Главная / Илм / Сиёсати давлатии илми – техники ва технологияхои пешкадам

Сиёсати давлатии илми – техники ва технологияхои пешкадам

Дар замони хозира масъалаи муайян намудани афзалиятхои илми- техники ва сиёсати инноватсиони на танхо мамолики бузургтарини аз чихати саноати тараккикардаи чахон (ба монанди Руссия, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Япония, Хитой), инчунин онхоеро низ ба хаячон меоварад, ки бо сабаби махдудияти имкониятхои захирави танхо дар самтхои алохидаи пешрафти технологи мавкеи пешсафро ишгол менамоянд (инхо, аз чумла, Исроил, Финляндия, Тайван, Гонконг). Афзоиши баланди марок ба масъалаи афзалиятхо дар солхои охир инчунин бо кадам ниходани инсоният ба хазорсолаи нав алокаманд аст. Ин кушиши давлат ва бахши хусусиро оид ба хулосабанди намудани рохи тайкарда ва чустучуи стратегияи рушд дар оянда хавасманд менамояд.

Муносибатхои асоси ба коркарди афзалиятхои сиёсати илми дар мамлакатхои муттараккии саноати дар асархои иктисоддони Федератсияи Россия ботафсир баён карда шудаанд.

Муайян кардани афзалиятхои миллии рушди илми-техники дар як сатх масъалаи хам сиёси, хам иктисоди ва хам илми хисоб меёбад. Бинобар ин хайратовар нест, ки дар халлу фасли он аксар вакт доирахои васеи чамъиятчиги, ки манфиатхои гуногунтарин гуруххои ичтимои, бизнеси калон, сохибкорони хурд, олимон, харбиён, хизматчиёни давлати ва гайраро баён мегиранд, накши фаъол мебозанд.

Дар чамъбаст, афзалиятхои мукаррар кардашаванда аксар вакт муросое мебошанд, ки дар ин ва ё он дарача орзуи бисёр тарафхои ба таксимоти захирахои махдуди бучави хавасмандро ба модди назар мегиранд.

Аз нуктаи назари сиёсатмадорон таксимоти маблагхои бучави ин, бешубха, масъалаи сиёси, самтхои афзалиятноки корхои илми- тадкикоти ва тачрибавию конструктори-ин самтхои ба максадхои мукарраркардашудаи миллии рушди дарачаи баландтарин чавобгуянда мебошад. Ба ин кобил максадро дар дилхох мамлакат, бешубха, мустахкам кардани кобилияти мудофиави, таъмини фаъолияти самараноки иктисодиёт, дар бозори чахони ва дохили нигох доштани ракобатпазирии истехсолкунандагони ватани, таъминоти захирави ва захирасарфанамои, тандурусти, хифзи мухити атроф ва гайра мансуб дониста мешаванд.

Агар кушиши чудо кардани самтхои тадкикоти ва коркардхои илмии ба максадхои мазкур мутобик ба чо оварда шавад, он гох ба ин мачмуи васеи корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори бунёди, чустучуи ва амали ворид мегардад. Барои дар хачми пурра ташкил кардани онхо вокеан иктисоди пуркувватро доштан зарур аст. Аммо, маълум аст, ки масъалахои чудо кардани афзалият махз бо набудани захирахои зарури ва махдуд будани хачми маблагхои бучави хам алокаманданд.

Доираи сарбастае пайдо мегардад, ки рахо шудан аз он танхо дар натичаи мукаррар гардидани афзалиятхо дар байни максадхои миллии аз хама афзалиятноктарин имконпазир мегардад (агар ин умуман имконпазир бошад). Дар хар холат, ин интихоби сиёси бо хамаи норасоги махдудиятхои ба он хос хохад буд.

Интихоби самтхои афзалиятноки корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори инчунин тибки максаднокии иктисодии онхо имконпазир аст.

Агар махаки афзоиши истеъмолот ба хар як нафар ахоли бар асос гирифта шавад он гох мо пеш аз хама бо масъалаи интихоби фосилаи вактии мутобик дучор мегардем.

Дар тули бисёр кутохи вакт аз харочоти гузаронидани тадкикот ва коркардхои илми мумкин буд, ки тамоман даст кашида шавад ва маблагхои сарфашуда аз чумла ба ниёзхои ичтимои ё сохаи истехсоли ягон намуди моли камёфт равона карда шавад. Аммо дар ояндаи басо дур чунин муносибат метавонад ба кучаи сарбаста бубарад-истехсолот ба даст овардан ва азхудкардани дастоварди илми ва технологияи навро бас мекунад, афзоиши хосилнокии мехнат боздошта мешавад, сифати махсулоти корхонахои ватани нисбат ба дарачаи чахони ба окибмони огоз мекунад ва дар шароити чахонишавии иктисодиёт, корхонахои ватани аз тарафи ракибони хоричи мунтазам аз бозор танг карда бароварда мешаванд.

Равандхои инноватсиони дар рушди иктисоди беш аз пеш мавкеи назаррасеро сохиб мегарданд ва онхо ба баланд бардоштани сифати рузгори шахрвандон, кутох намудани кафомони аз мамлакатхои муттараккии чахон равона карда шудаанд. Зимнан вазифаи мухими рушди инноватсиони афзун намудани истехсол ва дар бозори чахони фурухтани махсулоти баландтехнологии ракобатпазир, ки аз хисоби таркиботи аклони хиссаи калони арзиши иловашударо дорост ба хисоб меравад.

Дар давлатхои муттараки такрибан 80-95 фоизи мачмуи махсулоти дохили ба хиссаи донишхои нави бар техника ва технологияхо тачассумёфта, усулхои ташкили мехнат, истехсолот ва идоракуни, инчунин дар баланд бардоштани сатхи маълумотнокии ахоли рост меояд.

Рушди инноватсиони ба чори намудани максадноки омилхои тараккиёт дар хамаи сохахои иктисодиёт оварда мерасонад ва коркарди стратегияи фаъолнамоии фаъолияти инноватсионии

субъектхои иктисодиро дар асоси сохибкори талаб мекунад. Сохибкории инноватсиони ин фаъолияти субъектхои мустакили хочагидорест, ки таваккали инноватсиониро оид ба коркард (тахия) азхудкуни, гузаронидан ва истифодаи навоварихо ба худ мегирад ва аз фуруши онхо пайваста фоида ба даст меорад. Мохияти таърифи мазкур ба инобат хели нави муносибатхои иктисоди, ташаккули навъи тафаккури инноватсиони, мунтазам болоравии ихтисосманди, рушду камоли шахсияти инсон мебошанд.

Бахогузорихои Ташкилотхои Созмони Миллали Муттахид нишон медиханд, ки дар сохтори боигарии миллии аксар мамолики чахон наздик 2 ё 3 хиссааш ба сармояи инсони рост меояд. Дар замони хозира дар сохтори ичтимои чои асосиро мутахассисон – моликони ба коркард, азхудкуни, пахнкуни ва истифодаи навоварихои ба низомхои мураккаби илми-техники ва иттилооти-технологи хизмат расонида ишгол менамоянд.

Сохибкорон намояндагони асосии иктисоди бозаргони хисоб меёбанд ва онхо бо навъи инноватсионии фикррони, ки ба мушовараиилми-ташкилии омилхои истехсоли бо максади истифодаи самараноки захирахо ва бадастоварии даромади бештари сохибкори равона карда шудааст, фарк мекунанд.

Бавучудоии сохибкории инноватсиони хамзамон бо дигаргунсозихои инкилобии тамоми омилхои истехсолот, шаклхои ташкили мехнат, истехсолот ва идоракуни чараён мегирад, аз тарафи дигар, донишхои илми, иттилоот ба захираи мустакили истифодаи кулайи инноватсиони табдил меёбанд. Бинобар ин рушди сохибкории инноватсиони ба худи объекти фаъолият бо назардошти он, ки корхонахо низоми алхол мавчудаи иттилооти аз микёси истехсоли молу хизмати илмталаб бештар вобастагиро табдил медиханд, муносибати мувофикро талаб менамояд. Хамин тавр бошад, пас дар рушди сохибкории инноватсиони, дастгирии максадноки давлатии иштироккунандагони лоихахои инноватсиони дар заминаи бунёди фондхои махсусгардонидашудаи инноватсиони, тараккиёти бахши хусусии хизматрасони оид ба  сугуртакунони, барномахои байниидории фаъолияти инноватсиони ахамияти махсус дорад.

Шартхои асосии бавучудои ва рушди сохибкории инноватсиони ба намудхои зерин ба назар мерасанд:

  1. тахияи меъёрхои нави танзим дар сохахои илм, техника, технология ва фаъолияти инноватсиони мутобиккунанда;
  2. дигаргунсозихои институтсионалии фаъолияти инноватсиони, ки ба бунёди сохторхои инноватсиони, амали кардани лоихахои инноватсионии афзалиятнок ва барпо намудани «биржаи инноватсияхо» равона кардашуда;
  3. ба руйхатгирию аниккунии бахшхо, корхонахо ва сохахои илми ва илми-техники бо максади рушди иктидори илми. Зимнан ба ракобатпазирии сохахои мухталифи иктисодиёт, сатхи технология ва намудхои асосии техника бахо додан судбахш аст;
  4. мавчудияти низоми миллии инноватсионии самаранок коркунандаи муассисахои хусуси ва давлати ва корхонахои бахши илми-техникии иктисодиётро хавасмандгардонанда. Низоми милии инноватсиони, хамчун асоси тараккиёти сохибкории инноватсиони, ба таракки ва пахншавии технологияхои нав дар мамлакат шароит фарохам меорад;
  5. муайян ва тасдик намудани самтхои афзалиятноки сохибкории инноватсиони ва технологияхои мухим барои корхонахои мамлакат;
  6. ба тафаккури умум ва санадхои конунгузори чоринамудани мазмуни нави сармоя;
  7. тагйиротхои чиддии сиёсати инноватсиони сохтори сармоягузориро бо назардошти мансубиёти онхо ба равандхои инноватсиони аз нав дидан, сармоягузории венчуриро таракки додан, табдил додани корхонахо, ширкатхо, пажухишгоххои илми-тадкикоти, шуъбахои конструкториро ба моликони самарабахши хавасманд ва кобили навоварихоро татбиккунанда;
  8. баланд бардоштани самаранокии амали намудани сиёсати инноватсиони дар асоси фарохамории шароити мусоиди тараккиёти молиявию карзии фаъолияти инноватсиони;
  9. табдил додани инвеститсия ба сармояи инсони, ба сохахои асосии маблаггузорихои дарозмухлат, инчунин усулхои нави баходихи бе таваккалхои сугуртави ва масъулият, истифодаи механизмхои чалби маблагхои шахси, карздихи ба донишчуён ва гайрахо талаб мекунад;
  10. хамгироии баробархукук ва аксулманофеи илми-техники бо харифон оид ба хамкории илми-техники ва иктисоди.

 

Дар мавриди чомеа ба мархилаи дониш, пойдоршавии рохи инноватсионии тараккиёт ворид гардид, ба замоне, ки зехн иттилоот, донишхо, малакахо, «ноу-хау» хамчун омилхои мухимтарини рушди бахо дода мешаванд.

Аз нав сохторсозии инноватсиони сифатнокии бозсозии сохтории саноат ва ислохоти комплексии сохаи илми-техникиро талаб мекунад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222