Иктисоди бозаргони ташкили бозорхои молхои тавлидоти, воситахои истехсолот, сармоягузорихо ва когазхои кимматнок, инчунин асъор, кувваи кори ва инноватсияхои ба хамдигар алокамандро талаб мекунад.
Бозори инноватсияхо-ин бозори моликияти зехни, бозорхои муомилот оиди ба гузашткунии хукукхо ба объектхои моликияти зехни мебошад.
Яке аз шаклхои муносибатхои бозоргони дар сохаи инноватсиони тичорати ичозатномахо мебошад, ки дар солхои 50-уми асри XX рушди босуръати он ба мушохида мерасад. Пеш аз савдои ичозатномахо низоми патентии муосир ташкил ёфт, ки он асосхои хукукии табодули дастовардхои илмию техникиро мукаррар месозад. Савдои ичозатномахо хусусиятхои зеринро доро мебошад:
- Хангоми бастани созишномахои ичозатномадихи хукуки моликият ба мавзуи созишнома ба ичозатнома (фурушандаи ичозатнома) нигох дошта мешавад, ба шарте, ки дар ин маврид патент фурухта нашавад;
- Хусусияти таъчилии созишномаи ичозатнома мушохида карда мешавад. Одатан давраи он аз 5-10 сол, баъзан 8-10 сол ва бештар аз 1-2 сол зиёд нест;
- Созишномаи ичозатнома хусусияти минтакави (худуди) дорад, яъне барои кишвархои алохидае, ки хукуки истифодаи ичозатнома ё махорати дар асоси он ташкилшударо надоранд, истифодаи он манъ аст;
- Шартхои махсус дар бораи «ноу-хау», ки ба химояи патенти фаро гирифта нашудаанд, кайду шарт карда мешаванд. Мухлати амали онхо нисбат ба ичозатномахо камтар буда 3-5 солро дар бар мегирад;
- Мубодилаи байни хамдигарии дастовардхои илмию техники оид ба такмилдихии объектхои созишномахои ичозатнома пешбини карда мешаванд;
- Дар байни фурушандаи ичозатнома ва харидори он шаклхои махсуси хисоббаробаркуни истифода бурда мешаванд;
Аз нуктаи назари таъмини химояи хукукии холисона ичозатномаро ба ичозатномахои патенти ва бепатенти чудо намудан мумкин аст.
Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хукуки муаллифи ва хукукхои омехта» аз 13.11. соли 1998 № 726 ба хукуки асархои зерин дахл дорад:
- Ба асархое, ки муаллифони онхо шахрвандони чумхури буда, дар каламрави Чумхурии Точикистон чойи зисти мукими дорад;
- Ба асархое, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон бори нахуст нашр мешаванд (бо хисоб гирифтани асархое, ки бори нахустин дар дигар давлат дар давоми 30 руз баъди таърихи нашри нахустинашон дар кишвар нашр мешаванд), ё худ нашрнашуда, вале дар шакли объективи дар каламрави Чумхурии Точикистон новобаста аз шахрванди ё чои зисти мукимии муаллифони онхо карордошта;
- Ба асрхое, ки онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон хамчун иштирокчи онхо ба хисоб мераванд, бахри химоя пешниход мегардад;
- Асархои зерин объекти дорои хукуки муаллифи хисоб карда мешаванд:
- хуччатхои расми (конунхо, карорхои суди, матнхои дигари хусусияти конунгузори, маъмури ва ва судидошта), инчунин тарчумаи расмии онхо;
- нишону аломатхои давлати (парчам, нишон, орденхо, пул ва гайра);
- хабархо дар бораи ходисаю вокеъахо, ки хусусияти иттилооти доранд;
- асархои эчодиёти халк.
Сохиби хукуки муаллифии фавкулодда барои хабардор сохтан аз хукукхои худ бояд аломатхои химоявии хукуки муаллифро истифода кунад, ки он дар як нусхаи асар гузошташуда, аз се унсур иборат мебошад:
- харфи лотинии «С» дар доира;
- номи (номгуйи) сохиби хукукхои муаллифии фавкулоддабуда;
- соли авали нашри асар.
Патентхо -низ хамчун ичозатномахои имконпазир ба хисоб мераванд. Маъмулан, патенткунони аз чори намудани дастовардхои илмию техники дар истехсолот ду-се сол пештар сурат мегирад. Мохияти иктисодии патент дар пешниход намудани инхисорият (монополия) дар каламрави худ аз тарафи давлат ба ихтироъкор барои истифодаи навовари дар давоми 15-20 соло иборат мебошад.
Чун натичаи фаъолияти навоварона махсулоти зехни (интелектуали) баромад мекунад, ки онро хамчун натичаи фаъолият дар сохаи истехсолоти маънави барои конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагони он муайян кардан мумкин аст. Ба махсулоти зехни дохил мешаванд:
- махсулоти илми-техники, яъне кашфиётхо, акидахо, консепсияхо, намудхо (махсулоти тадкикотхои бунёди), ихтироот, корхонахои илми ва конструктори, лоиха, намудхои тачрибавии техникаи нав, маснуоти нав;
- махсулоти ахбори-махсулоти барномави, барномахои радио ва телевизион ва гайрахо;
- махсулоти мадани.
Хукуки муаллиф ба ихтироот, акидаи илми, коркардхо, молхои нав ё технологияи нав моликияти зехни мебошад, ки аз тарафи давлат химоя карда мешавад.
Ба моликияти зехни бисёр хусусиятхое, ки ба дигар намудхои моликият хос аст ва ба хамин сифат хариду фуруш, ба ичора додан, ба ивази дигар моликият ё бебозгашт додани онхо чоиз аст. Гайр аз ин, сохиби моликияти зехни хукук дорад, ки барои бе ичозат истифода бурдан ё фурухтан монеъа эчод кунад. Аммо фаркияти асосии ин моликият дар он зохир меёбад, ки моликияти зехни хиснашаванда аст, яъне вай мисли ашёи физики муайян ё киёс карда намешавад. Барои моликияти зехниро химоя кардан, онро ба ягон тарзи дарккуни ифода кардан зарур аст. Механизми химояи моликияти зехни, низоми усулхо ва воситахои иктисоди, ичтимои ва хукукии дастгирии навоварихоро дар назар дорад. Дар замони муосир шаклхои асосии химояи моликияти зехни, ки истифода бурда мешаванд, инхоянд: патент, хукуки муаллиф, аломати моли.
Патент ба ихтироот-хукуки муаллифро ба ихтироот, афзалияти ихтироот ва хукуки махсуси истифодабарии ихтироот шаходат медихад. Низоми патенти барои бархамдихии инхисорот дар сохаи (истехсолот, илм ва техника) асоси ташкили-хукукиро ба вучуд меорад, харчанд дар назари аввал, шакли химояи патентии комёбихои илми-техники ба тамоюли зиддиинхисори мухолиф аст, чун, ки патент ба сохиби он барои истифода бурдани ихтироот хукуки инхисори медихад.
Патент хамчун мукофот барои вакт ва мехнате мебошад, ки ба корхои тадкикоти сарф шудааст; вай барои тадкикотхои оянда хавасманд мегардонад, чунки ракибон кушиш мекунанд, ки ихтирооте ба вучуд оранд, ки ба ихтирооти аллакай патенткардашуда хаммонанд шавад; инчунин, вай навовари ва инноватсияхоро ба ихтирооти патенткардашуда хавасманд мекунад.
Махдудияти мухлати амали патент хамчун хавасмандии чамъиятиро ба ихтироот баланд мекунад, инчунин, вай ба зуд тичораткунии онхо мусоидат ва хамин тавр, барои онхоро зуд ба хизмат гузоштан, кумак менамояд.