Бо арзи сипос ба Парвардигори оламиён ва дуруду салом ба рухи поки хотами паёмбарон саллаллоху алайхи ва саллам ва ёрону хонаводаи У.
Дуо мухимтарин василаи робитаи инсон бо Аллох мебошад. Хеч фарди мусалмоне аз асари равони, ичтимои ва тарбиявии дуо бехабар нест, зеро инсон барои таквияти иродаи хеш ва бартараф сохтани норохатихои худ ба такягохе мухточ мебошад, ки уро ёри ва мадад намояд ва он хамоно Парвардигори пок аст, ки ба воситаи дуо ниёзи бандаро бартараф месозад. «Ё кист Он, ки чун Уро бихонед, дармондаро ичобат мекунад ва сахтиро мебардорад ва шуморо дар замин чонишини пешиниён месозад? Оё бо Худо маъбуди дигаре хаст? Андаке панд мепазиред».
Агар мо дар масъалаи дуо каме дакик бинигарем, мебинем, ки хамаи мавчудоти руи олам дар холи дархост аз Аллох мебошанд. «Хар ки дар осмонхо ва замин хаст, аз Худо суол мекунад. Хар руз Худо дар коре аст».
Дуо силоху такягохи инсон аст, ки ба василаи он банда иродаи хешро таквият мебахшад. Аммо чи басо шайтон ин силохро бар зидди инсон ба кор мебарад. Банда бояд ба зоти пок муночот ва арзи хочат кунад, хочатхои худро бо У дар миён гузорад, зеро байни Худованду банда хеч хичобе нест ва У ба хар дил ва хар забоне огах аст.
Хар ки хохад, гу биёву харчи хохад, гу бихох,
Кибру нозу хочибу дарбон дар ин даргох нест.
Хар кас дар хар чо хохад, метавонад бо Парвардигори худ розу ниёз кунад. Дуо хам бояд мутобик бо Куръон ва суннат бошад, зеро аз хукуки Худованд ба банда ин аст, ки аз У ба хамон тавре ки худ онро фиристода ва дастур додаст, бихонад ва чунон ки У хостааст, Уро бандаги карда, ба номхои зебои илохи ва сифоте, ки Аллох худро муаррифи кардааст, Уро дуо кунад.
Рисолае, ки пеши руй доред, мачмуаи судманд ва мухтасарест аз дуохои куръони ва суннати набави, ки дар накши зиндагии хар бандаи мусулмон мухим буда, ба хондани он бо ахком, шартхо ва одоби дуо ошноии комил хосил мукунад.
Умедворам ин китоб барои хонандагон рохнамое бошад барои начоти банда дар рузи киёмат, он рузе, ки мол ва дорои ба кор намеояд.