи зехнИ вучуд доштани имкониятхои инсон ба фаъолияти муайяни эчодию созандагИ бо коидаи асоси табодули хам арзиши камтар пайвастгардида, хусусияти беруниро ба худ мегирад. Чудонашавандагии сармояи зехни ва зехнияти инсони имконияти дар рафти раванди созандагИ бештар пахн кардани кувваи эчоди созандагии уро таъмин менамояд, бехтар аз он, ки шартномаи коргару корфарморо ба низом дарорад. Самарахои мусоиди беруни барои корфармо мусоид дар шартномахои амалкунанда акс намегарданд.
  1. Муайян кардани хусусияти берунии амалиёти байнихамдигарии инсонхо дар ташкил ва мавчудияти огози бошуурона дар сармояи зехни имкон медихад, ки боз як хусусияти онро хамчун омили истехсолот намоён кунад. Мохияти он дар ин аст, ки сармояи зехни омили ягона дар истехсолот буда, дар як вакт хам истехсол мегардад ва хам ривоч меёбад. Сармояи мазкур хангоми истифодабари инкишоф меёбад, ва дар раванди инкишоф бошад, роххои нави истифодаи он пайдо мешаванд. Дар ин чо хамзамон «истифодаи созанда» ва «фарсудашавии созанда» будани сармояи зехни чой дорад, ки дар ду раванд дар вакт ва фазо баробар мувофик меоянд. Ба хамин тарик сармояи зехни арзиши «афзоянда» ё «дукаратаро» ба даст меорад, ки ба маънохои зерин ифода мегарданд. Аввалан, дар раванди истифодаи бевоситаи куввати созанда сармояи зехнии ба он мувофикро ба вучуд меорад, ки дар нихояти кор ба такмилёбии худи ин сармоя таъсир мерасонад. Сониян дар раванди истифодаи сармояи зехни хамзамон раванди инкишофи он бо рохи гуншавии донишхои зехни ба вучуд меояд. Дар ин холат «афсурдагии ривочёбанда» ва «инкишоф дар рафти афсурдашави» якчоя ба амал меоянд.
  2. Хусусияти мухимтарини сармояи зехнИ кобилияти бе иштироки сармояи табиИ ва ашёвИ ба вучуд овардани неъматхо мебошад. Кобилияти номбаршудаи сармояи зехнИ натичаи он аст, ки он дар шакли «зинда», худкифоягии омили истехсолотро тачассум менамояд. Акнун «махсус» будан дар низоми сармояи зехниро хам омили эчодкунанда тасаввур кардан мумкин аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222