Главная / Маданият ва санъат / Шинохтани мизочи одам аз руи хоб ва хоббини!

Шинохтани мизочи одам аз руи хоб ва хоббини!

Агар шумо хоб бинед пас маълум мешавад ки чигуна инсон хастед?

Аз руи хоб ва хоббини далел ёфтан аз аломати мизоч хеле чолиби диккат буда онро хар кас ба осони ба ичро расонида метавонад. Далели аз хоб гирифтани мизоч ин пеш аз хама муайян кардани майли шахс ба хоб ва бедори буда, микдори хобро дар як шабонаруз низ ба назар мегиранд. Илова ба ин, чи хел хоб кардани шахс, нагз хоб мекунад ё тез-тез бедор мешавад, далел шуда метавонад. Далел аз хоббини, албатта он чиз аст, ки шахс дар хоб мебинад.

woman-g82cc04ef6_1920Хамин тавр шахс агар бо мушкили ба хоб раваду, хобаш тез-тез парида истад, аз хоб ба осони бедор шавад, хоби ночиз кунад ва дар хобаш оташ, офтоб ва хама гуна ашёхои сузандаро бинад, мизочи шахс гарм аст. Баръакс ба осонй ба хоб раваду хобаш мустахкаму майл ба серхоби допгга бошад ва дар хобаш барфу жоларо бинад ва ё худро дар зери таъсири онхо бинад, мизочи шахс сард аст.

Агар шахс ба душвори хобаду илова бар он бехобии . пирона кашад ва дар хобаш куху биёбонхо ё ягон чизи сиёхро бинад, ё худашро аз чизхои болои дар осеб бинад, мизочи шахс хушк аст. Баръакс, агар шахс серхоб бошаду тез хобаш барад, пинакаш ба осони напарад ва дар хобаш обу борон ва ягон чизи кабуду осмониро бинад ё аз онхо дар хобаш осебе бинад, мизочи шахс тар аст.

Агар шахс бехоби кашаду, хобаш ба мушкили ояд, нагз хоб накунад ва дар хобаш оташу сухтор ё ягон чизи зардро бинад, аз онхо осебе бинад ё ташнаги кашад, мизочи шахс гарму хушк аст. Баръакс, шахс хеле серхоб бошад, рузу шаб аз хоб сер нашавад, хобаш ба осони ояду хестанаш хеле гарон бошад ва дар хобаш обу барфу хунуки ё ягон чизи сафедро бинад ё аз онхо осебе бинад, мизочаш сарду тар аст.
Агар хобу бедориаш як дарача дар эътидол бошаду, лекин дар чои иклимаш тар хоболуд шавад, бисёр хобаш парад ва дар хобаш хун ё ягон чизи сурхро бинад, мизочаш гарму тар аст. Баръакс, шахс камхоб бошаду тез бедор шавад, хобаш нагз набарад ва дар хобаш торикй, дуд, ягон чизи сиёхро бинад ё аз онхо осебе дида бошад, мизочаш сарду хушк аст.

Далел ва нишонахое, ки овардем махз ба холати саломатии шахс далолат доранд. Дар холати махсус ин аломату нишонахо далели бемори, яъне маризихои шахс мебошанд. Ва хам бояд донист, ки ба хоби шахс хамагуна омилхои дохили(гизо, холати рухи, таъсироти ходисахои рузи гузашта ва г.) ва беруни(боду хаво ва хамагуна сабабхои имконпазир) метавонанд таъсир донгга бошанд.

Боз як аломати хобкуниро вобаста ба мизоч, яъне фазо ва чойи равониро метавон кайд намуд, ки дар шахсони мизочашон устувор хеле сахт реша давондааст. Шахсони мизочашон сард, яъне флегматикхо, меланхоликхо,акалияти занхо ва шахсони мизочашон ба онхо наздик дар фазо ва чойи махдуд(дар хонаи худашон ва хешовандони наздикашон) хобиданро дуст медоранд. Барои шахсони мизочашон гарм, яъне холерикхо, сангвиникхо, акалияти мардон ва шахсони мизочашон ба онхо наздик бошад фазо ва чойи хоб фарк надорад. Яъне барои онхо хонаи хатто бегагон фарк надорад. Бино ба гуфтахои болои аввалихо ба хонаи хешони дур ва шиносонашон камтар ба мехмони мераванду, агар раванд хам тезтар ба хонаашон баргашта меоянд.

Ба дуввумихо мехмони рафтан, хатто ба хонаи хешони дур ва шиносонашон рохат буда хоб карданро он чо авлотар медонанд. Бино ба гуфтахои болои шахсони гурухи аввали хатто дар сафар, яъне дар мехмонхонахо низ хобашон нагз намебарад ва аз ин ру азоби рухи мекашанд. Мантики гуфтахои болои он аст, ки аввалихо аз руи конуну коидахои давра ва дувумихо бошанд аз руи хати рост зиндаги доранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222