Худи Имом Абуханифа (р) китобе дар фикх таълиф накардааст, аммо афкораш тавассути шогирдони мухлисаш дар саросари олами Ислом пахш шудааст. Аз чумлаи шогирдонаш:
Абуюсуф, Яъкуб ибни Иброхим ибни Хабиби Ансори машхур ба Кози мебошад. Дар Куфа ба дунё омада, дар халкахои дарси Ибни Абулайло ширкат мекард. Пас ба назди Имом Абуханифа (р) омада, мулозамати уро баргузид. Имом Абуюсуф марди факех, олим ва хофиз буд, ки мансуби казовати даврони се тан аз хулафои бани Аббос: Махди, Ходи ва Хорунуррашидро ба ухда дошт ва дорои таълифоти машхур мебошад.
Аз чумлаи шогирдони Абуханифа (р) Мухаммад ибни Хасани Шайбони мебошад, ки дар вакти вафоти Имом хурдсол буданд. У тахсилоташро дар назди Абуюсуф ба поён мерасонад ва аз Суфёни Саври ва Авзоъи низ истифода кардааст. Ба назди Имом Молик рафта ва хадисро ёд мегирад. Дар даврони хилофати Хорунуррашид мансаби казоватро ба ухда гирифт. Дорои таълифоте мебошад, ки марчиъи аввал дар фикхи ханафи аст.
Аз дигар шогирдони Имом Абуханифа (р) Зуфар ибни Хузайл мебошад, ки аз кадимтарин шогирдони у ба шумор меравад ва аз у китобхои машхуре ба чой намондааст. Пас мулохиза мешавад, ки Имом Абуюсуф шогирдоне дошта, ки худашон имомоне дар илму фазл будаанд ва дар фикхи исломи таъсири басазо мегузоштаанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …