Психология бо илмхои табиат-шиноси ва хусусан илмхои био-
логи робитаи зич дорад, ки
мехвари ин робитаро алокаи
системаи асаб ва психика ташкил медихад. Системаи асаб
асоси моддии психикаро ташкил намуда, онро ба омузи-
ши объективии экспериментали дастрас мегардонад ва
имконияти ба таври илмию тачрибави асоснок намудани
зухуроти психикиро фарохам меоварад. Психика хосияти
системаи асаби олиташаккул мебошад.
Алокаи системаи асаб бо зухуроти психики ва
рафтор дар таносубии инкишофи таърихии онхо равшан-
тар аён мегардад. Аз ин ру, тахаввулоти системаи асаб ва
психикаро муфассалтар дида мебароем.
Системаи асаб тахаввулоти тулониро аз сар гузаро-
нида, аз шабакаи наххое, ки хучайрахои хассоси асабиро
бо бофтахои кашидашаванда -мушакхо мепайвандад, то
ба дарачаи магзи сари одам, ки ташкилаи сохтораш нихо-
ятдарача мураккаби асаби мебошад, ташаккул ёфтааст.
Намуди нихоят содда ва ибтидоии системаи асаб, систе-
маи асаби диффузи ё туршакл ба шумор меравад. Ин шак-
ли системаи асаб хоси рудаковокхо, масалан гидра мебо-
шад. Системаи асаби гидра аз хучайрахои асабии дар та-
моми бадани вай пароканда иборат аст. Расми 5а. Хаячон
дар чунин системаи асаб ба хама самтхо баробар пахн
мешавад. Аз ин ру, аксуламали ин мавчудот ноаник ва гуё
тахмини аст. Агар ба палмосакхои гидра сузан халонида
шавад, у тамоми баданашро ба худ кашида чамъ мешавад.
Хол он ки хайвоноти системаи асабашон нисбатан мурак-
кабтар хангоми чунин муносибат метавонанд танхо узви
мутаассиршударо ба худ кашанд. Хусусияти дигари си-
стемаи асаби диффузи дар он ифода меёбад, ки новобаста
аз шакли таъсирот аксуламал ба он якхела мебошад. Та-
кон додани зарфе, ки дар он гидра нигох дошта шудааст,
даст расонидан ба вай ва ё таъсири ангезаи химияви
хамон як намуд аксуламал – чамъшавии гидраро ба вучуд
меоваранд.
Системаи асаби нисбатан мураккабтар системаи аса-
би гирехшакл мебошад, ки хучайрахои он дар китъахои
алохидаи бадан мутамарказ шуда, гиреххои асабиро ба
вучуд меоваранд, ва гиреххои асаби байни хам бо наххои
асаби пайваста, занчираи асабиро хосил мекунанд. Расми
5б, в. Дар чунин намуди системаи асаб хар як гирехи асаби
амали рефлексхои муайянро ба таври мустакилона таъмин
мекунад. Чунин намуди системаи асабро дар кирмхо,
хашарот, харчангхо, тортанакхо ва
чилпо вохурдан мумкин аст. Дар си-
стемаи асаби ин мавчудот хаячон на
ба самтхои гуногун, балки аллакай ба
самти муайян пахн мешавад, ки ин
бартариро дар зуди ва аникии аксу-
ламал таъмин менамояд.
Намуди боз хам мураккабтари
системаи асаб, ки дарачаи баландта-
рини тахаввулоти онро ифода меку-
над, системаи асаби мутамарказ ме-
бошад. Дар системаи асаби мутамар-
каз механизми танзими асабию пси-
хики дар кисмати ягонаи маркази
марказонида шудааст. Ин намуди си-
стемаи асаб дар мухрадорон ташак-
кул ёфтааст. Шакли соддатарини он,
ки дар нештаршакл мушохида меша-
вад, аз сохтори асабии нойшакл
иборат аст. Нойи соддаи асаби ба да-
розии бадани ин хайвони оби тул
кашида, ягон барчастаги надорад.
Дар мухрадорони мураккаб кисми
пеши нойи асаби ташаккул ёфта,
барчастагиро хосил кардааст, ки
магзи сар номида мешавад. Аммо
сохтори нойшакл низ дар шакли
хароммагз боки мондааст, ва аз ин ру
ин намуди системаи асабро системаи
асаби найчашакл низ меноманд. Рас-
ми 5г-д. Системаи асаб дар намо-
яндагони синфи ширхурон ба да-
рачаи нихоии инкишофи худ мерасад
ва магзи сар ба узви мухимтарини он
табдил меёбад.
Системаи асаби нойшакл хусусан дар мархалахои
охирини инкишофи он аксуламалхои фавкулдакикро
таъмин карда метавонад.
Хамин тавр чуноне, ки олими рус С. Л. Рубинштейн
кайд мекунад, дар алокаманди бо инкишофи системаи
асаб функсияхои он аз руи конунияти муайян ташаккул
меёбанд, ки он дар такмили махсусгардии аксуламалхо
зохир мегардад. Дар ибтидо ангезандахои беруна аксула-
мали пароканда (диффузи)- ро ба вучуд меоваранд, мин-
баъд махсусгардии аксуламалхо ба амал меояд.
Системаи асаб дар давраи муайяни тахаввулоти худ
хусусияти нав, яъне психика ё инъикоси психикиро сохиб
гардидааст. Доир ба нуктаи ибтидои ин давра хануз хам
дар байни олимон ихтилоф вучуд дорад, масалан, баъзе
муаллифон чунин мешуморанд, ки аксуламалхои орга-
низмхои соддатарин, ки танхо нисбати таъсироти бевоси-
таи хаётан мухим зохир мешавад, аллакай зухуроти пси-
хики ба шумор меравад. Аммо гурухи дигари олимон ин
типи аксуламалхоро хануз зинаи топсихики медонанд.
Мувофики фарзияи мухаккики рус А. Н. Леонтев кобили-
яти инъикос намудани танхо таъсироти хаётан мухими
мухит, ки ба организмхои соддатарин хос аст, хануз ни-
шонаи психика намебошад. Олим ин кобилиятро мутаас-
сиршави номидааст.
Дар чараёни тахаввулот, дар организмхои нисбатан
мураккаб намуди нави мутаассиршави – хассоси ба вучуд
омадааст, ки асосан бо инкишофи таърихии узвхои хис
алокаманди дорад. Тафовут ва бартарияти хассоси бар
мутаассиршави дар он ифода меёбад, ки организми дорои
чунин намуди кобилияти инъикос мавчудияти объекти ха-
ётан мухимро на танхо дар асоси кабули таъсири бевосита
аз он, балки тавассути нишонахои бавоситаи он – ан-
гезандахои сигнали низ муайян карда метавонанд. Ан-
гезандахои сигнали – ин чунин таъсироти объектхои мухит
мебошанд, ки худ барои организми додашуда ягон ахами-
яти хаётиро ифода намекунанд, яъне на ягон талабот ва
эхтиёчоти онро каноатманд месозанд ва на мавчудияти
онро ба хатар мегузоранд, аммо доир ба мавчудият ва
эхтимолияти чунин таъсироти хаётан мухим хабар мера-
сонанд. Масалан, чунин хусусиятхои ашё ба мисли ранг,
шакл ва буйи он барои организм бефарк аст, вале онхо
доир ба мавчудияти худи ашё гувохи медиханд, ки мета-
вонад ба сифати гизо баромад намуда, талаботи органи-
кии организмро каноатманд созад.
Ба акидаи А. Н. Леонтев, махз зухуроти хассоси
нуктаи ибтидоии инкишофи психика ба шумор меравад.
Нуктаи назари хешро доир ба тахаввулоти минбаъдаи
психика ва рафтор олим дар асари худ «Масъалахои ин-
кишофи психика» (1972) муфассал баён намудааст, ки он
дар солхои 90- ум аз чониби мухаккики дигари рус К. Э.
Фабри вобаста ба дастовардхои навини илми зоопсихоло-
гия мукаммал ва дакик карда шудааст. Ин назария дар
илми муосир бо номи назарияи Леонтев – Фабри маъмул
аст. Мувофики он, таърихи инкишофи психика ва рафто-
ри мавчудот ба ду зина: зинаи психикаи соддаи сенсори ва
зинаи психикаи персептиви чудо карда мешавад. Зинаи
аввал ду дарача дорад, ки онхо: дарачахои поёни ва оли
мебошанд. Зинаи дувум бошад, иборат аст аз се дарача:
поёни, оли ва олитарин. Асоси тафрикагузории ин ду зи-
наро тавсифдихандахои асосии роххои ба даст овардани
ахборот дар бораи олами ихотакарда ташкил медихад.
Барои зинаи аввал усули сенсори ё дарачаи эхсосии бада-
стории ахборот хос аст. Барои зинаи дувум бошад, усули
персептиви ё дарачаи идрок. Зинаи психикаи соддаи сен-
сори унсурхои ибтидоии хассосиро, ки дар доираи ша-
клхои соддатарини эхсос ба вучуд меоянд, тавсиф
медихад. Зинаи психикаи персептиви бошад дар тахав-
вулоти психика ва рафтори хайвонот чахиши бузург буда,
кабули ахбороти мухитро дар шакли образхои яклухт
ифода мекунад. Ниг. чадвали 1.
Хар як зинаи инкишофи психика хатман бо ташакку-
лу такомули системаи асаб ва як катор омилхои дигар
марбут аст. Ин фикрро тамоми мухакикони ин масъала
тасдик менамоянд. Ба акидаи С. Л. Рубинштейн
«…инкишофи психика ва рафтор бо мураккабшави ва
тагйирёбии шароитхо ва тарзи хаётгузаронии организмхо,
инкишофи системаи асаб ва минбаъд такомулу мутамар-
казшавии он, инчунин инкишофи узвхои хис ва дар охир
бо пайдоиши ретсепторхои масофави вобастаги дорад».
(С.Л.Рубинштейн. Основы общей психологии. Спб: изд.
Питер, 2000. с.114).
Хамин тавр, мураккабшавии шароитхои зист ва та-
шаккули системаи асаб аллакай дар бандпойхо, ки намо-
яндаи типи системаи асаби гирехшакл мебошанд, шакли
нав ва нисбатан мураккаби рафтор – инстинктро ба вучуд
меоварад. Инстинкт – шакли ирси ва камтагйирпазири
рафтор мебошад, ки мутобикати организмро ба шаро-
итхои хоси хаётгузаронии у таъмин мекунад.
Инстинктхо чараёни минбаъдаи тахаввулоти психика
ва рафторро хамрохи намуда, мунтазам мураккаб мегар-
данд ва танхо дар зинахои нихоии он бо сабаби ба вучуд
омадани унсурхои рафтори бошуурона ахамияти худро
дар хаёти фард то андозае аз даст медиханд.