Главная / Илм / Сохти идораи Маъмури-Сиёси.

Сохти идораи Маъмури-Сиёси.

То охири солхои 60-уми асри XIX дар худуди Бухорои Шарки якчанд хокимияти феодалии мустакилу ниммустакил вучуд дошт, ки бо мурури замон ба табиати аморати Бухоро хамрох карда шуданд. Ба онхо нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон аз чумла Хисор, Кулоб, Кабодиён, Кабодиён. Каротегину Давоз дохил мешуданд. Хокимият дар ин мулкхо ба таври мероси баякдигар мегузашт. Хокимияти идоракуни воситаи асосии истисмор ва пахш намудани муборизахои мехнаткашон ба шумор мерафт. Баъди хамрох ва ё истило шудани ин нохияхо бо хайати идораи маъмурии онхо дигаргунихо дохил карда шуданд, тамоми аморат ба бекигарихо таксим шуда буд. Дар минтакахои хозираи Чанубу Шарки ва Марказии Точикисн чунин бекигарихо вучуд дошт: Хисор, Куронтеппа, Кабодиён, Кулоб, Балчувон. Каротегину Дарвоз. Акнун баъди истило намудани нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикисон аморати Бухоро дар чашми мардуми мусулмон Осиёи Миёна давлати ба обру мешуморид, чунки заминхои зиёде аз чумла аз Хисор-3000 кв.верст, аз Кулоб-475,0 кв.верст аз Каротегин- 9800 кв.верст аз Дарвоз16875 кв.верст замин ба даст овард.
Дар солхои баъд аз истилох намудани кисмати Бухорои Шарки ахолии Бухоро ба 2 млн.500 хазор расида буд. Аз ин микдор 250 хазорашро ахолии шахр ташкил медод.
Бекигарихои истилошуда аз чумла Кулоб бо 25 хазор. Куронтеппа ба 4 хазор, Дарвоз бо 3 хазор ва Кабодиёнро бо 1 хазор нафар ахолиашон ба хайати аморат дохил шуда буданд. Якчанд махаллахои алохидаи ахолинишин вучуд доштанд, ки дар хайёти икиодии Бухорои Шарки накши муайянро бозиданд. Ба ин махаллахо Душанбе бо 28 хазор хона ва Регар бо 7 хазор хона дохил мешуданд.
Шахрхои Бухорои Шарки на факат аз шахрхои Осиёи Миёна, балки аз шахрхои кисмати гарбии Бухоро фарк мекарданд. Онхо аз марказхои савдои ва роххои алою савдои хеле дур чой гирифта буданд. Бо иктисодиёти кафомондаи худ ин шахру навохи дар хаёти мардуми ин чойхо наш на он кадар бузургро бозиданд. Шахрхои ин нохияхо аз кишлоку дехахо факат бо он фарк мекарданд, ки дар шахрхо намояндагони амир бо сардори бек, намояндагони савдо, заминдори калон, рухонихо, косибон ва як кисми дехконон зиндаги мекарданд. Дар як катор шарххо кушунхои амир чой гирифта буданд. Намояндагони табакаи болоии тамоми Бухорои Шарки аз чихати ичтимои ба якдигар монанди доштанд.
Аз хама амали баланд дар ин нохияхо бек ба шумор мерафт. Бек намояндаи табакаи калони феодалон ба хисоб шуд.
Бек аз болои хукумат бекигари назорат мебарад ва дар зери итоати у вазифахои бисёр ва амалдорони зиёде буданд. Бек тамоми хокимиятро дар дасти худ нигох дошта, шахсоне, ки ба ягон амал сохиб мешуданд танхо бо ризогии худ бек ва аз мансаб озод кардани онхо низ бо ризоиёти бек сурат мегирифт. Баъд аз бек дар чои дуюм, ёрдамчии бек, Эсаулбоши ё худ “денанбеги” меистод. Вазифаи асосиидевонбеги пеш аз хама мардум чамъ овардани закот ва андозхо буд. у якчанд котибу арбоб ва ясаул дар хизмати худ нигох медошт.
Амали дигаре, ки дар бекигари вучуд дошт “мирзои мунши” буд. Одатан ба ин вазифа одамони босавод ва хусни хати хуб дошта даъват карда мешуданд. Вай дар назди бек корхои рубардоркуни ва навиштани хуччатхоро ичро мекард.
Яке аз вазифахое, ки дар бекигари барои нигох доштани тартибот вучуд дошт, ин “Миршаб” буд. “Миршаб” ба замми ин аз болои зиндон ва махбусони дар вай буда назорат мебурд.
“Мироб”- бошад доимо аз об назорат менамуд. Вай дар ихтиёри худ, якчанд ёрдамчихоро дошт. Аз чумла “амин”, ки хухаини як чуйбор буд, инчунин “арбоб”-назоратчи ва “аксакол”-таксимкунандаи об, “чуйбонхо”-тозакунандагони чуйхо ва мирзо . ки дар ихтиёри “мироб” буданд.
Мансаб “амин” бошад аз руи корхои сохтмони назорат мекард, ки дар ихтиёри худ якчанд амин дошт.
“Пайгирчи”-чамъкунандаи закот аз савдо ва хайвоне, ки онхоро барои фуруш ба бозор меоварданд ба хисоб мерафт.
Дар идора кардани хукумати махалли чои заруриро рухониён мегирифтанд, ва корхои махкмро дар ихтиёр доштанд. Чунин амалдорон дар бекигарихои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон ба 3 кисм таксим мешуданд:
.Ки-ичроиши конунхои шариатро назорат бурда, дар ихтиёри худ якчанд мулозим ва мирзо дошт.
.Муфти – донандаи конунхои шариат, ки ба додани ривоят машгул буд.
Барои додани ривоят вай музд мегирифт. Дар ихтиёри муфти якчанд хизматгор ва се мухаррир буд.
. Раис-сарукор доштан бо чинояткорон ва вайронкунандагони конунхои дини ислом,
вайронкунандагони савдо, назорат бурдан аз руи мактабхо, тартиботи оилави ва г.р. Раис якчанд хизматгор дошта, ба воситаи онхо чинояткоронро чазо медод. Мулозимону дуррадастон дар ихтиёри у буданд.
Кози дар бекигарихо аз тарафи амири Бухоро таъйин мегардид. у дорои маълумоти дини буда, дар айни замон бояд аз авлоди рухони бошад.
Аз ин чо бар меояд, ки дар Бухорои Шарки ягон амалдор ба таври интихоби озод ба сари мансаб намеомад. Хамаи максаду мароми амалдорону худи бек, танхо бо рохи истисмори дехдонону камбагалон ба даст овардани фоидаи зиёд буд.
Чи хеле ки дар боло кайд намудем, баъд аз шудани аморати Бухоро аз тарафи Россия аморати Бухорои Шаркиро, ки дар ин минтака якчанд мулкхои феодалии нимустакил мавчуд буд ба худ хамрох намуд. Баъд аз ин минтака: хусусан нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистонро истисло намуд, дар минтакахои асосии ин чо гарнизонхои харбии худро чой гиронид. Максад аз чой гирондани гарнизонхои харбии дар ин нохияхо, мустахкам кардани мавкеъи аморат дар худуди ин минтака буд. “Соли 1871 дар Регар 400 нафар, дар Хисор-4000 нафар сарбоз ва 11 туп, дар Кулоб 3000 нафар сарбозу 4 туп ва дар Калъаи-Хумб соли 1878 кариб 5000 хазор сарбози амир чой гирифта буданд”.
Яке аз мулки калонтарини Бухорои Шарки ин мулки Хисор буд. Баъди истило шуданаш Хисор ба 7 бекигари- Бойсун, Шеробод, Дехнав, Юрги, Хисор, Кабодиён. Кургонтеппа таксим карда шуд. Дар хамаи ин бекигарихо аз чумла дар Хисор низ идоракуни дар асоси идораи умумибухороги ташкил ёфта буд.
Якуб-бек дар солхои хукумронии худ дар Хисор ба дарачае ба боварии амир Музаффар даромада буд, ки Музаффар барои хамин ба у имтиёзхои беандоза аз кабили барорвардани хукми катлро дода буд.
Остонакул бошад дар замони хукумронии худ дар Хисор низ ба имтиёзхои номахдуд ноил гардида буд. Вай яке аз шахсхои бойтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дорои микдори зиёди тилло, якчанд галлаи асп ва рамаи гусфанд буд. Хамаи ин боигарию сарвати табакаи хукумрон аз хисоби мардуми захматкаши ин минтака ба даст меомад.
Дар дигар бекигарихои Бухорои Шарки аз чумла Кулоб, Балчувон, Кабодиён, Каротегин ва Дарвоз авхол чунин буд.
Бекигарии Кулоб низ яке аз он нохияхое мебошад, ки баъди истило шуданаш аз тарафи аморати Бухоро ба якчанд амалдорихо таксим карда шуд. Баъд аз истилои Кулоб, ин бекигари ба ду кими бекигарии Кулоб чунин аммалдорихо мавчуд буд: Муъминобод, Кули, Сари Чашма, Гирди- Кургани-боло, Гирди Кургони поён, инчунин шохигарихои Давлатобод, Танов, Кишти дараи поён, ва Кишти дараи боло, Саригар, Роги, Вари ва Дуоб.
Дар байни амлакдорону шохигарихо обруи зиёдеро шох сохиб буд. Шох метавонист амлакдорхоро аз бек харида гирад. Як катор мулкхои дигареро дар кисмати шарки
Кулоб харидорон ва пули зиёд дода баъд сохиби округ мешуд. Харидорон барои он ки харочоти сарф кардаи худро пушонад, ба гардани ин мардум андозахои зиёдеро бор мекарданд ва ягон шахс ин кори уро манъ карда
наметавонист.
Гайр аз шохон харидорон боз ичоракорон вуд
доштанд, ки ягон округро ба мулати муайян ичора гирифта, он микдор пуле ки бек округро ба мухлати бояд, ки дар тули мухлати муайян бар гардонида ба бек месупорид. Ичоракор метавонист, ки рузи аввали ба ичора грифтани округ пулашро супорад. Агар ичоракор ин корро сари вакт мекард, хучаин ин округ ба шумор мерафт. То ба охир расидани вакти муайяншуда ичоракор тамоми андозхои чорибударо ба манфиати худ меситонид. Факат андозхоро ичоракорон ду маротиба зиёд менамуданд.
Бекхо дар бекигари чои истикомати махсус надоштанд. Онхо баъди ба ин мансаб ноил гардидан, дар тамоми худуди бекигари гашту гузор намуда, дар як махала мухлати зиёд истикомат намекард. Чунин корро бек барои он мекард, ки мабодо байни беку халк ягон зиддият сар занад. Бе омадани беки нав, амалдорони махалли мансабхои худро аз даст медоданд ва бо илтимосу тухфахои аз хад зиёд боз ба мансабашон сохиб мешуданд. Беки нав омада, аз амалдорон барои оро додани хонаи тухфахо талаб мекард. Амлакдорон бошанд аз хисоби орат намудани ахоли ба бек тухфахо меоварданд. Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кулоб 19-то бек иваз шуданд. Аз тез-тез иваз шудани бекхо ахволи халк бех намегардид.
Яке аз марказхои маъмурии дигар, бекигарии Кургонтеппа буд. Баьд аз аморат дохил кардани Бухорои Шарки хокимияти Кулоб махдудкарда шуда, Куронтеппа вилояти мустакил гардид. Аз солхои 70-уми асри XIX то сарнагун шудани аморати Бухоро каламрави вай бетагийр монда буд. Бекигарии Кургонтеппа аз амлакдории худи
Кургонтеппа, Сарой ва Чиликул иборат буд. Дар сари амлакдорихо амлакдор меистод. Дар назди амлакдорихо мирзохо, мироб ва дигар амлакдорон хизмат мекарданд. Асосан амлакдорон бо фармони бек таъйин мегардид.
Кабодиён бошад баъди ба аморати Бухоро хамрох намудани Бухоро Шарки аз Кулоб чудо карда шуд ва дар идораи вай дигаргунихо ба вучуд омад. Кабодиён аз кишлок хеч фарке надошт. Факат хамин ки вай нисбатан васеъ буда, дорои бозор буд. Аз чихати худуд ахоли нисбати дигар бекигарихои Бухорои Шарки хурд буд. Дар ин бекигари кози дар навбати худ раис хам ба шумор мерафт. Бекигарии кабодиён бад амолакдори чудо мешуд. Ин амлакдории Бишкент ва Бешчарбон буданд.
“Аз руи нишондоди руйхате, ки ба амир пешниход намуда, буданд, дар бекигарии Кабодиён як мирохур, як кароулбеги, се мирзобоши ва 15 амалдорони хурд вучуд дошт”.
Чи хеле ки дар боби гузашта зикр шуд, тирамохи соли 1877 кушунхои амир тахти фармондихии Худойназар-додхох ба сархади хокимгарии Каротегин дохил шуд. Ба шикаст хурдани хокимияти меросии Каротегин дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Якумин беке, ки дар ин чо ба кор сар кард, худи Худойназар-додхох буд. Худойназар-додхох бо фармони амир Музаффар дар Каротегин бек таъин гадида буд.
Бекигарии Каротегин ба 10 амлакдори таксим шуда, дар навбати худ ин амлакдорихо ба 34 мири хазора таксим мешуданд.
Аз соли 1878 Дарвоз бошад ба аморат дохил карда шуда дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Аз сабаби он ки Худойназар- додхох беки Каротегин дар ишол намудани Дарвоз рохбари кушунхои амири Бухоро буд, уро амир беки Дарвоз эълон намуд. валеХудойназа-додхох дар ин чо дер хукумрони накард. Чунки тирамохи соли 1878 писари Худойназар барои чамъ намудани андози солона ба назди киргизхо сохилхои Амударё фиристоданд. Вай андози зиёде чамъ намуда, бо ин ганимати зиёд ба Афгонистон гурехт. Гурехтани писари Худойназар-додхох боиси аз мансаб дур гардидани падараш гардид ва ба чои у беки Дарвоз Абдурахмон-Хочабек таъин гардид. Бекигарии Дарвоз ба 4 амлакдори Чилдара, Тавилдара, Вахеи Боло ва Сагирдашт таксим мешуд. Вале баъдтар як катор тадкикотчиён, аз чумла Лаптинов Н. ки таърихи пеш аз инкилобии Дарвозро омухта буд ба чунин хулоса омад. Дар хайати бекигарии Дарвоз амлакдорихои Чилдара, Тавилдара, Далчир, Сагирдашт, Ванч, Майдон, Калъаи-Хумб, Шикай, Куф, Харангон ба ду кисмат дигар Язгулом ва Тангшив дохил мешуданд.
Усули идораи аморат, ки пеш аз истилои хукумати подшохи мавчуд буд бе хеч гуна тагйирот давом карданд гирифт. Он идоракуние, ки дар аморат вучуд дошт акнун дар Бухорои Шарки чори гардида буданд. Аморати Бухоро аз 27 бекигари иборат буда, ба хар яке аз онхо бек, кози раис ва муфтирохбари мекарданд аз тарафи амир таъйин карда мешуд. Бек мебоист корхои давлати, маъмури ва зироатиро идора мекард, раис аз тарафи ахоли ичро шудани фармоишоти дину шариатро назорат менамудва муфти хамчун донандаи конунхои шариат дурусти ё нодурустии ин ва ё он ходисаро фахмонда медод. Хамаи ин касон дар навбати аввал ва асосан манфиати доирахои хукмрон ва фоидахои шахсии худро таъйин мекарданд. Бекхо, ки ба воситаи амлокдорхо ва дигар одамони худ корхои замин ва молия, чамъ кардидани хироч, ва гайраро идора менамуданд, аз ахоли чи ситонда ва ба хазина чи супоридани онхоро кассе тафтиш намекард.
Мингбоши, амин, оксакол ва арбобхо. Ки ба сифати намояндаи ахоли таъин мешуданд, одатан ба кирдорихаким ва беку амалдорони амир пайрави мекарданд. Ин хол боиси ривочи горатгари ва порахури гардида, ба иктисодиёт зарбаи сахт ворид меоварад ва зиндагонии бе ин хам сахти ахли мехнатро ба дарачаи токатнопазири мерасонид.
Аморати Бухоро, Бухорои Шаркиро чун мустамликаи худ карор дода. Дар ин чо назар ба кисми гарбии аморат тартиботи сахтеро чори намуд. Табакахои ашроф, сипох ва нукархо, заминдорони калону рухониён ва бойхо ба такягохи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гуррухои болонишини истисмор кунанда аз баходур то додхох харгуна рутба ва мансабхо дода мешуд. Мансабхои олитар факат ба сипохиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипохиён андози тамоми як дехаро мебахшид. Чунин сипохиёне, ки дорои чунин мукофот мегардиданд онхоро “танхо”-дор меномиданд. Дехконони чунин дехахо ба фоида танхо кор мекарданд. Танхо хур метавонист духтарони ин дехаро фурушад, ба зани гирад, хавлихои дехкононро кашида гирад ва харчи хохад мекард, хариду фуруши мансабхо боз хам ахволи халки камбаалро бад мегардонид, солхое, ки дар Каротен хокимони амир Алмосбек (1886-1892) ва Мухаммадмурод-парвоначи (18421904) хукумрони мекарданд, хариду фуруши мансабу вазифа ва унвону рутба кариб, ки ба расмият даромада буд. Барои нукари одди шудан 1200-3000 танга ришва додан лозим буд. Агар ин гуна нукар дар шахр ё калъае ба хизмати харбии таъин мешуд, аз хар гуна андоз озод карда шуда, гайр аз ин барои таъмини маош ба ихтиёраш ду “бунхочагии дехкони дода мешуд. Агар нукар худаш замину богу хавли дошта бошад, дар ин сурат ба вай “буна” дода намешуд, вале ягон андоз аз у ситода намешуд”. Мансаби каравулбеки хеле киматтар 2=4 хазор танга меистод. Ба ихтиёри каравулбеки 4 “буна” дода мешуд. Караулбеки, ки дар хизмати амир бошаду дар айни хол молу мулку замин дошта бошад, ухдадор буд, ки ба фоида хазинаи амир ушр (дахяки хосил) ва “амал”, яъне 21 танга хирочи заминро дихад”.
Хамин тавр, тамоми мансабхо аз чумла мансаби мирохур 3-5 хазор танга, ба ихтиёраш 4-10 “буна”, туксабо 510 хазор танга, ба ихтиёраш 100 “буна”, мансаби эшикогоши 6-15 хазор танга, ба ихтиёраш 150-200 “буна” фурухта мешуд.
Нихоят мансаби “бий”, ки онро худи амир медод (дигар мансабхои аз ин поинро худи беки Каротегин мефурухт ва азин хариду фуруш хатто амирро хабардор намекард) то 300 “буна” мегирифтанд, ки онхоро истисмор карда, кусури харочоташонро мебароварданд.
Мансабу рутбахои дини низ дар хама нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикитон, ки ба хайати Бухорои Шарки дохил мешуданд, фурухта мешуданд. “Хукуки додани мансабу унвони козикалон, ду ноиби он ва раис ба амир таалук дошт ва дар ин бобат факат амир ёрлик дода метавонист. Мансабхои поёниро худи бек таксим мекард. Хар касе, ки бештар пора медод, сохиби хукуку имконияти бештаре мешуду такдири садхо дехконону косибонро хал мекард. Хангоми додани вазифа сифатхои шахс, кобилияти вай мутлако ба назар гирифта намешуд. Дар хамаи дигар бекигарихо вазъият чунин буд.
Албатта. Ин гуна тартибот ба маъмурони амир маъкул ва мувофики табъ буд. Онхо дар хурдтарин мансаб истода, дар зарфи 2-3 сол сарвати зиёде чамъ мекарданд.
Хокимони вилоятхо, алалхусус дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар орату тахкири ахоли ягон хадду канор надоштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222