Главная / Илм / Шиканча ва озори ёрони Паёмбар (с)

Шиканча ва озори ёрони Паёмбар (с)

Мушрикон танхо ба озору азияти Паёмбар (с) иктифо накарданд, балки шуруъ ба озору азийяти ёрон ва асхоби Паёмбар (с) низ намуданд. Бештарин озору азийят мутавачехи Билол буд. Билол гуломи яке аз ашрофи Курайш ба номи Умайя ибни Халаф буд. Умайя бар гардани Билол танобе баст ва он танобро ба дасти кудакон супорид, то онро ба ин тарафу он тараф бикашонанд. Билол гохе ба пахлу ва гохе ба руй меафтод, аммо дар хама хол “Ахад, Ахад” мегуфт.
Умайя дар рузхои гарми тобистон Билолро бар руйи регхои дог хобонид ва сангеро бар руйи шиками у ниходу гуфт: “Ё бояд дар хамин хол бимони, то бимири ва ё ин ки ба Худои Мухаммад куфр оварда, носазо гуйи ва ба ду бути Лот ва Уззо имон овари. Аммо Билол бо камоли шахомату шучоат мегуфт: “Худо яке аст, шарике надорад, ду бути Лот ва Уззо лаёкати инро надоранд, ки дар мукобили онон таъзим намуд”. Ин вазъ идома пайдо намуд, то ин ки Абубакри Сиддик (р) рузе Билолро аз Умайя хариду уро озод намуд ва аз он руз Билол муаззини Паёмбар (с) шуд.
Яке дигар аз ёрони Паёмбар (с), ки Курайш уро мавриди озору азийят карор медоданд, Хаббоб ибни Арат буд. Хаббоб гуломи зане ба номи Умми Анмор буд. Хаббоб охангар буд, вакте ки Умми Анмор хабари мусулмон шудани Хаббобро шунид, аз курраи у охани гудохта оварду бар пушташ ниход, ба гунае ки равгани бадани у охани гудохтаро хомуш менамуд, аммо руз ба руз имони Хаббоб афзуда мешуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222